logo

илм

Оё дар Баҳром ҳаёт ҳаст?

Инсон фарзанди Замин – савумин сайёраи атрофи Офтоб мебошад, ки бо суръати 30 километр дар як сония, дар фазои бепоёни Кайҳон ҳамеша дар гардиш аст.Баҳром, ки ба арабӣ – Миррих (Марс) мегӯянд, дар шафати сайёраи Замин ҳаракат дорад.
Илми ситорашиносӣ дар Шарқи бостон падид омадаву рушд ёфта ва поягузорони он бобулиён, ориён, мисриён ва ҳиндуҳо мебошанд. Онҳо, аз ҷумла ниёгони мо ҳам дар қатори бисёр ҷирмҳои ба назар равшани осмон, бо сайёраи Баҳром низ шиносоӣ доштанд. Дар Суғд ҳар як рӯзи ҳафта ба як ҷирми дурахшони осмон бахшида шуда буд ва аслан ин анъана аз оини зардуштӣ бармеояд. Рӯзи аввали он –якшанбе «Меҳр замон», яъне рӯзи хуршед хонда мешуд; душанбе «Моҳ замон» -рӯзи моҳ; сешанбе «Варақаи замон» -рӯзи Баҳром ва ғайра аст.
Донишманди бузурги халқи тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ дар асараш «Китоб аттафҳим» дар бораи ин сайёра ахбори ҷолибе додааст. Асарҳои ситорашиносон ва анъанаҳои куҳан оид ба ҷирмҳои осмонӣ бузургони назми Аҷамро низ ба ваҷд овардаанд. Масалан, Низомии Ганҷавӣ дар достони «Ҳафт пайкар» вобастагии рӯзҳои ҳафтаро бо сайёраҳо хуб баён кардааст. Пас аз ӯ Амир Хусрави Деҳлавӣ дар достони «Ҳашт биҳишт» низ чунин нигоштааст.
Вобаста ба ҷирми осмонӣ ба рӯзи муайяни ҳафта ранги хосе низ бахшида буданд: рӯзи якшанбе –рӯзи Хуршед, рангаш зард, душанбе – рӯзи Моҳ, ранги обӣ, сешанбе – рӯзи Баҳром, рангаш сурхи норанҷӣ  маҳсуб меёфт. Омӯзиши илмии сайёраи Баҳром дар асри XVII пас аз кашфи қонуниятҳои ҳаракати сайёраҳо аз ҷониби олими машҳур Кеплер ва сохтани дурбини бузург (телескоп) оғоз ёфта, соли 1656 Х.Гюйгенс дар Баҳром қутбҳои сафедро кашф намуд. Соли 1666 Ч. Кассини муайян намуд, ки даври гардиши Баҳром дар атрофи меҳвараш 24 соату 40 дақиқа аст (баъдтар равшан шуд, ки ӯ ҳамагӣ 3 дақиқа хато кардааст). Ҳамчунин ду радифи он Фобос ва Деймос ёфта шуд.
Таҳқиқоти дуру дарози илми ситорашиносии навин нишон доданд, ки чорумин сайёраи атрофи Хуршед Баҳром буда, он ба ҳайати сайёраҳои заминӣ дохил аст ва аз ҷиҳати вазну андоза чандон калон намебошад. Қутри он 6800 километр (азони Замин -12756 км) буда, ба ҳисоби миёна дар масофаи 228 миллион километр аз Хуршед дуртар ҷойгир аст. Суръати ҳаракаташ 24,2 км дар як сония (аз Замин қариб 6 км сусттар) мебошад. Ба сабаби он, ки мадори Баҳром аз мадори Замин калон аст, он дар 687 шабонарӯз атрофи Хуршедро як бор давр мезанад ва ин муддат як соли он сайёра аст. Баҳром дар атрофи меҳвараш дар 24 соату 37 дақиқа як бор давр мезанад, яъне тӯли ҳаракати ӯ аз Замин 37 дақиқа зиёдтар аст.
Ҳаракати Баҳром дар атрофи Хуршед монанди Замин ба ивазшавии фаслҳои соли он мусоидат мекунад ва он минтақаҳои иқлимиашон қутбӣ, мӯътадил ва тропикӣ дорад. Муддати фаслҳои соли Баҳром аз Замин хеле дарозтаранд. Масалан, дар нимкураи шимолии он баҳор 199 рӯз, тобистон 182 рӯз, тирамоҳ 146 рӯз ва зимистон 160 рӯз давом мекунад.
Дар ҳар 780 шабонарӯз Хуршед, Замин ва Баҳром дар як хат рост меоянд. Ғайр аз ин ҳолати хеле наздикшавии ин ду сайёра ба ҳамдигар мушоҳида  мешавад, ки он муқобилаи азим номида мешавад. Ва Баҳром дар осмон ба ҷирми равшани сурхи норанҷӣ табдил меёбад. Ин ҳолати наздикоии Баҳромро дар қадим кашф карда буданд ва «Эзиди ҷанг» мешумориданд. Ба сабаби сурхранг, шабеҳи хун буданаш юнониён ин эзиди ҷангро – Орес, румиён Марс, ориён Вараҳран (Баҳром) меномиданд.
Муқобилаи азим дар ҳар 15-17 сол як бор такрор мешавад ва дар қадим ақидаи устуворе вуҷуд дошт, ки баробари наздик омадани Баҳром – «Эзиди ҷанг» ҳатман дар Замин ҷангҳои хунин оғоз меёбанд. Дар ҳақиқат, бисёр ҷангҳо ба давраҳои ба Замин наздикшавии Баҳром рост меоянд. Масалан, ҷангҳои Балкан, дар солҳои 70-уми асри XIX, ҷанги дуюми ҷаҳон ва ғайра, гӯё ба ҳақиқати ин ақида гувоҳӣ медиҳанд. Чунин надикшавӣ шояд ба равони одамон чун тӯфонҳои магнитии Хуршед таъсири манфӣ расонад. Алҳол дар ин бора чизе гуфтан душвор аст. Ин масъала таҳқиқотҳои дақиқеро мехоҳад.
Парвозҳои кайҳонӣ ба давраи нави омӯзиши Баҳром асос гузоштанд. Соли 1964 олимони Амрико аввалин шуда сӯи Баҳром дастгоҳи байнисайёравиро бо номи «Маринер» фиристоданд. Дар солҳои 1969 ва 1977 дастгоҳҳои боз ҳам мураккаберо расониданд. Олимони Шӯравӣ соли 1971 ду дастгоҳро бо номи «Марс-2» ва «Марс-3» сар доданд. Чанд сол пеш дастгоҳи навтарини амрикоӣ ба фазои Баҳром дохил гашта, расмҳо ва ахбори хеле ҷолиберо ба Замин равон кард.
Ин таҳқиқот нишон доданд, ки ҳарорати ҳавои Баҳром аз 27-37 дараҷа гармӣ то ба 100-125 дараҷа хунукӣ баробар аст. Дар Баҳром тӯфонҳои азиме рух медиҳанд, ки чанги сурхи норанҷиро бардошта, гоҳо қариб тамоми фазои болои сайёраро мепӯшонанд. Қутбҳои он дар зимистон бо «барф» пӯшида мешаванд. Дар баҳор масоҳати онҳо хурд шуда, ҳатто гоҳо тамоман нест мешаванд.
Баҳром пастиҳои хеле чуқур ва баландиҳои азим дорад. Масалан, «Водии Копрат»  мавзеест, ки дарозиаш 500 км, бараш 120 км ва чуқуриаш 5 км мебошад. Нуқтаи аз ҳама баланди сатҳи сайёра 13 км аст. Ҳамчунин як танӯраи бузурге ҳаст, ки қутраш 1700 м ва чуқуриаш 5,5 км мебошад. Тахмин менамоянд, ки он аз осори вулқон аст.
Аз асри XVII ба ин ҷониб перомуни мавҷудияти ҳаёт дар Баҳром баҳс меравад, вале он то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст.
Олимони Амрико, Русия ва боз чанд кишвари дигар доир ба парвози инсон ба Баҳром кор бурда истодаанд. Иншооллоҳ он ба хубӣ меанҷомад ва мо шоҳиди рӯйдоди беназир дар таърихи башар хоҳем шуд.

Усмони ЭШОНЗОД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1083

03.05.2019


 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

 МУЛОҚОТИ ИСМАТУЛЛО НАСРЕДИН БО МЕҲР ХОЛИД

 ФИЛМИ «ТАНГНО» АЗ ҚАЗОН БО ҶОИЗА БАРГАШТ

 ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 ЁВОН. БУНЁДИ 341 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ФАРХУНДА

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

 ОЛМОН ЗИДДИ ВУРУДИ НИЗОМИЁН БА ВЕНЕСУЭЛА

 ДАР ҲИНДУСТОН АЗ ХАТАРИ ТУНДБОДИ «ФАНИ» БЕШ АЗ 800 ҲАЗОР НАФАР КӮЧОНДА ШУД

 ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ

 ДАР ТУРКМАНИСТОН НАРХИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМОҲО ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ТУРКИЯ СЕЮМ КИШВАРИ САБЗТАРИНИ ДУНЁ ЭЪТИРОФ ШУД

02.05.2019


 Ҳадияи раиси шаҳр ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

 Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон

 Баррасии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар

 ҶОМИ КФО. Пирӯзии «Истиқлол» бар «Дордой»

 Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд

 Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд

 ЮНИСЕФ: "Беш аз 2 миллион нафар мардуми Ангола аз хушксолӣ дар азоб аст"

Дар Ҷопон давраи нави Рэйва оғоз ёфт

 Ҷаҳон дар як сатр

01.05.2019


Ноболиғони тоҷик ба Ватан баргардонда шуданд

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамад Солим

Рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар матраҳ гардид

Се собиқадори тоҷик дар паради Ғалаба дар Москва ва Санкт - Петербург ширкат мекунанд

Дар Венесуэла исён зидди ҳукумат бебарор анҷом ёфт

Дар Либия 345 нафар қурбони бархӯрди мусаллаҳона гашт

Истеҳсоли рекордии чой дар Кения

Дар Париж ба барҷастатарин занҳои олим арҷгузорӣ намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед