logo

паёмҳо

Паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати иди Қурбон, шаҳри Душанбе, 4 октябри соли 2014

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати иди саиди Қурбон, ки фардо фаро мерасад, сидқан табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар аз даргоҳи Парвардигор сулҳу амонӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Имсол таҷлили ин иди суннатии аҷдодиамон ба истиқболи санаҳои муҳими дорои аҳамияти таърихиву сиёсӣ баробар омад.
Яке аз чунин санаҳои таърихӣ ҷашни 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бар асоси Конститутсия гуногунандешиву озодии эътиқод барои тамоми шаҳрвандон кафолат дода шудааст. Дар ин замина мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамаи маросиму фаризаҳои диниву мазҳабии худро озодона анҷом медиҳанд, ки ҷашнгирии иди саиди Қурбон далели ин гуфтаҳост.
Иди мубораки Қурбон дар фарҳанги исломӣ ҷойгоҳи хоса дошта, аз ҷумлаи қадимтарин ва азизтарин маросими суннатии мусулмонон ба ҳисоб меравад. Зеро ҷавҳари он аз ормонҳои башардӯстиву шафқат иборат мебошад.
Таълимоти дини мубини ислом саршор аз андешаву афкори созандаву офаранда, накуиву зебоӣ ва покиву озодагӣ мебошад. Дар ин рӯзи саид мардум бо рӯҳияи болида ва бо шукргузорӣ аз зиндагии пурсаодати имрӯза ба аёдати ҳамдигар рафта, аз ҳоли эҳтиёҷмандон хабар мегиранд, барои изҳори таъзия ба хонаводаи азодорон мераванд ва ба хотири гузаштагон дуо мекунанд.
Иди Қурбон таҷассумгари садоқату фидокории муъминон дар назди Худованд буда, ҳамзамон бо ин, саршор аз фазилатҳои меҳру саховат ва ҳимматбаландӣ мебошад.
Маънӣ ва фалсафаи иди Қурбон ба қадри якдигар расидан, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан ва бо ҳамдигар наздик будан аст. Вобаста ба ин, хайру сахо кардан аз ҷумлаи вазифаҳои ҳар як фарди муъмину мусулмон ҳисоб меравад ва Парвардигори олам дар сураи «Нисо» ояти 36 дар ин бобат чунин фармудааст: “Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики ӯ муқаррар макунед ва ба падару модар ва ба хешон ва ятимон ва гадоён ва ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишини наздик ва мусофир ва он ки дасти шумо молики ӯ шуд, накукорӣ кунед”.
Барои беҳбудии ҳаёти шаҳрвандон мо қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуда, роҳи беҳтарини баргузории ҳама гуна маъракаву чорабиниҳоро фароҳам овардем, вале баъзеҳо то ҳанӯз ба таассуб ва хурофот дода шуда, зиндагии худро дидаву дониста вазнин мекунанд.
Аввалан, қурбонӣ кардан ҳамчун суннат бар дӯши ҳама ҳатмӣ нест. Ин амалро касе бояд иҷро кунад, ки аз назари иқтисодӣ имконият дорад ва молу сарваташ ба ин кор мерасад.
Дуюм, нафаре, ки масъулияти худро дар назди аҳли байт ва хешовандони наздик, ки онҳо ба ӯ ҳаққи зиёд доранд, иҷро карда бошад. Ин ҷо бояд ҳаққи фарзанд ба таълиму тарбия, ба сару либос, ахлоқи нек, ҳаққи хоҳару бародар, падару модар, ҳамсояҳо ва амсоли инҳо иҷро шуда бошад. Ҳар анъана ва расму оине, ки дар фарҳанги динии мо роиҷ аст, дорои фазилату ҳикмат ё арзишест, ки то кунун асли худро нигоҳ доштааст.
Бинобар ин, дар рӯзҳои ид ва дигар суннату маросимҳо ба муҳтоҷон ба андозаи имкон расонидани кумаки моддӣ яке аз фазилатҳои бузурги мардуми мо буда, дар кишварамон тадриҷан ба ҳукми анъанаи нек даромада истодааст. Аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо дар ин рӯзи муборак сарфаю сариштакориро фаромӯш карда, ба тақлиди дастархонороӣ ва қурбонӣ кардан пардозем.
Баръакс, дар ин рӯз мо аз ҳарвақта дида бештар ба эҳтироми якдигар, ҳимояи ҳаққи ҳамдигар ва некиву накукорӣ пардохта, ба хотири ободии наздикон аз исрофкорию худнамоӣ даст кашем.
Ҳазрати Муҳаммад дар ҳадиси худ фармудаанд: «Аввал чизе, ки Худованди таоло дар тарозуи амал мениҳад, ахлоқи нек ва саховат аст».
Бузургони адабиёти оламшумули мо бошанд, ба даст овардани дили муъминонро бо ҳаҷҷи акбар баробар донистаанд.
Дигар ҳикмат ва фазилати муҳими иди мубораки Қурбон даъват ба ҳамзистии осоишта ва якдигарфаҳмии инсоният аст, ки ҳамасола тавассути анҷом додани маносики ҳаҷ мусалмонони оламро дар Маккатуллоҳ ба ҳам меорад, то аз аҳволи ҳамдигар огоҳ шуда, пайвандҳои дӯстиву рафоқатро таҳким бахшанд.
Бояд зикр кард, ки имсол зиёда аз шаш ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакатамон бо нияти адои маносики ҳаҷҷи акбар озими Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара шуданд. Дар арафаи ин иди шариф онҳо дар қатори миллионҳо мардуми мусулмони ҷаҳон ба зиёрати хонаи Худо мушарраф хоҳанд шуд.
Бовар дорам, ки ҳоҷиёни мо дар он сарзамини муқаддас дар ҳаққи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дасти дуо бардошта, аз даргоҳи поки Худои таоло барои кишвари азизи худ суботу оромӣ ва пешрафту ободиро талаб менамоянд.
Ҳар фарде, ки ба зиёрати хонаи Худо шарафёб мегардад, бояд донад, ки ин амал маънои таваллуди дуюмбораи маънавӣ, таҳкими ахлоқи ҳасана, ба даст овардани покии рӯҳиву ахлоқӣ ва намунаи инсони комил шудан аст.
Вақтҳои охир мардуми мо даромад ва пасандозҳои худро барои корҳои муҳим - таҳкими саломатӣ, таҳсили фарзанд, бунёди корхонаҳо, ободии диёр ва кумакҳои башардӯстона харҷ мекунанд. Ин амали хайр бояд минбаъд низ барои мо қарзи пуршарафи инсонӣ гардад.
Дар ин ҷода, пеш аз ҳама, бояд ҳоҷиён дарси ибрат нишон диҳанд. Илова бар ин, ҳамаи мову шумо бояд тамоми неруи зеҳнӣ ва ғайрату ҳиммати худро ба созандагию бунёдкорӣ, таҳкими истиқлолияту давлатдории миллӣ равона карда, ҳамчунин дар амри хайри тарбияи мардум, хусусан наврасону ҷавонон дар рӯҳияи дӯстиву бародарӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ саҳмгузор бошем.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар, ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро бо фарорасии иди мубораки Қурбон табрик гуфта, аз даргоҳи Парвардигор бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ ва саодати дунёву охиратро орзу дорам.
Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.10.2014    №: 195    Мутолиа карданд: 11694

24.05.2018


Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алекен Еминбахэ

Вохӯрии ҳайати вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯнамоии иқтидори сайёҳии кишвар дар Боку

ҶАЙҲУН. ПИЁЗ ЗИЁДУ ХАРИДОР КАМ

Ҷаҳон дар як сатр

СҲШ: таваҷҷуҳи вижа ба таъмини амнияти лоиҳаҳои байналмилалии стратегӣ

Ширкати 15 ҳазор меҳмон дар ҳамоиши иқтисодии Петербург

Макрон бо умеде ба Санкт-Петербург меояд, ки «Русияро ба Аврупо орад»

Дар Ҳилманд 15 нафарро аз асорати «Толибон» озод карданд

Қазоқистон гандуми бисёрсола парвариш кардан мехоҳад

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед