logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар маросими оғози сохтмони қитъаи тоҷикистонии лӯлаи байнидавлатии гази «Осиёи Марказӣ - Чин», ноҳияи Рӯдакӣ, 13 сентябри соли 2014

Муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷаноби Си Ҷинпин!
Ҳозирони гиромӣ!
Дӯстони азиз!
Имрӯз мо шоҳиди воқеаи дорои аҳамияти бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва таърихӣ – маросими оғози сохтмони қитъаи лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ - Чин» дар қаламрави Тоҷикистон мебошем.
Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони лӯлаи гази «Тоҷикистон – Чин» як сол қабл дар доираи мулоқоти расмии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расида буд.
Баъдан ҷонибҳо ба таври иловагӣ созишномаро дар бораи ҷаласаи саҳомон имзо намуда, оинномаи ширкати муштаракро тасдиқ карданд. Созишномаи дуҷонибае, ки имрӯз ба имзо расид, масъалаҳои асосии сохтмон ва истифодаи лӯлаи газро муайян менамояд. Метавон гуфт, ки дар зарфи як соли гузашта кори муваффақонаву созандаи қарордодиву ҳуқуқие ба иҷро расид, ки дар ҷараёни он манфиатҳои ҷонибҳо комилан ба инобат гирифта шудаанд ва вуқӯи маросими имрӯзаи оғози сохтмони лӯлаи гази дорои аҳамияти стратегӣ имконпазир гардид.
Ин лӯлаи газ дар маҷмӯи лӯлаҳои гази «Осиёи Марказӣ - Чин» хати чорум ва кӯтоҳтарин мебошад ва дар муқоиса бо се хати дигар ба масофаи як ҳазор километр кӯтоҳтар аст.
Лӯлаи газ аз Туркманистон ба Чин аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад ва қитъаи тоҷикистонии он, ки зиёда аз чорсад километрро ташкил медиҳад, аз ҳама тӯлонӣ мебошад.
Сохтмони лӯлаи газ дар ҳудуди кишвари мо се сол идома ёфта, дар ҷараёни он бунёди 47 нақб ба масофаи умумии 76 километр ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 24 нақб дар зери об сохта мешавад.
Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, арзиши лоиҳа дар қаламрави кишвари мо дар маҷмӯъ 3 миллиарду 200 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Дар давраи сохтмон зиёда аз се ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, ба буҷети давлат даромади зиёд ворид хоҳад шуд.
Дӯстони азиз!
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дурнамои гуногунҷабҳа ва пурвусъат доранд. Бо дарназардошти ин дурнамо, Барномаи фарогири ҳамкории байни ду кишвар барои панҷ соли минбаъда таҳия гардид, ки мо имрӯз онро дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии муҳтарам Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин ба Тоҷикистон қабул намудем.
Тоҷикистон имрӯз, ҳамчун ҳамсояи нек, дӯсти содиқ ва шарики боэътимод, бори дигар манфиатдории амиқи худро дар рушди муштараку ҳамқадам бо кишвари бузурги Чин нишон дод. Ин саҳми воқеии мо дар таъмини субот, рушди мутавозин ва ободии Осиё мебошад ва ифодаи возеҳи татбиқи амалии шиори «Ҳамкорӣ ва рушду ободии муштарак» мегардад, ки раисии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай таҳти он сурат гирифт.
Мо мақсад дорем, ки бо дарназардошти манфиатҳои ҳар ду кишвар ва мардумамон бо Ҳукумат ва доираҳои соҳибкории Чин ҳамкории зичи дарозмуҳлатро идома диҳем.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин мо шабакаи ягонаи миллии энергетикиро бунёд намудем. Дар ояндаи наздик муҳим медонем, ки талошҳои якҷояи мо дар мавриди беҳсозии ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва татбиқи технологияҳои «сабз» мутамарказ гардонида шаванд.
Мо умед дорем, ки Корпоратсияи миллии гази Чин дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ дар ҷануби Тоҷикистон ба истихроҷи газ муваффақ мегардад. Пешгӯии коршиносони мустақил аз он дарак медиҳад, ки дар қаъри замини кишвари мо захираҳои бузурги саноатии газу нафт маҳфузанд.
Як нукта возеҳ ва баҳснопазир аст, ки ягон кишвари олам дар шароити камбуди ҷиддии барқ ба таври муътадил рушд карда наметавонад. Аз ин рӯ, ҳалли ин масъалаҳо на фақат барои таҳкими истиқлолу соҳибихтиёрии Тоҷикистон, балки барои пешрафти босуботи иқтисодии тамоми минтақа аҳамияти бузург дорад.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ зикр намоям, ки тайи даҳ соли охир ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳоямон босуръат ва мунтазам тавсеа меёбад. Муомилоти молии дуҷониба ҳанӯз се сол қабл ба сатҳи ду миллиард доллари амрикоӣ расида буд. Ин комёбиҳоро мо натиҷаи таваҷҷуҳи бузурге медонем, ки роҳбарияти Чин ба таъмиқу тавсеаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Чин дорад. Бо истифода аз фурсати муносиб, аз номи мардуми Тоҷикистон бори дигар ба Шумо, ҷаноби Раис ва Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, мардуми кишвари ба мо дӯсти Чин барои пуштибонии Тоҷикистон ва мадади беғаразона ба мардуми он сидқан арзи сипос менамоям.
Дар фарҷоми суханронӣ мехостам ба фаъолияти ширкати муштараки Тоҷикистону Чин оид ба сохтмон ва истифодаи лӯлаи газ барори кор орзу намоям.
Зиндаву поянда бод муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, ёрии байниҳамдигарӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2014    №: 180    Мутолиа карданд: 580

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд

Ҳукуматдорони Ироқ сарҳад бо Сурияро кушоданд

Дар Ӯзбекистон дар ду соли охир 238 мактаби нав бунёд ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

30.09.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Антониу Гутерриш

Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар иҷлосияи солонаи вазирони корҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед