logo

суханрониҳо

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз имзои санадҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, шаҳри Душанбе, 10 сентябри соли 2014

Намояндагони муҳтарами васоити ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Дӯстони гиромӣ,
Имрӯз мо бо Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ, доктор Ҳасани Рӯҳонӣ муколамаи сиёсии байнидавлатии сатҳи олиро дар чаҳорчӯбаи сафари расмӣ идома додем.
Музокирот, ки ба дарёфти роҳу усулҳои нави рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунарса ва ба мавзӯи вазъи иҷрои аҳду паймонҳои қаблӣ ихтисос дошт, барои ҳар ду ҷониб хеле муфид буд. Аз рӯи ҷамъбасти музокирот санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Бояд зикр кард, ки то имрӯз байни Тоҷикистону Эрон зиёда аз 100 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки ҳоло мавзӯи иҷрои муассири онҳо масъалаи хеле муҳим ва пураҳамият шудааст.
Дар ҷараёни музокирот таъкид гардид, ки бахши равобити иқтисодӣ пойдевори муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи дуҷониба буда, тасвиби як Барномаи мукаммали густариши дарозмуҳлати ҳамкориҳо ба онҳо хислати муназзам бахшида метавонист.
Ҳар ду ҷониб минбаъд низ фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳоро ҳамаҷониба пуштибонӣ ва ташвиқ хоҳанд кард, зеро он дар тӯли фаъолияти худ ва тавассути ҷаласаҳои баргузоркардааш на фақат ба механизми фаъол барои назорат аз болои иҷрои созишномаҳои дуҷонибаи қаблан имзошуда, балки ҳамчунин ба василаи муносиби муайян намудани соҳаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мубаддал гаштааст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ба татбиқи амалии лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва бунёд кардани неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон, ки ба рушди минтақа низ таъсири мусбат доранд, мусоидат намуда, дар арсаҳои афзалиятнок таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муштаракро дар Тоҷикистон, ташвиқу пуштибонӣ менамояд.
Мо аз он қаноатмандем, ки таи 10 соли ахир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон панҷ маротиба зиёд шуда, танҳо дар зарфи 5-7 соли ахир сармоягузориҳои мустақими эронӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба маротиб афзудаанд.
Мо ба шарикони эронии худ пешниҳод намудем, ки нисбат ба масъалаи рафъи монеаҳои техникӣ дар роҳи пешбурди тиҷорати дуҷониба ва такмили сохтори он, якҷоя бо мо, тадбирҷӯӣ намоянд. Дар ин гуфтушунидҳо муҳиму зарур дониста шуд, ки робитаҳои ҳамкории байни утоқҳои бозаргонӣ ва саноатӣ ва мақомоти марбутаи рушди соҳибкории ҳар ду кишвар вусъат дода шаванд.
Дар ҷараёни музокирот таъкид гардид, ки густаришу таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эрон ба раванди сулҳу субот ва рушди устувор дар минтақа хизмат кардааст ва минбаъд низ мусоидат хоҳад намуд.
Ҳангоми баррасии мавзӯоти минтақавӣ масоили Афғонистон ҷойгоҳи хосае дошт. Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоварем, то ба раванди бозсозӣ ва рушди иқтисодиёти Афғонистони ҳамҷавор фаъолона мадад намояд.
Ҷонибҳо масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳро низ, ки хислати дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ доранд, дар фазои дӯстона ва созанда мавриди табодули афкор қарор доданд.
Итминони комил дорам, ки бо саъю талоши муштарак мо қодирем ҳамшарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро бомуваффақият идома дода, муносибатҳои воқеан бародаронаи кишварҳову мардумонамонро ба зинаҳои баландтар бирасонем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2014    №: 178    Мутолиа карданд: 502

03.05.2019


 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

 МУЛОҚОТИ ИСМАТУЛЛО НАСРЕДИН БО МЕҲР ХОЛИД

 ФИЛМИ «ТАНГНО» АЗ ҚАЗОН БО ҶОИЗА БАРГАШТ

 ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 ЁВОН. БУНЁДИ 341 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ФАРХУНДА

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

 ОЛМОН ЗИДДИ ВУРУДИ НИЗОМИЁН БА ВЕНЕСУЭЛА

 ДАР ҲИНДУСТОН АЗ ХАТАРИ ТУНДБОДИ «ФАНИ» БЕШ АЗ 800 ҲАЗОР НАФАР КӮЧОНДА ШУД

 ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ

 ДАР ТУРКМАНИСТОН НАРХИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМОҲО ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ТУРКИЯ СЕЮМ КИШВАРИ САБЗТАРИНИ ДУНЁ ЭЪТИРОФ ШУД

02.05.2019


 Ҳадияи раиси шаҳр ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

 Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон

 Баррасии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар

 ҶОМИ КФО. Пирӯзии «Истиқлол» бар «Дордой»

 Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд

 Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд

 ЮНИСЕФ: "Беш аз 2 миллион нафар мардуми Ангола аз хушксолӣ дар азоб аст"

Дар Ҷопон давраи нави Рэйва оғоз ёфт

 Ҷаҳон дар як сатр

01.05.2019


Ноболиғони тоҷик ба Ватан баргардонда шуданд

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамад Солим

Рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар матраҳ гардид

Се собиқадори тоҷик дар паради Ғалаба дар Москва ва Санкт - Петербург ширкат мекунанд

Дар Венесуэла исён зидди ҳукумат бебарор анҷом ёфт

Дар Либия 345 нафар қурбони бархӯрди мусаллаҳона гашт

Истеҳсоли рекордии чой дар Кения

Дар Париж ба барҷастатарин занҳои олим арҷгузорӣ намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед