logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ»

Моддаи 1. Дар қисми 1 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 152; с. 2013, №6, мод. 405; мод. 406) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 1) рақамҳо ва калимаи «14 000 сомонӣ» ба рақамҳо ва калимаҳои «350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо» иваз карда шаванд;
- банди 2) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2) барои амалиёти дар бандҳои 3–17 қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида – ба маблағи баробар ба 1 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши
1 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он;»;
- банди 3) хориҷ карда шавад;
- банди 4) банди 3) ҳисобида шуда, дар он рақамҳо ва калимаи «500 000 сомонӣ» ба рақамҳо ва калимаҳои «12 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014, № 1100

ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Ш. ЗУҲУРОВ  
ш. Душанбе, 24 апрели соли 2014, №1480

ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»  ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ  
ш. Душанбе, 17 июли соли 2014, №687


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.08.2014    №: 151-154    Мутолиа карданд: 896

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед