logo

илм

ҲАҚИҚАТИ ИЛМӢ ВА БЕАДОЛАТИҲОИ ТАЪРИХӢ

Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ пуштибонӣ карда наметавонад
 Эмомалӣ РАҲМОН

Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки ҳар як халқу миллат бо дастовардҳо, кашфиётҳо, осори илмӣ, таърихӣ ва фарҳангии худ дар ганҷинаи илму маърифати ҷаҳонӣ нақши бориз гузоштааст ва аз ин рӯ мақому манзалат ва ҷойгоҳи худро миёни дигар халқияту миллатҳо пайдо намудааст. Дар ин миён тоҷикон бо мероси бою ғании илмӣ ва фарҳангӣ чун офтоби дурахшон ба оламиён нур мепошанд ва бо рӯшноии худ ҷомеа ва оламро равшану мунаввар месозанд.
Боиси таъкид аст, ки бар асари беадолатиҳои таърихӣ бештари осори пурарзиши илмии аҷдодони мо то ба имрӯз ҳам таҳқиқ нагардидааст ва аксари ин кашфиётҳо бо номи бегонагон муаррифӣ гардидааст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ вақти он расидааст, ки ҳақиқати илмӣ ошкор ва адолати таърихӣ барқарор гардад. Таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳамин мақсад аст, то ки халқ аз осори гаронбаҳои илмию фарҳангӣ ва таърихи худ огоҳ бошад, онро ҳифз намояд ва барои ояндагон чун арзиши олӣ ба мерос гузорад. Аз ҷониби дигар, шинохти таърихи гузаштаи халқ барои худогоҳиву худшиносии мардум, пойдору устувор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ ва боло бурдани бедории маънавии халқ нақши муҳим хоҳад гузошт.
Олимони форсу тоҷик дар таърихи инкишофи риёзӣ ва илми ҳайатшиносии ҷаҳон мақоми баландро соҳиб буданд. Аммо ба комёбиҳои мутафаккирони Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна солҳои тӯлонӣ баҳои сазовор дода намешуд. Нигаҳдорӣ ва расондани мероси илмии юнониҳо ва ҳиндуҳо ба Аврупо хизмати ягонаи онҳо ҳисоб меёфт. Ингуна фаҳмиш барои он асрҳои зиёд дар тафаккури илмӣ ҷой гирифт, ки ёдгориҳои илмӣ ва сарчашмаҳои хаттии гузаштагонамон ҳангоми истилои Осиёи Миёна аз ҷониби арабҳо (а.VIII) несту нобуд гардида буданд. Баъди заволи дуру дароз риёзӣ ва илми ҳайатшиносӣ аз ибтидои асри IX рӯ ба инкишоф ниҳод. Асарҳои ҳамон замон бештар ба забони арабӣ таълиф меёфтанд, зеро ки он забони расмии аксари мамлакатҳо аз Испания то Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, риёзӣ ва ҳайатшиносии он даврро дар адабиёти илмӣ - илми давлатҳои исломӣ (ё араб) ном мебаранд. Бояд зикр намуд, ки тадқиқоти солҳои охири асри XX олимони Русия, Тоҷикистон, Эрон ва дигар давлатҳои хориҷи кишвар дар асоси омӯзиши дастхатҳои аслии дар китобхонаҳои мамлакатҳои Аврупо, Русия ва ғайра маҳфуз буда нишон доданд, ки дар тӯли 500 соли инкишофи риёзӣ (а. IX - XV) ҷои нахуст ба олимони Осиёи Миёна ва Кавказ, қабл аз ҳама, ба тоҷикҳою форсҳо тааллуқ дорад. Муаррихи маъруфи собиқ ИҶШС А. П. Юшкевич дар асари «Оид ба риёзии халқҳои Осиёи Миёна дар асрҳои IX - XV» ба ин масоил таваҷҷуҳ зоҳир намуда, соли 1950 навишта буд: «Дар ҳақиқат, бо ном риёзии араб ҳаргиз риёзии араб набуд, чуноне ки риёзии лотинӣ вуҷуд надошт; илме ки бо он олими фаронсавӣ Ферма, итолиёвӣ Торричелли, англис Ниютон, олмонӣ Лейбнитс ва академики рус Эйлер менавиштанд» (Историко - матем. исслед. Вып. 4. - М; ГИТА, 1950, - с. 457). Муҳаққиқ Г. Собиров, ки дар тадқиқи таърихи риёзии тоҷик саҳми арзанда дорад, ним аср қабл дар китоби «Инкишофи математика дар Осиёи Миёна (асрҳои XV - XVII)» (Душанбе: Ирфон, 1972, - с.114) қайд мекунад, ки муаррихони Ғарб мафҳуми «риёзии араб» - ро дар илм шомил гардонида «… шаъну шарафи миллии халқҳои Осиёи Миёна ва Кавказро зери по менамуданд, фарҳангу адабиёти онҳоро инкор мекарданд». Аз рӯи маълумот дар сарзамини ин кишварҳо эҷодиёти олимони зиёд намунаи ибрати дигарон буда, мактабҳои илмии ташкилшуда бошад, назир надоштанд.
Донишмандони форсу тоҷик дар рушди илми ҳисоб (арифметика) шуҳратманд буданд. Таърих собит сохтааст, ки мафҳуми адад пойдевори бинои муҳташами илми риёзиро ташкил медиҳад. Муаррихони илм нишон доданд, ки меъморони он дар қатори олимони Юнони Қадим ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, Чин, Ҳиндустон ва Осиёи Миёна ҳисоб мешаванд. Агар дар асарҳои Евклид (Уқлидус) таърифи номукаммали адад, дар асарҳои Пифагор, Арасту, Никомах ва дигарон назарияи ададҳои мусбати бутун, дар эҷодиёти Эвдокс, Эратосфен, Архимед ва дигарҳо назарияи касрҳои одӣ ва мутаносибӣ сохта шуда бошанд, он гоҳ рушди минбаъдаи он ба олимони тоҷику форс марбут будааст. Дар асрҳои IX - XVII дар Осиёи Миёна асарҳои зиёд оид ба арифметикаи амалӣ ва назариявӣ эҷод шудаанд. Дар рисолаи риёзидони эронӣ Кушёр ибни Лаббан Ҷилӣ (асри X; зодаи Гелон) - «Оид ба ибтидои ҳисоби ҳиндӣ» нахустин бор баёни даҳ рақами ҳиндӣ ва системаи позитсионии даҳӣ барои ададҳои бутун ва ғайрибутуни мусбат дучор меояд. Бешак, ин комёбии басо бузург буд. Дар ибтидои асри XI асарҳои риёзидони дигари эронӣ Абубакри Қараҷӣ (Алқархӣ) - «Китоби ҳисоб» ва «Алфахрӣ» интишор шудаанд. Баъдан китоби мутафаккири барҷастаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино - «Арисмотайқӣ» - (а. XI) дар пайравии Евклид таълиф мегардад. Ин асарро бо тавзеҳоту луғатҳо (соли 1991) адабиётшинос И. Хоҷаев ба табъ расонд. Бо вуҷуди маълумоти зиёди назариявии баамаломада то асри XIII таърифи илмии мафҳуми адад вуҷуд надошт. Риёзидони намоёни тоҷик Насриддини Тӯсӣ (а. XIII; зодаи Тӯс, музофоти Хуросон) ин масоилро ҳал кард. Ӯ аввалин шуда таърифи илмии ададро ҳамчун нисбати ҳаргуна бузургиҳои якҷинса (ҳамченак ва беҳамченак) баён кард. Ба пайравӣ аз Насриддини Тӯсӣ баъди 320 сол риёзидони нидерландӣ С. Стевин ва пас аз 500 сол яке аз асосгузорони илми табиатшиносӣ И. Нютон ҳамин гуна таърифи ададро такрор намудаанд.
Аксари кашфиёти пурарзишии соҳаи ҳисоб ба олимони мактаби илмии Самарқанд (а. XV) мансубанд. Дар як мактаби илмӣ ҳамаи олимони намоёни он давр (Қозизодаи Румӣ, Ғиёсиддини Кошонӣ, Мирзо Улуғбек, Алиқушчӣ ва дигарон) муттаҳид шуданд, ки ин ба пешрафти илмҳои табиатшиносӣ мусоидат намуд. Ғиёсиддини Кошонӣ (ал-Кошӣ) (а. XV; зодаи Кошони Эрон) дар асари «Мифтоҳ-ал-ҳисоб» ва «Рисола доир ба давра» назарияи мукаммали ададҳои касриро кор карда баромад. Шогирди ӯ Алиқушчӣ (а. XV; мутаваллиди ш. Самарқанд) новобаста аз чиниҳо дар «Рисола оид ба касрҳо» ва «Китоб-ул-Муҳаммад» бори аввал касрҳои даҳиро кашф намуд ва ба назарияи ададҳои мусбату манфӣ дар Шарқи Наздик ва Миёна асос гузошт. Бесабаб нест, ки олими фаронсавӣ Э. Ф. Гауте аҳамияти ин кашфиётро дар назар дошта қайд мекунад, ки «фарҳанги Аврупо… тавассути кашфиёти мусулмонӣ ғанӣ шуд; дарвоқеъ, илми ҳисоби муосири Ғарб танҳо идомаи ҳамон илми ҳисоби мусулмонон аст». Корҳои Кошӣ ва Қушчӣ барои риёзидонони Аврупо номаълум монданд. Аз ин рӯ, онро ба С. Стевин нисбат медиҳанд. Стевин бошад, касрҳои даҳиро баъди 160 сол дар Аврупо дар асари «Даҳиҳо» ва баъдтар Кавалери аз нав кашф кардаанд. Ва бо ҳамин таълимот оид ба касрҳо дар китобҳои дарсии мактабҳои Аврупо ворид гаштанд.
Яке аз комёбии бузурги олимони Осиёи Миёна ба вуҷуд омадани алгебра ҳамчун илми мустақил ҳисоб мешавад. Тафсири он бори аввал дар асари риёзидон ва нуҷумшиноси бузурги асри IX Муҳаммад ибни Мӯсо Хоразмӣ – «Китоби мухтасар дар бораи алҷабр ва алмуқобила» нишон дода шудааст. Хоразмӣ дар илми ҷаҳонӣ, қабл аз ҳама аз рӯи асари «Ҳисоби ҳиндӣ» машҳур шудааст. Он дар асри XII аз арабӣ ба лотинӣ тарҷума шуда буд. Ба воситаи ин асар олимони аврупоӣ ба ҳисоби ҳиндӣ - арабӣ ошно шуданд ва аз ҳамон вақт дар илми риёзии ҷаҳон рақамҳои арабӣ ворид гаштанд.
Китоби якуми Хоразмӣ ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дар Аврупо ба сифати китоби дарсӣ истифода мешуд. Бо номи Хоразмӣ мафҳумҳои муҳимтарини риёзии муосир - алгебра алоқаманд аст. Худи калимаи алгебра тарҷумаи қисми асари ӯ «алҷабр» аст. Номи Хоразмӣ ҳангоми ба лотинӣ тарҷума шудани асарҳои ӯ ҳамчун истилоҳи «алгоритм» абадан дар илм ворид гардид. Осори Хоразмӣ ба пешрафти риёзӣ ва илмҳои дигар таъсири бузург расонида, ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ шомил шуд. Ҳанӯз навад сол пеш муаррихи маъруфи амрикоӣ Ҷорҷ Сартон (а. XX) ин кашфиётро «Ибтидои алгебраи аврупоӣ» ном бурда буд.
Баъди Хоразмӣ риёзидонони Осиёи Миёна ва Шарқи Наздик ақидаҳои ӯро оид ба алгебра ҳамчун таълимот дар бораи ҳалли муодилаҳо инкишоф доданд. Бори аввал дар илми ҷаҳонӣ риёзидони эронӣ Абуҷаъфар Хазинӣ (а. X; зодаи Хуросон) дар асари «Тафсирҳо ба китоби X. Евклид» таърифи бузургиҳои ратсионалӣ ва ирратсионалиро дода, мафҳуми ҳамченакро баён карда, тарзи ҳалли муодилаи кубии нопурраи махсусро муайян намудааст. Ин масоил таҳқиқи алоҳида ва мукаммалро талаб мекунад.
Қуллаи баландтарини муваффақиятҳои риёзии асри XI - XII корҳои алгебравии шоир, файласуф ва риёзидони бузурги форсу тоҷик Умари Хайём ҳисоб мешавад. Ӯ дар китоби «Доир ба исботи масъалаҳои алҷабр ва алмуқобила» (1069-1071) усули умумии геометрии ҳалли муодилаҳои кубиро кор карда баромада, нуздаҳ намуди ин гуна муодилаҳоро тадқиқ кардааст. Ва бо ҳамин Хайём дар ҳалли муодилаҳои алгебравӣ ба геометрия бартарӣ дод.
Дар силсилаи кашфиётҳои риёзидонони форсу тоҷик кашфи бином мавқеи махсусро доро аст. А.П. Юшкевич дар асари зикршуда тахмин мекунад, ки Кошонӣ 400 сол пеш ва Умари Хайём 600 сол қабл аз Нютон ҷудокунии биномро маълум намуда буданд. Аммо ҷои таассуф аст, ки то ҳанӯз ин мафҳуми риёзӣ дар адабиёти илмӣ ва методӣ бо номи Хайём ёд карда намешавад. Файласуф ва донишманди шинохтаи тоҷик Акбари Турсон қайд мекунад, ки «ин ном иштибоҳан (бо номи Нютон, - қайди мо) расм шудааст» (Эҳёи Аҷам. - Душанбе: Ирфон, 1984, - с.124). Аз адолати илмӣ мебуд, агар дар адабиёти таълимӣ ва методии минбаъда, ки ба забони тоҷикӣ таълиф мешавад, он бо номи биноми Хайём - Нютон ёдоварӣ карда шавад.
Масоили баровардани адад аз реша низ ҳамингуна таърих дорад. Олимони Хитой ва Ҳиндустон усули решабарориро танҳо барои решаи квадратӣ ва кубӣ медонистанд. Дар тадқиқотҳои Кушёр ибни Лабан Ҷилӣ методи аз решаи квадратӣ баровардани адад дучор меояд, ки он бо тарзи Руффини - Ҳорнер (асри XIX) мушобеҳ аст. Усули соддатарини аз решаи кубӣ баровардани ададро 800 сол пеш аз ин олимон Абулҳасани Насавӣ (а.X-XI; зодаи Нисо) маълум намудааст. Усули аз таҳти решаи ихтиёрӣ тақрибӣ баровардани адад аввалин бор дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омад. Дар ин соҳа комёбиҳои шоёни диққатро риёзидонони форсу тоҷики асрҳои XV - XVII Кошонӣ, Алиқушчӣ, Баҳовуддини Омулӣ ва Наҷмуддини Алихон ҳосил намудаанд. Усулҳои онҳо дар муқоиса ба олимони Аврупо роҷеъ ба ин масоил то ҳанӯз мавриди тадқиқ қарор нагирифтаанд.
Риёзидонони Осиёи Миёна ба кор карда баромадани усулҳои тақрибии ҳалли баъзе намудҳои хусусии муодилаҳои дараҷаи олӣ низ машғул буданд. Ғиёсиддини Кошонӣ барои ҳалли муодилаи кубӣ усули итератсионии бисёр аҷибро кашф кард, ки онро дар асри XIX, яъне пас аз 330 сол риёзидони англис Ҳорнер аз нав кашф намуд. Олими боистеъдоди рус Т.Ф. Осиповский (а. XIX) бошад, онро ба «Курси риёзӣ» ворид кард. Дар бораи ин комёбӣ риёзидони маъруфи олмонӣ Ҳерман Ҳанкел (а. XIX) навиштааст, ки аз рӯи саҳеҳӣ ва нафисӣ он аз усулҳои ҳалли тақрибие, ки дар кишварҳои Ғарб баъд аз Виет кашф шуда буданд, ҳеҷ монданӣ надорад (А.Турсунов. Эҳёи Аҷам. Душанбе: Ирфон, 1984, - с.99). Дар таркиби усули Кошонӣ инчунин усули ҷудокунии решаҳо низ дохил мешавад, ки онро баъдтар Нютон такрор намудааст. Алгебра баъди ин дар асарҳои риёзидонҳои минбаъдаи Осиёи Миёна, ки роҷеъ ба мафҳумҳои асосии алгебра (ҳалҳои ҳақиқӣ ва каззобии муодилаҳо, классификатсияи муодилаҳо ва ғайра) сермаҳсул кор мекарданд, рушд ёфт. Бахусус вобастагии байни решаҳо ва коэффитсиентҳои муодилаи квадратӣ, ки Наҷмиддини Алихон (а. XVI; Эрон) онро дар рисолаи «Алгебра» кашф намуда бори нахуст дар адабиёти илмӣ бо назм ифода кардааст, кашфиёти бузург дар риёзӣ ҳисоб мешавад. Риёзидони фаронсавӣ Франсуа Виет онҳоро дар асри XVII аз нав маълум кард ва бо номи ӯ (теоремаи Виет) машҳур шуд. Аз рӯи инсоф ва ҳақиқати илмӣ мебуд, агар муаллифони китобҳои таълимии алгебраи мактабӣ ин вобастагиро бо унвони теоремаи Алихон - Виет номгузорӣ кунанд. Бо омилҳои зиёди иҷтимоию сиёсӣ алгебра дар асрҳои XVII - XVIII дар давлатҳои Аврупо ривоҷу равнақ ёфт.
Риёзидонони форсу тоҷик асосгузори тригонометрия низ буданд. Тавассути асарҳои олимони Осиёи Миёна он то андозае ба фанни мустақил табдил ёфт. Чӣ тавре ки академик А.Ҷӯраев ва муаррихи риёзӣ Г. Собиров қайд мекунанд, кашфиёти муҳимтарини онҳо дар ин соҳа «… ворид намудани мафҳумҳои асосии хатҳои тригонометрӣ ҳисоб меёфтанд» (ЭСТ: - Душанбе, 1974, - с.252). Аҳмади Марвазӣ (а. VIII-IX; зодаи Марв) аввалин олимест, ки мафҳуми косекансро, Абунасри Форобӣ (а. IX-X) ва Муҳаммад Абулвафо (а. X; мутаваллиди Бузҷони Хуросон) бошанд, хатҳои тангенсу котангенсро дар илм ворид намудаанд. Махсусан натиҷаҳои Абулвафо дар ин соҳа бузург буданд. Ӯ аввалин бор дар таърихи илм радиуси давраи тригонометриро ба воҳид баробар қабул кард. Ин комёбӣ дар илм табаддулоти куллиро ба вуҷуд овард ва он боиси ифтихор ва сарфарозии мост, зеро донишмандони ҳамаи соҳаҳо пайваста ба он сару кор доранд, агарчи онро олимони Аврупо баъд аз вай ошкор намуданд. Олими англис Томас Бравардин (а. ХІV) ва олмонӣ Региомонтан (Иоҳанн Мюллер) (а. XV) ин мафҳумро дар асри XV аз нав такрор намуданд. Исботи теоремаҳои синусҳо, теоремаи тангенсҳо барои секунҷаи сферикӣ ва ғайраҳо ба Абулвафо тааллуқ доранд. Бесабаб нест, ки дар ин соҳа ӯ бо унвони фахрии «Птолемейи сонӣ» мушарраф шудааст. Шогирди Абулвафо - Абдураҳмон ибни Юнус (а. Х) таълимоти устодашро дар Миср паҳн кард. Ба исботи ҷолиби теоремаи синусҳо барои секунҷаи сферикӣ бори нахуст Муҳаммади Хуҷандӣ (а. Х) сарфароз гаштааст. Донишманди аз ҳамаи илмҳо воқиф Абурайҳон Берунӣ (а. X-XI) бошад, дар пайравии Абулвафо тарзи амалии ҳисоб намудани масофаҳои дастнорасро бо ёрии теоремаҳои тангенс ва котангенс муайян намуда, авалин бор дар таърихи илм дарозии радиуси Заминро муқаррар кард, ки он аз натиҷаҳои ҳозиразамон хеле кам тафовут дорад.
Насриддини Тӯсӣ дар ин соҳа «Рисола дар бораи чортарафаи пурра» (1260)-ро навишт, ки дар он тригонометрияи ҳамворӣ ва сферикӣ ҳамчун фанҳои мустақил алоҳида дида баромада мешавад. Мувофиқи маълумотҳо дар давоми ҳашт аср (IX-XVII) дар Осиёи Миёна бештар аз сад ҷадвали тригонометрӣ (бо саҳеҳии басо зиёд) тартиб дода шуда буданд.
Олимони форсу тоҷик дар инкишофи геометрия низ саҳми муносиб доранд. Махсусан нақши онҳо дар қатори таҳқиқи мафҳумҳои зиёди геометрӣ (таърифҳо, аксиомаҳо, ҳисоб намудани масоҳатҳо, ҳаҷми ҷисмҳо ва ғайраҳо) дар исботи постулати V Евклид роҷеъ ба хатҳои параллелӣ басо бузург аст. Муаррихони намоёни аҳди Шӯравӣ Б. А. Розенфелд ва А. П. Юшкевич сӣ сол пеш (дар асари – «Назарияи хатҳои параллелӣ дар асрҳои IX-XIV Шарқи асримиёнагӣ»-М: Наука, 1983, ба забони русӣ) нишон дода буданд, ки кӯшиши аввалини исботи постулати V ба Алаббос ибни Саид Ҷавҳарӣ (асри IX; зодаи Фороб, иқоматкунандаи Бағдод) тааллуқ дорад. Ӯ ин амалро дар рисолаи «Такмилдиҳии китобҳои «Ибтидо»-и Евклид» ба ҷо овардааст. Исботи Ҷавҳарӣ ба риёзидонони минбаъда таъсири бузург расонид. Дар ин рисола вай бори аввал исбот намуд, ки агар аз болои ҳаргуна нуқтаи ихтиёрии дохилии кунҷ хати рост гузаронида шавад, онгоҳ он ҳар ду тарафи кунҷро бурида мегузарад. Баъди гузаштани 10 аср ин тасдиқро соли 1882 олими олмонӣ Морис Паш (а. XIX-XX) ба сифати аксиома қабул намуд ва он бо номи аксиомаи Паш машҳур гаштааст. Ва аз рӯи ҳақиқат он бояд аксиомаи Ҷавҳарӣ – Паш хонда шавад. Ба ин масоил Абулаббоси Найризӣ (ваф. а. Х; зодаи Найриз, наздикии Шероз), Абуалӣ ибни Сино, Абуҷафъари Хазинӣ (ваф. а. Х; зодаи Хуросон), Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Насриддини Тӯсӣ, Асириддни Алабхарӣ (ваф. а. XIII; зодаи Абхари Эрон), Шамсиддини Самарқандӣ (а. XIII), Қутбуддини Шерозӣ (а. XIII - XIV) ва дигарон машғул буданд. Андешаҳои Умари Хаём ва Насриддини Тӯсӣ дар рушди таълимоти назарияи хатҳои мутавозин то кашфи ба вуҷуд омадани геометрияи ғайриевклидӣ нақши муайянеро бозидаанд. Умари Хайём кӯшишро аз исботи чоркунҷае оғоз намудааст, ки аз он амалан ҷумлаҳои геометрияи ғайриевклидӣ ҳосил мешаванд. Ин чоркунҷаро баъдтар риёзидони итолиёвӣ Ҷованни Саккёри (а. XIII-XVIII) баррасӣ кард ва ҳоло онро «чоркунҷаи Саккёрӣ» меноманд, ки аз рӯи хиради илмӣ нест, зеро ӯ пас аз 600 сол чоркунҷаи Хайёмро аз нав таҳқиқ кард. Ҳақ ба ҷониби олимони рус Б.А.Розенфелд ва А.П. Юшкевич аст, ки чоркунҷаро – чоркунҷаи Хайём - Саккёрӣ номидаанд. Насриддини Тӯсӣ назарияи Хайёмро инкишоф дода, дар рисолаи «Тавсифи Евклид» нахустин бор дар таърихи риёзӣ аксиомаҳои мавҷудият ва интихобро кашф намуд. Дар асри XIII ва асрҳои минбаъда кӯшиши исботи постулати V аз тарафи Алабхарӣ, ки он дар асари «Такмилдиҳии «Ибтидо»-и Евклид» баён ёфтааст, хеле паҳн гашта буд.
Тавассути тарҷумаи лотинии асарҳои олимони форсу тоҷик ва донишмандони араб ин дастовардҳо дастраси аҳли илми Аврупо гардида, ба кашфиёти геометрияи ғайриевклидӣ замина гузоштанд. Аз осори Ибни Ҳайсам, Ибни Сино ва дигарон истифода бурда, олими лаҳистонӣ Витело (а. XIII) аввалин шуда дар асараш – «Пешомад» исботи постулати V–ро додааст. Дар исботи донишманди фаронсавӣ Лев Герсонид (а.XIII-XIV) ва испанӣ Алфонсо Волядолит (а. XIV), ки асарҳои хешро ба забони ибрӣ (яҳудӣ) менавиштанд, таъсири олимони форсу тоҷик ба назар мерасад. Исботи назарияи хатҳои мутавозин дар Аврупо минбаъд дар асрҳои XVI-XVIII густариш ёфт. Риёзидони югославӣ Фредрик Грисогоно (а. XV-XVI), олмонӣ Христофор Клавий (а. XVI), итолёвиҳо Петро Антонио Каталдӣ (а. XVI-XVII) ва Витале Ҷордано (а.XVII-XVIII), фаронсавӣ Андриен Лежандр (а. XVIII-XIX) ва дигарон ин масоилро муҳокима кардаанд. Дар давоми асри XVIII ҳафтод усули исботи постулати V нашр шуд, ки дар ҳамаи онҳо таъсири олимони шарқӣ мушоҳида мешавад. Ҳамин тавр, дар инкишофи назарияи хатҳои мутавозин олимони ҳамаи миллату кишварҳои гуногун саҳми бузург гузоштаанд, вале хизмати олимони форсу тоҷик дар ин соҳа беназир буд.
Дар соҳаи геометрия боз корҳои олимони форс Шарофиддини Тӯсӣ (а. XIII) ва Қутбиддини Шерозӣ (а. XIII- XIV)-ро қайд кардан лозим аст. Аввалӣ доир ба гипербола рисола навишта, дар он усули нави ҳалли муодилаи кубиро кашф кардааст, ки он ба усули дар асри XIX маълум намудаи олими англис Ҳорнер наздикӣ мекунад. Дуюмин чор аср пеш то пайдоиши геометрияи дифференсиалӣ дар асари «Рисола оид ба ҳаракати алвонҷхӯрӣ ва муносибати байни ҳамвориҳою хамиҳо» мафҳумҳои асосии ин геометрия – росткунии хати каҷ, бозкунии сатҳҳои каҷ ба ҳамворӣ, кунҷҳои расиш ва ғайраҳоро кашф ва тадқиқ намудааст. Ин масоил минбаъд омӯзиши мукаммалро талаб мекунад.
Дар тамаддуни асримиёнагии форсу тоҷик ҳайатшиносӣ ба авҷи тараққиёт расида буд. Агар ба вуҷуд омадани илми ҳайатшиносиро дар аҳди Юнони Қадим истисно намоем, он асосан дар мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна рушд карда буд. Мувофиқи маълумоти олимони шинохтаи ҷумҳурӣ академик П.Б. Бобоҷонов (Астрономия. ЭСТ: - Душанбе, 1974.- с.252) ва Акбари Турсон (Эҳёи Аҷам. – Душанбе: «Ирфон», 1974) дар сарзамини Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна 20 расадхона ташкил ёфта буданд. Дар Бағдод расадхонаи аввалин (а. IX) барои омӯхтани ҷисмҳои осмонӣ сохта шуд. Риёзидонҳо ва ҳайатшиносони он давра ҳама зодагони Хуросон, Мовароуннаҳр, Бохтар ва Фарғона буданд. Онҳо, қабл аз ҳама ба тарҷумаи арабӣ, форсӣ асарҳои ҳайатшиносони Юнони Қадим (аз ҷумла «Алмаҷаст»-и Птолемей) пардохта, ҷадвалҳои ҳайатшиносиро тартиб медоданд. Дар ин расадхона Абулвафо оид ба ҳаракати моҳ тадқиқот гузаронида, номунтазамии ҳаракати онро ошкор намуд. Ӯ дар илми ҳайатшиносӣ аввалин шуда нобаробариеро кашф кард, ки онро баъди 600 сол олими машҳури даниягӣ Тихо Браге (а.XVII) аз нав маълум намудааст.
Дар Шероз ба кори олимони ҳайатшиноси расадхона Абдураҳмони Сӯфӣ (а.X; зодаи Рай) роҳбарӣ мекард. Асари ӯ «Китоби ситораҳои сокит» дар илми ситорашиносии мушоҳидавӣ комёбии беназир ба ҳисоб меравад. Бостоншинос – риёзидони рус Г.П, Матвиевская (дар асари – «Абдураҳман ас- Суфи и его роль в истории астрономии. Историко – астр. исслед. Вып. 16, - с.93-136) менависад, ки маҳз корҳои ӯ ба рушди минбаъдаи ситорашиносӣ таъсири бузург расонидаанд. Аз онҳо Берунӣ, Ибни Юнус, Тӯсӣ, ахтаршиносони маъруфи Самарқандӣ ва олимони испанӣ истифода намудаанд. Аввалин феҳристи ситораҳои сокити тартибдодаи Сӯфӣ дар муддати зиёда аз 400 сол дар истифодаи аврупоиён буд.
Боиси ифтихормандист, ки Абдураҳмони Сӯфӣ нахустин глобус (лот.кура)-и осмонро сохтааст. Асарҳои ӯ дар асрҳои XII-XIV чандин маротиба ба забони лотинӣ тарҷима шудаанд.
Дар ин расадхона Муҳаммади Хуҷандӣ бо ҳамроҳии устодаш ҷисмҳои осмониро мушоҳида мекард. Ӯ асбоби кунҷсанҷеро ихтироъ кард, ки секстант (лот. ҳиссаи шашум) ном гирифт ва дар расадхонаҳои Шарқ асбоби асосии ҳайатшиносӣ ба шумор мерафт; дар баҳрнавардӣ бошад, барои муайян кардани мавқеи киштӣ истифода бурда мешуд. Дар расадхонаи Сиистон (Эрон) Абусаид Сиҷизӣ (а. ХI), дар Хоразм устоди Берунӣ Абунасри Мансур (а.ХI), Абурайҳони Берунӣ, Абулқосими Ҳусайн (а. ХII) ва дигарон кор мекарданд. Асарҳои онҳо ба илми ҳайатшиносии Аврупо таъсир расониданд. Абулқосими Ҳусайн устурлоби дақиқе сохт, ки дар илми ҳайатшиносӣ бо номи Устурлоби Абулқосим машҳур гашт. Асарҳои ӯ доир ба асбобу афзори фалакӣ дар давлатҳои Ғарб тарҷума шудаанд.
Абурайҳони Берунӣ роҷеъ ба ҳайатшиносӣ 40 асар ба забони форсӣ эҷод кардааст. Ҳангоми дар Рай буданаш бо Муҳаммади Хуҷандӣ шинос шуда, секстанти ӯро омӯхт, ба мисли Сӯфӣ глобус (охири а.Х) ва чандин асбоби ситорашиносӣ сохт. Натиҷаҳои тригонометрияи ҳамворӣ ва сферикиро истифода бурда, назарияи сохтани асбобҳои ҳайатшиносӣ ва таърифи сареҳи координатаҳои ҷисмҳои осмониро баён кард. Курашакл будани Замин, дар атрофи меҳвари худ ва дар гирди Офтоб давр задании онро чандин аср пеш аз аврупоиҳо Берунӣ кашф карда буд.
Умари Хайём дар расадхонаи Исфаҳон бо ҳамроҳии олимони ҳайатшиноси маъруфи онҷо ислоҳоти тақвими офтобии эрониро тайёр карда буданд, ки бо номи «Тақвими Ҷалолӣ» маъруф аст ва хеле саҳеҳ мебошад. Ин солшуморӣ аз даври 33 - сола иборат буда, 8 соли қабиса дорад. Савҳи тақвим дар тӯли 5082 сол ба як рӯз мерасад; дар солшумории григориании имрӯза бошад, ин хатоӣ пас аз 3323 сол ба амал меояд.
Дар расадхонаи Мароға (Озарбойҷон) олимони зиёд бо роҳбарии Насриддини Тӯсӣ ба тадқиқи назарияи сайёраҳо машғул буданд. Ба Тӯсӣ кашфи моилии эклиптика (доирае, ки Замин онро дар давоми як сол дар атрофи Офтоб мепаймояд), ҳаракати миёнаи шабонарӯзии Офтобро нисбат медиҳанд. Комёбиҳои шогирдони ӯ Алишоҳи Бухороӣ, Қутбиддини Шерозӣ, Ибни Шотир ва дигарон дар ин соҳа беҳамто буданд.
Қутбиддини Шерозӣ дар Шероз расадхонаи хешро сохт ва оид ба физикаи атмосфера ва андозаҳои сайёраҳо тадқиқотҳо анҷом дод; чор аср пеш аз олими итолиёвӣ Галилео Галилей (а. ХVI-XVII) бо усули басо ҳайратовар исбот кард, ки Замин давр мезанад, назарияи шикасти рӯшноиро дар мушоҳида ва ҳисоббарориҳои элементҳои назарияи ҳаракати ҷисмҳои нурафканда бомуваффақият истифода намуд.
Ниҳоят, дар расадхонаи Самарқанд (а. XV) як зумра ҳайатшиносони маъруф бо роҳбарии Улуғбек дар тӯли чандин сол мушоҳидаҳои пурарзиш гузаронида, ба рушди илми ҳайатшиносӣ саҳми муносиб гузоштаанд. Ба кашфиётҳои асосии олимони ин расадхона боз ҳам саҳеҳтар муайян намудани моилии эклиптика, гузаронидани мушоҳидаҳо роҷеъ ба арзу тӯли ситораҳо, аниқ маълум кардани ҳаракати миёнаи шабонарӯзии Офтоб ва ғайраҳо мансуб мебошанд.
Дар байни комёбиҳои мунаҷҷимони асримиёнагии форсу тоҷик мураттабсозии зиҷҳо ҷойгоҳи баландро соҳиб аст. Ба ин амал дар Эронзамин аз асри VIII сар карда эътибори ҷиддӣ медоданд. Миқдори ҳайатшиносон дар як худи Мовароуннаҳр дар асрҳои IX - ХV бештар аз 100 нафарро ташкил медод. Чӣ тавре ки Акбари Турсон қайд мекунад, «ду равияи бо ҳам алоқаманди тадқиқоти астрономӣ - тақвимсозӣ ва тартиб додани зиҷҳо - аз қадимулайём дар Аҷам аъанаи ғанӣ дошт… Ҳайатшиносони Шарқи Наздик ва Миёна дар тӯли асрҳои IX - ХV бештар аз 100 зиҷ тартиб додаанд» (мақола: Хайём. ЭСТ. Т.7. – Душанбе – 1987, - с.1780). Дар натиҷаи мушоҳидаҳо дар ин расадхонаҳо ба забони тоҷикӣ «Зиҷи Маликшоҳӣ» - и Умари Хайём, «Зиҷи Элхонӣ» - и Насриддини Тӯсӣ, «Зиҷи Хуҷандӣ» ва «Зиҷи Хоқонӣ» - и Ғиёсиддини Кошонӣ, «Зиҷи Сафоеҳӣ» - и Абдураҳмони Хазинӣ ва ниҳоят «Зиҷи Курагонӣ» - и Улуғбек иншо шудаанд.
Дар асри XI «Зиҷи» Хоразмиро олими ахтаршинос Аделард (а. XI- XII) ба забони англисӣ тарҷума кард. Дар асри XIV ба воситаи Византия асарҳои олимони Осиёи Миёна ба Аврупо паҳн мешавад. Ҳайатшиносони византиягӣ «Зиҷи Сафоеҳӣ»-и Хазинӣ ва зиҷҳои дигарро ба забони юнонӣ тарҷима мекунанд. Дар асрҳои ХV- ХVI ба воситаи Туркия асарҳои ҳайатшиносони мактаби илмии Самарқанд ба муҳити илмии Аврупо роҳ меёбанд. Соли 1665 тарҷумаи лотинӣ ва баъди 230 сол тарҷумаи англисии «Зиҷи Курагонӣ»-и Улуғбек дар Англия нашр мешавад. Ин ҷадвал то ҷадвалҳои Тихо Браге дар расадхонаҳои аврупоӣ васеъ истифода мешуданд. Дар ин давр асарҳои Алиқушчӣ «Китоб-ул-Муҳаммад» ва «Рисола дар фалакиёт» ба Аврупои Ғарбӣ роҳ ёфта, нуфузи калони илмӣ доштанд. Дар асри ХVI фаъолияти мутафаккирони форсу тоҷик дар соҳаи ҳайатшиносӣ қатъ нагардид.
Ба ҳамин тариқ, комёбиҳои бузурги «астрономияи ғайрителескопӣ» (бо ибораи А. Турсон) буданд, ки ба пешрафти ояндаи илми кайҳоншиносӣ дар Аврупои асрҳои ХV- ХVII таъсири бузург расониданд. Дар асри ХVII самти тадқиқи илми ҳайатшиносӣ равиши дигар гирифт. Акнун ба тадқиқоти ҳайатшиносони осиёимиёнагӣ асарҳои олимони аврупоӣ, ба хусус Коперник ва Кеплер таъсири калон расониданд.
Риёзидон ва ҳайатшиносони асримиёнагии форсу тоҷик дар исботи постулати V Евклид, инкишофи назарияи хатҳои мутавозин тадқиқотҳои бузургро анҷом дода, ба бунёди геометрияи ғайриевклидӣ нақши устувор гузоштаанд. Аммо ҷои таассуф аст, ки дар адабиёти таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ саҳми аввалиндараҷаи олимони форсу тоҷик дар ин бобат то ҳанӯз ноошкор боқӣ мондааст.
Солҳои 60 - 80 - уми қарни ХХ дар Тоҷи-кистон тадқиқот дар соҳаи осори риёзӣ ва ҳайатшиносии мутафаккирони форсу тоҷик инкишоф ёфта буд. Ба ин пешравӣ, агар аз як тараф, азму таҳқиқи донишмандони маъруфи Донишкадаи таърих ва техникаи Академияи илмҳои аҳди шӯравӣ (Б.А. Розенфелд, А.П. Юшкевич, П.Г. Булгаков ва дигарон) ва олимони намоёни Донишкадаи давлатии омӯзгории Москва ба номи Н.К.Крупская (И.К. Андронов, Б.Л. Лаптев ва дигарон) боис шуда бошад, аз тарафи дигар худи муҳаққиқони мактабҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба ин масоил шавқу рағбати зиёд зоҳир карда буданд. Масалан, танҳо дар як Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ охирҳои солҳои 60 - ум ва миёнаи солҳои 70 - ум нуҳ нафар (Г. Собиров, Д. Мамедова., У. Шерматова, Н. Бобоев, А. Қодиров, Т. Шодиев, М. Шерматов, М. Бадалов, М. Яъқубов) ба тадқиқи риёзӣ, ҳаракати ҷисмҳои осмонӣ ва ҷадвалҳои астрономии олимони Шарқи Наздик ва Миёна машғул буданд. Аксарияти онҳо зери роҳбарии риёзидон ва омӯзгори намоён И.К. Андронов (1895-1975) рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд. Муҳақиқони соҳа аз тарафи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, бавижа академик М. Осимӣ ҳамеша кумак ва дастгирӣ эҳсос мекарданд. Мутаасифона, солҳои охир тадқиқот роҷеъ ба таърихи математика коҳиш ёфт. Шуъбаи таърихи илмҳои табиатшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар пажӯҳиши осори риёзӣ ва ҳайатшиносии ниёгонамон саҳми арзанда дорад. Умед аз он дорем, ки баҳри ифтихори миллӣ, барои рушди тадқиқоти соҳа майдони васеъ бунёд карда мешавад.
Аз баёни саҳми донишмандони форсу тоҷик дар инкишофи риёзӣ ва фарҳанги ҳайатшиносӣ хулосаҳои зеринро метавон баровард:
Даъвои муаррихони риёзии хориҷӣ дар бораи он, ки хизмати ягонаи олимони форсу тоҷик гӯё нигоҳдорӣ ва расонидани мероси илмии юнониҳо ва ҳиндуҳо ба доираи илмии Аврупо бошад, андешаҳои ботил ҳастанд. Бояд таъкид намуд, ки кашфиётҳои муҳаққиқони Осиёи Миёна ва Шарқи Наздик асоси пешрафти илми риёзӣ ва ҳайатшиносии аврупоиёнро ташкил додаанд. Ибораҳои «нахустин бор дар таърихи илм», «аввалин бор», «якумин шуда», ки чандин маротиба дар тавсифи кашфиётҳои донишмандони форсу тоҷик ин ҷо такрор ёфтаанд, тасдиқи ин гуфтаҳои боло мебошанд.
Аз ин пас масъулонро зарур аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба бедории фикрии ҷавонон, боло бурдани ҳисси хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ муайян намудани ҳақиқати илмӣ ва тантанаи адолати таърихӣ дар таълиф ва таҳияи китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ, рӯзномаю маҷалла нақши арзандаю муассири аҷдодони мо дар тамаддуни ҷаҳонӣ нишон дода шавад.
Барои ба оламиён шиносонидани донишмандони форсу тоҷик ва пайдо намудани абадияти маънавии миллат танҳо саромадон (Хоразмӣ, Кушёр, Тӯсӣ, Хайём, Насавӣ, Марвазӣ, Абулвафо, Ибни Сино, Румӣ, Кошонӣ, Алиқушчӣ ва дигарҳо)-ро дар хотир нигоҳ доштан ва рӯи коғаз овардан ҳанӯз кифоя нест. Ҷидду ҷаҳд бояд кард, ки бузургдошти онҳоро (бо нашри осорашон, тарғибу таблиғи ақоиди илмиашон, дар фарҳанги умумибашарӣ маълум кардани мавқеашон ва ғайра) ҳифз карда тавонем.
Адолати таърихӣ бояд пойдор гардад. Тавре ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд, шинохти таърихи худ, огоҳӣ аз фарҳанг ва маданияти бою ғании аҷдодон, саҳм ва нақши тоҷикон дар ганҷинаи тамаддуни олам дар тарбияи маънавии насли наврас ва ҷавонон нақши бориз хоҳад гузошт.

Абдулло ТАБАРОВ,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои физикаю
математика, профессор,

 Ислом ҒУЛОМОВ,
доктори илмҳои педагогӣ,
профессори кафедраи математикаи олии ҳамин донишгоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2014    №: 232    Мутолиа карданд: 11027

29.05.2017


Иштироки Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарвазирони давлатҳои ИДМ

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Баррасии масъалаҳои мубориза бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он

Номаҳои шодбошӣ ба унвони Ҳошим Гадоев

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат - раҳнамои ҷавонон

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳаёти беш аз 24 миллион кӯдак зери хатар аст

Сарони G7 мубориза бо киберҷинояткоронро пурзӯр карданианд

НАТО ба эътилофи байналмилалӣ алайҳи “ДИ” ҳамроҳ мегардад

Маскав ба СММ лоиҳаи конвенсияи мубориза бо киберҷиноятро манзур сохт

Теъдоди ҷиноятҳои террористӣ дар Русия 10 маротиба коҳиш ёфт

28.05.2017


ХАТЛОН. Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонон

Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон. Чорабиниҳои идона дар Дубай ва Пекин

Як ҳамоиши муҳим

Гӯшаи кишоварз

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед