logo

илм

ЧУ ШЕЪРИ РӮДАКӢ ЗЕБОСТ

Забони модарии мо, яъне забони адабии тоҷикӣ, дар айни ҳол бемайлон аз ҳар ҷиҳат рушд менамояд, ки онро метавон яке аз дастовардҳои бузург ва меваҳои ширини замони истиқлолият арзёбӣ кард. Забон чун мавҷудияти зинда яке аз рукнҳои давлату давлатдории миллӣ буда, онро бузургон беҳуда пояи миллат нахондаанд. Вале ин  поя ва рукни муҳими давлату миллат ҳамеша ба нигоҳубини пайваста ва ғамхории дилсӯзона ниёз  дорад.

Аз  як тараф, агар  ин ғамхорӣ дар сатҳи умумимиллӣ ва аз ҷониби сохтору ниҳодҳои давлатӣ  пайваста сурат гирад, аз тарафи дигар, таҳкиму устувории ин рукн ҳисси  баланди масъулият ва муҳаббату муносибати дилсӯзонаи ҳар яки мо – шаҳрвандони кишварро, бахусус, соҳибони ин забонро дар ҳамаи зинаю қишрҳои иҷтимоӣ ва ҳаёти рӯзмарра тақозо мекунад.
Бояд гуфт, ки забони адабии тоҷикӣ низ мисли ҳар як забони дигар вобаста ба иҷрои вазифаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба шохаҳои услубӣ тақсим мешавад, ки ин шохаҳои услубиро метавон ба ду гурӯҳ – услуби гуфтугӯйӣ ва услуби китобӣ ё хаттӣ ҷудо кард, ки ин ду шакл байни худ алоқаи қавӣ дошта, ба ҳамдигар ҳамеша таъсири мутақобила барои такмили якдигар доранд. Услуби китобӣ ё хаттӣ меъёрҳои муайяни таърихии худро доро буда, дар навбати худ чор навъ мешавад: илмӣ, публитсистӣ, бадеӣ ва идорӣ ё расмии коргузорӣ. Вижагии барҷастатарини забони адабӣ дар он аст, ки дорои сохти ягона буда, барои мардуми ҳамаи маҳалҳо умумӣ аст ва доираи васеи истеъмол дорад. Гузашта аз ин, забони адабӣ дар робита бо забонҳои дигар дар рушди доимӣ аз дер боз ё ба таври дигар аз замонҳои қадим инҷониб қарор дорад.   
Мусаллам  аст, ки  аз  замонҳои қадим дар  як  минтақа қавму  миллатҳои  мухталифу  гуногунзабон  дар  ҳамзистӣ  зиндагӣ доштанд  ва  доранд. Чун  гурӯҳи  зиёди  халқҳо дар як ҷо  зиндагӣ менамоянд  ва  забони  гуфторашон  аз  нигоҳи  баромад  бо  ҳам  хеш  ё  бегонаанд, вале  дар  пешбурди  ҳаёти  иҷтимоӣ, иқтисодӣ  ва сиёсӣ  дар  байни  ин  забонҳо равобити тарафайн арзи ҳастӣ менамоянд. Ба  вуҷуд омадани  равобити  забонҳои  як минтақа водор мекунад,  ки  иттиҳоди  забонҳо  ба  вуҷуд  ояд.
Дар забоншиносӣ истилоҳи гурӯҳи забонҳои ба ҳам  хеш дар  асрҳои XVIII – XIX мелодӣ ба вуҷуд омада, аз ҳамин нигоҳ забонҳои дунё ба оилаву  гурӯҳҳо тасниф гардида  бошанд, дар охири садаи ХХ мафҳуми иттиҳоди забонҳо ба вуҷуд меояд, ки зимни  маънои ин  мафҳум  забонҳои  як  минтақа  новобаста  ба  кадом  гурӯҳи  забонҳо  ё оилаи  забонҳо  мутааллиқанд, фаҳмида  мешавад. Дар  Осиёи Марказӣ иттиҳоди  забону  гӯйишҳои гурӯҳи эронӣ (забони форсии  тоҷикӣ, забонҳои  помирӣ, забони яғнобӣ) ва  забону гӯйишҳои гурӯҳи  туркӣ ( ӯзбекӣ,  қарақалпоқӣ,  ӯйғурӣ,  қирғизӣ, туркманӣ,  қазоқӣ  ва ғайра) мавҷуданд,  ки  ин  иттиҳоди  забонҳо  дар  шароити  феълӣ  аз  ҳамдигар  баҳрабардорӣ  менамоянд.  Дар  забоншиносӣ  усули баҳрабардорӣ аз ҳамдигарро равобити забонҳо меноманд, ки дар шароити  истиқлоли давлатҳои миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ин омил боз ҳам афзунтар  мегардад. Дар байни ин иттиҳоди  забонҳо забони модарии мо – форсии тоҷикӣ таркиби  луғавии пурғановатро доро буда, дар он роҳу шева ва  пояҳои  калимасозиву  истилоҳороӣ  ва  истилоҳпазирӣ  аз  дер  боз ба таври устувору мукаммал  вуҷуд дорад. Ин  забон чун  аз замони  ба пояи забони расмӣ - коргузорӣ расиданаш (аз асрҳои IX-X) то кунун баҳри пешбурди  ҳаёти иҷтимоиву  сиёсӣ ва иқтисодии мардуми гуногунзабону гуногунқабила хидмат менамояд. Дар замони муосир низ нақши забони  тоҷикӣ дар  қаламрави  Осиёи  Миёна  чашмгир  аст.  Зеро  дар  қаламрави собиқ Иттиҳоди  Шӯравӣ  давлатҳои миллӣ  падид   омада, забони  коргузории онҳо забони қавмҳое, ки номи ҷумҳуриҳо бо номи онҳо  ёд  мешавад, эътироф гардидаанд. Яъне дар Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  забони  ӯзбекӣ,  дар Ҷумҳурии  Қирғизистон  забони қирғизӣ, дар Ҷумҳурии Қазоқистон забони қазоқӣ ва дар Ҷумҳурии Туркманистон забони  туркманӣ  ба  сифати  забони  давлатӣ   расидаанд.  Бояд  эътироф кард, ки аз ин забонҳои номбурда аксарият таърихи тӯлонӣ ва собиқаи забони коргузориро надоштанд.  Бинобар  он, дар  шароити  феълӣ  соҳибони  ин  қабил  забонҳо  барои такмили соҳаи истилоҳот ва пурғановат гардонидани таркиби луғавии забони модариашон рӯ ба таркиби луғавии забони форсии тоҷикӣ меоранд. Яке аз рукнҳои  таблиғоти забони форсии тоҷикӣ дар ин минтақа матбуоти даврӣ мебошад. Зеро тавассути расонаҳои ахбори  умум  ҳамаи  навгониҳои  фарҳангӣ, иҷтимоӣ  ва  иқтисодӣ   дастраси  мардуми  гуногунзабон  мегарданд.  Ба  қатори васоити  ахбори  оммаи  минтақа  нақши  рӯзномаҳои  «Овози  тоҷик», «Садои  Сурхон»,  «Овози  Самарқанд», «Чағониён», «Сино» (бо ҳуруфи форсӣ), ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон нашр мешаванд  ва нашрияҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор мегарданд, инчунин барномаву гузоришҳои фарҳангиву сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодии садову симо ва намоишҳои театрии ин кишварро махсус қайд намудан мумкин аст, ки маводи нашрнамудаи ин нашрияҳо боиси  баҳрабардории нашрияҳои гуногуни минтақа мегарданд. Аз ин рӯ, рӯй овардан ё  барқарор  намудани  равобити забонҳо дар шароити феълӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо роҳҳои зерин сурат мегирад:
1. Дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ин кишварҳо дарси забони форсӣ ҷорист. Забони форсӣ ба сифати забони хориҷии шарқӣ дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ дарс дода шуда, ба ҳамин роҳ алифбои арабиасоси форсии тоҷикӣ чун унсури тамаддуну фарҳанги исломиву миллӣ омӯхта мешавад. Омӯзиши забони форсии  тоҷикӣ ва тадриси алифбои он, усули таълим дар макотиби оливу ҳамагонӣ бо воситаи матбуоти даврӣ таҷассум мегардад.
2. Дар гузоштани номҳои ашхос ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ аз таркиби луғавии забони форсии тоҷикӣ дар айни ҳол  хеле фаровон истифода менамоянд: Остона (пойтахти нави Қазоқистон), гул, дил, меҳр, ҳур, нигор, навоз (вандҳои номсоз - Сафаргул, Гулнор; Дилноз, Дилбар, Дилрабо; Меҳроб, Меҳрангез, Меҳрубон; Ҳуринисо, Меҳрнигор, Дилнавоз…) чун анҷомаи номгузорӣ хеле фаровон корбаст мегарданд.
3. Дар  мавриди  истилоҳсозӣ  ва  истилоҳпазирӣ  қолабҳои истилоҳсозии  забони  форсии тоҷикӣ дар хидмати забонҳои минтақа  қарор  доранд: сухангӯй, гӯянда - диктор,  наттоқ;  замин, офтоб, дил, кураи замин, дунё, модар,  дониш, хирад, донишманд,  Худо,  девон, девони  вазирон…
4.  Вожаву таркибҳои зиёди арабӣ  тавассути забони форсии тоҷикӣ ба таркиби  луғавии забонҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар гузаштаи дур ва ҳоло низ ворид гардидаанд ва  мегарданд, ки бо ин васила таркиби луғавии забонҳои мазкур ғаниву доро мегарданд;
5. Дар мавзеъҳои  зисти  аҳолии  омехта  вожаҳои  маҳаллӣ, истилоҳоти  ҳунармандӣ,  зироаткорӣ,  кишту  кор   ва  дигар  соҳаҳо  таъсири  гӯйишҳои   маҳаллии  тоҷикӣ бештар дида мешаванд. Чунки  мардуми эронинажод  эҷодгари фаъолияти  кишоварзианд  ва бештари номи олоти   меҳнат  низ   мансуби   забони   форсист; 
6. Дар  муносибати бозоргонӣ равобити  забонҳо, бахусус таъсири истилоҳоти соҳаи  бозаргонии  забони форсии тоҷикӣ  бештар  эҳсос  мегардад. Истилоҳоти  бозорӣ ба  ворид  гардидани  ашёи  зарурии рӯзгор  ва хӯрокворӣ, меваҷот аз  Ҷумҳурии Исломии Эрон ба  қаламрави  Осиёи Марказӣ марбут мебошад.
Дар  иртибот ба ҳамин  масоил  мо чанд  пешниҳоде дорем:
1. Ба таври бояду шояд ба омӯхтани яке аз қабатҳои таркиби луғавии забон,  ки иборат аз номвожаҳои ҷуғрофӣ мебошад, ҷиддан машғул гардидан ба манфиати  ҳамагон аст, зеро дар номгузории мавзеъҳои ҷуғрофӣ  осори  забонҳои эронӣ,  аз  ҷумла  форсӣ, суғдӣ,  бохтарӣ, хоразмӣ ва тоҷикӣ бештаранд;
2. Луғати истилоҳоти коргузории форсии тоҷикӣ бо якҷоягии дигар забонҳои  минтақа таҳия гардад, ба фоидаи кор хоҳад буд. Зеро чандин истилоҳи  коргузории форсии тоҷикӣ то кунун дар минтақа ва берун аз он номафҳум ва мансуби дигар забонҳо дониста мешаванд (парадиз ва аз ин вожа шакли парки юнонӣ, шакли фирдавси арабӣ, vard-гул, daina-дин, xazina - аз хазон, kazn–русӣ, қазон ба забони ӯзбекӣ, казино низ аз ҳамин ҷост, киоск-кӯшк, аз кохи хурдак, яъне хонаи хурд, вожаи қишлоқ аслан аз киштлох, яъне  замини  кишт), мебошад.
Ҳамин тавр, дар шароити феълӣ равобити забонҳои минтақа дар асоси омилҳои айнӣ (объективӣ) ба назар мерасанд ва бо воситаи омилҳои зеҳнӣ (субъективӣ) ба такмили ин ҷараён набояд халал расонд. Халалрасонӣ ба омилҳои густариши равобити забонҳои минтақа, бахусус ба забони форсии тоҷикӣ, ки яке аз забонҳои қадима ва неруманд мебошад, бар зарари баъзе забонҳои камиқтидору камнуфузи минтақа хоҳад буд. Зеро забони модарии моро дигарон на аз рӯйи ҳавас, балки аз рӯйи ниёз низ фаро мегиранд ва қолабҳои истилоҳсозиву истилоҳпазирии онро самаранок корбурд доранд ва дар воқеъ, шоир дар ин бобат дуруст таъкид кардааст, ки забони модарии мо – тоҷикӣ яке аз ширинтарин забонҳои дунёст ва чун шеъри Рӯдакӣ зебост:  
Чу шеъри Рӯдакӣ зебост,
Чу мусиқӣ фараҳафзост.
 Дар олам аз ҳама ширин
 Забони модарии мост.

Д. ҲОМИДОВ,
дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.14    №: 245    Мутолиа карданд: 13951

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед