logo

илм

ҚАЛБИ САРШОР АЗ МЕҲРИ ВАТАН

Оспанова Нарима Каженовна 14 апрели соли 1951 дар аули Тисайи вилояти Семипалатински Ҷумҳурии Қазоқистон  чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш Оспанов Кажен Гумарович зоотехник буд ва ба ҳайси директори совхоз кор мекард. Ҳангоми дар синфи сеюм хондани Нарима оилаашон ба шаҳраки Дегерес мекӯчад. Табиати зебои кӯҳсори ин ҷо, манзараҳои аҷоиби кӯҳистон ва табиати зинда ӯро мафтуни  худ мекунад. Шояд ҳамин буд, ки  орзуи геолог шудан дар қалбаш маскан мегирад.

Нарима Оспанова соли 1970 Техникуми геологии Семипалатинскро бомуваффақият хатм намуда, дар кони фосфоритҳои комбинати кимиёвии куҳӣ  Карату ба кор оғоз мекунад. 
Баъдтар ба Донишгоҳи давлатии Тошканд дохил шуда, онро бо тахассуси ба нақшагирии геологӣ, ҷустуҷӯйӣ ва иктишофи канданиҳои фоиданок хатм менамояд. Соли 1976 таҷрибаи пурраи геологиро дар конҳои Тоҷикистон гузарондааст.
Аъзои Шӯрои илмии донишгоҳ маҳорати баланди Нарима Оспановаро ба назар гирифта, ӯро барои таҳсил ба аспирантура тавсия медиҳанд. Солҳои 1978 то 1981 таҳсилро дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи институти геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дода, соли 1981 дар ҳамин институт ба ҳайси ходими хурди илмӣ ба фаъолият оғоз мекунад.
Оспанова рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Гелиолитоидҳои ордовик ва силури Тоҷикистони Марказӣ ва аҳамияти стратиграфии онҳо»  ҳимоя намуда, сазовори унвони номзади илмҳои геология ва минералогия мегардад. Вай дар вазифаи  ходими пешбари илмӣ фаъолият карда, аз соли 1990 то 1993 дар докторантураи Институти геологияи Академияи илмҳо таҳсил менамояд.  Пас аз хатми он ба вазифаи ходими калони илмӣ таъйин шуда, баъдтар ба вазифаи ходими пешбари илмии Институти геология гузаронда мешавад. 10 октябри соли 2013 дар Институти геология ва геохимияи нафтугази ба номи академик А. Трофимуки шаҳри Новосибирск дар мавзӯи «Гелиолитидҳои қадимтарин: морфология, таҳаввулот ва аҳамияти биостратиграфӣ (дар мисоли Ҷануби Тиёншон)» рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, соли 2014 соҳиби унвони доктори илмҳои геология ва минералогия гардид.
Нарима Оспанова яке аз олимони машҳур  ва ягона мутахассис дар соҳаи омӯзиши марҷонҳо дар Тоҷикистон аст. Вай чандин маротиба барои ҷамъоварии маводи палеонтологӣ таҳқиқот гузаронда, ба комёбиҳои назаррас сазовор гардидааст. Дар чор симпозиуми умумииттиҳодӣ оид ба марҷонҳо ва ёздаҳ сессияи ҷамъиятии палеонтологҳои назди Академияи илмҳои Русия, ҳафт симпозиуми ҷаҳонӣ оид ба книдарияҳои масомадор бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардааст.   
 Ба ғайр аз чорабиниҳои илмии институт Н. Оспанова дар чор мактаби умумииттиҳодӣ оид ба марҷонҳои силур, чор симпозиуми умумииттиҳодӣ оид ба марҷонҳо, ду симпозиуми ҷаҳонӣ оид ба книдарияҳои масомадор конфронси байналмилалии “Global Alignments of Lower Devonian Carbonate and Clastic Sequences” ва  конфронси байналмилалӣ бахшида ба 70 - солагии Институти геологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат варзидааст. Маводи зиёди ҷамъовардаи ӯ оид ба Тоҷикистон дар мақолаҳо, якчанд ҳисоботи илмӣ ва рисолаи докториаш инъикоси  худро ёфтаанд.
Ӯ дар рушди илми ватанӣ ва мустаҳкам намудани нуфузи илмии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми калон дорад. Корҳои илмии Н. Оспанова дар 14 мамлакати ҷаҳон,  аз ҷумла,  Австралия, Австрия, Лаҳистон, Олмон, Нидерланд, Белгия, Русия ва ИМА нашр гардидаанд. Айни замон ӯ барои иштирок дар симпозиуми навбатии байналмилалӣ, ки моҳи феврали соли 2015 дар Шоҳигарии Уммон мегузарад, даъватномаи махсус гирифтааст.
Корҳои Нарима Оспанова аҳамияти илмӣ ва амалии муҳим доранд. Худи ӯ шахсан ду зерсинфи коралҳо, 8 синфи нав, 23 қабилаи нав ва 30 намуди нави гелиолитидҳои давраи ордовик ва силурро барқарор намудааст. Маълумоти нав  оид ба морфология, систематика, филогения, таҳаввулот ва экологияи коралҳои палеозой, инчунин тағйирпазирӣ ва биостратиграфии геололитидҳоро ба даст овардааст.  Ӯ оид ба нақшаи стратиграфии регионалии давраҳои ордовик ва силури Тоҷикистон эзоҳнома сохтааст. Инчунин муҳаррири масъули корҳои амалии геологӣ-аксбардорӣ ва харитасозии монографияи «Луғати стратиграфии фанерозойи Тоҷикистон (Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ, соли 2012)» мебошад.     
Дар монография маълумоти зарурӣ оид ба стратиграфия, ки таърихи омӯзиши нимасра дорад, ҷамъбаст гардидааст ва китоби мазкур барои ҳамаи ихтисосҳои геологии дар ҳудуди Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя ҳамчун дастурамали ёридиҳанда хизмат мекунад. Дар соли 2014 монографияи  ӯ «Атласи гелиолитидҳои ордовики болоии Тиён-Шони Ҷанубӣ» дар нашрияи «Дониш»-и Академияи илмҳои ҷумҳурӣ аз чоп баромадааст.  Монографияи мазкур на танҳо барои мутахассисони палеонтология ва стратиграфия, балки барои донишҷӯёни донишгоҳҳо низ дастури муфид мебошад.
Нарима Оспанова муаллифи якчанд шартҳои илмии бунёдӣ аст, ки на фақат назарияро мукаммал менамояд, балки илми ватаниро ба нақшаи пешқадам такон медиҳад. Бояд зикр намуд, ки айни замон назарияи таҳаввулот дар марҳалаи коркард қарор дорад ва корҳои олим дар ташкили назарияи таҳаввулот саҳми арзандае доранд. Аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Нарима Оспанова барои ихтирои шартҳои илмӣ чор Шаҳодатномаи муаллифӣ гирифтааст.
Мавсуф ҳамчун олим дар рушди соҳаи геологияи тоҷик саҳми арзанда дорад. Ӯро тамоми доктору номзадҳои соҳаи геология, мутахассисону кормандони он эҳтиром мекунанд, аз ӯ нисбат ба масъалаҳои ҳалталаб маслиҳат мепурсанд. Вай дар ҳалли тамоми мушкилоти геологӣ ба ҳамкорон мусоидат менамояд, барои таҳияю роҳандозӣ барномаҳои геологӣ чораҳои бетаъхир меандешад.
 Ҳангоми фаъолият дар Институти геология Нарима Оспанова худро дар пешрафти корҳои илмӣ ва иҷрои корҳои ҷамъиятӣ чун бонуи фаъолу ташаббускор нишон додааст. Вай чун узви Шӯрои занҳои академия дар тарбияи занону духтарон саҳми арзанда дорад, онҳоро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан, илмомӯзӣ ташвиқу тарбия менамояд.
 Имрӯз ӯ ба ҳайси сарходими илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ  фаъолият дорад.  Ҳамчунин аз 1 сентябри соли 2014 ба ҳайси дотсенти кафедраи «Иқтисодӣ ва идора дар соҳаи геология ва корҳои кӯҳӣ» - и факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошта, аз фанни асосҳои геология дарс медиҳад.
- Доктори илмҳои геологӣ Нарима Оспанова дорои қалби бузург ва фарҳанги баланди илмӣ аст, - мегӯяд Ю. Мамадҷонов, директори Институти геология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ, номзади илмҳои геология ва минералогия. - Ӯ рафиқи меҳрубон мебошад ва ҳама вақт ба хурсандии дигарон шарик аст.  Мақсади ниҳоии ӯ ба халқу Ватан, ба мардум хизмат кардан мебошад.
Хизматҳои шоистаи Нарима Оспанова дар рушди илми Тоҷикистон 7 августи соли 2014 бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардидааст.
           
Ҳоким КАРИМОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.14    №: 241-242    Мутолиа карданд: 11967

22.11.2017


Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров ва Ҷузе Алфонсо Зегбе Камарена

Густариши ҳамкориҳо бо Ҳиндустон

Дар Рашт таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ ба истифода дода шуд

Мусобиқоти варзишӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҷоми ҷаҳонро ба Тоҷикистон меоранд

Ҷаҳон дар як сатр

Башор Асад ба Русия барои «наҷоти Сурия» изҳори сипос намуд

Небензя: «Теъдоди ҷангиёни «ДИ» дар Афғонистон ба 10 ҳазор нафар расидааст»

Земан: «Ҳамкориҳои Русия бо Чехия вусъат меёбанд»

Теъдоди аҳолии Чин ба 1,399 миллиард нафар расид

Ду ҳавопаймо тавассути интернет – музояда ба савдо рафт

NASA ба Моҳ астронавтҳоро яксола фиристоданист

21.11.2017


Муаррифии китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон»

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон

Ифтитоҳи бинои раёсати адлияи ВМКБ

«Шабе дур аз Ватан» дар Владикавказ намоиш дода мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

Туркманистон аз кишварҳои амнтарини дунё эътироф гардид

Конгресси ИМА аз алоқаи Трамп бо Русия ягон далел наёфт

Ҷустуҷӯи киштии зериобии Аргентина шурӯъ шуд

Олмон ба кӯдакон бастани соатҳои «доно» - ро манъ намуд

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед