logo

илм

ЗАМОН ВА МАВҚЕИ МУҲАҚҚИҚ

Бо ифтихор гуфтан мумкин аст, ки устоди улуми фалсафа, доктори илм, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Хаёлбек Додихудоев аз зумраи файласуфонест, ки баъд аз устод Алоуддин Баҳоваддинов дар Тоҷикистон ба арсаи фаъолият омаданд. Устод аз ибтидо  ба таърихи фалсафа рағбати бесобиқа пайдо кард ва ӯро риштаи адабиёти бой ва дар айни замон фалсафаи то ҳанӯз пурра кашфнашудаи исмоилӣ, ки дар таърихи халқи тоҷику форс мақоми хеле муҳим дошт ва осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни  Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва чандин дигар нобиғаҳои шеъру адаби тоҷик, ки бо ин наҳзати ақливу миллӣ алоқамандии зич дорад, ба худ сахт ҷалб намуд.

Ҳангоме ки Х. Додихудоевро ба шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ даъват карданд, ибтидо ба ӯ роҳи осони «таҳқиқот» - ро, яъне бархӯрди атеистӣ ба фарҳанги исломӣ, аз ҷумла бо ҳаракати исмоилия ҳамчун мазҳаби диниро пешниҳод карданд, ки он вақт ин кор бисёр роиҷ буд ва ағлаби олимон аз пушти «атеизми ҷанговар» соҳиби вазифа, мол ва ҷоҳу ҷалол мешуданд ва баъдан аз тариқи ҷамъияти таблиғотии «Дониш» маблағҳои бузургро ҳам  соҳиб мегардиданд, зеро арзиши мавъизаҳои атеистӣ дар муқоиса ба дигар мавзӯъҳои дигари илмӣ ба маротиб зиёд буд. Ба ғайр аз ин барои эҷоди симои ақибмондагӣ ва то ҳатто сиёҳи дини ислом ва мазҳабу равияҳои он ҳар гуна ҳангоматалабҳо замина гузошта буданд. Бояд эътироф намуд, ки устод Хаёлбек Додихудоев бо ин роҳ нарафт, ӯ риштаи таърихи фалсафаро ихтиёр намуд, ки он дар он давра имконият фароҳам меовард, ки кори илмӣ ва худи олим аз «сиёсат» ва пойбанди фақат як идеология будан ба андозаи имконпазир берун ва андешаҳои нисбатан мустақил дошта бошад. Бояд ёддошт намуд, ки ин ҳамон рӯҳияи озодии нисбие буд, ки баъд аз «баҳори хрушчёвӣ» ва оғози давраи брежневӣ дар солҳои шастуму ҳафтодум дар доираи як чаҳорчӯб муҳаққиқони таърихи фалсафаи мо аз он бархӯрдор буданд. Вале бояд эътироф намуд, ки он замон ҳам на ҳама гуна олим метавонист, ки аз ин озодӣ истифодаи оқилона бурда тавонад. Бояд гуфт, ки барои аз фасоди «идеологӣ» - и давр халос шудан аз олими замони шӯравӣ ҳадди ақалл се сифат ё фазилати инсонӣ талаб ва тақозо мешуд: 1) виҷдони пок, 2) ақлу тафаккури расо ва 3) иродаи қавӣ. Хаёлбек Додихудоев ҳамаи ин се сифатҳоро ба таври барҷаста дар ягонагӣ дар худ таҷассум намуда буд. Боиси зикр аст, ки сифатҳои зикргардида ҳанӯз ҳам ёвари устод мебошад, зеро воқеияти зиндагӣ чунин аст, ки дар сурати набудани яке аз ин се сифат дар акси ҳол он ду сифати дигар корношоям мегардиданд, ё олим ба он натиҷае ки зарур буд, намерасид. Тавъамии ин се сифат ва хислати устодро тамоми шогирдони кафедраи фалсафаи академия, ки устод Х. Додихудоев баъд аз ҳимояи бомуваффақонаи рисолаи номзадӣ сарварии онро ба уҳда дошта буд ва ҳоло аксарияти шунавандагони сабақҳои устод олимони варзидаи илмҳои гуногунанд, тасдиқ карда метавонанд. Дар замони истиқлолият баъди чанд муддате, ки ӯ ифои вазифаи раисии Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар Бадахшон ва баъдан роҳбарии Донишгоҳи давлатии Хоруғро ба дӯш дошт, ба ташкили муассисаҳои нави илмӣ, таъмини шароити кору ҷой барои устодону шогирдони донишгоҳ дар ин гӯшаи дурафтодаи кишвари тоҷик, ки он вақт хеле масъалаи мушкил маҳсуб меёфт, машғул буд ва дар ин роҳ дар ҳақиқат заҳмати зиёд кашид.
Бояд гуфт, ки кореро, ки Х. Додихудоев дар давоми солҳои 70 – 80 - уми асри гузашта, дар замони ҳукмронии ҳизби коммунистӣ анҷом дода буд, бесобиқа аст, зеро дар асл ин кор баробари кашфи як замини наве буд барои илм, ки он фалсафа ва адабиёти тамоили исмоилия доштаи тоҷик буд.  Устод дар ин давра асарҳои бунёдие дар риштаи таҳқиқи таърихи фалсафи исмоилия ба вуҷуд овард (Х. Д. Додихудоев. Очерки истории философии исмаилизма. Душанбе. 1976; Х. Д. Додихудоев. Философия крестьянского бунта. Душанбе. 1987), ки ҳоло бо эътирофи аксари доираҳои илмӣ дар донишгоҳҳову пажӯҳишгоҳҳои ватаниву хориҷӣ роҳнамои омӯзиши ин ҷараён гардидаанд. Истифодаи фаровони маводу хулосаҳо илмӣ ва тасдиқи андешаҳои профессор Х. Додихудоевро дар нашри охирини китобу мақолаҳои олимони хориҷӣ, аз қабили Ф.Дафтарӣ (Англия), А. В. Смирнов, Е. А.Фролова (Россия) ва ватанӣ Р. Назариев, С.Ҷонбобоев (Тоҷикистон) ва ғайра дидан мумкин аст. Х. Додихудоев, муҳаққиқи ин ҷараёни фикрӣ, ки ҳамвора бо вуҷуди ҳазорҳо мушкилоти сиёсии таърихӣ, мазҳабӣ, фарҳангиву ҷаҳоншиносӣ бо қалби шикастнопазир мақоми ин ҷараёни фикриро дар дифоъ аз мақоми илму фалсафа дар тамаддуни исломӣ (дар мисоли давраи фотимиёни Миср), дифоъ аз арзишҳои миллӣ ва ватанпарастӣ дар муқобили юришҳои салибии фарангиҳо ва ҳамзамон аксуламал дар муқовимат бо салҷуқиҳо ва муғулҳои ғосиб (ба мисли ҳаракати Ҳасани Саббоҳ, ки Мирзо Фаталӣ Охундов ӯро «қаҳрамони миллии Эрон» хонда буд ва фаъолияти фалсафӣ ва адабии Сиҷистониву Муаййяди Шерозӣ, Кирмониву Носири Хусрав дар Хуросону Мовароуннаҳр) мекард. Устод борҳо аз муҳаққиқони фалсафаи тоҷик даъват ба амал оварда буд, ки барои бунёди ба ном «фалсафаи миллӣ» аз осори ин гуна мутафаккирон истифодаи бештар шавад.
Ҷустуҷӯи равандҳои миллатхоҳӣ дар осори фалсафаи гузашта доимо дар маркази диққати устод буд. Ин масъала дар солҳои истиқлолият водор сохт, ки ба мавзӯи фалсафаи миллии тоҷик, мақоми забону хати тоҷикӣ рӯ биёварад ва дар ин ришта оид ба унсурҳои фарҳанги миллӣ дар фалсафаи исломии асрҳои миёна силсилаи мақолаҳо ва баъдан рисолаеро иншо намояд (Х. Додихудоев. Цивилизация и культура. Душанбе. 2007; Хаёлбек Додихудоев. Философский исмаилизм. Душанбе. 2014). Дар навтарин асари худ, ки номаш дар боло омадааст, Додихудоев исбот мекунад, ки исмоилия як бахш ва унсури ҳаётан муҳими фарҳанги маънавии халқи тоҷик аст.
Бардошт аз бойгонии маънавии гузашта бояд  ба таври мунтахаб ва оқилона бошад, на тақлидкорона. Таърих, чунонки маълум аст, ду бор такрор мешавад, яке дар шакли фоҷиа ва дигаре дар шакли мазҳака (К. Маркс) ва барои мисол басанда аст, ки ба атрофи худ як назари кӯтоҳ дошта бошем ва аз инқилобҳои исломӣ, ки ба ҷуз муқовимати нобаробару фоҷиабор ва ноуҳдабароёна бо абарқудратҳои импералистӣ ба натиҷаи дигаре нарасиданд: ҳоло мебинем, ки тамоми озодиҳои фардии мардум қурбони нақшаҳои муқовимати нобаробар ва ғайриоқилона бо қудратҳои Ғарб гаштаанд. Мо набояд тақдири миллати худро боз ба як мазҳакаи дигар табдил бидиҳем. Дар ин кор ҷомеа ба сухани муҳаққиқону таҳлилгарони замони ҳозира ва инчунин осори гузашта эҳтиёҷ дорад, ки аз гузашта чӣ гуна дарсҳо гирифта шавад. Муҳаққиқони таърихи фалсафа, аз ҷумла Х. Додихудоев борҳо огоҳ намуданд, ки вазифаи таърихи фалсафа фақат бозгӯи мазмуни рисолаҳои асримиёнагии фалсафӣ нест, балки шарҳу тафсир ва таҳлили идеяҳои онҳо аз тариқи усулҳои муосири таҳқиқ аст. Мо бояд аз осори гузашта андешаҳои зиндаро барои пешрафт истифода барем, айбу нуқси осори гузаштаро рӯ ба рӯ гӯем, аз он барои замон бардошти оқилона дошта бошем. Дар акси ҳол устод хотирнишон мекунад, ки мо ҷомаеро аз сари нав ба ҳолати асримиёнагӣ мерасонем, ба сатҳи тафаккур, ҷомеаҳои деҳқонии (аграрии) гузашта, ба мисли Афғонистони ҳозира. Ба гузашта бояд чун ба манбаи илҳом ба умеди ояндаи накутар нигарист, на бо чашмони баста ва дилҳои реш барои пайвастан ба он аз сари нав.
Устод аз муҳтавои исмоилия ҳамчун ҳаракати ба худ хоси фикрӣ ва андешаи фарҳанги исломӣ огоҳии комил дорад. Ӯ ҳаргиз ба таблиғгари мазҳаб табдил нагардидааст ва то охир дар сатҳи муҳаққиқ ва олим ба таври воқеъбинона аз аслҳои ақлгароёна ва инсондӯстонаи ин наҳзати фикрӣ дифоъ мекунад ва ба ҷиҳатҳои бо гузашти замон куҳнашудаи он ишораҳо мекунад. Ин олими борикбин нишон медиҳад, ки ҳар гуна ҳаракати фикрӣ ҳалли ягон мушкилотеро нишон медиҳад, ки ибратбахш аст, вале он наметавонад, ки ба тамом мушкилоти инсониятро ҳал бикунад. Устод Додихудоев ду саҳми мактаби исмоилияро барои тамаддуни исломӣ ва таърихи фалсафа махсусан зикр мекунад, ки яке аз онҳо ин усули таҳлили исмоилиён, ки бо номи «таъвил» машҳур аст, аз тариқи он ҳар гуна сарчашмаҳои муқаддаси диниро метавон аз нигоҳи ақл шарҳу тафсир дод ва доираи танги «такрор» - у тафсир (аз доираи Сансара) баромада ба натиҷаҳои бештар ва навтар расидан мумкин аст. Ин усули таҳлили матн, ки дар илми ҳозира усули ҳерменевтика ном дорад, аслан ҳама гуна мамониатро аз байн мебарад, барои навоварӣ роҳ мекушояд ва дар ниҳоят зиддияти байни илм ва динро барҳам медиҳад. Ба ҳамин роҳ масъалаи навгонӣ ва эҷодкорӣ, он чи дар ислом бо номи «бидъат» бадном карда шудааст, роҳи то андозае қонунии худро дар каломи исмоилия пайдо кардааст. Бояд зикр намуд, ки дар осори Х. Додихудоев ҳоло мавқеи марказӣ таҳлили исмоилияи фалсафӣ дорад, ки дар он асарҳои муҳими намояндагони исмоилия, аз қабили ан - Насафӣ (ки бо номи Нахшабӣ дар таърих маълум аст), Абу Яъқуби Сиҷистонӣ, Абу Ҳотими Разӣ, Ҳамидуддини Кирмонӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Низории Кӯҳистонӣ ва ғайра мутафаккироне, ки дар баробари мактаби энсиклопедии «Ихвон – ус - сафо» имконияти ҳамоиши сулҳомези илм (фалсафа) ва динро, ки худ дар назария ва амалия нишон дода буданд, масъалаи раҳбариятро дар ислом баррасӣ мекарданд. Мақоми ин гурӯҳи мутафаккирон барои замони худ ва барои мо аз он иборат аст, ки онҳо барои таъбир, тафсир ва таъвили ботинии сарчашмаҳои муҳимтарини дини ислом (Қуръону ҳадис) саҳм гузошта буданд, ки он заминаро барои ба вуҷуд овардани назарияи илоҳиёти салбӣ ва инкшофи як намуди илми ҳерменевтика, яъне барои таъмини ниёзҳои нави иҷтимоӣ ҷустани маъниҳои нав дар сарчашмаҳои қадимӣ роҳ кушоданд. 
Нуктаи дигар - ин назари устод Хаёлбек Додихудоев дар мавриди назарияи ҷомеашиносии исмоилиён аст, ки таълимоти исмоилияро ба таври системанок омӯхта ба хулосае омад, ки саҳми ин ҷараён дар шинохти олам ва ҷомеа хеле бориз аст.
Боз як ҷиҳати муҳими таҳқиқоти Х. Додихудоев дар он аст, ки ӯ таҳаввули фикрии худро дар шинохти масоили фалсафаи исмоилия ба таври воқеӣ ба қалам меорад,  аз иштибоҳҳое, ки пештар худ ва дигарон дар баррасии масъалаҳо дошта буданд, чашм намепӯшад. Дар корҳои минбаъдаи худ, аз ҷумла ӯ таҳаввул (эволютсия) - и ҷараёни исмоилияро ошкор мекунад ва мебинад, ки ин ҷараён дар рафти таърих лаҳзаҳои гуногунро аз сар гузаронидааст.

Сунатулло ҶОНБОБОЕВ,
номзади илми фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.14    №: 246    Мутолиа карданд: 13230

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед