logo

энергетика

ИНТИХОБИ ОҚИЛОНАИ САРЧАШМАҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Дар Маҷмааи «Кохи Борбад» баргузории як намоиш тайи 2 рӯз соҳибкорон ва ташкилотҳои қарзиро баҳри мусоидат намудан дар сарфаи қувваи барқ, ҳифзи муҳити зист ва паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии мамлакат ба ҳам овард. Созмонҳои қарзии «Имонинтернешнл», «Арванд», «Оксус» ва ҶСШК «Системавтоматика», ҶСШК «ТАЛКО», ширкатҳои саҳомии «Энергоремонт», «Помир Энерҷӣ», ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Инфраэкопроект», аз иштирокдорони фаъоли намоишгоҳ буданд.
Меҳринамоҳ Ҷонмамадова, муовини вазири молияи кишвар, дар ҳусни ифтитоҳи он зикр намуд, ки ин чорабинӣ бо дастгирии Бонки осиёии рушд ва Фонди ҷопонӣ оид ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати молия доир мегардад. Мақсади мо самаранокӣ ва интихоби оқилонаи сарчашмаҳои имконпазири энергетикӣ аст. Инчунин барои дастрасӣ ба таҷҳизоти барқӣ ба корхонаҳои хурд ва шаҳрвандон дар гирифтани қарзҳо мадад мерасонем.
Аҳлиддин Убайдуллоев, директори лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки мехоҳем ба аҳолӣ барои сарфаи қувваи барқ ва хароҷоти хонаводагӣ, инчунин баҳри ҳифзи муҳити зист, аз чӣ гуна таҷҳизот истифода бурданро нишон диҳем. Воситаҳои оқилонаи қувваи сабз бештар барои мардуми дурдасти кишвар нигаронда шудааст. Чунки имкон дорад дар ҳоли надоштани қувваи барқ аз он истифода кунанд. Дар баробари воситаҳои гармидиҳӣ ва пухту паз, аз бомпӯшҳои сарфакунандаи энергия, тирезаҳои дорои шишаҳои дуқабата, дарҳои изолятсияшуда ва фаршу сақфҳои нигоҳдорандаи гармиро метавонанд истифода кунанд. Вазорати молия бо дастгирии Бонки осиёии рушд Фонди маблағгузории сабзро ташкил намудааст. Бо ин мақсад 8,8 миллион доллар қарзи бебозгашт ҷудо шудааст. Чорабинии мазкур дар ҷумҳурӣ бори нахустин аст. Минбаъд ҳар сол чунин намоишҳо доир менамоем. Дар назар аст, ки соли дигар ин маросимро дар шаҳри Хуҷанд баргузор кунем. Дар намоишгоҳ 45 ширкати ватанию хориҷӣ иштирок карданд.
Эҳсон Мирзоев, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, зимни чорабинии мазкур изҳор намуд, ки ҳоло пажӯҳишгоҳи онҳо барои ба аҳолӣ генераторҳои обию бодиро пешкаш намудан омодааст. Онҳо дар шароити кӯҳистон, ки дорои рӯду дарёчаҳои зиёд ва суръати шамоли мусоид аст, хеле самарабахш мебошанд.
 Дар рафти ин рӯнамоӣ Ширкати саҳомии «Системавтоматика» низ батареяҳои баландсифати офтобиро ба маърази намоиш гузошт, ки метавонанд аз нури офтоб барқ тавлид намоянд. Ҳамчунин аз неруи захирашудаи ин батареяҳо дар ҳолатҳои бебарқӣ истифода бурдан мумкин аст.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2014    №: 232    Мутолиа карданд: 10615

28.04.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ли Ки - Квон

Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Марҳилаи дуюми барқарорсозии шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ оғоз мегардад

Интишори асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ба забони қирғизӣ

Ҳунар ганҷи нуҳуфта аст

НУРОБОД. Таъсиси маркази маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар як сатр

27.04.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибҳа Меҳта

Изҳори ҳавасмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» баргузор мешавад

КҲФ огоҳ мекунад…

Мусобиқаи футбол дар Деваштич

Террористон набояд имкони бозгашт ба Қазоқистонро дошта бошанд

Истеъфои вазир дар Ҷопон

Аврупоро буҳрони нави муҳоҷират интизор аст?

Дар Доминикан обхезӣ мардумро бехонумон кард

Uber дар се сол аэротаксиҳоро ваъда медиҳад

Кишти пахта

Бунёди боғу токзор

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Кишти баҳорӣ

БАДАХШОН. 120 рӯзи ободонӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед