logo

энергетика

БАРҚ – ОЯНДАИ БОЭЪТИМОДИ ТОҶИКИСТОН

Ба фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таҷдид  як сол пур шуд. Дар ин муддат вазорат  ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст.
- Мо имрӯзҳо таҳти таассуроти созанда  аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ қарор дорем, - мегӯяд вазир Усмоналӣ Усмонзода. - Сарвари давлат Паёми имсолаи хешро барои ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2015 ва афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози сол баён намуд. Тавре ки гуфта шуд, солҳои охир барои инкишофи соҳаи энергетика як қатор тадбирҳои муассир, аз ҷумла азнавсозиву барқароркунии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли неруи барқ амалӣ карда шуданд. 
Яке аз дастовардҳои муҳими соҳа  дар соли гузашта ба кор андохтани  агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии  “Сангтӯда - 2” бо иқтидори 110 мВт ва навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии 2 - и шаҳри Душанбе бо иқтидори 100 мВт мебошад, ки таъмини аҳолии ҷумҳуриро бо неруи барқ дар фасли зимистон нисбатан беҳтар  намуд. Ҳоло корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии навбати дуюми МБГ – 2 -и Душанбе бо иқтидори 300 мВт оғоз гардидааст, ки он дар соли 2017 мавриди истифода қарор гирифта, ба расидан ба ҳадафи асосии давлат – истиқлолияти энергетикӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба таври мусбат анҷом ёфтани асосноккунии техникӣ - иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии сохтмони НБО “Роғун”, ба имзо расидани Протоколи дахлдори Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи “САSА - 1000”, ифтитоҳи расмии ду лоиҳаи нави бузург дар соҳаи энергетика – сохтмони лӯлаи гази минтақавӣ  ва навбати дуюми МБГ – 2 - и шаҳри Душанбе, инчунин оғоз гардидани сохтмони хатҳои интиқоли барқи 220 кВт “Қайроққум - Ашт”, “Геран - Румӣ” ва сохтмону роҳандозии дигар иншооти хурду бузурги энергетикӣ рӯйдодҳои хотирмони соли сипаригардида ба ҳисоб мераванд.
Дар Паём ҳамчунин таъкид гардидааст, ки “таҷдиду барқарорсозии неругоҳи Норак идома дошта, соли 2015 корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои Қайроққуму Сарбанд шурӯъ мегарданд. Танҳо барои амалисозии ин се лоиҳа, яъне таҷдиду барқарорсозиҳои неругоҳҳое, ки зиёда аз 40 – 50 сол боз хизмат мекунанд, якуним миллиард сомонӣ равона карда мешавад”.
Дар соли  2014 истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ ба 16,4 миллиард кВт. соат расонда шуда, содироти он 1 миллиарду  321 миллион кВт. соатро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2013 356,5 миллион кВт. соат зиёд мебошад. Содироти неруи барқ ба Қирғизистону Афғонистон асосан ба фасли тобистон ҳангоми фаровонии барқ рост омада, сол то сол имконияти рушди бозори минтақавиро зиёд мегардонад, ки ин дар оянда барои табдил додани  Тоҷикистон ба кишвари бузурги содиркунандаи барқ  мусоидат хоҳад кард.
Яке аз вазифаҳои асосии вазорат ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика, нафту газ ва захираҳои об мебошад. Дар соли 2014 корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва васлу насб дар доираи 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи электротехника ба маблағи 622 миллион доллар идома кард. Дар доираи ин лоиҳаҳо корҳо дар самти таҷдиди зеристгоҳи  500 кВт “Регар”, дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии 500 кВт НБО – и Норак, барқарорсозии зеристгоҳҳои 220 кВт “Қайроққум - Ашт”, “Румӣ”, “Бойғозӣ”, сохтмони зеристгоҳи 220 кВт “Геран”, хатҳои интиқоли барқи 220 кВт “Қайроққум - Ашт”, “Геран - Румӣ” ва зеристгоҳи Шаҳринав 220 кВт ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, лоиҳаҳои “CASA - 1000”, “Таҷдиди НБО - и Сарбанд”, “Таҷдиди зеристгоҳи Равшан”, “Таҷдиди НБО-и Қайроққум”, ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ,  сохтмони хати интиқоли барқии 220 кВт “Айнӣ - Рӯдакӣ” ба маблағи 589,5 миллион доллари ИМА дар марҳилаи омодасозии ҳуҷҷатҳои тендерӣ, интихоби мушовир ва пудратчӣ қарор  доранд.
Дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати  кишвар дар соли 2014 вазорат ҳисоботи пешакии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои “Сохтмони неругоҳҳои барқи обии “Нуробод - 1”, “Нуробод - 2”, “Шӯроб” ва “Айнӣ” – ро омода намуд ва ҳоло ҳисоботи пешакии техникии иқтисодии  лоиҳаи “Сохтмони марказҳои барқӣ -  ҳароратии “Фон - Яғноб” ва “Шӯроб” оғоз гардидааст.
Дар соли сипаригардида корхонаю ҷамъиятҳои истеҳсолкунандаи нафту газ 24 ҳазору 508 тонна нафт ва 3 миллиону 217 ҳазор метри мукааб гази табиӣ истихроҷ карданд. Вазорат ҷиҳати омӯзиш ва кашфи захираҳои нави нафту газ ҳамкориро бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон, аз қабили “Газпром”, “Тетис - Петролиум”, “Тотал”, “СНПС” ва ғайра идома медиҳад.
Дар соли 2014 ба ҷумҳурӣ барои қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ва нақлиёт 294 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки нисбат  ба соли 2013 32,5 ҳазор тонна зиёд аст. Шумораи умумии нуқтаҳои фурӯши гази моеъ дар ҷумҳурӣ 819 ададро ташкил медиҳанд.
Дар  соли 2014 аз ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 9,3 миллиард метри мукааб об гирифта шудааст, аз ҷумла 8,9 миллиард метри мукааб барои обёрии заминҳо, 265,5 миллион метри мукааб оби ошомиданӣ, 140 миллион метри мукааб барои моҳипарварӣ ва  31,7 миллион метри мукааб барои саноат, ҷангалпарварӣ  ва чарогоҳҳои мавсимӣ истифода гаштааст. Дар ин сол ҷиҳати татбиқи самараноки  ислоҳот ва ҷорӣ намудани принсипҳои асосӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои ҷумҳурӣ, инчунин таъмиру барқарорсозии инфрасохтори хоҷагии об, татбиқи лоиҳаи “Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзи дарёи  Панҷ” бо арзиши 40 миллион доллари ИМА оғоз ёфт. Дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ бошад, лоиҳаҳои идоракунии хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон, обёрии заминҳои водии Данғара, идоракунии захираҳои обии водии Фарғона ба маблағи умумии 162,4 миллион доллар амалӣ гардида истодаанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ кормандони вазоратро водор мекунад, ки дар соли 2015 вазифаҳои дар наздашон гузошташуда, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии фаъолияти системаи энергетикӣ, кам кардани хароҷоти  технологӣ ва истеҳсолӣ, вусъати корҳои геофизикӣ – сейсмоиктишофӣ, афзоиши корҳои таъмиру барқарорсозии чоҳҳои нафту газ, омодагии ҳамаҷониба барои гузарондани Конфронси байналмилалии сатҳи  баланд оид ба ҷамъбасти Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” (2005 – 2015), тезондани ҷараёни таҷдиди сохтори идоракунии ШСХК «Барқи тоҷик», тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани имкониятҳои содироти неруи барқ ба Афғонистону Қирғизистон, татбиқи лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВт Қайроққум - Ашт ва ғайраро мувофиқи мақсад ба роҳ монанд.

 Мирзои ФИРӮЗ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.02.2015    №: 26-27    Мутолиа карданд: 10967

18.08.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Лучиано Калестини

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳои осонтарин низоми гирифтани раводид шомил шуд

Ҷаласаи XV Шӯрои байнидавлатии ИДМ доир хоҳад шуд

Беморхонаи вилоятии Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид

"СУМАЯ" коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Лахш

Теъдоди зарардидагони амали террористӣ дар Барселона аз 100 нафар гузашт

Сулҳу салоҳ дар Сурия ибтидои барқарорсозии муносибати ИМА бо Русия мегардад

Трамп тасмими ба Гуам мушак напарронданро оқилона хонд

Дар Қирғизистон 41 довталаби курсии президентӣ аз имтиҳони забон гузашт

Харҷи кишварҳои ҷаҳон барои киберамният меафзояд

16.08.2017


ДУШАНБЕ. ОМОДАГӢ БА БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД!

«Бӯстон - 2017» дар Сангвор

Ҷаҳон дар як сатр

Пекин тадбирҳои якҷонибаи Вашингтонро беҷавоб нахоҳад монд

Арабистони Саудӣ ва Ироқ пас аз 27 сол сарҳадро боз мекунанд

Дар бозори Нигерия зани маргталаб худро тарконд

Қазоқистон то 170 ҳазор донишҷӯи хориҷиро омӯзонда метавонад

Чин калонтарин дар дунё неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Пекин ба ҳалли сиёсии қазияи Кореяи Шимолӣ умедвор аст

Халифа Ҳафтар: «90 дарсади сарзамини Либия аз террористон озод гардид»

Зиёда аз 600 ҳазор гуреза ба Сурия баргашт

Боздошти мубаллиғи эҳтимолии гурӯҳи террористӣ дар Қирғизистон

Қазоқистон ба мардуми қирғиз ёрии башарӣ мерасонад

Варзиш

14.08.2017


Густариши ҳамкориҳои Душанбеву Тошканд дар мубориза бо ҷинояткорӣ

Лоиҳаи нав ҷиҳати тарғиби дороиҳои сайёҳии кишвар

«Суғдсинамо" филми нав бо номи «Тангно»-ро пешниҳод менамояд

Куҳантарин кӯдакистони Хоруғ навсозӣ мешавад

Боз як имкони донишҷӯ шудани довталабон

ХАТЛОН. Комёбиҳо назаррасанд

26500 ҷойи нави кор таъсис ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

Оташфишонӣ ва як кушта дар сарҳади ҷанубии Қазоқистон

Дар Афғонистон чор қумондони «ДИ» маҳв карда шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед