logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АЛЕКСАНДР ЗУЕВ

9 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ҳамоҳангсози фаъолияти СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ва роҳбарони намояндагиҳои сохторҳои ин созмон дар кишварро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин созмони бонуфуз баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Мо ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳидро дар ҷодаи дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба таври мусбат арзёбӣ менамоем, зеро дар чаҳорчӯбаи он Стратегияи миллии рушди кишвар қабул гардида, ба хотири таъмини рушди устувор ва боло бурдани некуаҳволии мардум дар амал бомуваффақият татбиқ мешавад”.
Дар чаҳорчӯбаи ҳамкории босамари Тоҷикистон бо 23 ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои 2010-2014 қариб 100 лоиҳа ба маблағи умумии 346 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ғайра, ба иҷро расид.
Зимни суҳбат таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳияи Барномаи қолабии Созмони Милал оид ба мададрасонӣ бо ҳадафҳои рушд дар Тоҷикистон (ЮНДАФ) барои солҳои 2016-2020, ки 12 самти ояндадори ҳамкории муштаракро дар назар дорад, зоҳир шуд.
Барномаи номбурда бояд бо стратегияи нави рушди Тоҷикистон, ки ояндаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди иҷтимоӣ - иқтисодии кишварро мутаносибан барои то соли 2020 ва то соли 2030 пешбинӣ менамояд, ҳамоҳанг бошад. Ҳадафу вазифаҳо барои оянда бояд дуруст муайян шуда, барои иҷрои онҳо маҷмӯи тадбирҳо андешида шаванд.
Дар мулоқот ҳамчунин намояндаи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Николас Оберлин, намояндаи Созмони кишоварзӣ ва озуқаи СММ Виорел Гутсу, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ Лучиа Элми ва намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустии СММ Павел Урсу иштирок ва изҳори андеша карданд.
Зимни андешарониҳо намояндагони СММ дар Тоҷикистон ба ташаббусу ибтикороти созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ дар бахшҳои гуногуни ҷомеаи башарӣ баҳои баланд дода, омодагии худ ва СММ - ро барои татбиқи босамари онҳо таъкид доштанд.
Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид оянда ҳам судбахшу боровар хоҳад буд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2015    №: 30    Мутолиа карданд: 755

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед