logo

барқияҳо

Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба Син Ҷинпин

1 октябр Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Раиси  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин Син  Ҷинпин барқияи табрикотӣ ирсол  дошт,  ки дар  он,  аз ҷумла,  чунин  гуфта  мешавад:

«Муҳтарам ҷаноби  Раис,
65 - умин  солгарди  Рӯзи ташкилёбии Ҷумҳурии  Мардумии  Чин ба ман имконияти  гуворо  мебахшад, ки  Шумо  ва  ҳамаи халқи  дӯсти  Чинро  бо  ин воқеаи  фархунда  сидқан муборакбод  намоям.
Хурсандибахш аст, ки Чини  дӯст  дар  ин   давра  дар  амри  рушди  иқтисодиёт ва шукуфоии  фарҳангу  маориф  муваффақиятҳои  таъсирбахш  ба даст  овард. Чин  дар  арсаи  ҷаҳон  эътибори  шоиста  касб  намуда, барои  таъмини  сулҳ ва амнияту   суботи  ҷаҳон ҷаҳд мекунад. Мо чун  дӯстони  нек  аз  ин  дастовардҳо  ҳамроҳи  Шумо аз  таҳти  дил  шод  мегардем.
Муносибатҳои ҳамсоягии  нек ва  дӯстона бо  Чин  ҳамеша  авлавиятҳои  асосии   хориҷӣ  буданд  ва  мебошанд. Мо онҳоро  ба  дараҷаи баланд қадру эҳтиром  карда,  барои  таҳкиму  густариши   минбаъдаи   муносибатҳои  мушорикати стратегӣ бо  Чин саъю  кӯшишҳои  зиёдеро ба  харҷ  дода  ва  ба мунтазам ғанӣ  гардидан ва рушду  густариш  ёфтани  онҳо ҳиссаи  худро  мегузорем.
Эъломияи  ба  қарибӣ имзокардаи  мо  дар  бораи густариши  муносибатҳои  мушорикати   стратегӣ  ва  Барномаи   қабулшудаи  ҳамкорӣ то  соли  ду  ҳазору бистум  аз  ин  шаҳодат  медиҳанд. Мо тайёрем, ки  муколамаи  доимию эътимодомези сиёсиро  ба  манзури  рушду  такмили  муносибатҳои  байни  ду  кишвар  дар  ҳамаи   бахшҳое, ки  диққати  тарафайнро ба  худ  ҷалб  мекунанд,  минбаъд  ҳам  вусъат  бахшем.
Саҳми  бебаҳои  Шуморо ба  рушди  муносибатҳои  Тоҷикистону  Чин  бо ҳисси  миннатдории   самимона қайд  менамоям. Ба  туфайли   саъю  кӯшишҳои  Шумо вақтҳои  охир  муносибатҳои  мо   аз  бисёр  ҷиҳат  қувваи  назаррас  ба  даст  оварданд, ки  ин  ба пурратар  дарёфт  намудани  неруи  ҳамкории  судманди  миёни  ду  кишвар  мусоидат  кард. Аминам, ки  татбиқи  амалии  ҳуҷҷатҳои  имзошуда  дар  ҷараёни  ташрифи  давлатии  ба  қарибӣ   суратгирифтаи  Шумо  ба  Тоҷикистон  ва  оғози  татбиқи  лоиҳаҳои   калонҳаҷме, ки  дар  бахшҳои  гуногуни  иқтисодиёти  Тоҷикистон амалӣ  мешаванд,  ба ҳамкории самарабахши  ду  кишвар қувваи  бузург  бахшида ва сатҳи ҳамкориамонро  ба қуллаҳои  нав  мебардоранд, ки  ба  имконоти  ғанитарини  муносибатҳои  дуҷонибаамон  мувофиқанд.
Мехоҳам  ҳамкории  судманди Тоҷикистону  Чинро  дар  ҳошияи  СҲШ, ки  Чин  ҳам дар  он ҷонибдори  фаъоли  ҳамгироӣ ва рушди ҳамаҷонибаи   муносибатҳои  байни  давлатҳои  аъзо  аст, бо  камоли  қаноатмандӣ  иброз  дорам.
Аз ин  имконият истифода бурда,  мехоҳам  бори дигар  зикр  намоям, ки Тоҷикистон  нияти қатъӣ  дорад, ки  бахшҳои  ҳамкориро  бо Ҷумҳурии   Мардумии  Чин, ки ҷавобгӯи манофеи  асосии  ҳар  ду  давлату халқҳо  ва ҳифзи  амнияту   суботи  минтақа  аст, рушду  густариш  бахшад.
Иҷозат  фармоед дар  ин  рӯзҳои фараҳбахш  ба  Шумо,  муҳтарам  ҷаноби  Раис,  тансиҳатии  бардавом, саодат ва дар  ҳамаи  ибтикоротатон  баҳри  шукуфоии Чини  бузург  муваффақиятҳо ва  ба  халқи  дӯсти он  сулҳу  беҳбудӣ ва  шукуфоиро орзу  намоям».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.10.2014    №: 193    Мутолиа карданд: 998
22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед