logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ, шаҳри Теҳрон, 11 марти соли 2009

Ҷаноби Олӣ!
Дӯстони гиромӣ!

Қабл аз ҳама, мехостам ба суханони сипосу қадрдонӣ ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Эрон ҷиҳати дар сатҳи аъло танзим додани ҷаласаи ҷашнии сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дар ин ҷо садо доданд, ҳамроҳ бишавам.
Бо истифода аз ин фурсат, мехостам Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Аҳмадинажодро ба муносибати Раиси иҷлоси  даҳуми  сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ интихоб гардиданашон табрик ва таҳният гӯям.
Корҳои бузурги омодагӣ барои баргузории ҷаласаи мазкур гувоҳи он аст, ки  роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Эрон  ба рушди минбаъда ва  таъмиқи ҳамкории минтақавии миёни кишварҳои мо самимона манфиатдор аст ва ман итминон дорам, ки он самараи дилхоҳ ба бор хоҳад овард.
Ҳамчунин мехоҳам изҳори боварӣ намоям, ки ҷаласаи мазкур дар таҳкими мавқеи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ  дар минтақа нақши муҳим бозида, барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои пурмаҳсул дар самтҳои афзалиятнок заминаи устувор хоҳад гузошт.
Ин нукта бахусус дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳон бӯҳрони бузурги молиявию иқтисодиро аз сар мегузаронад ва ҳар яки моро барои ҷустуҷӯи роҳҳои коҳиш додани таъсири он, инчунин ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои он водор менамояд, хеле муҳим аст.
Аз ин лиҳоз, масъалаҳои ба вуҷуд овардани низоми боэътимоди нақлиётиву транзитӣ, содда гардонидани расмиёти тиҷорат, ривоҷи амалиёти бозаргонии наздисарҳадӣ,  истифодаи самарабахши захираҳои обу энергетикӣ ва таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ, интиқоли озоди  сармоя, нерӯи корӣ ва молу маҳсулот, инчунин ба вуҷуд овардани фазои умумии иқтисодӣ дар доираи Созмон, ҳамчун воситаи расидан ба ин ҳадафҳо аҳамияти хоса пайдо мекунанд.
Мо  ибтикори Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эронро дар бораи созмон додани гурӯҳи корӣ дар мавриди омӯзиши таъсири бӯҳрон, ки бояд тавсияҳои дахлдори зиддибӯҳрониро таҳия намояд,  дастгирӣ менамоем.
Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки ба бандарҳои баҳрӣ роҳи баромад надорад, сиёсатеро пайгирона мавриди татбиқ қарор додааст, ки ба таъмиқи равандҳои ҳамгироӣ, озодии тиҷорати хориҷӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Вазифаҳои асосии Ҳукумати мо дар самти рушди робитаҳои иқтисодии хориҷӣ истифодаи самараноки воситаҳои тиҷорати байналмилалӣ ва таҳкими нерӯи транзитии кишвар мебошанд, ки бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ амалӣ карда мешаванд. Барои ба ин ҳадафҳо расидан дар марҳилаи хеле кӯтоҳ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.
Ҳоло кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ шарикони муҳимтарини тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд ва саҳми онҳо зиёда аз 35 фисади ҳаҷми умумии муомилоти тиҷорати хориҷиро ташкил медиҳад.
Соли 2007-ум мо Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015-ро қабул намудем, ки яке аз қисматҳои муҳимтарини  он  ҳамкории минтақавӣ, ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ ва рушди тиҷорати байналмилалӣ  мебошад.
Тибқи барномаи зикршуда пешбинӣ гардидааст, ки содда гардонидани расмиёти тиҷоратӣ аз тариқи кам кардани монеаҳои техникӣ, ҳамоҳангсозии равандҳои маъмурии гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии молҳо, рушди инфраструктураи бозаргонӣ ба василаи бунёди шоҳроҳҳои минтақавии нақлиётӣ, густариши тиҷорати транзитӣ ва такмили низоми тиҷорати наздисарҳадӣ, таъмини шаффофият ва мувофиқати расмиёт ва стандартҳои тиҷоратӣ таъмин карда мешавад.
Яке аз роҳҳои қобили қабули расидан ба ин ҳадафҳо, ба назари мо ташкил кардани минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад, ки омили муҳимтарини рушд эътироф гардидаанд. Дар айни ҳол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ду минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд ва дар робита ба эҷоди ду минтақаи дигар заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ  фароҳам оварда мешаванд. Бояд зикр кард, ки ҳамаи ин минтақаҳо  дар назди марзҳои мо бо кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ қарор доранд. Аксари кишварҳои аъзои Созмон дар ин самт дорои таҷрибаи кофӣ мебошанд ва мо онҳоро барои иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои худ даъват мекунем.
Шарти муҳимтарини иҷрои Стратегияи мазкур ҳамоҳангсозии тадбирҳое мебошад, ки дар сатҳи миллӣ бо дарназардошти фаъолият дар сатҳи минтақа андешида шудаанд. Дар робита ба ин,  нақши Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ бояд аз нақшҳои муҳим бошад. Тадбирҳое, ки Созмон пешбинӣ намудааст, ба ҳадафҳои мо дар мавриди баланд бардоштани самараи ҳамкориҳои байнидавлатии иқтисодӣ, инчунин мутобиқати онҳо ба  шароити имрӯза пурра рост меояд.
Тоҷикистон пешрафтҳоро дар татбиқи созишномаҳои асосии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла  Созишномаи меъёрӣ оид ба ҳамлу нақли транзитӣ дар минтақа ва Созишномаи тиҷоратии ЭКО, инчунин ба фаъолият шурӯъ намудани Бонки тиҷорат ва рушди ЭКО-ро ҷонибдорӣ менамояд.
Рушди бозаргонӣ бештар ба вазъи инфраструктураи он марбут аст, ки дар таъмини ҳамкориҳои бисёрсамтаи миёни кишварҳои мо нақши муҳим мебозад. Вобаста ба ин, эътибор пайдо намудани Созишномаи меъёрӣ оид ба ҳамлу нақли транзитӣ, ки барои сабук гардонидани боркашонӣ ва хизматрасониҳо дар минтақа нигаронида шудааст,  аҳамияти хоса пайдо мекунад.
Тоҷикистон аз ҷониби худ барои рушди ин инфраструктура кӯшишу талошҳо ба харҷ медиҳад, ки ба он, қабл аз ҳама,  сохтмони пулҳо дар дарёи марзии Панҷ, азнавсозӣ ва пайвастани роҳҳои нақлиётии кишвар бо Афғонистон, Қирғизистон, ӯзбекистон ва Чин  мансубанд.
Дар баробари ин мо талошҳои худро барои бунёд намудани роҳи оҳан, ки Тоҷикистонро бо роҳи оҳани Афғонистону Эрон аз як тараф ва Қирғизистону Чин аз тарафи дигар мепайвандад, идома хоҳем дод. Умедворем, ки ин нукта дар Эъломияи Теҳрон дарҷ хоҳад шуд.
Мо бо баъзе шарикони худ аз Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар масъалаи таҳияи тарҳҳои роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, ки  дар доираи Созишнома барои беҳтар гардонидани робитаҳои нақлиётӣ нигаронида шудааст, ҳамкории зич дорем. Чунин тадбирҳо бо аҳдофи Даҳсолаи нақлиёт ва коммуникатсия (солҳои 2007-2015) низ пурра тавъам  мебошанд.
Ғайр аз ин, барои рушди савдои минтақавӣ ҳамоҳангсозии расмиёти  гумрукӣ муҳим аст ва мо иқдоми мақомоти ЭКО-ро  дар ин самт ҷонибдорӣ менамоем. Аз ҷумла, сухан дар бораи маҷмӯи созишномаҳои марбутае меравад, ки мувофиқасозии онҳо ба анҷом расидааст ё дар марҳилаи ҳаллу фасл қарор дорад. Суръат бахшидан ба ин раванд ба манфиати умумии мо хоҳад буд.
Бо дарназардошти рӯйдодҳои ахире, ки дар ҷаҳон, аз ҷумла дар минтақаи мо сурат гирифтанд, Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкориҳои фаъоли кишварҳои аъзо дар таъмини амнияти ғизоӣ, аз ҷумла аз тариқи татбиқи барномаҳои марбутаи минтақавӣ мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолият дар доираи Созмон ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мебошад. Мо ҷонибдори ҳамкории фаъоли кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаи мазкур ҳастем.
Ҳадафи татбиқи ҳар чи зудтари пружаи КАСА -1000, ки зери назари Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мегардад, ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқии Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон аст, ки соли равон шурӯъ хоҳад гашт. Аз он ҷумла хати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Эрон.
Дар робита ба ин, бояд ба инобат гирифт, ки минтақаи мо дорои захираҳои нодири манбаъҳои гуногуни энергетикӣ мебошад ва азхудкунии онҳо нерӯи муштараки моро афзун хоҳад кард.
Соҳаи дигари афзалиятноки ҳамкориҳои мо туризм мебошад. Табиат ва иқлими нотакрор, чашмаҳои шифобахш, захираҳои бузурги оби нӯшокӣ, меваҳои болаззат ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон барои рушди туризм, бахусус туризми кӯҳӣ ва солимгардонӣ фавқулодда  мусоид аст.
Дар айни ҳол мо барои фароҳам овардани инфраструктураи зарурӣ, аз ҷумла бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ фаъолона кор мебарем. Ба ин раванд ҳамроҳ гардидани шарикони мо аз Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ мутақобилан судманд хоҳад буд. Аз ин лиҳоз, мо таъсиси Фонди ЭКО-ро дар мавриди мусоидат ба туризм ҷонибдорӣ мекунем.
Барои ба ҳадафҳои дар боло зикршуда расидан, такмил додани фаъолияти ҳам сохторҳои миллӣ ва ҳам мақомоти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ зарур аст. Бояд зикр кард, ки равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Созмон ба мушкилоти муайян дучор мешаванд, аз ҷумла, бисёр асноду тасмимоти оид ба самтҳои гуногуни ҳамкориҳо қабулгардида ҳанӯз дар сатҳи кофӣ татбиқ намегарданд. Аз ин рӯ, матлуб аст, ки мо дар асоси стандартҳои шаффофи умумӣ ҷиҳати ҳамкории устувори иқтисодӣ, инчунин тақвияти ҳамкории ЭКО бо дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва созмонҳои минтақавӣ доир ба такмил ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои Созмон  талоши бештар намоем.
Тоҷикистон кӯшишҳоеро, ки ба баланд бардоштани самараи кори Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ нигаронида шудаанд, ҷонибдорӣ менамояд. Ҳамзамон мо чунин мешуморем, ки дар марҳилаи кунунӣ, яъне дар давраи боло рафтани нақши созмонҳои байналмилалӣ, вақти ислоҳоти куллии Созмони мо низ расидааст ва он бояд ба афзудани самараи фаъолияти ЭКО, инчунин бо замон мувофиқ намудани рӯзномаи кори он нигаронида шавад.  
Мо аҳамият ва зарурати корро дар ин самт ба хубӣ эҳсос карда,  пешниҳод менамоем, ки соли 2015-умро интизор нашуда, ба Шӯрои намояндагони доимӣ дастур дода шавад, ки  якҷоя бо Котиботи Созмон  кори мазкурро оғоз намоянд ва ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони ЭКО  пешниҳод манзур созанд.
Мо ба ояндаи ҳамкориҳо дар доираи ЭКО назари нек дорем ва изҳори умедворӣ менамоем, ки мулоқоти имрӯза дар роҳи мутобиқ сохтани фаъолияти Созмон бо талаботи рӯзафзуни замон иқдоми муҳим мегардад ва барои боло бурдани самараи воқеии он мусоидат хоҳад кард.
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 732

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед