logo

сиёсат

НАҚШАҲОИ ПИНҲОНИИ ҲНИТ

Таърих бесамар ва зиддиинсонӣ будани инқилобҳоро нишон додааст. Ҳатто оқилтарин ва хайрхоҳтарин инқилобхоҳон - Карл Маркс ва Фридрих Энгелс агар зинда мебуданду оқибатҳои барномаи худро медиданд, шояд аз идеяи инқилоб даст мекашиданд. Инқилоб бе қатлу куштори одамон ва хонавайронию саргардонии онҳо ғайриимкон ва хилофи арзишҳои умумиинсонӣ мебошад. Чӣ гуна қотил метавонад даъвои пешрафту шукуфоии инсон ва ҷомеаи инсонӣ кунад?!
Бо як нигоҳи кӯтоҳ ба ҷаҳони имрӯза, ки ба хотири ҳадафҳои инқилобӣ ҳазорҳо одамони осоишта кушта ва хонаводаву наздикони онҳо мотамзада мешаванд, мо низ бар зидди инқилобу инқилобхоҳон эътироз мекунем. Пеш аз ҳама, ба он хотир ки инқилоб, чи сурху чи сиёҳ ва чи рангаву чи беранг, роҳи ҳалли мушкилиҳои инсон ва ҷомеа нест. Балки инқилоб дар ҷаҳони имрӯза барои иваз кардани қудратҳои сиёсии давлатҳои миллӣ ба хотири манфиатҳои абарқудратҳо аст.
Дар кишварҳои собиқ сотсиалистии Аврупои Шарқӣ ҳукуматҳо иваз ва давлатҳое чун Югославия пора - пора шуданд. Дар Ироқ Саддомро ба дор кашиданд ва ба ҷои ӯ ҳукумати мазҳабиро оварданд, ки имрӯз ДИИШ ҷои онро танг мекунад. То моҳи майи соли 2014 дар Ироқ 133 ҳазор нафар бевосита дар ҷанг кушта шуданд, ки зиёда аз 70 фоизи онҳо мардуми осоишта буданд. Дар давраи ҷанг аз соли 2003 зиёда аз 1,2 миллион мардуми Ироқ ба ҳалокат расидааст. Абарқудратҳо дар Афғонистон ба ҷои коммунистҳо муҷоҳидон, ба ҷои муҷоҳидон Толибон ва ба ҷои Толибон Луи Ҷиргаро оварданд. Фақат дар давраи баъди Толибон шумораи кушташудагон аз ҳисоби шаҳрвандони одӣ зиёда аз 21 ҳазорро ташкил медиҳад. Дар Либия Каззофиро куштанд ва дар муддати ним сол 25 ҳазор аҳолиро ба қатл расонданд, вале вазъияти кишвар аз пештара бадтар шуд. Фақат ба хотири иваз кардани режим дар Сурия, абарқудратҳо ҷанги мазҳабиро ба роҳ андохтанд, ки боиси марги зиёда аз 200 ҳазор нафар, асосан мардуми бегуноҳ, гардид. Дар Миср Муборакро барканор карданд ва ба ҷои он ихвониҳоро бо сардории Мурсӣ оварданд. Аммо як соли ҳокимияти ихвониҳо нишон дод, ки онҳо ба ҷуз даъво дигар коре карда наметавонанд. Махсусан соҳаҳои энержӣ ва хизматрасонии кишвар ба буҳрони амиқи иқтисодӣ гирифтор шуд.
Монанди ин мисолҳоро бисёр овардан мумкин аст. Ҷаҳони Ғарб бо сарварии абарқудрати Амрико имрӯз дар гирди кишварҳои собиқ шӯравӣ ва исломии Шарқи Миёна ва Наздик мечархад ва тори инқилобҳои исломиро метанад. Магар ҳадафи ниҳоии он демократӣ ва ҳуқуқбунёд кардани ин кишварҳо ва ҳукуматҳои онҳо буд? Не, албатта. Балки ҳадаф аз иваз кардани режимҳо ба вуҷуд овардани шароит ва омилҳое мебошад, ки онҳоро дастнигари ин абарқудрат гардонад.
Омили асосии дастнигарии кишварҳои исломӣ ба Амрико худи ислом мебошад. Ҳизбу ҳаракатҳои исломие, ки дар ҷаҳони исломӣ вуҷуд доранд, ҳама қудратхоҳ мебошанд ва ҳеч гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд. Ҳарчанд бисёре аз онҳо даъвои сохтани Хилофати ҷаҳонии исломӣ мекунанд. Ба ҳамин хотир, Амрико дар кишварҳои исломӣ ҳизбу ҳаракатҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ҳувияти исломии мардумро афзоиш медиҳанд, сатҳи саводнокии мардумро коҳиш ва дар давлатдорӣ исломи сиёсиро чун ягона дурнамо пешбинӣ менамоянд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ зода ва парвардаи ҳамин геополитика мебошад. Ҳаракате, ки дар солҳои 70 ум бо ташаббуси «Ихвон-ул-муслимин» ташаккул ёфтааст. Фаъолони ин ҳизб исломро аз нуқтаи назари ихвонии Саид Қутб ва Ҳасан Банно ва китобҳои онҳо шинохтаанд. Афсонаи “сиёсати сабр” (“политика терпения”)-е, ки роҳбари ин ҳизб – Муҳиддин Кабирӣ тӯли 5 соли охир талқин мекунад, ба усули “қадам ба қадам”-и Ихвон-ул-муслимин шабоҳат дорад. Тибқи ин усул, исломиҳо бояд аввал шароити инқилобро ба вуҷуд оранд ва пасон инқилобро роҳандозӣ кунанд. Ин усулро ячейкаи ин ҳаракати эктремистӣ дар Фаластин бо номи ҲАМОС дар солҳои 1960 - 1970-ум ба роҳ монда буд. Онҳо ниҳодҳои иҷтимоӣ, аз қабили масҷиду мадрасаҳо сохта, дингароиро дар байни ҷавонон тақвият доданд ва фақат аз охири солҳои 1980 ба амалиёти сиёсӣ ва ҳарбӣ даст заданд. Бо роҳи пайваста тарс додани мардум аз Исроил чун режими саҳюнистӣ ва дунявӣ дар минтақа, давлати исломиро чун роҳи ягонаи наҷот муаррифӣ карданд. Ба назар чунин менамояд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ин таҷрибаи ихвониҳо истифода мебарад, аммо мисли ҲАМОС сабур нест, ки даҳсолаҳо интизор шавад ва баъд ба амали рӯирост гузарад.
Бетарафии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли зиё аз амалкардҳои роҳбарон ва пайравони ҲНИТ ва махсусан аз нақшаҳои фундаменталистии онҳо касро ба андеша водор мекунад. Шояд онҳо хомӯшона бо ин амалкардҳо ва нақшаҳо ҳамфикр ҳастанд. Шояд онҳо низ мехоҳанд Тоҷикистон аз зумраи кишварҳои ҷангзада ва ноороме, чун Сурия, Ироқ, Либия, Украина ва Афғонистон бошад. Куҷо шуд даъвои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар бораи ҳуқуқи башар, баробарии зану мард, ҳуқуқи кӯдак ба сулҳ, таълим ва ҳимояи давлатӣ. Магар ҳамаи ин даъвоҳо баҳона нестанд барои амалӣ кардани нақшаи абарқудратҳо?
Ба назар чунин мерасад, ки ҲНИТ давоми дасти хунолудаи шабакаи «Ихвон-ул-муслимин» аст ва ё тавассути шабакаҳои исломии Фатҳулло Гулен ба Қасри Сафед мепайвандад. Вагарна ҳар нафаре, ки ақли солим дорад, дарк мекунад, ки мушкилиҳоро бо ҷангу куштор ҳал карда намешавад. Дар тӯли таърих ҶАНГ ҳеч гоҳ ягон мушкилиро ҳал накардааст. Балки он ба хотири иваз кардани қудрати сиёсӣ будааст. Яъне ҲНИТ танҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ амал мекунад. Ба худии худ, соҳиб шудан ба қудрати сиёсии давлат айбе надорад ва дар Конститутсия низ пешбинӣ шудааст. Аммо ҲНИТ барои мо чӣ алтернативае оварда метавонад? Яқин аст, ки ба ғайр аз давлати исломӣ, ҷомеаи мардсолорӣ ва занҳои дар пушти дарҳо маҳкам чизе  намедиҳад. Бо ба сари қудрат омадани ин ҳизби исломӣ, ҳамаи онҳое, ки пайрави дигар динҳо ҳастанд ва ё диндор нестанд, аз ҳуқуқи иштирок дар сиёсат ва ҳатто аз ҳуқуқи зиндагӣ маҳрум мешаванд. Дар ҳоле ки фақат мусулмонон метавонанд аъзои ин ҳизб бошанд.
ҲНИТ, ки худ дастхушу дастнигари абарқудратҳо аст, дар гирди худ дастхушҳои дараҷаи сеюмро аз ҳисоби ҳизбу ҳаракатҳои тоҷик ҷалб кардааст. Ба ин, пеш аз ҳама, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо роҳбарии Раҳматилло Зойиров, Гурӯҳи 24-и Умаралӣ Қувватов ва ҳаракати “Ватандор”-и Додоҷони Атовулло дохил мешаванд. Шояд онҳо эътироз мекунанд, ки мухолифи ҳукумати феълии кишвар ҳастанд ва, аз ин рӯ бо ҲНИТ ҳамкорӣ мекунанд. Аммо таърихи кӯтоҳ, бебарор ва масхараомези Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ва мусоҳибаи Р. Зойиров дар рӯзномаи “Нигоҳ” далели бозичаи дасти ҲНИТ будани онҳо мебошад. Ё худ мусоҳибаи Додоҷони Атовулло дар шабакаи телевизионии ВВС-и форсӣ ва ҳақоратҳои фейсбукии ӯ нишонгари он аст, ки вай ба ҷуз Тӯраҷонзодаҳо ва Кабириҳо каси дигареро дар сари қудрат дида наметавонад. Умаралӣ Қувватов як тоҷири нокоме аст, ки коре барои миллати тоҷик карда наметавонад.
Дар байни ҳамаи ин “мухолифон” Раҳматилло Зойиров шахси донишманд ва ҷиддӣ менамояд. Аммо саволи мо ба ӯ ин аст, ки: Чаро шумо баъди масхарабозиҳои Кабирӣ ва ёронаш ва суиистифодаи ИНИТ барои ғаразҳои шахсӣ ва ҳизбиашон ба худ наомадед? Чаро аз онҳо ҷудо нашудед, дар ҳоле ки онҳо шуморо дар рӯзи равшан фиреб доданд ва масхара карданд? Ё магар ғуломи ҳалқабаргӯши наҳзатиҳо ҳастед? Магар ба шумо дарс нашуд, ки дар солҳои 90 аксарияти “демократҳо” худро дар бағали муллоҳо андохтанд? Баъзеҳо, чун Бозор Собир, Шодмон Юсуф ва Тоҳири Абдуҷаббор пушаймон шуданд, вале баъзеҳо чун Додоҷони Атовулло ба ҳақоратгӯ ва “фоҳишаи сиёсӣ” табдил ёфтанд. Магар шумо ҳам мехоҳед дар оқибати кор пушаймон шавед ва ё чун Додоҷони Атовулло роҳгум занед? Шояд шумо ба Евромайдони Украина барои “таҳқиқот” рафта будед. Вале агар дар пайи пиёда кардани “майдон”-и дигаре дар Тоҷикистон таҷрибаи неофашистонро омӯхта бошед, ба шумо итминон медиҳам, ки на ба манфиати озодию демократия ва ҳатто на ба манфиати шахсию ҳизбии худ, балки ба манфиати ҲНИТ кор хоҳед кард. Чуноне ки Кабирӣ ва Тӯраҷонзода ИНИТ-и шуморо дуздиданд, ин дафъа низ “таҷриба”-и Евромайдони шуморо хоҳанд дуздид. Чуноне ки таҷрибаи гирдиҳамоии беҳадафонаи Тоҳири Абдуҷабборро дуздида ва кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд.
Барои шумо ва барои ҳамаи мардум ошкор аст, ки мардуми ҷангзада ва инқилобии Ироқ, Либия, Миср, Сурия ва Украина, ки гӯиё даъвои озодӣ ва демократия доштанд, айни ҳол дар орзуи як рӯзи осоишта ва беҷанг ҳастанд. Барои ҳар як фарди солимақл пайдост, ки барои гирдиҳамоиҳо, бесарусомониҳо, қатлу куштор ва ба коми оташ кашидани биноҳои маъмурӣ ва маишӣ кӣ ва барои чӣ маблағгузорӣ мекунад. Барои “мухолифон” ҳам ин пӯшида нест. Барои ҳамин, онҳо бисёр иштиёқманд ҳастанд, ки чунин “сармоягузорон”-ро ҷалб кунанд. Ва аллакай кардаанд. Агар Кабирӣ сармоягузорони хориҷӣ намедошт, наметавонист дар давоми соли 2013-ум 34 маротиба ба кишварҳои хориҷӣ сафар карда, 139 рӯз берун аз кишвар зиндагӣ ва “фаъолият” кунад. Танҳо маблағи чиптаҳои ҳавопаймо барои сафарҳои хориҷии номбурда, бе назардошти хароҷоти хӯрок, истиқомат, раводид ва ғайра, беш аз 31 ҳазор доллари амрикоиро  ташкил намудааст. Дар давоми 7 моҳи соли равон Кабирӣ 15 маротиба ба сафари хориҷӣ баромада, тӯли 83 рӯз дар давлатҳои хориҷӣ қарор доштааст. Ӯ бештар ба кишварҳои исломие чун Туркия, Эрон, Афғонистон, Қатар, Арабистони Саудӣ, Дубай ва ғайра сафар кардааст. Мақсади аслии сафарҳо ва мулоқоту вохӯриҳо бо роҳбарони марказҳои динӣ, сиёсатмадорони алоҳидаи ифротгаро, рӯҳониёни мутаассиб, ин ҷалби сармояи хориҷӣ барои роҳандозӣ намудани фаъолияти ҲНИТ мебошад. Ҳамчунин ӯ ва дигар фаъолони ҳизбаш зимни сафарҳояшон ба Федератсияи Русия ва Қазоқистон кӯшиш менамоянд, ки бо муҳоҷирони кории тоҷик мулоқот анҷом дода, афкори бардурӯғро дар миёни онҳо паҳн созанд.
Бо шарофати расонаҳои алтернативие чун интернет, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИТ ва роҳбари он ошкор мегардад. Ба қарибӣ ӯ дар яке аз сафарҳои хориҷиаш бо намояндаи ҲАМОС, ки як бахши ҳаракати экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» мебошад, вохӯрда, зиёда аз 32 ҳазор доллар “кумаки башардӯстона”-и худро “таслим кард”. Ӯ 26 июли соли 2014 дар маркази “Диалог” бо таҳсилкардагони тоҷик дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрон, Русия ва Арабистони Саудӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин вохӯрӣ тасмим гирифта шудааст, ки ин толибилмони тоҷики муассисаҳои динии кишварҳои исломӣ ба сохтори “Дастёрони наҳзат” шомил гарданд. Онҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, гурӯҳи аввал дар ZELLO ва гурӯҳи дуюм дар Фейсбук ҲНИТ ва нақшаҳои эсктремистии онро тарғиб менамоянд ва вобаста ба фаъолиятҳои мақомоти давлатӣ вокунишҳои манфӣ паҳн месозанд.
Барои ҲНИТ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Либия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд?

Cамариддини ҚИЁМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.08.2014    №: 163    Мутолиа карданд: 2167
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед