logo

иҷтимоиёт

Мӯътабартарин занҳои дунё кадоманд?

Латифнимаи инсоният, ки ҳастиро зеб мебахшад,-занҳои соҳибмаърифати кордону ғаюр ба мисли Ланн Лаверти Елсененс (роҳбари нави ширкати Саноко), Гейл Келли (роҳбари бонки муқтадири австралиягии Вестпак) ё Ҷейн Мендилло (ки ишқи илм ӯро то раҳбарии яке аз бузургтарин муассисаҳои илмию молиявии ҷаҳон, бо сармояи 35 миллиард доллар, расонд) торафт бештар мардҳоро аз курсии мансабҳои олӣ тела дода, «ҷой»-ашонро мегиранд.

«Forbes»- маҷаллаи бонуфузи ҷаҳонӣ барои соли рафта рейтинги садаи мӯътабартарин занҳои дунёро ба табъ расонд.
Хидмати арзанда дар рушди иқтисоди кишвар, сиёсати ягона ва қатъии демократӣ, иродаи матин, сифатҳои зебандаи шахсият-росткорӣ ва симои дилкаш имконият додаанд Ангела Меркел-канслери федералии Олмон бори савум ва дилпурона унвони «Мӯътабартарин зани дунё»-ро соҳиб шавад.
Мақоми ифтихории баъдиро дар рейтинг Шейла Бейр-раиси ширкати федералии суғуртаи амонатпулиҳо (бонки асосии амонатии ИМА) ба даст овард, ки дар шароити бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ бо талош мардумро аз васвасаю воҳимаи пулӣ боздоштанист.
Индра Нуви-соҳибкорзани амрикоӣ, ки  истеҳсолу тиҷорати нӯшобаро дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон ба даст гирифта, дар талоши кушодани бозорҳои тиҷоратии нав  ба нав аст, сазовори ҷойи сеюм гашт.
Ангела Брели, сарвари ширкати суғуртавии Well Point (ИМА), Синтия Керролл, директори ширкати  Anglo American (Британияи Кабир), Ирен Розенфелд, директори ширкати  Kraft Foods (ИМА) сегонаи дуюми пешсафони рейтингро ташкил медиҳанд.
Дар рӯйхати 100-нафара 23 зани сиёсатмадор, 54 соҳибкор-тоҷир, боз кормандони матбуот, муассисаҳои гуногуни ғайритиҷоратӣ ҳастанд.
Сеяки садаи рейтингиро «навакҳо»-онҳое ташкил медиҳанд, ки обрӯяшон дар афзоиш аст. Онҳо ҷойи касонеро гирифтаанд, ки эътиборашон пайваста мекоҳад.
Кондолиза Райс (аслан аз боиси иҷрокунандаи «беҳис»-и супоришҳои Ҷорҷ Буш буданаш) ба ҷанҷолҳои сиёсие, аз қабили нооромсозии Покистон, пуштибонии Исроил, бадшавии муносибатҳо бо Русия ғӯтида, эътибори худро хеле паст зад. Баръакс, эътибору манзалати Ҳилларӣ Клинтон (ҳарчанд довталаби мансаби президентӣ шуда натавонист) боло рафт.
Занҳои ғайриамрикоӣ сол ба сол бештар нуфузу эътибор пайдо намуда, мавқеи амрикоиёнро тангтар месозанд, ҳарчанд ҳанӯз  ҳам амрикоизанҳо дар садаи  «Forbes»  аз ҳама зиёдтаранд. Аз Британияи Кабир панҷ зан, аз Чин чор, Фаронса, Ҳиндустон ва Ҳолланд сенафарӣ шомили рӯйхат шудаанд. Бори аввал аз кишвари Марокаш Ҳинд Буҳиа, директори генералии Биржаи захираҳои Касабланка, ба рӯйхати занҳои маъруфтарини ҷаҳон (ҷойи 29) дохил гашт.
Аз Федератсияи Русия дар рӯйхат ду кас аст: Валентина Матвиенко- губернатори Санкт- Петербург (ҷойи 31) ва Гулҷон Молдаҷонова- директори генералии ширкати «Базовый элемент» (ҷойи 37).
Президенти Аргентина Кристина Фернандес ҷойи сездаҳум, вазири иқтисоди Фаронса Кристина Лагара ҷойи чордаҳум, сарвазири Украина Юлия Тимошенко ҷойи ҳабдаҳумро соҳиб гаштанд.
Президенти ширкати «Интеко»- ҳамсари шаҳрдори Маскав Елена Батурина, ки сармояаш аз миллиард доллар боло рафта, аспсаворӣ, теннисбозӣ ва бо журналистон ҷанҷол карданро дӯст медорад, дар рӯйхати «50 зани соҳибкору тоҷири бонуфузи Русия», ки маҷаллаи «Финанс» дарҷ намуд, дар ҷойи аввал аст. Аммо барои Елена Батурина дар рӯйхати садгонаи «Forbes» ҷой ёфт нашуд.
Дар рӯйхати «Финанс» Олга Белявсева, ҳамдорои ширкати «Лебединский» бо 330 миллион доллар дар ҷойи дуюм, директори генералии ширкати «Сибир» Наталия Филева дар ҷойи сеюм ва Гулҷон Молдаҷонова дар ҷойи ҳафтум қарор доранд.
Аммо рейтингдиҳии ҳам « Forbes», ҳам «Финанс» ҷилои воқеии ҳақиқат нест. Дар баҳогузориҳо ба ҳар зан аз чанд ҷиҳат (вазифа, ҳолати шаҳрвандӣ, эътибор, сармоя баҳо медиҳанд ва бе истифодаи «мантиқи занона» ва «дарки занона» тартиб додани рейтинг ҳам мушкил аст. Агар зан шавҳардор бошад, обрӯи шавҳар дар як вақт обрӯи зан аст. Пас, ӯ бояд чӣ гуна баҳогузорӣ шаваду зане, ки шавҳараш рафта  (ё…),мисли Лариса  Сатиева, ки бо рафтани шавҳараш якбора ба сармояи азим ва ҳамдороии ширкати «Автомир» соҳиб гардидааст, чӣ тавр?
Саволҳо ва нодақиқиҳо зиёданд, аммо ҳақиқати яқин ягонаву мутлақ аст: занҳо – фариштаҳои заминӣ, аз ҳама гуна рейтингу баҳогузориҳо болотар, саодати зиндагӣ, гармию хушӣ, балки биҳишти имрӯзу фардои моанд.

Таҳияи А. Сайидвалӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 341

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед