logo

маориф

МАРҲАЛАИ АВВАЛ ЧӢ ДОД?

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”  барои марҳалаи дувум тасдиқ гардид.

Марҳилаи аввали “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014”, ки аз 26 банд иборат буд, муҳимтарин ҷиҳатҳои такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар марҳилаи кунунии инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ, ҳадаф, вазифа ва маҷрои амалигардонии онро дар ҷараёни таълим, кафолатҳои давлатию иҷтимоии  кормандони муассисоти таълимӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, таъминоти тахассусӣ, илмӣ, ҳамкориҳои байналхалқиро фаро гирифта буд. Аз Вазорати маориф ва илми кишвар натиҷаи татбиқи ин барномаро ба мо чунин шарҳ доданд.
Банди аввали он оид ба омода сохтани пешниҳод доир ба табдили Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода ба Донишгоҳи давлатии лингвистӣ буд.
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илм ба сабаби он ки донишкадаи мазкур ба якчанд меъёрҳои муайянкунандаи сатҳи донишгоҳ ҷавобгӯй нест (мувофиқат накардани таносуби омӯзгорону донишҷӯён (1:8), фаъолият надоштани омӯзгорони дараҷаву унвони илмидошта (35%-и омӯзгорон дараҷаву унвони илмӣ бояд дошта бошанд), набудани шӯроҳои махсусгардондашудаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, масоҳат (ба як донишҷӯ на камтар аз 8 метри мураббаъ), набудани заминаи табъу нашр ва ғайра табдил додани Донишкадаи давлатии забонҳо ба Донишгоҳи давлатии лингвистӣ айни ҳол имконият  надошт.
Банди дувуми барнома оид ба бунёди маркази илмӣ–методии омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони илмӣ –педагогии баландихтисос барои муассисаҳои таълимӣ дар назди Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон то соли 2006 буд.
Дар доираи ин банд аз соли 2004 дар назди ин донишгоҳ курси такмили ихтисоси омӯзгорони фанни забони русӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Зиёда аз 2000 нафар омӯзгорони ин фан аз курсҳои мазкур гузаштанд. Мутаассифона, барои омӯзгорони фанни забони англисӣ чунин курсҳо ташкил нагардид. Аз ин рӯ, дар марҳилаи дуюми Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ин банд барои омӯзгорони фанни забони англисӣ гузошта шудааст.
Яке аз талаботи барномаи мазкур ташкили Шӯрои дифои рисолаҳои номзадию докторӣ аз рӯи ихтисоси «методикаи таълими забонҳо» барои солҳои 2007-2008 буд. Барои татбиқи ин банд дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо иҷозати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми Федератсияи Русия  шӯрои диссертатсионии дифои рисолаҳои докторию номзадӣ марбут ба ихтисосҳои методикаи таълими забонҳои тоҷикию русӣ кушода шуда, соли 2010 ба фаъолият шурӯъ намуд. То имрӯз 11 нафар унвонҷӯ рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд, ки аз ин шумора 2 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Ҳамчунин, 1 нафар рисолаи докториро дар риштаи методикаи забони русӣ ҳимоя намуд.
Омода кардани муаллимони забонҳои русию англисӣ дар мактабҳои оливу миёнаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2014, яке аз бандҳои муҳимтарини барнома ба ҳисоб мерафт.
Тибқи иҷрои банди мазкур дар муассисаҳои миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҳамасола омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар коллеҷҳои омӯзгории кишвар тайёр карда шуданд, аз ҷумла аз соли 2008 то соли 2013 692 нафар омӯзгори забони русӣ ва 783 англисӣ. Донишгоҳу донишкадаҳои омӯзгории ҷумҳуриро давоми солҳои 2010-2013, 2 532 нафар мутахассисони забони русӣ ва 3 496 нафар бо ихтисоси забони англисӣ хатм карданд.
Татбиқи банди тайёр кардани тарҷумонҳои соҳавӣ дар назди мактабҳои олии кишвар то соли 2014 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон мутахассисони баландихтисоси забонҳои русӣ ва англисӣ барои ВАО ва тарҷумонӣ ба роҳ монда шуда буд. Аз ҷумла, аз соли 2010 то 2013 шумораи хатмкунандагони шуъбаи тарҷумонӣ 711 нафар мебошад.
Ҳамчунин, соли 2013 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти касбӣ аз ихтисоси 21.06.01-02 - забони муосири рус (тарҷумонӣ) дараҷаи бакалавр, бо касби тарҷумони забони русӣ ва нақшаи таълимӣ аз рӯи ихтисоси мазкур таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Дар давоми солҳои 2008-2013 аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон китобҳои дарсӣ, дастурҳои методии соҳавӣ омода ва ба табъ расонда шуд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ бурда мешавад. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон кафедраи филология амал мекунад, ки омӯзиши фанҳои забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва олмониро ба роҳ мондаанд.
Дар муассисаҳои олии ҷумҳурӣ луғату муҳовараҳои зиёде ба табъ расид. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон луғати «Истилоҳоти ВАО (англисӣ-арабӣ)», «Фарҳанги истилоҳи забоншиносӣ (бо забони англисӣ - тоҷикӣ - форсӣ)», дар Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон дастури таълимии «Тарҷумаи матнҳои сиёсӣ (бо забони англисӣ)», дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ силлабусҳо (барномаи кори фаннии омӯзгороне, ки аз рӯи низоми кредитӣ таълим медиҳанд) барои курсҳои 1 ва 2, дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Луғати англисӣ-русӣ-тоҷикӣ ва ғайра омода шуд. Дар Маркази таълимию методӣ бошад, Луғати мухтасари тоҷикӣ-русӣ иборат аз 1580 калима барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ омода гардид.
Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон китоби дарсӣ ва Луғати забони англисӣ-тоҷикӣ-русӣ иборат аз 20 000 калима ба чоп расид.
Инчунин бо дастгирии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон соли 2007 дастури таълимӣ барои мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ дастрас гардид. Аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон соли 2011 Барномаи таълимии “Забони русӣ” барои муассисаҳои томактабӣ омода ва дастраси мураббиён шуд.
Дар муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ омӯзиши фанни забони русӣ дар машғулиятҳои гурӯҳҳои синни калон ва томактабӣ ба роҳ монда шуда, омӯзиши фанни забони англисӣ низ ба тариқи шартномавӣ  ташкил гардид.
Дар муассисаҳои таълимии кишвар барои омӯзиши забони русӣ дар як ҳафта 27 соат ва барои забони англисӣ 24 соат ҷудо шудааст. Дар мактабҳои тамоили ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, иқтисодӣ ва табиӣ-риёзидошта ин миқдор аз 18 то 20 соатро ташкил медиҳад. Дар мактабҳои типи нав низ аз ҳисоби соатҳои иловагӣ омӯзиши амиқи ин забонҳо ба роҳ монда шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар низ дар доираи иҷроиши барномаи номбурда омӯзиши ин фанҳо аз 100-110 ба 140 соат дар факултаҳои ғайрифилологӣ зиёд карда шуда, дар нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзондани фанни забони русӣ аз рӯи ихтисосҳои ғайритахассусӣ дар 2 соли таҳсил аз 72 соат ба 212 соат расонда шуд.

Ҳарамгули ҚОДИР, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2014    №: 186    Мутолиа карданд: 2537
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед