logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМ (ИФРОТГАРОӢ)»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 12, мод. 697; с. 2007, № 3, мод. 158) тағйироти зерин ворид карда шавад:
1. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.».
2. Дар зербанди в) қисми якум ва қисми чоруми моддаи 7, қисми дуюми моддаи 19 калимаи «яроқ» ба калимаи «силоҳ» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2014, № 1146


Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул карда шавад.

Муовини якуми Раиси
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                 А. МИРАЛИЕВ
ш. Душанбе, 7 ноябри соли 2014, № 1642


Қарори 
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»-ро  баррасӣ  намуда,  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014, № 737


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.2014    №: 235    Мутолиа карданд: 1152

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед