logo

номаҳо

«Сафина» ё ҳамсоя?

Афсӯс, ки сокинони минтақаи Калининободи ноҳияи Ғончӣ аз телевизиону радиоҳои кишвар ба таври бояду шояд баҳра намегиранд. Зеро мавҷҳои онҳо дар ин ҷо хеле заифанд. Агар шабакаи аввал ва «Баҳористон»-ро нисбатан хуб дида тавонем, дар бораи «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо» инро гуфта наметавонем. Ин дар ҳолест, ки дар ин минтақа шаш (!) шабакаи телевизионӣ, даҳҳо шабакаи радиои Ҷумҳурии Ӯзбекистони ҳамсоя ниҳоят фаъол аст. Мардуми минтақа асосан барномаи радиову телевизиони кишвари ҳамсояро мебинанду гӯш мекунанд. Таъсири ин ҳолро бараъло мушоҳида кардан мумкин аст. Кӯдаки 4-5 солаи ин ҷо бемалол матлаби барномаҳои телевизиони ӯзбекиро мефаҳмад ва ҳам дар синни 6-7 -солагӣ бо ин забон озодона гуфтугӯ мекунад, аммо ба забони давлатӣ хуб сухан гуфта наметавонад.
Бо ин вазъ чӣ гуна метавон ифтихори милливу ватандории насли наврасро боло бурд? Чандин маротиба ба шахсони масъул муроҷиат карда, хоҳиш намудем, ки дар кори беҳтари фиристандаҳо мусоидат кунанд. Ваъдаҳо ҳам доданд, аммо аз иҷрои онҳо дараке нест…

Раҳимҷон МАШАРИФОВ,
ноҳияи Ғончӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 749

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед