logo

энергетика

НЕРУГОҲҲОИ ХУРД ЧӢ НАҚШЕ ДОРАНД?

Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ва истиқлолияти энергетикист. Ба ин хотир ҳар сол барои таъмини эҳтиёҷи аҳолӣ бо неруи барқ бо дастгирии Ҳукумат ва сармоягузорони дохилию  хориҷӣ  дар ҷумҳурӣ неругоҳҳои хурди барқӣ сохта мешаванд.
Аммо бо вуҷуди бунёди ҳарчи бештари чунин неругоҳҳо талаботи аҳолӣ қонеъ намегардад. Солҳост, ки таъминоти барқ дар деҳот дар давраи тирамоҳу зимистон бо  реҷа сурат мегирад. Чӣ бояд кард, ки ин масъала ҳалли худро ёбад?
Вайсиддин Тиллоев, сардори шуъбаи таҳлил ва мониторинги неругоҳҳои хурд аз рӯи тамоми манбаъҳои Вазорати энергетика ва захираи оби ҷумҳурӣ, оид ба ин масъала изҳори назар намуда гуфт, ки   Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ  дар ҳамбастагӣ бо  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 феврали соли 2009 «Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсиланеругоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009 – 2020», дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ дар самти сохтмони НБО – и хурд, чораҳои зарурӣ меандешад.
Аз ҷумла соли 2013 дар мамлакат 8 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори аз 10 то 800 кВт/ соат сохта ба истифода дода шуд, ки иқтидори умумиашон 1816 кВт/ соат  мебошад. Ин неругоҳҳо 477 хоҷагӣ, 1 маркази ноҳия, 6 мактаб, 3  клуби маҳалла, 1 бунгоҳи тиббӣ,   8 чойхона ва дигар муассисаи хоҷагии халқро бо неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин менамоянд. Бояд гуфт, ки неругоҳҳои мазкур танҳо барои равшании хонаҳо, ба кор даровардани телевизор, компютер ва дигар асбобҳое, ки неруи барқро кам харҷ мекунанд, пешбинӣ мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир ҳатто як киловатт неруи барқ барои аҳолии ниёзманд ғанимати калонест. Ин аст, ки Ҳукумати мамлакат барои  ташкили неругоҳҳои хурд ба соҳибкорон имтиёзҳо дода, онҳоро аз пардохти андоз озод  кардааст.
Вобаста ба роҳандозии истифодаи васеи таҷҳизотҳои барқдиҳандаи офтобӣ ва бодӣ, вазорат бо як қатор ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ, аз ҷумла бо  Бонки осиёии рушд, Агентии энергетикии Олмон  «Dena», ширкати «Глобал Гигават» - и Нидерландия ва «ZTE» - и  Чин  ҳамкориҳои тарафайнро  ба роҳ монд. Тибқи нақша соли ҷорӣ вазорат ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, дар доираи «Барномаи таҳвили технология ва рушди бозор барои НБО - и хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаҳои кории сохтмони неругоҳҳои хурди «Ҳоҷидара» - и  ноҳияи Шӯрообод, «Пахтакор» - и ноҳияи Ҷиликӯл, «Ҳиҷборак» - и  ноҳияи Рашт ва «Сорво» - и  шаҳри Ваҳдат бо иқтидорҳои аз 100 то 370 кВт/ соат омода гардида, барои  ҷалб намудани сармоягузориҳо ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст.
Зикр кардан  ба маврид аст, ки ин неругоҳҳо воқеан ҳам ба мардуми ниёзманд мадад мерасонанд. Олмон, ки истеҳсоли неруи барқаш тавассути истгоҳи атомӣ сурат мегирад, сохтмони неругоҳҳои хурдро низ ба роҳ мондааст. Аз дарёчаҳо ва офтоб истеҳсол кардани неруи барқ ба нафъи мо мебошад. Ва аз ин сабаб айни ҳол дар ҷумҳурӣ бо ҷалби сармоягузории Ҳукумати мамлакат, Хазинаи Оғохон, маблағҳои грантии Ҳукумати Олмон, Агентии оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Кореяи Ҷанубӣ «Койка» ва сармоягузорони ватанӣ корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашии 9 адад неругоҳи  хурд бо иқтидори аз 20 то 10000 кВт/соат, ки иқтидори умумиашон 12885 кВт/ соатро  ташкил менамояд,  ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷумҳурӣ  аз соли 1991  то  2014  318 неругоҳ  бо иқтидори аз 5 то 4300 кВт/соат сохта шудааст. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 30, (1185 кВт/соат), Суғд 91 (10 ҳазору 18 кВт/соат), ВМКБ 48 адад (7 ҳазору 481 кВт/соат), ноҳияҳои тобеи марказ 149 (9 ҳазору 763 кВт/соат) мебошад, ки  дар маҷмӯъ иқтидори умумиашон 28448,5 кВт/соат - ро ташкил менамояд. Аз шумораи умумии  318 адад неругоҳҳои хурд 171 ададаш дар тамоми фасли сол ва 148-тои боқимонда дар мавсими маҳдудияти барқ дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон аз рӯи имкониятҳои  захираҳои оби мавҷудаашон истифода бурда мешаванд. Инчунин зикр бояд кард, ки  97 неругоҳи хурд  аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат, грантҳо  ва 221 ададаш  аз ҳисоби сармоягузорони ватанӣ сохта шудаанд. Илова бар ин, дар тавозуни  ШСХК «Барқи Тоҷик» 16 НБО – и хурд  қарор дошта,  то якуми декабри соли гузашта 9005 ҳазор кВт/соат  неруи барқ истеҳсол гардидааст.
Бояд гуфт, ки  ин неругоҳҳо дар дарёҳои хурд, дар шохоби дарёчаҳо сохта мешаванд ва аз рӯи захираҳои обӣ фаъолият менамоянд. Камбудии асосии неругоҳҳои хурд дар он аст, ки онҳо барои захира обанбор надоранд. Вақте дар дарё  об кам мешавад,  онҳо иқтидори  пурраашонро истеҳсол карда наметавонанд.  Аммо ҳолатҳое мешавад, ки неругоҳҳо дар як муддати муайян аз кор бозмемонанд. Ба ин камобӣ дар обанборҳо сабаб мегардад.  Баъзан  таъмири онҳо низ 10 – 15 рӯз давом мекунад, лекин  ин маънои онро надорад, ки онҳо пурра фаъол нестанд.

Нигинаи РАҲМОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.15    №: 9    Мутолиа карданд: 10878
28.06.2017


Хатлон. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ хуб ҷараён дорад

Ба хотири ғановати дастархони мардум

ШОҲҶОИЗА ВА ЧОР МЕДАЛИ БОНУВОНИ ТОҶИК

«КАФС». КОРХОНАИ НАВИ ХИШТ

Ҷаҳон дар як сатр

Покистон: оташгирии мошини нафтбар ва ҳалокати 140 нафар

Тоҷикистон ба низоми PosTransfer шомил мегардад

Аҳолии Қазоқистон ба 18 миллион нафар расид

Пас аз 7 сол Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ аз Чин мегузарад

Бишкек, Тифлис ва Миср - дар даҳгонаи арзонтарин шаҳрҳои дунё

Бердимуҳаммадов ба тараннуми фаъолтари дастовардҳои Туркманистон даъват намуд

22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед