logo

муҳоҷират

ОСЕТИЯИ ШИМОЛӢ: МАРҲАБО, МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК!

Муҳоҷирати корӣ яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи имрӯз маҳсуб меёбад. Ҳамасола теъдоди зиёди шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои пайдо намудани кор ба мамолики гуногуни дунё ва аз ҳама бештар ба Федератсияи Русия сафар мекунанд.

Тоҷиконе, ки дар мамлакатҳои хориҷӣ соҳиби ширкату корхонаҳои худ шудаанд, кам нестанд. Шумори чунин шахсони муваффақ махсусан дар Русия зиёдтаранд. Ин нафарон дар баробари фаъолият дар ҷанбаҳои гуногуни хоҷагии минтақаҳои ин мамлакати паҳновар ба корҳои ҷамъиятӣ машғул шуда, аз ҳисоби тоҷикони муҳоҷир дар ин минтақаҳо ҷамъиятҳои худро ташкил медиҳанд ва дар ҳалли мушкилоти ҳамдиёронамон оид ба дарёфти ҷои кор, манзили зист ва ғайра кумак мерасонанд. Яке аз чунин тоҷикони серташаббус Арсен Худододов мебошад, ки беш аз сӣ сол боз дар Осетияи Шимолӣ кору зиндагӣ мекунад. Панҷ сол қабл бо ташаббуси ӯ дар ин минтақа Ташкилоти минтақавии ҷамъияти тоҷикони Осетияи Шимолӣ ташкил ёфт, ки он дар самти ҷалби ҳамдиёронамон ба кор саҳми босазо дорад. Доир ба фаъолияти ташкилоти мазкур, ҳадафҳои асосии он Арсен Худододов, ки чанде пеш меҳмони Бадахшон гардид, чунин иттилоъ дод:
- Ташкилоти мо соли 2010 дар Вазорати адлияи вилоят расман аз қайд гузашт. Ҳадаф қабл аз ҳама мусоидат ба фаъолияти тоҷикони муқими минтақаҳои Русия, муаррифии фарҳанги миллӣ, зиндаву пос доштани урфу одатҳои мардуми мо, забони ноби тоҷикӣ ва забонҳои маҳаллӣ, густариши равобит миёни ҳамватанон мебошад. Соле, ки ҷамъиятро сомон медодем, шумораи тоҷикони муқими Осетияи Шимолӣ аз 200 нафар зиёд набуд. Вале мушкилотамонро ҳар кас бо роҳи худ ҳал мекард. Байни мо ҳам чандон робита вуҷуд надошт. Фақат дар рӯзҳои мусибату чорабиниҳои хурсандӣ як қисмамон бо ҳам меомадему дигар аз паси ҳалли мушкилоти худ мешудем. Баъзан аз уҳдаи ҳалли проблемаҳоямон намебаромадем. Ҳамин тавр давом мекард, мумкин буд забон, урфу одатамонро оҳиста – оҳиста аз даст медодем. Бинобар ин қарор додем, ки мо бояд ҷамъиятамонро ташкил диҳем, то ки дар ҳалли ягон мушкил оҷиз намонем. Имрӯз шумораи тоҷикони Осетияи Шимолӣ аз 700 нафар мегузарад ва мушкиле нест, ки мо онро дар ҳамдастӣ ҳал нанамоем. Ба ғайр аз таъмин бо ҷои кору манзили зист ҷамъияти мо барои беҳтар намудани шароитҳои кору зиндагии ҳамдиёрони муҳоҷирамон ҳамвора кӯшиш менамояд. Айни ҳол бо мусоидати ҷамъияти тоҷикони ин минтақа қариб 500 нафар муҳоҷирони тоҷик шаҳрвандии Русияро соҳиб гардидаанд. 20 нафар нафақахӯрон, ки дар ин вилоят зиндагӣ мекунанд, аз ҳисоби ташкилоти мо нафақа мегиранд. Ба ҳамдиёронамон ҳамчунин дар самти мушкилоти ҳуқуқӣ низ ёрӣ расонда мешавад.
Ҷамъият дар гузарондани идҳои миллӣ, назири Наврӯзи Аҷам, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва ғайра фаъолият нишон медиҳад. Мо бо ҳам чорабиниҳои гуногуни варзишӣ мегузаронем. Дар ҷашнвораҳои мо намояндагони дигар миллату халқиятҳое, ки дар ин минтақа зиндагиву кор мекунанд, ширкат меварзанд. Бе муҳобот, онҳо ба фарҳанги волои тоҷикон баҳои баланд медиҳанд.
Осетинҳо нисбат ба мардуми тоҷик муносибати некбинона доранд. Ман дар бисёр чорабиниҳои онҳо ширкат варзидаам. Ҳам дар урфу одат ва ҳам дар забони мо монандиҳоро мушоҳида кардаам. Ҷамъияти осетинҳо ба ҳамдиёронамон дар барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои расмӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия, таъйини нафақа, дарёфти ҷойҳои корӣ ва ғайра мадад мерасонад. Ин худ шаҳодати эҳтироми ин мардум нисбати тоҷикон мебошад. Мо дар навбати худ кӯшиш менамоем, ки тамоми ҷиҳатҳои мусбати халқамонро дар ин кишвари дур аз диёрамон нишон диҳем. Дар Осетияи Шимолӣ Рӯдакиву Хайём, Ҳофизу Саъдӣ, Низомиву Ҷомӣ ва дигар саромадони адабиёти миллиамонро хуб мешиносанд ва мо ҳам ҷаҳд ба он дорем, ки сазовори ин бузургони адаб будани худро исбот намоем.
Ҳадафи сафари ҳозираам ба Тоҷикистони азиз танҳо хабаргирӣ аз ёру дӯст ва хешу ақрабо нест, - афзуд Арсен Худододов. - Ин дафъа бо таклифи Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ, хадамоти муҳоҷирати меҳнатии вилоят барои пиёда намудани як барнома доир ба ҷалби ҳамватанонамон ба ҷои кор сафари Бадахшонро ихтиёр намудаам. Симои Тоҷикистон, минҷумла Бадахшонро нисбат ба солҳои пеш хеле зеботар дарёфтам. Иншооти замонавӣ, роҳҳои васеи сохташудаистода ба симои диёрамон ҳусни нав зам кардаанд. Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои рушди ҳамаҷонибаи диёр кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд. Вале барои ба сатҳи лозимӣ баровардани сатҳи некуаҳволии мардум боз чанд соли дигар заҳматҳои шабонарӯзӣ кашидан лозим аст. Аз суҳбат бо Шодихон Ҷамшед дарёфтам, ки ҳанӯз ҳам мушкилоти таъминот бо ҷои кор ҳалли худро наёфтааст. Ҳазорҳо нафар ҷавонони вилоят, махсусан шаҳри Хоруғ, ҳатто бо маълумоти олӣ ба худ ҷои кор намеёбанд. Ин вазъият боиси нооромиҳову муноқишаҳо мегардад. Бинобар ин, бо пешниҳоди раиси вилоят мо барои дарёфти ҷойҳои корӣ дар Осетияи Шимолӣ аллакай як қатор корҳоро анҷом додем. Айни ҳол бо як қатор корхонаҳои вилоят ба муҳлати 5 сол шартномаҳои корӣ ба имзо расонда, кордиҳандагон интизори қувваҳои корӣ мебошанд. Маблағи будубош ва роҳпулӣ то Осетияро низ корхонаҳо пардохт менамоянд.
Хушбахтона, мисли ҷамъияти тоҷикони Осетияи Шимолӣ дар Русия ҷамъиятҳои зиёде аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик ташкил шудаанд ва онҳо бо ҳам равобити густурда дошта, барои фароҳам овардани шароити кору зиндагӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ саҳми босазо мегузоранд.

Раҳмони ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2014    №: 181    Мутолиа карданд: 11257

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед