logo

маориф

ҚОНУНИ МАОРИФ НИЁЗ БА ТАКМИЛ ДОРАД

Дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни қонунгузории маориф ва илм мизи гирд баргузор гардид. Дар он кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ - вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо иштирок намуданд. Дар нишаст масъалаҳои «Ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон ба таҳсилот», «Проблемаҳои муосири забон ва сифати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Кафолатҳои давлатии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мафҳум ва намудҳои муассисаҳои таълимӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маҳмад Раҳимзода, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи мизи гирд иброз дошт, ки соҳаи маориф фарогири аз се як ҳиссаи пояи ҷомеаи мост. Он характери иҷтимоӣ дорад. Рушду инкишофи қонунгузории соҳаи маориф муҳаррикест барои пешрафти ҷомеа.
Ба гуфтаи мавсуф, бо ворид намудани тағйирот ба моддаи 41 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони таъсиси мактабҳои хусусӣ пайдо шуд. Дар баъзе ноҳияҳо чунин мактабҳо фаъолият доранд, ки ин иқдоми хуб аст ва ба рушди соҳаи маориф мусоидат мекунанд. Ба ақидаи директор, дар ҳар ноҳия бояд як мактаби хусусии тиҷоратӣ аз тарафи соҳибкорон бунёд гардад. Дар аксари давлатҳои дунё чунин муассисаҳои таълимӣ зиёданд. Мавсуф дар мавриди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гуфт, ки он хусусияти тарбиявӣ дорад ва ба пешгирии ҷинояткорӣ равона шудааст. Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашидан вазифаи қонун нест.
Маҳмад Раҳимзода таъкид кард, ки стандарти ягонаи истилоҳоти ҳуқуқиро бояд офарид ва ба фарҳанги миллӣ рӯ овард. Ба андешаи мавсуф, барои ғанӣ гардондани забон аз ҳамон истилоҳоти форсиву дарӣ ва русиву инглисӣ истифода барем.
Ӯ бо таассуф иброз дошт, ки факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки беш аз 50 сол фаъолият дорад, оид ба таҳияи истилоҳоти ҳуқуқӣ ягон кореро анҷом надодааст.
Бояд зикр кард, ки чор моҳ қабл бо ташаббуси кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Истилоҳоти соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм ва маориф дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба табъ расид, ки дар омӯзиши қонунгузории кишвар ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Зебо Алиева, мудири шуъбаи хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, зикр кард, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри тарбияи шахсияти дорои ҷаҳонбинии замонавӣ, дар ниҳоди таълимгирандагон тарбия намудани ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии қонуншиканӣ аз ҷониби ноболиғон қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти рақами 358, аз 11 июни соли 2013, «Оид ба такмилу ташаккули тарбияи ноболиғон» ба тасвиб расид.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳар як падару модар ва омӯзгорро вазифадор менамояд, ки масъулияшинос бошанд, зеро ки бунёди тарбия дар оила ва кӯдакистон гузошта мешавад ва идомаи он ба мактаб рабт мегирад. Бо мақсади саҳм гирифтан дар амалӣ гардидани қонуни мазкур тайи 2 соли охир озмуни «Волидайни беҳтарин» миёни муассисаҳои таълимии пойтахт гузаронда шуда, аз тарафи шаҳрдорӣ ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардидаанд.
Зебо Алиева таъкид кард, ки ба тарбияи кӯдак падару модар, мактабу маориф ва аҳли ҷамоатчигӣ бояд аз рӯзи таваллуди он то ба воя расидан машғул бошанд. Чунончи, Муҳаммади Ғаззолӣ дар асари бузурги худ «Насиҳат-ул-мулук» фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашма мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёни об низ мусаффо хоҳад буд».
Дар ин асари хеш мутафаккири тоҷик бо ҳамин мазмун таъкид кардааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ то хорӣ хоҳад кунад ва бо ҳар ки хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ».
- Аз ин лиҳоз, лозим аст, ки тухми некиву накукориро дар ниҳоди фарзандон парвариш диҳему онҳоро сазовори давру замон ба воя расонем, - гуфт мавсуф.
Дониёр Сангинов, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, оид ба мушкилоти муосири забон ва сифати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» гуфт, ки дар он истилоҳоти забони русӣ ба монанди «туристӣ», «ставка», «диференсиатсия», «инвеститсия» боқӣ мондаанд. Ҳол он ки ин калимаҳоро метавон бо калимаҳои «сайёҳӣ», «меъёр», «тафриқа», «сармоя» иваз кард.
Ба андешаи мавсуф, мафҳуми «маориф» дар қонуни мазкур хеле маҳдуд нишон дода шудааст. Бинобар ин, пешниҳод намуд, ки ин мафҳум дар қонун ворид шавад, зеро он метавонад тамоми сохтори таркибии қонуни амалкунандаро дар бар гирад. Дар он омадааст: «Маориф раванди тарбия ва таълим ба манфиати инсон, ҷомеа, давлат мебошад, ки ба нигоҳдорӣ ва пешниҳоди дониш ба насли нав бо мақсади таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, ташаккули доимии маънавӣ, зеҳнӣ, зебопарастӣ ва ҳолати ҷисмонии шахс ва ҷомеа равона гардидааст».
Сиёвуш Абдураҳимов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, оид ба намудҳои муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки яке аз намудҳои муассисаҳои таълимие, ки дар қисми 5 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» зикр нагардидааст, муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон аст. Барномаҳои таълимӣ маҳз дар заминаи мавҷудияти ин ё он намудҳои муассисаҳои таълимӣ қабул мегарданд. Агар чунин тасаввур намоем, ки муассисаҳои таълимии калонсолон мавҷуд нест, пас  саволе ба миён меояд, ки барномаи таълимии таҳсилоти калонсолон, ки қабули онро моддаи 8 Қонун «Дар бораи маориф» пешбинӣ кардааст, дар кадом намуди муассисаҳои таълимӣ амалӣ мегарданд. Бо такя ба сарчашмаҳои расмӣ метавон гуфт, ки гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» низ таъсис ёфта, машғули омода кардани лоиҳаи қонуни мазкур мебошад. Зиёда аз ин, таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чунин намуди муассисаҳои таълимӣ дар ҳақиқат дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, махсусан дар шуъбаҳои маориф бо номи муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон фаъолият менамоянд. Бинобар ин, пешниҳод мегардад, ки дар қисми 5 моддаи 10 қонун дар қатори дигар намудҳои муассисаҳои таълимӣ муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон низ ворид гардад.
Таъкид шуд, ки баҳри рушди сиёсати иҷтимоии давлат дар соҳаи илму маориф ҳамчун яке аз самтҳои асосии афзалиятнок заминаҳои қонунгузорӣ дар соҳаҳо бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ва талаботи ҳаёти ҷомеа такмил дода шавад.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2014    №: 210    Мутолиа карданд: 968

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед