logo

илм

БОНУЕ, КИ ШАХСИЯТИ ҶАҲОНӢ ШУД

Дар бомдоди умедбахши давлатдории навини халқамон - 20 декабри соли 1924 дар хонадони сокини маҳаллаи овозадори Пӯлодони шаҳри бостонии тоҷикон - Конибодом Муллоҳафиз, ки ду сол пеш баъди хатми яке аз мадрасаҳои Бухорои Шариф ба зодгоҳ баргашта буд, тифлаке ба дунё омад. Модараш Ойишахон нахустфарзандашро бо умед Саъдиннисо номид, ки зани хушбахт бишаваду ояндаи нек насибаш бошад. 

Баъдан Ойишахон соҳиби боз чор фарзанд шуд ва дар нигоҳубини онҳою корҳои хона Саъдиннисои хурдсол ёвари ҳақиқии модар гардид. Баъзан ин корҳо ба дилаш мезад, - охир, ҳанӯз кӯдак буд! – ва, “қаҳр” карда, ба хонаи тағояш Мансур ва ё модаркалонаш мерафт.  Дар ин ду хона Саъдиннисои кӯчакро беҳад дӯст медоштанду ҳамаи гуфтаҳояшро ба ҷо меоварданд. Вале, дере нагузашта, хоҳару додараконашро ёд мекарду “қаҳр” - ашро аз ёд бурда, боз ба хонаашон бармегашт.
Боре, ҳангоми яке аз чунин “қаҳркунӣ” - ҳо, дар болохонаи модаркалонаш ба як тӯда маҷалла бархӯрд ва диққаташро ҳарфу тасвирҳои онҳо ҷалб намуд. Бо шавқу исрор аз тағояш Набиҷон чӣ будани он ҳамаро мепурсид ва дере нагузашта, бо ёрии ӯ алифбои лотиниро омӯхта, хонда метавонистагӣ шуд. Он вақт акнун ба панҷсолагӣ қадам мегузошт.
Якуми сентябри соли 1930, як дафтару як пора нон гирифта, пинҳонӣ аз волидон ба мактаби гузар рафт. Бовар дошт, ки қабулаш мекунанд, охир, алифборо медонаду хонда метавонад! Лекин аз муаллимони орому меҳрубон дигар суханҳо шунид: “Бачаҷон, ту ҳоло хурдӣ, ақаллан шашсола нестӣ. Ба хонаатон бираву бо дугонаҳоят зочабозӣ бикун”!
Расо баъди як сол, дар ҳамон рӯзу соат Саъдиннисоро ба мактаби нав, ки ҳамагӣ як синфхона дошт, қабул карданд. Духтарчаи дӯстрӯяку зирак диққати муаллимаи ҷавону навкорро ба худ ҷалб намуд ва дере нагузашта, Умриннисо Назирова устоди дӯстдоштаи Саъдиннисо шуд. Оре, ҳамон омӯзгори номдоре, ки баъдан Муаллимаи хизматнишондодаи ҷумҳурӣ, вакили мардумии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон гардид. Саъдиннисо бо талоши худу раҳнамоии он зани меҳрубону оқила, барномаи чорсоларо дар ду сол азхуд карда, синфи чорумро ба охир расонид.
Соли 1933 қаҳтиву гуруснагӣ тамоми кишвари бузурги шӯравиро фаро гирифт. Муллоҳафизу Ойишахон дар хӯрондану пӯшондани панҷ фарзанд бисёр азоб кашиданд ва бо маслиҳат Саъдиннисоро ба омӯзишгоҳи тиббии назди беморхонаи шаҳр бурданд. Падар худ дар он ҷо кор мекард ва медонист, ки таҳсил, сару либос ва ғизои хонандагонаш аз ҳисоби давлат аст. Бо ин кор ду мақсад ба даст омад: ҳам Саъдиннисо, ки саъю кӯшиши зиёд дошт, соҳиби касб мешуду ҳам аҳволи моддии хонадон сабуктар. Дар ҳақиқат, ҳамин хел шуд. “Духтари калони хона”, ки нав синни нуҳро пур мекард, дар он солҳои гуруснагӣ, қаҳтӣ ва хунукӣ туфайли заҳмату хониши аъло ба оила бисёр ёрӣ расонид.
Мутаассифона, соли дигар омӯзишгоҳро баста, ба хонандагон пешниҳод карданд, ки таҳсилро дар омӯзишгоҳи тиббии Хуҷанд давом бидиҳанд. Табиист, ки модар ба ҷудоӣ аз духтари хурдсолаш розӣ нашуд, лекин Саъдиннисо боз ҳам қатъияти модарзодӣ нишон дод ва бо дастгирии тағояш Мансур ба маркази вилоят рафт. Баъди хатми бахши дусолаи тайёрӣ ӯро ба курси якуми бахши фелдшерӣ гузарониданд, лекин идомаи таҳсил дар ин бахш муяссар нашуд, чунки оилаашон барои зисти доимӣ ба шаҳри Сталинобод кӯчид.
Бино бар хурд буданаш духтарчаро боз ба курси дуюми бахши тайёрии омӯзишгоҳи тиббии пойтахт қабул карданд ва ӯ ба душвории дигаре рӯбарӯ шуд – қариб ҳама дарсҳо бо забони русӣ мегузаштанд. Саъдиннисо, рӯҳафтода нашуда, ин мушкилиро ҳам бартараф кард. Бо ғайрати том ва саъю кӯшиши зиёд ба хондани адабиёти русӣ шурӯъ намуд. Ҳар китоби русиеро, ки ба дасташ меафтод, зуд ва бо ташнагӣ хонда тамом мекард. Натиҷа ҳамин буд, ки баъди як сол, яъне дар дувоздаҳсолагӣ, бо забони русӣ озодона ҳарф мезаду менавишт.
Ана, дар ҳамон айём тақдир ба Саъдиннисо боз як зарбаи ҷонкоҳ зад: модараш, ки ҳанӯз сисола нашуда буд, фавтид ва ҳамаи ташвиши хона - нигоҳубини падар, хоҳару додарон ва модаркалони бемор ба дӯши ӯ афтод. Лекин, аҷиб, ки Саъдиннисои наврас шикаста нашуд, баръакс, мардона миёнро маҳкам баста, ба майдони талоши зиндагӣ даромад. Он ҳама фоҷиаҳо, азоби ятимӣ, нодориву гуруснагиҳо дили ӯро на сангин, балки нармтар намуд ва дар вуҷудаш ҳисси бетараф набудан ба дарду ғами дигарон, дасти ёрӣ дароз намудан ба муҳтоҷонро ҷой кард. Аз ҳамон вақт оғоз ёфт муборизаи умрбоду беамони вай барои ҳифзи ҳаёти модарон ва тамоми ҳаёт шиораш ин буд, ки “Ба ятимӣ набояд роҳ дод”!
Ду соли пур аз азобу изтироб ва шабҳои бехобӣ гузашт. Соли 1938 падар зани нав гирифт ва бо ду писарчааш ба Конибодом баргашт. Саъдиннисову Қумриннисо, бе наздикон ва хешу табор, бе ягон воситаи зист, дар пойтахт монданд. Онҳоро дар хобгоҳи омӯзишгоҳи тиббӣ ҷой доданд. Аввал хеле азоб кашиданд, рӯзҳое буд, ки бо як бурда нону як пиёла об қаноат мекарданд. Хушбахтона, “ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз” ва аз шарофати донишу ҳунар боз бахт ба рӯи хоҳарон хандид – маъмурияти омӯзишгоҳ ба Саъдиннисо, ки аз байни ҳамгурӯҳон забони русиро хубтар медонист, тарҷимаи фанҳои неврология, психиатрия ва рентгенологияро пешниҳод кард. Музди як соати академикии он се сӯм баҳо дошт, ки дар он замон пули кам набуд. Ин туҳфаи тақдир ба нимятимакон имкон дод, ки шароити зисташонро беҳтар намоянд, ғизои серӣ бихӯранду дасту пои сармозадаашонро табобат кунанд.
Соли 1939, дар синни понздаҳсолагӣ, Саъдиннисо бахши фелдшерии Омӯзишгоҳи тиббии Сталинободро тамом кард. Донишу қобилияташро ба назар гирифта, барои давом додани таҳсил дар Донишкадаи тиббии шаҳри Маскав тавсияаш намуданд, лекин падар, ки нияти ба шавҳар додани нахустдухтарашро дошт, розӣ нашуд. Хушбахтона, ҳамон сол дар пойтахти ҷумҳуриамон Донишкадаи тиббӣ дарҳои худро ба рӯи донишҷӯён боз намуд ва Саъдиннисо яке аз донишҷӯёни аввалини он гардид.
Дере нагузашт, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд ва дар ҳаёти хурду калони кишвар, аз ҷумла Саъдиннисо, мушкилоти наву талошҳои нав барои зиндагӣ оғоз ёфтанд. Ӯ, ки шавҳар кардаву аллакай тифлаке дошт, ин азобу изтиробро шадиду бевосита эҳсос менамуд. “Мард бояд, ки ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон нашавад” – фармудааст бузургворе. Саъдиннисои аз ҳикмату заковати халқи хеш хуб огоҳу бархӯрдор ин панди ниёгонро ягон лаҳза ҳам фаромӯш намекард ва маҳз ҳамин мардонагиву мушкилнописандӣ дар он айёми тақдирсоз дастгираш гардиданд.
Соли 1943, дар синни нуздаҳсолагӣ, Саъдиннисо донишкадаро хатм намуда, ба фаъолияти ҷарроҳӣ оғоз кард. Баъди се соли кор ба аспирантураи соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ, ба Маскав фиристода шуд. Ба бахти вай роҳбари илмиаш, ҳам дар аспирантура ва ҳам дар докторантура, олими шинохта, Арбоби хизматнишондодаи илми Русия, профессор К.Н.Жмакин буд, ки ҳамеша бо қобилияту истеъдод ва меҳнатдӯстии шогирдаш (бо меҳр Софияҷон меномид ӯро) фахр мекард: «София Ҳафизовна Ҳакимова бегуфтугӯ шахсияти боистеъдод аст. Ман ба ояндаи дурахшони ин зани мумтоз боварии калон дорам. Он рӯз дур нест, ки муваффақиятҳои барҷастаи ӯ аз хеш дарак медиҳанд».  
Ҳимояи рисолаи доктории Саъдиннисо Ҳакимова дар ҷаласаи Шӯрои калони олимони Донишкадаи тиббии Маскав (МОЛМИ) нуҳуми июни соли 1958 баргузор гардид. Дар он шастучор нафар олими шинохтаи ҷаҳон аз ҷумлаи узвҳои вобастаю пайвастаи Академияи илмҳои ИҶШС иштирок доштанд ва зани тоҷик, дар назди он шуҳратмандон аз имтиҳон бомуваффақият гузашта, олими боистеъдоду донишманд буданашро бори дигар исбот намуд. Он замон вай ҳамагӣ сиюсе сол дошт. Ба баҳои олими намоёни соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ В.И.Бодяжина, ки дар он маросим гуфтааст, таваҷҷуҳ кунед: «Рисолаи доктории София Ҳафизовна Ҳакимова, бешак, устодона навишта шудааст ва истеъдоди бешубҳаи олими ҷавон, рушду тавсиаи донишу биниши ӯро дар раванди кори илмӣ тасдиқ мекунад. Захираи зеҳнии бузург дорад вай.  Нагуфта наметавонам, ки дар ин солҳо София Ҳафизовна дар пеши чашми мо корнамоии ҳақиқӣ нишон дод, ҳамчун мутахассиси ботаҷрибаи соҳа ташаккул ёфт... Бешубҳа, ин зани қаҳрамон намунаи ибрати ҳамаи мост. Бояд тан дод, ки дар байни шогирдони профессор К.Н.Жмакин ва аз зумраи акушер-гинекологҳои ҳамнаслаш Софияҷон Ҳакимова дар тамоми мамлакат, бешак, баистеъдодтарин аст. Ба ояндаи бузургаш шубҳае надорам».
Баъди ин С.Ҳакимова бистусе сол кафедраи акушерӣ ва гинекологии Донишкадаи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро (ҳоло донишгоҳ) сарварӣ намуд. Бо ташаббус ва кӯшишҳои пайгиронаи вай Таҳлилгоҳи илмӣ - тадқиқотии проблемавӣ ва баъдтар дар заминаи он Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии модару кӯдак таъсис дода шуд, ки то соли 1993 роҳбарии онро худ ба уҳда дошт. Таъсиси ин марказҳои пурқуввати илмӣ ба пайдо шудани шароит барои тадқиқот оид ба таваллуд, инчунин омӯзиши касалиҳои мураккаби занони ҳомила мусоидат намуд ва ба сарварашон шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта мактаби илмӣ - амалии акушер - гинекологҳои Тоҷикистон, ки бо номи “мактаби Ҳакимова” дар тамоми ҷаҳон машҳур гардид, рушду нумуъ кард ва сабаби чунин шуҳратёрии ин мактабу муассиси он коркарду тадқиқот оид ба масъалаҳои муҳиму мушкилоти ҳаррӯзаи соҳаи тандурустӣ ва натиҷаҳои назарраси кор буд, ки аҳамияти калони амалӣ доштанд. Мавриди зикр аст, ки ин корҳо ба осонӣ даст надодаанд, балки барои ҳар кадомашон ин зани ватандӯсту миллатдӯст бисёр заҳматҳо кашидаву монеаҳои бешумори бюрократияи он замонро бартараф кардааст. Чизи дигаре низ мусаллам аст, ки агар мавсуф мутахассиси маъруфи соҳаи худу шахсияти соҳибэътибори доираҳои илмии шӯравӣ намебуд, багумон, ки ин корҳои мондагор муяссар мешуданд.
Соҳиби ин мактаби илмии ҷаҳонӣ доимо беғаразиро дар фаъолияти табиб ва покизагиро дар тадқиқоти илмӣ ташвиқ мекунад ва худ намунаи чунин хислатҳои нек аст. Ин профессори шуҳратманд нуҳ доктор ва сӣ номзади илми тибро тайёр карда, ба омодагии сиюҳафт нафар номзадҳои илми тиб дар аспирантураҳои мақсадноки муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои тиб ва Вазорати тандурустии ИҶШС мусоидат намудааст.
Саъдиннисо Ҳакимова фақат табибу олим нест, шахсият аст. Шахсияти бузурге, ки дар соҳаҳои фалсафа, таърих, забону адабиёт ва мусиқӣ ҳам дониши васеъ дорад ва онро ба шогирдону наздикон ва тавассути рисолаву мақолаҳои илмиву оммавиаш ба тамоми ҳамдиёрон тарғибу ташвиқ менамояд. Барои заҳматҳои беғаразонаи тӯлониаш баҳри ҳифзи солимии модарон ва кӯдакон, маҳорати баланди табибӣ, асос гузоштани мактаби илмии акушер - гинекологҳои Тоҷикистон Саъдиннисо Ҳакимова бо бисёр унвону мукофотҳои давлатӣ қадр карда шудааст, ки орденҳои Ленин, “Дӯстии халқҳо”, “Нишони фахрӣ”, медалҳои “Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945”, “Аълочии соҳаи тандурустӣ”, “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, унвони Арбоби шоистаи илми РСС Тоҷикистон аз он ҷумлаанд.
Дар чилупанҷсолагӣ тавассути озмуни басо серталабу босалоҳият узви вобастаи Академияи илмҳои тибби ИҶШС интихоб шудани нахустдонишҷӯи Донишкадаи тибби Тоҷикистон, якумин зан - ҷарроҳи ҷумҳурӣ, аввалин зан - номзад ва доктори илмҳои тиб, якумин ва ягона зан - узви вобастаи Академияи илмҳои тибби Иттиҳоди Шӯравӣ аз Осиёи Марказӣ худ сароғози як достони ҷустуҷӯю бозёфт ва шуҳратёриву номбардории ин зани сарбаланду донишманди тоҷик, ин шоҳсутуни илми тибби кишвар, ин вориси намоёну арзандаи аллома Абуалӣ ибни Синост. Омӯхтани ҳаёти намунавии чунин шахсиятҳо ниҳоят ибратангез буда, дар ташаккули ҳар як инсон, бахусус насли наврас, аҳамияти беҳад калон дорад. Шахсан ман бисёр фахр мекунам, ки шогирд ва давомдиҳандаи кори чунин устод ва олими барҷастаи замон мебошам.

Мунаввара ДОДХОЕВА,
узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон, профессор,мудири кафедраи акушерӣ - гинекологии Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино,Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.14    №: 244    Мутолиа карданд: 10458

29.03.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Мозен Шомия

Баргузории Форуми байналмилалии сатҳи олӣ

Тавсеаи ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон

Дар Хуҷанд муҷассамаи қаҳрамонҳои филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» гузошта шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Муҳориба дар Хома қариб 30 ҳазор нафарро гуреза кард

Эътирози қудратҳои ҷаҳонӣ аз тарҳи манъи силоҳи ҳастаӣ

Парламенти Шотландия ҷонибдори раъйпурсии нав шуд

Қирғизистон: ҳалокати чор корманди вазорат дар зери тарма

Хуруҷи менингит боиси марги 140 сокини Нигерия гашт

Дар Ӯзбекистон дорухонаҳои гароннарх баста мешаванд

28.03.2017


Изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ

Иштироки Сироҷиддин Аслов дар чорабинии сатҳи баланд

Файзулло Холбобоев ба Президенти Молдова эътимоднома супурд

Таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар Москва

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёҳои Элок ва Кофарниҳон

Тантанаҳои наврӯзӣ дар Фархор

Омодагӣ ба хатарҳои эҳтимолӣ ё машқҳои муштараки зиддитеррористӣ дар Хатлон

Ҷаҳон дар як сатр

Кӯшиши муштараки Русия ва ИМА метавонад ҷанги Сурияро хотима бахшад

ЮНЕСКО барои ҳифзи ёдгориҳо аз терроризм 75,5 миллион доллар ҷудо мекунад

Дар Перу як шаҳр зери об монд

Ҳазор доллар барои тарки ихтиёрии Австрия

Twitter қариб 400 ҳазор сафҳаро баст

18.03.2017


Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Баррасии ҷалби ширкатҳои Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳо

Вохӯрии Сумангул Тағойзода бо Пратибҳа Меҳта

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон матраҳ гардид

ЛАХШ. Сар аз як гиребон

16.03.2017


«Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили об»

Ҷаласа дар ҳузури Азим Иброҳим

Боздиди сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Венҷоу

Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед