logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии ШАД СААД, шаҳри Москва, Федератсияи Русия, 23 декабри соли 2014

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Аз натоиҷи иҷлосияи Шӯрои Амнияти дастаҷамъии СААД изҳори қаноатмандӣ карда, мехостам бигӯям, ки мулоқоти имрӯза қадами нави муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар ҳошияи созмон, афзун намудани қудрату имкониятҳои он барои мубориза бо хавфу хатар ва ситезаҷӯиҳои ҷиддие гардид, ки ҳамаи мо дучори онҳо мешавем. Баррасии муфассали вазъияти мураккаби ҷаҳон ва минтақаи СААД мавриди мубоҳисаю муҳокимаҳои мо қарор доштанд.
Мо кореро, ки дар давраи раёсати Русия дар СААД анҷом дода шуд, ба дараҷаи баланд арзёбӣ кардем. Тоҷикистон сиёсатеро, ки мақсад аз он такмили механизмҳои мавҷуда ва густариши ҳамкорӣ бо фарогирии соҳаҳои нав аст, идома медиҳад.
Тоҷикистон бархе тадбирҳоеро пеш гирифт, ки бояд доираи мақсадҳоро дар ҳошияи вазифаҳои имрӯз ҳалшаванда васеъ намуда, ба кори муштараки мо қувваю вусъати иловагӣ бахшад. Онҳоро шарикони мо дастгирӣ намуданд ва ҳамаи мо аҳд кардем, ки барои татбиқи муваффақонаи мақсаду вазифаҳои пешгирифта ҳамаи чораҳои заруриро бинем. Дар баробари ин ба зарурати иҷрои ҳатмии қарорҳои қаблан қабулшуда аз ҷониби ҳамаи аъзои созмон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Мо ният дорем он кори созандаро, ки гузаштагонамон барои рушду густариши равандҳои афзун намудани имконоти созмонамон ба манзури таъмини ҳаёти бехатару ороми халқҳоямон, ки ҳангоми таъсиси СААД ба ҳайси мақсади асосӣ зикр шуда буд, давом диҳем. Мо ба ҳалли вазифаҳои таъхирнопазири эътинои дастаҷамъӣ ба хавфу хатари мавҷуда, ки, мутаассифона, коҳиш наёфта, балки тамоюли афзуншавиро доранду мо инро на фақат дар мисоли Шарқи Наздик, балки дар Афғонистони бароямон наздик низ мебинем, таваҷҷуҳ зоҳир менамоем.
Ҳамзамон мо барои ба таври шоиста рӯи кор овардани чорабиниҳо бахшида ба ҳафтодсолагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор мекунем.
Тоҷикистон барои афзун намудани неруи сулҳомези СААД, баррасии масъалаи истифодаи самарабахши қувваҳои дастаҷамъи созмон ҳангоми ҳалли вазифаҳои мухталиф, таҳкими танзими ҳамкории хадамоти наҷотдиҳанда дар ҳолатҳои фавқулода якҷоя бо шариконаш дар созмон саъю кӯшиш менамояд.
Мо ҳамчунин аҳд кардем, ки кори алҳол иҷрошавандаро такмил дода, бахшҳои онро дар ҳошияи амалиётҳои ҳарсолаи созмон, ки натиҷаҳои хуб бахшида ва фоидаи назаррас меоранд, такмил диҳем. Ин мисоли хуби ҳамкории зичи хадамоти мухталиф аст, ки мо онро на фақат рушд медиҳем, балки мехоҳем дар самтҳои дигари калидӣ низ паҳн намоем. Сабаби қабули Стратегияи зидди фасод то соли 2020 ва бархе қарорҳои дигар, зарурати афзун намудани саъю кӯшишҳо дар самти мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткорӣ дар фазои иттилоотии электронӣ, ҷалби шаҳрвандонамон ба сафҳои гурӯҳҳои террористӣ ҳамин аст.
Мехостам ба масъалаҳои ҳоло мубрамтарини мубориза бо терроризм ба таври махсус дахл намоям. Зуҳуроти сершумори ин марази аср на фақат дар минтақаи масъулияти созмонамон, аз қабили, масалан, ҷинояткории ба қарибӣ дар шаҳри Пешовари Покистон содирнамудаи террористон, балки ҷиноятҳои дар қисмҳои дигари кураи Замин, аз ҷумла Аврупо ва Австралияи дурдаст содиршуда чунин ҳақиқати бебаҳсро тасдиқ менамоянд, ки ягон давлат аз ин марази ҷаҳонӣ эмин нест. Мо дар баробари ин мефаҳмем, ки он ҷинояткориҳои даҳшатовари асримиёнагӣ, ки дар Шарқи Наздик, масалан, таҳти парчами ба ном «ҷиҳод» содир мешаванд, бо симои равшани ислом, ки чун ҳамаи динҳои ҷаҳон муборизи роҳи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва тараҳҳум аст, ягон умумияте надоранд.
Бинобар ин мо чунин мешуморем, ки ҷалби шаҳрвандонамон ба ин равандҳои ҳалокатовар ҳамон зуҳуротест, ки на фақат сохторҳои дахлдори мо, балки табақаҳои васеътарини аҳли ҷамъият бояд зидди он мубориза бурда, накукориро ба миён орад ва маразу касофатро рад кунад.
Чунин аст вазифаи раёсати Тоҷикистон дар СААД барои давраи пешорӯи яксола. Мо аминем, ки кори мураккаби муштаракамон барои ҳалли онҳо имкон медиҳад, ба мақсадҳое расем, ки созмон ба хотири онҳо арзи вуҷуд дорад.
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Мехостам ин лаҳзаи гувороро барои он истифода намоям, ки шумо - аҳли қаламро бо фарорасии Соли Нав аз таҳти дил муборакбод намуда, ба ҳар кадоми шумо саодатмандӣ, тансиҳатии бардавом ва дар кори барои ҳамаамон душвор ва басо зарур муваффақиятҳои бештареро таманно дорам.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2014    №: 254    Мутолиа карданд: 814

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед