logo

паёмҳо

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон

Иди модаронро эҳё кунем

Модарону хоҳарони азиз!
Бонувони гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати иди фархундаи баҳору зебоӣ - 8-уми март аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Иди бонувон баробари оғози эҳёи табиат - фасли баҳор фаро мерасад, ки мардумро ба ибтидои пешомадҳои нав, нақшаву тадбирҳои тоза, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дар маҷмӯъ ба ободониву созандагӣ ҳидоят менамояд.
Аслан сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст. Аз ин рӯ, мо ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Гузашта аз ин, зан-модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад. Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.
Дар тамоми таърихи тӯлонии миллати тоҷик низ рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни зан-модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст. Занону модарони тоҷик дар баробари ба дунё овардану тарбия кардани фарзанд бо поктинативу инсондӯстӣ, нексириштиву фарҳангпарварӣ ва созандагиву заҳматписандӣ дар амри хайри ободонии сарзамини аҷдодиамон саҳми шоиста доранд. Имрӯз, яъне дар ибтидои асри XXI низ занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа мебошанд. Дар навбати худ давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон низ дар тӯли солҳои истиқлолият ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ карда истодааст. Дар ин давра вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, инчунин проблемаҳои демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Нақшаи миллии тадбирҳо дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо ба беҳбудии минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Имрӯз занон дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар кулли сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.
Ҳоло беш аз панҷоҳ фоизи кормандони соҳаҳои тандурустӣ, илму маориф ва хизматрасонии иттилоотиро занон ташкил медиҳанд. Бо мақсади тарбияи кадрҳо ҳамасола аз ҳисоби духтарони лаёқатманди ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар асоси квотаи президентӣ зиёда аз шаш ҳазор ҷавондухтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шуда, аллакай қисме аз онҳо соҳиби маълумоти олии касбӣ гардиданд ва ба мардуми диёри худ хизмат карда истодаанд.
Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати кишвар барои фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии занон, аз ҷумла бо мақсади густариши фаъолияти соҳибкории онҳо шароити мусоид ва заминаи зарурии ҳуқуқиро муҳайё кардааст. Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯзаи мо, ки алалхусус ба ҷавонону духтарон тааллуқ дорад, танзими оила аст. Ҳадаф аз тадбирҳои танзими оила пеш аз ҳама ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа, инчунин тарбияи насли солим ва ташкили оқилонаи оила мебошад. Зеро ташаккули тарзи зиндагии солим, модару фарзанди солим ва оилаи солим дар маҷмӯъ ба манфиати ҷомеа ва давлат мебошад ва дигар ин, ки фарзанди таълимдидаву тарбиятгирифта пеш аз ҳама эҳтироми падару модари худро ба ҷой оварда, ба қадри Ватан, забони модарӣ ва арзишҳои волои миллати худ, ба қадри калонсолон ва меҳнати ҳалол мерасад. Ва табиист, ки ободии сарзамини аҷдодӣ ва тақдири ояндаи он бевосита аз фарзандони баору номус, худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату донишманд вобаста мебошад. Аз ин рӯ, рисолати волидайн дар рушди миллат ва пешрафти давлат бағоят бузург аст.
Модарон ва хоҳарони меҳрубон!
Баъд аз андешаҳои бисёр ба хулосае омадам, ки як масъаларо бо шумо матраҳ созам ва умедворам, ки аҳли ҷомеа, хосатан шумо онро амиқан дарк мекунед.
Иди занон, ки як замон онро байналмилалӣ эълон карда буданд, собиқаи ҳамагӣ садсола дорад. Вале имрӯз мо бояд донем, ки аҷдоди пуршарафи тоҷикон - мардони ориёӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш барои ба ҷо овардани эҳтироми занону модарони худ ҷашни хосае доштаанд. Чунон ки аз гуфтаҳои донишманди бузург Абӯрайҳони Берунӣ бармеояд, иди занон дар сарзамини аҷдоди мо дар моҳи сеюми зимистон, ки онро исфанд мегуфтанд ва ин моҳ имрӯз низ дар тақвими баъзе халқҳои ориёӣ вуҷуд дошта, ба охири моҳи феврал ва аввали март мутобиқат дорад, ҷашн гирифта мешуд, яъне тақрибан мутобиқ ба ҳамин рӯзҳое, ки алҳол мо ҷашн мегирем. Берунӣ менависад: «Исфандормаз фариштаи ваколатдор бар Замин аст ва низ ба занҳои дурусткору хайрхоҳ ваколатдор аст. Ва дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рӯз иди занон будааст. Ва ин расм ҳанӯз дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла боқӣ мондааст. Ва онро ба форсӣ «муждагирон» мегӯянд».
Маълум мешавад, ки ин таомул аз замонҳои хеле қадим тақрибан то асри дувоздаҳ боқӣ будааст. Ҳатто дар Рими қадим, ки дар он ҷо ҷашни занон вуҷуд доштааст, баъзе олимон тахмин кардаанд, ки ин расм ба он кишвар аз ватани ориёиҳо рафтааст.
Пас, имрӯз - дар замони истиқлолияти давлатамон моро лозим аст, ки ҷашни миллии аз хотирҳо рафтаи худ – иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё кунем, арвоҳи гузаштагони пуршарафи худро бори дигар шод гардонем ва бо ифтихор собит намоем, ки миллати мо ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз азал эҳтироми зан-модарро пос медорад. Эҳтимол дар таърих кам мардуме вуҷуд дорад, ки соҳиби чунин фарҳанги қадимаи иззати занон бошад. Аз ин лиҳоз, мо чунин суннату таомулҳои миллиамонро хеле бузургу боарзиш медонем ва бовар дорем, ки эҳё кардани ин ҷашн ба манфиати маънавии миллатамон хоҳад буд.
Дар робита ба ин пешниҳод менамоям, ки ҳамасола рӯзи 8-уми март ҳамчун Рӯзи модар ҷашн гирифта шавад, вале на чун ҷашни маснӯие, ки ба мардуми мо иртиботи миллӣ надорад, балки ҳамчун идомаи анъанаҳои бостонии халқи худамон, бо асолат ва мӯҳтавои азалиаш таҷлил гардад. Итминон дорам, ки ҷомеаи мо ба чунин иқдом, ки боз як падидаи худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои ниёгонамон мебошад, омода аст.
Чунон ки зикр гардид, дар остонаи иди занону модарон ба сарзамини мо баҳор бо қадамҳои хуҷаставу сабзи худ расида, аз фарорасии Наврӯзи оламафрӯз башорат медиҳад. Дар домони сабзи табиат шумо - бонувон низ монанди гулҳои зебову шукуфоне ҳастед, ки бо таровату малоҳати хоса, дастони ҳунарофар ва меҳру шафқати худ ба он ҳусни тоза мебахшед.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ин иди фархунда самимона табрик гуфта, бароятон тандурустиву саодати рӯзгор, бахту иқболи нек ва сулҳу осоиш орзу менамоям.
Бигзор, дилҳои шумо ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони тоҷик поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошанд!
Идатон муборак бошад, модарон ва хоҳарони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2485
05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед