logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ДОХИЛ КАРДАНИ САРВАТҲОИ ФАРҲАНГӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод.511; с. 2008, №12, қ.2, мод. 1014) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ДАР БОРАИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ВОРИД КАРДАНИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ».
2. Моддаҳои 1 ва 2 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифз ва нигоҳдории мероси таърихию фарҳангиро муайян намуда, тартиби аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангиро муқаррар менамояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.».
3. Дар моддаи 3:
- дар моддаи мазкур ва минбаъд дар тамоми матни Қонун сархатҳо бо аломати дефис «-» ишора карда шаванд;
- дар сархати якум калимаҳои «сарватҳои» ва «фарҳангиро ифода мекунанд» мувофиқан ба калимаҳои «сарватҳои таърихию» ва «таърихию фарҳангӣ доранд» иваз карда шаванд;
- ба сархатҳои дуюм, чорум ва панҷум баъд аз калимаи «сарватҳои» калимаи «таърихию» илова карда шавад;
- дар сархати сеюм калимаҳои «дохил» ва «сарватҳои» мувофиқан ба калимаҳои «ворид» ва «сарватҳои таърихию» иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 4:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд»;
- ба қисми модда баъд аз калимаи «Сарватҳои» калимаи «таърихию» илова карда шавад;
- дар сархати чорум калимаи «гирдовардашудаҳои» ба калимаи «гирдовардаҳои» иваз карда шавад;
- дар сархати панҷум калимаҳои «табии илмӣ» ба калимаҳои «табиии илмӣ» иваз карда шаванд;
- сархати ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ба сифати мерос ё ҳадя бадастомада ва ё бо розигии мақомоти ваколатдори давлатии кишварҳое, ки ин сарватҳо аз қаламрави онҳо пайдо шудаанд;»;
- дар сархати ҳаштум калимаҳои «дохил гардонидашуда» ба калимаи «воридкардашуда» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 5:
- дар ном, қисмҳои сеюм ва чорум калимаи «дохил» ба калимаи «ворид» иваз ва баъд аз калимаи «сарватҳои» калимаи «таърихию» илова карда шаванд;
- дар қисми якум калимаҳои «дохил», «фарҳангиро» ва «Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқан ба калимаҳои «ворид», «таърихию фарҳангӣ» ва «мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм:
- матни қисм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг»;
- ба сархатҳои якум, дуюм, чорум, панҷум ва шашум баъд аз калимаи «сарватҳои» калимаи «таърихию» илова карда шавад;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- сарватҳои таърихию фарҳангии берунбаровардашаванда ва воридкардашаванда, инчунин муваққатан берунбаровардашаванда ва муваққатан воридкардашавандаро ба қайд мегирад;».
6. Дар моддаи 6:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «сарватҳои», «берун баровардашаванда» ва «дохил кардашаванда» мувофиқан ба калимаҳои «сарватҳои таърихию», «берунбаровардашаванда» ва «воридкардашаванда» иваз карда шаванд;
- дар қисми якум:
- аз сархати дуюм калимаи «худии» хориҷ карда шавад;
- дар сархати сеюм калимаи «дароварда» ба калимаи «оварда» иваз карда шавад;
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- сарватҳои таърихию фарҳангии бамеросмонда.»;
- дар қисми дуюм калимаҳои «моликияти ақлӣ» ва «мутобиқи қонунгузорӣ» мувофиқан ба калимаҳои «моликияти зеҳнӣ» ва «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 7:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «сарватҳои», «қонунгузорӣ» ва «Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқан ба калимаҳои «сарватҳои таърихию», «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «тибқи қонунгузории муқарраршуда берун бароварад» ба калимаҳои «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон берун барорад» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 8:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун бароварда намешаванд»;
- ба қисми модда баъд аз калимаи «сарватҳои» калимаи «таърихию» илова карда шавад;
- дар сархати дуюм калимаи «реестри» ба калимаи «феҳристи» иваз карда шавад;
- дар сархати сеюм калимаи «ҷамиятии» ба калимаи «ҷамъиятии» иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 9:
- ба ном ва матни модда баъд аз калимаҳои «сарватҳои» ва «Сарватҳои» калимаи «таърихию» илова карда шавад;
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавридҳои зерин муваққатан берун бароварда мешаванд:»;
- дар сархати панҷум калимаи «қонунгузорӣ» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
10. Дар моддаи 10:
- ба ном ва матни модда баъд аз калимаи «сарватҳои» калимаи «таърихию» илова карда шавад;
- дар қисми якум калимаҳои «Барои» ва «Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқан ба калимаҳои «Асоси» ва «мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг» иваз ва калимаи «асос» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми дуюм:
- матни қисм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз тарафи осорхонаҳои давлатӣ, бойгониҳо, китобхонаҳо ва махзанҳои дигари давлатӣ ариза ва ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мегарданд:»;
- дар сархати дуюм калимаҳои «квитансия», «амволӣ» ва «таъмини» мувофиқан ба калимаҳои «пардохтнома», «молумулкӣ» ва «назардошти» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаҳои «оиди» ва «дохил» мувофиқан ба калимаҳои «оид ба» ва «ба ҳудуди он давлат ворид» иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои «мегардад», «аввали» ва «гардидаанд» мувофиқан ба калимаҳои «мегарданд», «дуюми» ва «шудаанд» иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаҳои «аввали» ва «гардидаанд» мувофиқан ба калимаҳои «дуюми» ва «шудаанд» иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 11:
- ба ном ва матни модда баъд аз калимаи «сарватҳои» калимаи «таърихию» илова карда шавад;
- дар  сархати  панҷум калимаҳои «берун баровардашаванда» ба калимаи «берунбаровардашаванда» иваз карда шаванд.
12. Ба ном ва матни моддаи 12 баъд аз калимаи «сарватҳои» калимаи «таърихию» илова  ва калимаҳои «берун баровардашударо» ба калимаи «берунбаровардашударо» иваз карда шаванд.
13. Моддаҳои 13 ва 14 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 13. Кафолатҳои ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан ворид-кардашуда
Давлат ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашударо бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Моддаи 14. Манъи ворид кардани ашёи дигар дар намуди сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Ворид кардани маводи мундариҷааш фаҳшу бадахлоқона, ашёи дигар дар намуди сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо мақсади тағйир додани сохти конститутсионӣ, аз байн бурдани истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, тарғиби ҷанг, терроризм, зӯроварӣ, экстремизм ва нажодпарастӣ манъ аст.».
14. Дар моддаи 15:
- дар номи модда калимаи «дохил» ба калимаи «ворид» иваз ва баъд аз калимаи «сарватҳои» калимаи «таърихию» илова карда шавад;
- дар қисми якум баъд аз калимаи «Сарватҳои» калимаи «таърихию» илова карда шавад;
-дар қисми дуюм калимаҳои «ба дастовардани», «сарватҳои» ва «берун баровардашуда» мувофиқан ба калимаҳои «азхудкунии», «сарватҳои таърихию» ва «берунбаровардашуда» иваз карда шаванд.
15. Дар моддаи 16:
- ба ном ва матни модда баъд аз калимаи «сарватҳои» калимаи «таърихию» илова карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаҳои «Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шахсони ҳуқуқие, ки дар» ва «Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро» мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг», «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар хариду» ва «мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳангро» иваз карда шаванд.
16. Дар моддаи 17:
- ба номи модда баъд аз калимаи «сарватҳои» калимаи «таърихию» илова карда шавад;
- дар қисми якум калимаҳои «сарватҳои» ва «дохил» мувофиқан ба калимаҳои «сарватҳои таърихию» ва «ворид» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «сарватҳои» ва «аз рӯи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ» мувофиқан ба калимаҳои «сарватҳои таърихию» ва «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
17. Дар ном ва матни моддаи 18 калимаҳои «сарватҳои», «Сарватҳои», «банди аввали», «пардохти боҷҳои дигар озод мешаванд», «Хароҷотҳои» ва «оиди» мувофиқан ба калимаҳои «сарватҳои таърихию», «Сарватҳои таърихию»,  «қисми якуми», «дигар пардохтҳо озод карда мешаванд», «Хароҷоти» ва «оид ба» иваз карда шаванд.
18. Моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 19. Баргардонидани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Давлат барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани сарватҳои таърихию фарҳангие, ки ғайриқонунӣ берун бароварда шудаанд, чораҳо меандешад.
Муҳлати даъво ба талаб дар бораи баргардонидани сарватҳои таърихию фарҳангии ғайриқонунӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то эълони истиқлолияти давлатии он баровардашуда паҳн намегардад.
Моликони сарватҳои таърихию фарҳангии баргардонидашуда аз пардохти боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳо озод карда мешаванд.».
19. Ба ном ва матни моддаи 20 баъд аз калимаи «сарватҳои» калимаи «таърихию» илова карда шавад.
20. Дар моддаи 21:
- ба номи модда баъд аз калимаи «сарватҳои» калимаи «таърихию» илова карда шавад;
- дар матни модда калимаҳои «дохил» ва «қонунгузорӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ворид» ва «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз ва баъд аз калимаи «сарватҳои» калимаи «таърихию» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2014, № 1171


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2014, № 1664


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ»
ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2014, № 768


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.01.2015    №: 4    Мутолиа карданд: 869

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед