logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакон дар шаҳри Ваҳдат, 19 марти соли 2009

Ҳозирини гиромӣ!
Дӯстони азиз!

Мардуми тоҷик аз қадимулайём дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ, яъне Наврӯзи Аҷам тибқи таомул ва суннатҳои писандидаи худ ба таҷдиду тармими хонаву дар, кӯчаву хиёбон, тозаву озода ва сабз гардонидани муҳити зист, оғози кишту кори баҳорӣ ва дар маҷмӯъ ба  корҳои ободониву созандагӣ машғул мешаванд.
Имсол дар Ватани азизи мо дар арафаи ин рӯзи фараҳбахш корҳои зиёди шоистае ба анҷом расидаанд, ки яке аз онҳо бунёди Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакони бемор  мебошад.
Ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи  ин марказ ва фарорасии соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик мегӯям ва бароятон саломативу сарбаландӣ ва рӯзгори хушу осуда орзу менамоям.
Воқеан, кӯдакону наврасон сарвати асосии ҳар як халқу миллат маҳсуб ёфта, ғамхорӣ ба кӯдакони маъюб ва ятиму  бепарастор, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ ва барқарорсозии саломатии онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат қарор дорад.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ тамоми тадбирҳоро меандешад, ки кӯдакон дар муҳит ва шароити шоиста зиндагӣ дошта бошанд ва аз имкониятҳои мавҷуда самарабахш истифода намоянд. Бо дарназардошти ин нукта, ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакатамон  масъалаҳои вобаста ба ҳифз ва беҳдошти саломатии модарону кӯдакон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон эълон гардида буд. Аз ин рӯ, соли 1993 Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқ Шӯравӣ аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, ба як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла «Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» ва «Конвенсия дар бораи бартараф намудани ҳамаи намудҳои зӯроварӣ нисбат ба занон» ҳамроҳ шуд ва онҳоро ба имзо расонид.
Дар ҳамин замина моҳи сентябри соли 2000 дар Женева бори аввал дар таърихи навини Тоҷикистон маърӯзаи миллии пешниҳодкардаи мо дар иҷлосияи Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак шунида шуд. Баъдан бо мақсади густариши фаъолият дар ин самт дар кишвар як силсила тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд, аз ҷумла моҳи сентябри соли 2001 Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Илова бар ин, дар ин давра доир ба ташкили беҳтари раванди ҳифз ва беҳдошти саломатии аҳолӣ, бахусус модарону кӯдакон як қатор асноди муҳим қабул гардида, ҷиҳати татбиқи онҳо хеле корҳо анҷом дода шуданд. Ҳоло дар мамлакат даҳҳо маркази саломатии шаҳриву ноҳиявӣ, шӯъбаҳои кӯдакона ва осоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ба кӯдакон кӯмаки тиббӣ мерасонанд. Вобаста ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки агар мо аз имконоти ин муассисаҳо самаранок истифода намоем, метавонем, ки бисёр мушкилоти бахши ҳифзи тандурустии кӯдаконро ҳаллу фасл намоем.
Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири амалӣ намудани чорабиниҳои вобаста ба беҳдошти ҳифзи саломатии модарону кӯдакон дар баробари сол ба сол зиёд кардани маблағҳои буҷетӣ дар давоми солҳои 2004 – 2009 дар ҳаҷми зиёда аз 110 миллион сомонӣ маблағҳои инвеститсионӣ ва грантиро ҷалб кардааст.  Бо вуҷуди андешидани чунин тадбирҳо, дар самти беҳдошти саломатии кӯдакон ҳанӯз ҳам мушкилот ва проблемаҳои ҳалталаб мавҷуданд. Аз ҷумла, ҳоло дар мамлакат шумораи кӯдакони маъюб аз овони кӯдакӣ бештар аз 22 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки қисми зиёди онҳо аз имконияти барқарорсозии саломатӣ маҳрум мебошанд.
Бо дарназардошти ҳалли проблемаҳои зикргардида бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон Маркази ҷумҳуриявии илмиву клиникии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакона таъсис дода шуд, ки он аз аввали соли равон ба фаъолият оғоз кард. Дар назди марказ вазифа гузошта шудааст, ки ҳалли масъалаву мушкилоти ҳифзи саломатии кӯдаконро ба танзим дарорад.
Биное, ки мо имрӯз ба истифода медиҳем, то аввали солҳои навадуми асри гузашта ҳамчун шӯъбаи кӯдаконаи Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил фаъолият мекард ва мутаассифона, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ пурра  хароб  гардида буд. 
Тибқи супориши Ҳукумати Тоҷикистон роҳбарияти Вазорати тандурустии мамлакат аз аввали соли 2008 бо дарназардошти табиати зебо ва боду ҳавои барои кӯдакони бемор мусоиди ин минтақа онро азнавсозӣ карда, бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ, кӯмаку дастгирии созмонҳои ватаниву байналмилалӣ ва шахсони алоҳида дар муддати камтар аз як сол ин биноро ба сифати Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакони бемор  омодаи баҳрабардорӣ намуд. 
Ин марказ дар шароити имрӯза метавонад дар баробари осоишгоҳҳои ҷумҳуриявии кӯдаконаи Қаротоғ ва Ҳушёрӣ барои ҳазорҳо кӯдакон ва наврасони эҳтиёҷманд хонаи умеди наҷот аз дардмандӣ  ва оғози роҳ барои саломатии комил гардад. Бояд гуфт, ки барои азнавсозӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани ин муассиса бештар аз сеюним миллион сомонӣ сарф шуда, дар он 40 кати барқарорсозӣ омодаи фаъолият аст. Барои кӯдакон дар ин муассиса бештар аз 15 навъу усулҳои амалияи барқарорсозии физиотерапевтӣ истифода карда мешаванд.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба тамоми коргарону мутахассисоне, ки дар таъмиру таҷдид ва мавриди истифода қарор додани муассисаи мазкур саҳмгузорӣ намудаанд, арзи сипос намуда, изҳори умед намоям, ки бо муҳайё кардани шароити муносиб ва мусоид барои кӯдакони маъюбу эҳтиёҷманд мо метавонем тадриҷан барои насли оянда ҳамаи имкониятҳои барои барқарорсозии саломатии онҳо заруриро фароҳам созем, то ки онҳо идомабахши зиндагии шоистаи ин сарзамин ва ниёгони худ гарданд.
Итминони комил дорам, ки ин ҳадя барои кӯдакон, бахусус маъюбон ва махсусан дар арафаи чунин иди бузурги миллӣ беҳтарин амали хайр аст. Ва бовар дорам, ки чунин иқдоми хайру савоб аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланд ва шахсони бонангу номус дастгирӣ ва идома хоҳад ёфт.
Ҳамаи мо, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус ва ашхосе, ки тақдири минбаъдаи Ватан барояшон азиз аст, бояд дар хотир дошта бошанд, ки кӯдакон ояндаи мо мебошанд ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ барои ояндаи миллат ва давлат аст.
Бо чунин ниятҳои нек ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми кишварро бори дигар бо ҷашни Наврӯзи Аҷам табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, саодати рӯзгор, хонаи обод ва барори кор орзумандам.
Сиҳату саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 705

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед