logo

маориф

«БА ИМДОДИ ОМӮЗГОР КӢ МЕРАСАД?»

Ҷавоб ба мақолаи Давлатбеки Каримзод, 
рӯзномаи “Ҷумҳурият” (17 апрели соли 2014, №71 (22376)


Агар омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Мирзоева Сафармо бо ҷойи кор ё соати дарсӣ таъмин намебуд, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи кор ва соати дарсӣ пурра таъмин карда мешуд. Масъалаи бо замини наздиҳавлӣ ё манзили истиқоматӣ таъмин намудани омӯзгорон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ амалӣ  мешавад.  
Дар иртибот ба ин, бояд иттилоъ дод, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» ба ҳолати моҳи июли соли 2014 дар ҷумҳурӣ 1804 нафар мутахассисони ҷавон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтани хонаи истиқоматӣ (ВМКБ - 12 нафар, Хатлон - 817 нафар, Суғд - 663 нафар, Душанбе-3 нафар, НТҶ-309 нафар), бо қитъаи замин барои боғдорӣ ва полезкорӣ 420 нафар (Хатлон -179 нафар, Суғд - 220 нафар, Душанбе - 4 нафар, НТҶ - 17 нафар) ва бо қарзи имтиёзнок 563 нафар (ВМКБ - 53 нафар, Хатлон - 151 нафар, Суғд - 237 нафар, Душанбе - 7 нафар, НТҶ - 115 нафар) таъмин карда шуданд. Дар маҷмӯъ, 2787 нафар мутахассиси ҷавон бо имтиёзҳои муқарраргардида таъмин шудааст, ки он 13,5 %-ро ташкил медиҳад.
Таъкид бояд кард, ки қарори зикршуда танҳо нисбат ба омӯзгорони ҷавони собиқаи кории то сесоладошта амалӣ карда мешавад.
Масъалаи таъмини вазъи иҷтимоии омӯзгорон бояд аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани омӯзгорон чораҳои амалӣ андешида шавад. Ҳол он ки имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ вазъи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ баръало эҳсос мешавад.

Ҳокимхон ВАЛИЕВ,
сардори раёсати кадрҳо ва корҳои
махсуси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.09.2014    №: 174    Мутолиа карданд: 678

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед