logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АМНИЯТ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 «Дар бораи амният» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 6, мод. 434) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба муқаддимаи Қонун пас аз калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ» калимаҳои «,мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- дар сархати якум калимаҳои «воқеӣ ва эҳтимолӣ» ба калимаҳои «воқеӣ ва эҳтимолии дохиливу берунӣ» иваз карда шаванд;
- сархати чордаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
- амнияти дохилӣ – ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлат аз таҳдидҳои дохилӣ;».
3. Ба қисми 2 моддаи 4 пас аз калимаи «ноҳияҳо,» калимаҳои «инчунин мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,» илова карда шаванд.
4. Дар қисми 1 моддаи 6:
- дар сархати якум калимаҳои «яроқ ва маводи нашъаовар» ба калимаҳои «силоҳ ва воситаҳои нашъадор» иваз карда шаванд;
- ба сархати панҷум пас аз калимаҳои «мақомоти давлатӣ,» калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,» илова карда шаванд.
5. Дар моддаи 9:
- ба сархати дуюми қисми 1 пас аз калимаҳои «разведкаи ҳарбӣ» калимаҳои «, мубориза бо коррупсия» илова карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи «салоҳияти» ба калимаи «ваколатҳои» иваз карда шавад;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Таъмини амният барои тамоми мақомоти дигари давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳое, ки ин фаъолиятро дар доираи ваколатҳо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ мустақилона ё дар асоси муроҷиати қувваҳои таъмини амният амалӣ мекунанд, ҳатмӣ мебошад.».
6. Дар моддаи 12:
- сархати шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, воситаҳои моддӣ, захираҳо ва хизматрасониҳо таъмин менамояд;»;
- дар сархати ҳафтум калимаи «яроқу» ба калимаи «силоҳу» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 14:
- дар сархати шашум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда шавад;
- сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои таъмини амният амалӣ менамоянд.».
8. Моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 15. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон дар доираи ваколатҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ:
- дар воҳидҳои марзию маъмурӣ ва ташкилотҳои дахлдор оид ба таъмини амният чораҳо андешида, фаъолиятро дар ин самт ташкил менамоянд;
- маҳфуздории қувваҳо ва захираҳои сафарбарии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо таъмин менамоянд;
- тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳоро оид ба масъалаҳои таъмини амният амалӣ менамоянд.».
9. Ба сархати якуми қисми 1 моддаи 17 пас аз калимаҳои «мақомоти давлатӣ,» калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,» илова карда шаванд.
10. Дар қисми 3 моддаи 18 калимаи «миллӣ» ба калимаи «иқтисодӣ» иваз карда шавад.
11. Дар сархати шашуми қисми 2 моддаи 19 калимаҳои «ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва тиҷоратӣ» ба калимаҳои «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ» иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 20:
- аз сархати сеюми қисми 2 калимаи «ғайриқонунии» хориҷ карда шавад;
- дар қисми 3:
- дар матни қисм калимаҳои «ташкилотҳои ҷамъиятӣ» ба калимаҳои  «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» иваз карда шаванд;
- ба сархати сеюм пас аз калимаҳои «мақомоти давлатӣ» калимаҳои
«, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова карда шаванд.
13. Ба моддаи 25:
- ба сархати дуюми қисми 2 пас аз калимаҳои «мақомоти давлатӣ» калимаҳои «, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова карда шаванд;
- ба қисми 3 пас аз калимаи «судҳо» калимаҳои «, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2014, № 1137

Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи амният»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2014, № 1602


Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи амният»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»  ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014, № 728


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.2014    №: 235    Мутолиа карданд: 881

28.02.2020


ҶАРАЁНИ ОМОДАГИҲО БА БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МАТРАҲ ШУД

ОҒОЗИ БУНЁДИ БОЗ ЯК ОСОИШГОҲ ДАР ГУЛИСТОН

ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИНТУРМАРКЕТ – 2020» ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТМКУНАНДАГОНИ БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ТИҶОРАТӢ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ШУДАНД

ҲАМКОРИИ БМТ ВА КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ

“ГАНҶИ СУХАН”. ҲАМОИШЕ, КИ МАЪРИФАТ МЕАФЗОЯД

ХУРОСОН ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД

ҶОМИ КФО – 2020. "ХУҶАНД" БА МАРҲАЛАИ ГУРӮҲӢ РОҲ ЁФТ

AMAZON АВВАЛИН МАРКАЗИ САВДО БИДУНИ ХАЗИНА КУШОД

ӮЗБЕКИСТОН ВА УКРАИНА АЛОҚАИ РОҲИ ОҲАНРО БАРҚАРОР НАМУДАНИЯНД

ИТТИҲОДИ АВРУПО САНАИ МУЗОКИРОТ БО БРИТАНИЯРО ОИД БА ШАРИКӢ ГУФТ

ИМА: АФҒОНИСТОН БОЯД ДАР ФИКРИ ҚАТЪИ ҶАНГ БО "ТОЛИБОН" БОШАД

Ҷаҳон дар як сатр

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед