logo

маориф

ИМТИҲОНИ ТЕСТӢ: НАТИҶАҲО МУАЙЯН ШУДАНД

Маркази миллии тестӣ натиҷаи имтиҳони қабули соли 2014-ро ҷамъбаст кард. Аз 52 408 нафар довталаби сабти ном шуда, 45 909 нафар дар имтиҳонҳо иштирок намуд. Аз ин теъдод  29 597 нафар соҳиби холҳои баланд гашт, ки 65 дарсадро ташкил медиҳад.
Довталабоне, ки аз ҳамаи фанҳо холҳои басанда ба даст овардаанд, аз  тариқи озмун бо ихтисосҳои интихобкардаашон ба мактабҳои олӣ қабул карда мешаванд. Озмуни тақсимоти довталабон ба ихтисосҳо тибқи нақша 15 август пешбинӣ гардидааст. Оид ба натиҷаҳои тақсимот ин  довталабон метавонанд он рӯз бо истифода аз ҳуҷраи инфиродии худ иттилоъ пайдо кунанд. Яке аз иқдомҳои сода гардондани робитаи довталаб ба Маркази миллии тестӣ ва огоҳ шудан аз натиҷаи имтиҳон ба роҳ мондани алоқа тавассути интернет ва SMS бо телефонии мобилӣ, мебошад. Дар сурати аз миқдори ҷойҳои нақшавии ихтисос зиёд будани довталабон дар асоси озмун дар навбати аввал довталабони дорои холҳои баландтарин интихоб  карда мешаванд. Гирифтани холҳои гузариши фаннӣ маънои интихоб шудан маҳз ба ихтисоси интихобшударо надорад. Барои мисол, дар як ихтисоси якуми интихобнамудаи довталаби шартӣ тибқи нақша шартан 20 ҷой ҷудо шудаасту теъдоди довталабони шартан бақайдгирифта, ки холҳои гузариши фанниро ба даст овардаанд, 50 нафаранд. Дар ин сурат аввалан 20 нафари дорои холҳои баландтарин ба ихтисоси мазкур интихоб карда мешаванд. Агар довталаби шартӣ дар доираи 20 нафари холҳои баландтаринро ноилгардида бошад, пас бевосита ба интихоби ихтисоси якуми худ ворид мешавад. Дар ғайри ин ҳолат, ҳар як ихтисоси баъдии довталаби шартӣ ба тартиби боло санҷида шуда, дар сурати мувофиқат кардан ва гузаштан аз озмун бо яке аз ихтисосҳои интихобкардааш ҳуқуқи таҳсил пайдо мекунад. Дар ҳолати нагузаштан аз озмуни ҳеҷ яке аз ихтисосҳои интихобкарда довталаби шартӣ новобаста аз гирифтани холҳои гузариши фаннӣ ҳуқуқи қабул ба мактаби олӣ бо ихтисосҳои интихобкардаашро аз даст медиҳад.
Дар ҳолати дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ холӣ мондани ҷойҳои ҷудошудаи нақшавӣ баъди тақсимоти асосӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳони умумии қисми А (забони тоҷикӣ,  математика, таърихи ҳалқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) новобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо (кластерҳо) тақсимоти такрорӣ гузаронида мешавад. Довталабоне, ки  аз фанҳои таълимии мазкур холи гузаришро ба даст овардаанд,  лекин аз озмуни ҳеҷ яке аз ихтисосҳои интихобкарда нагузаштаанд, метавонанд барои озмуни ҷойҳои холии ихтисосҳо аз нав сабти ном гардад, дар он иштирок намоянд.
Тақсимоти довталабон бо назардошти холҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути Системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати инсон гузаронида мешавад. Маркази миллии тестӣ аз  довталабон хоҳиш намудааст, ки аз ҳуҷраҳои инфиродии худ барои дарёфт намудани иттилооти зарурӣ дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳо ва баъдан дар бораи натиҷаҳои тақсимот истифода намоянд. Дар сурати фаромӯш кардани рамзи ҳуҷраи инфиродӣ, рақами назоратӣ ва ё дилхоҳ мушкили дигар дар робита бо ҳуҷраи инфиродӣ довталаб метавонад ба марказ муроҷиат намояд.
Аксарияти довталабон ва шоҳидони имтиҳони тестӣ ба баргузории шаффофи ин раванд таъкид мекунанд. Наврӯз Собиров, довталаб, мегӯяд, дар  Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино номнавис карда буд. - Вақте имрӯз омада холҳоро дидам, аз хурсандӣ гиристам. Ҳатто боварии модарам наомад, онҳо ҳам омада диданд ва аз шодӣ ашк рехтанд. Ҳақиқат ва меҳнат барои ман муъҷиза шуд,- афзуд Наврӯз.
Насима Шоева, довталаб аз ноҳияи Восеъ, се сол қабл мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро хатм кардааст ва се сол аз имтиҳони қабули классикӣ афтидааст. Дар имтиҳони тестӣ аз ҳама холи баландро ноил шудаву довталаби факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ гардидааст. Насима ҳам хушҳол аст, ки Ҳукумат маҳз чунин тадбирро ба роҳ мондааст, то саводу маҳорат рӯнамоӣ гардад.
Хуршед Каримов, довталаб, афсӯс мехӯрад, ки шояд омодагии комил надида буд, яке аз он 16 ҳазор довталабест, ки номаш дар феҳристи холи кифоягирифтаҳо набаромадааст.
Сабзалӣ Ҷаъфаров, муовини аввали директори марказ, мегӯяд, дар маҷмӯъ ҷараёни имтиҳони довталабон муташаккилонаву хуб гузашт. Тибқи тартиби муқарраргардида довталабоне, ки холҳои гузаришро ба даст овардаанд, барои иштирок дар озмуни тақсимоти довталабон бе ихтисосҳои интихобнамудаашон, ба донишгоҳҳо роҳ дода мешаванд: “Дар сурати норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳон довталаб ҳуқуқ дорад давоми 2 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо аризаи худро ба комиссияи аппелятсионии Маркази миллии тестӣ пешниҳод намояд.”
Имтиҳони тестӣ маротибаи аввал дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуд ва он яке аз барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Ҳадаф аз роҳандозии имтиҳони тестӣ аз байн бурдани падидаи номатлуби фасод ва дастгирии довталабони сазовор барои донишҷӯ гардидан мебошад.
Зимнан раванди имтиҳони тестиро, волидайн тавассути монитор мустақим назорат мекарданд.
Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.08.2014    №: 157    Мутолиа карданд: 1561
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед