logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»

Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2013 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 10, мод. 708; с. 2014, № 2, мод. 53; № 7, қ. 1, мод. 384; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2014, № 1129) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- қисмҳои 6 ва 7 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«6. Воридоти 1 адад дастгоҳи бофандагӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Суғд» аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
7. Воридоти молҳо барои сохтмони заводи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ – чайна 2013» дар шаҳри Ваҳдат, ки номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   тасдиқ мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.»;
- дар қисми 7 рақами «6» ба рақами «8» иваз карда шавад;
- қисмҳои 6, 7, 8, 9 ва 10 мувофиқан қисмҳои 8, 9, 10, 11 ва 12 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 ноябри соли 2014, № 1131

Қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2014, № 1659


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2014    №: 224    Мутолиа карданд: 630

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед