logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, шаҳри Душанбе, 10 ноябри соли 2014

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ!
Ҳозирини арҷманд!
Қабл аз ҳама, кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ва ҳамаи шумо – ҳозирони гиромиро ба ифтихори ҷашни касбиатон, яъне Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихоратон барору комёбӣ орзу дорам.
Дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.
Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат, хусусан тайи солҳои охир, ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, муосиргардонии назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба тарбияву такмили фарҳанги риояи қонуният диққати махсус медиҳад.
Бо ин мақсад дар марҳалаҳои амалисозии ислоҳоти сохтори давлатӣ ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии кишвар ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо низ мунтазам идома дода шуда, дар баробари дигар сохторҳои низомии кишвар мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз ба мақомоти дорои нуфузу эътибори хоса ва мактаби муҳимм