logo

туризм

БАРНОМАҲОИ МУФЛИС Ё МАСЪУЛОНИ БЕҲАВСАЛА?

Барномаи давлатии рушди туризм барои солҳои 2010 - 2014 чаҳор сол боз мавриди амал қарор дошта бошад ҳам, мутаассифона, дастгирӣ ва татбиқи он дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб аз бетаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории мутасаддиён номукаммалу коста роҳандозӣ шудааст. Саволе ба миён меояд, ки чӣ омиле боиси пурра амалӣ нашудани барнома гардид?

Кӯлоб. Қарори фаромӯшшуда
Баъди қабули барнома аз ҷониби бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳрдории Кӯлоб барномаи маҳаллӣ таҳия шуда, ба раиси вақти он Ҳамид Абдуллоев пешниҳод гардидааст. Барои тасдиқи барномаи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ шаҳрдори собиқ аз 8-уми июли соли 2009, таҳти № 507 қарори вижаро қабул намудааст. Дар қисми 1-и қарор дарҷ шудааст: «Қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 июли соли 2009, № 255 «Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 - уми майи соли 2009, № 299 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди туризм барои солҳои 2010 - 2014» барои иҷро ба роҳбарӣ гирифта шавад». Қисми 3 - юми он ташкилоту муассисот, бавижа бахши саноат ва энергетика, раёсати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дигар идораҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро муваззаф намудааст, то дар иҷрои барнома саҳми муассир гузоранд.
Вале дар ин самт ба ҷуз бахши варзиш ва сайёҳӣ ҳеҷ муассисае то кунун чораандешӣ накардааст. 
 
Бепулӣ - боиси берушдӣ
Тибқи барнома мебоист то имсол 44 ҳазору 900 сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ба амалисозии қисму бандҳои барнома равона мегардид. Аммо санадҳои расмӣ: қарори шаҳрдору барномаи маҳаллӣ беамалу муаллақ мондаанд. Яъне то ҳол маблағе аз буҷет баҳри иҷрои корҳои сайёҳӣ ҷудо нагардидааст.  
Бо суоли «Чаро фазои сармоягузории барномаи туризм дар шаҳр пурғубор аст?», ба раиси шаҳр Абдулғаффор Раҳмонзода муроҷиат намудем. Раис гуфт, ки барнома маблағгузорӣ нашудааст. Зеро мутасаддиён муроҷиат накардаанд. Ҳамаи барномаҳои пешниҳодмешуда ҳаллу фасл мегарданд.
- Феълан, ободонии мақбараи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ ва қабулгоҳи мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ идома дорад. Маҷмӯан 235 ҳазор сомонӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар назар аст. Ва то охири сол таҷдид бояд ба охир расад. Ин ба соҳаи туризм такони мусбат медиҳад, - зикр кард раиси шаҳр.
Самандар Абдуллоев, сармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр, мегӯяд, ки бо маблағгузории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои пешрафти сайёҳӣ аз мавзеъҳои тамошобоби шаҳр видеоролик ва харитаи махсуси ташвиқотиро таҳия кардаанд. Давоми сол дар нақша доранд, ки шакли ин иқдомро бо тарҳи нав ҷорӣ созанд. Мутаассифона, набудани маблағ садди корашон гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 278 нафар сайёҳони дохилӣ ва 171 нафар хориҷӣ ба шаҳри Кӯлоб омадаанд. Бо вуҷуди маблағгузорӣ нагардидани барнома мо ҳамвора ҷаҳд дорем, то дар ин самт корро беҳ намоем. Аммо, таассуфовар ин аст, ки бахш орӣ аз лавозимоту хаймаҳои туристӣ аст. Барои харид маблағ нест.
Кӯлоби бостонӣ дорои макони табиатест, ки мақбули сайёҳони хориҷианд. Таърихи беш аз 2700 - сола доштан, бозёфту кашфиёти бостонии дар натиҷаи ҳафриёт пайдошуда, ҷойгир будани марқади алломаи машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҷалби ҷаҳонгардон саҳми муассир мегузоранд. Метавон ин шаҳрро дар андак муддат ба манбаи асосии ҷалби сайёҳон табдил дод. Танҳо ташаббус лозим асту маблағ.
   
Балҷувон: аҳволи бади ҷаҳонгардӣ
Бо мақсади рушди босубот ва ба талаботи сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани ҷаҳонгардии ноҳияи Балҷувон «Барномаи рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ барои солҳои 2002 - 2012» таҳия ва бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 3-юми июли соли 2002, таҳти рақами 276 тасдиқ ёфта буд. Аз миён дувоздаҳ сол гузашт, вале то ҳанӯз гомҳои устуворро ноҳия дар соҳа нагузоштааст.
Шамсуллоҳ Аҳадов, масъули бахши сайёҳии ноҳия, мегӯяд, ки манзараҳои афсонавӣ ва ҷойҳои туристии табиии ноҳияро сайёҳони хориҷӣ дида, ҳасад мехӯранд. Мегӯянд: «Кош чунин фазои фораму табиати зебо, обҳои мусаффою ҷангалзорҳоро минтақаҳои мо медоштанд».
- Сад ҳайф, ки барномаҳои марбут ба туризм дар ноҳия мукаммал пиёда нагардидаанду авзои ҷаҳонгардӣ ногувор аст. Бо назардошти статуси туризми байналмилалӣ ноҳия комилан ба сатҳи ҷаҳонӣ баробар нест, - изҳор кард Ш. Аҳадов.
Ноҳия дар заминаш оромгоҳи даҳҳо бузургону мутафаккирон ва ёдгориҳои нодири таърихиро дорад. Назири Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробии Валӣ, Хоҷа Қутбуддини Нишопурӣ, Шоҳбақои Туморӣ, Саид Минхоҷи Марди Валӣ, Шоҳи Аккоша, мавзеъҳое, ки инъикосгари фарҳангу оини ниёкон аст: Қалъаи Дектур, Қалъаи Мир, Қалъаи Тубхона, Қалъаи Чорбоғ, Санги Сабз, табиати нотакрор: обҳои шифобахши «Қалъача», «Булғурӣ», «Гӯгирд», «Шулук» ва амсоли ин бисёр ҷойҳоро метавон ном гирифт.
Ш. Аҳадов мегӯяд, ки роҳҳо ба минтақаҳои сайёҳӣ басо мушкилгузаранд. Роҳҳои нақлиётӣ сангу мумро ҳеҷ надидаанд. Сайёҳон танҳо айёми гармо имкони сафар пайдо мекунанд. Бавижа, роҳи мошингарди Сари Хосор валангору хароб аст. Ҳолате мешавад, ки ҳатто нақлиёти калон рафта наметавонад. Гузашта аз ин, мутобиқи қарори Ҳукумат бояд Боғи табиии Сари Хосор ташкил меёфт. Аммо дар ин кор ҳам беҳбудие нашудааст.
 Бино ба иттилои мутасаддиён, барои татбиқи барномаи туризм аз буҷети маҳаллӣ ягон сомонӣ ҷудо нагардидааст. Бемаблағӣ боиси он гаштааст, ки барои сайёҳон таҷҳизот харида наметавонанд. Бахши сайёҳии ноҳия имконоти мустақиман бо туристони хориҷӣ ба роҳ мондани ҳамкориро надорад. Сайёҳон тавассути ширкатҳои туристии марказ дохили ноҳия мешаванд.
 - Кадрҳое, ки озодона бо забонҳои хориҷӣ муошират намоянду ҷойҳои туристиро ба хориҷиён шиносонанд, надорем. 3 нафарро бо квотаҳо дар донишгоҳҳо хонондем. Вале, аз сабаби кам будани маош, тарки вазифа карданд, - афзуд Ш. Аҳадов.

Ховалинг: шумораи сайёҳон меафзояд
Рафтуои ҷаҳонгардони худию хориҷӣ ба ноҳияи Ховалинг дар ҳоли афзоиш аст. Аз рӯи маълумоти расида, дар 9 моҳи имсол 5200 нафар сайёҳи дохилӣ ва 300 нафар аз мамолики беруна ташриф овардаанд.
- Бештари сайёҳон баҳри зиёрати мазори Хоҷа Аюби Ансорӣ, Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ меоянд. Ҷаҳонгардони хориҷӣ ба осорхонаҳо таваҷҷуҳ доранд. Ҳатман аз осорхонаи Восеъ дидан мекунанд. Мушкилоти асосӣ хароб будани роҳи нақлиётии Ховалинг – Восеъ буд, ки он ҳам таҷдид шуда истодааст, - тазаккур дод сармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Саймуҳиддин Раҷабов. – Роҳҳои нақлиётии дохилии ноҳия ба талабот ҷавобгӯянд. Сайёҳон бо мошинҳо ба мавзеъҳои дилхоҳашон мерасанд.
Мавсуф афзуд, ки барои иҷрои барномаи туризм аз буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо нашудааст. Лавозимоти туристӣ низ надоранд. 
    
Муъминобод: «Бо ҳавло гуфтан…»
Ноҳияи Муъминобод дорои мавзеъҳои таърихӣ аст. Вале татбиқи барномаи рушди туризмаш дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад.
Абдуллоҳ Раҷабов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия гуфт:
- Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 24 сайёҳи хориҷӣ ба ноҳия омад. Тамошогаҳи беҳтарин барои сайёҳон мавзеи «Чилдухтарон» маҳсуб меёбад. Роҳаш барои рафтуомад мувофиқ нест. Дар роҳи мазори Шоҳи Хомӯш ҳам бо мушкилиҳо мувоҷеҳ мегардӣ. Ягон намуди таҷҳизоти туристӣ надорем. Аз буҷети маҳаллӣ барои рушди соҳа маблағ равона нашудааст.
Дурнамо дорем, бо ширкати сайёҳии «Ором Турист Тремл» дар хусуси сохтани каппаҳои хасӣ шартнома хоҳем баст. Лоиҳаҳои дигаре ҳастанд, ки ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод шудаанд.
Дар ҳоле, ки мавзеи «Чилдухтарон» аз намоёнтарин ва зеботарин ҷойҳои сайру саёҳат бошад, чаро то ҳол роҳаш валангор аст? Мақоли хубе ҳаст: «Бо ҳавло гуфтан даҳон ширин намешавад».

Шӯрообод: сайёҳӣ кай рушд меёбад?
Дар бораи туризми ноҳияи Шӯрообод ҷойи сухан ҳам нест. Чунки давоми соли 2014 лоақал қадами як нафар сайёҳи хориҷӣ ба ноҳия нарасидааст.
Алишер Гулов, мудири бахши сайёҳии ноҳия, мегӯяд: «Мазори Имом Ҷаъфари Содиқ дар деҳоти Лангардара, Ҳазрати Имом ал-Аскарӣ дар деҳоти Доғистон, Шайх Муҳаммадамони Валӣ дар деҳоти Нуриддин Маҳмудов, мазори Саидабибии Робиямоҳ дар Даштиҷум, мазори Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ дар Сари Чашма барои сайёҳон ҷолиби диққатанд. Лекин расидан ба ин ҷойҳо саҳл нест. Ҳамаи роҳҳо вайронаанд. Ба хусус, бо машаққати зиёд метавон авлиёи барҳақ Имом Ҷаъфари Содиқро зиёрат намуд. Чанд сол муқаддам, Вазорати фарҳанги кишвар танҳо роҳи автомобилгарди мазори Имом ал - Аскариро сангфарш намуда буд, ки он ҳам бо гузашти солҳо ба ҳолати қаблӣ баргашт. Омадан ба ин мазорҳо аз сабаби мушкилгузарӣ ба ҳар кас даст намедиҳад».
Манзараи «Марди хобида»-и кӯҳистони Лангардара дилфиребу нотакрор аст. Дар чашм чунон менамояд, ки гӯиё ҳақиқатан марди азимҷуссае хобида бошад. Итминон аст, ки сайёҳи хориҷӣ муштоқ ва дар ҷустуҷӯи дидани ин гуна манзараҳост. Ҳайҳот, ки аз чашми сайёҳон ниҳон мондаанд.

Восеъ – даромадгоҳи сайёҳон ба минтақа
Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Восеъ Алишер Зоҳиров вазъи феълии туризми ноҳияро тавзеҳ дода, изҳор кард: «Теъдоди воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба ноҳияи Восеъ дар ҳоли болоравист. Шурӯъ аз моҳи январ то сентябр шумораи онҳо 277 нафарро дарбар мегирад. Ноҳия ҷойҳои зиёрату сайёҳати зиёд дорад: Қалъаи Ҳулбук, шаҳраки Манзаратеппа, қабристони Ғелот, Қалъа ва ҳавзи Қайнар, кӯҳи Хоҷамуъмин назири онҳост.
Албатта, костагиҳо дар соҳа ба назар мерасанд. Масалан, барои татбиқи устувори барномаи туризм то ин замон аз манобеи маблағгузор садое нашудааст. Бояд харита ва роҳнамои музофоти сайёҳии ноҳияро тайёр кунем. Мутаассифона, бидуни маблағ нақшаҳо амалӣ намегарданд».

Беамалӣ дар барнома, норасоии кадр
Зайниддин Давлатов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб, вақти мусоҳиба изҳор кард, ки баҳри дар амал пиёда намудани барномаи давлатии рушди туризм на аз тарафи вилояти Хатлон ва на аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ кумакҳои молиявӣ нашудааст. Бахш воҳиди кории мутахассиси пешбари соҳаро надорад. 5 моҳ қабл тариқи шартномавӣ коргар киро карданд.
- Тарҳи роҳнамою шиносномаи мавзеъ-ҳои туристии музофотро тартиб дода, баҳри маблағгузорӣ ба кумита пешбарӣ карданием. Шояд ҷонибдорӣ гардад. Нақша дорем хатсайри сайёҳии дохилиминтақавиро ташкил кунем. Хаймаҳо ва таҷҳизоти туристиро дорем. Хатсайрро таъсис диҳем, метавонем, бо роҳи худмаблағгузорӣ сокинонро ба саёҳат барем, - илова кард З. Давлатов. – Туризми минтақаи Кӯлоб алҳол нахустин гомҳои худро ба роҳи рушд мениҳад.

Хулоса
Масъулони соҳа ҳамагӣ норизову гиламанд аз бесармоягии барномаи давлатии рушди туризманд. Калиди кушоиши фаъ-олияти устувори соҳаро дар таъминоти маблағ арзёбӣ мекунанд. Самти мазкур ба кумаки ҷиддии молиявӣ ниёз дорад. Бахшҳо қудрати омодасозии корҳои ташвиқотӣ, хариди таҷҳизоти сайёҳиро надоранд. Бидуни сармоя намедонанд бо кадом васила видеоролику варақаҳои муаррифии маконҳои туристиро ба амал бароранд. Роҳбарони навоҳӣ аз иҷрою маблағгузории барнома канораҷӯӣ менамоянд. Чунин аст, иҷрои барнома ва вазъи ҷаҳонгардӣ дар минтақаи Кӯлоб. Бо ин саҳлангорӣ оё метавон дар пешрафти туризм ба муваффақият ноил шуд? Саволест, ки аз роҳбарон посухро интизор аст.

Ёқуби СОДИҚ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2014    №: 233    Мутолиа карданд: 11305

28.04.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ли Ки - Квон

Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Марҳилаи дуюми барқарорсозии шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ оғоз мегардад

Интишори асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ба забони қирғизӣ

Ҳунар ганҷи нуҳуфта аст

НУРОБОД. Таъсиси маркази маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар як сатр

27.04.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибҳа Меҳта

Изҳори ҳавасмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» баргузор мешавад

КҲФ огоҳ мекунад…

Мусобиқаи футбол дар Деваштич

Террористон набояд имкони бозгашт ба Қазоқистонро дошта бошанд

Истеъфои вазир дар Ҷопон

Аврупоро буҳрони нави муҳоҷират интизор аст?

Дар Доминикан обхезӣ мардумро бехонумон кард

Uber дар се сол аэротаксиҳоро ваъда медиҳад

Кишти пахта

Бунёди боғу токзор

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Кишти баҳорӣ

БАДАХШОН. 120 рӯзи ободонӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед