logo

муҳоҷират

А. Бобоев: МУҲОҶИРАТ ОСОНТАР МЕГАРДАД

Дар Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ танзими масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зикр гардидааст.
Оид ба риояи қоидаҳои асосии будубоши қонунӣ дар ҳудуди Русия, ба расмият даровардани ҳуқуқи фаъолияти корӣ ва дигар масоили мубрам суҳбате доштем бо Анвар Бобоев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Анвар Абдуллоевич, вобаста ба дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеоянд, дар Хадамоти муҳоҷират чӣ иқдомҳое пеш гирифтаед?
- Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ воқеан, дурнамои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатист. Дар Паёми Сарвари давлат таъкид гардид, ки ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷират ба муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар ҳарчи бештар таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Соли 2014 дар кишвар беш аз 252 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудааст.
Соли 2015 бояд на кам аз 200 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё шавад.
Пеш аз ҳама, бояд зикр кард, ки  баъд аз ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 июни соли 2014, № 390 “Дар бораи Хадамоти муҳоҷират”, бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми семоҳаи сеюми соли 2014 ҳамаи корҳои ташкилии идора бо дарназардошти таъсис додани сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба анҷом расонда шуд ва фаъолияти идоравӣ низоми худро пайдо кард. Тибқи муқаррарот низомнома ва дастурамали  мансабии кормандони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи он, дастур ва  дастурамали коргузорӣ, қоидаҳои тартиби дохилии меҳнатии Хадамоти муҳоҷират, Низомнома дар бораи тартиб додани шаҳодатномаи хизматӣ таҳия, тасдиқ  ва мавриди амал қарор дода шуданд.
Бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва  таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ” ва “Дар бораи агентиҳои хусусии шуғл” бо дарназардошти хулосаҳои вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардида, 16 январи соли 2014  ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод шуд. Қабули қонунҳои мазкур ниҳоят заруранд, зеро дар онҳо механизми ҳамкориҳои байниидоравӣ, вазифа ва уҳдадориҳои вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, аз  ҷумла худи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамоҳангсозии масъалаҳо байни идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкили Фонди мусоидат барои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, инчунин дигар масъалаҳои ҷолиби диққат ба назар гирифта шудаанд.

- Соли сипаришуда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии  соҳавӣ ва беҳтар намудани ҳамкориҳои байнидавлатӣ чӣ корҳое ба сомон расид?
- Соли 2014 аз ҷиҳати таҳия ва қабули қарорҳои дахлдор дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, соли ниҳоят пурмаҳсул ва натиҷабахш ба ҳисоб меравад. Рӯзҳои 21-24 январи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12 - уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид ва дар рӯзномаи он муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарин дониста шуд. Масъулони Хадамоти муҳоҷират бо дастгирии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо кормандони масъули Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар ҳайати гурӯҳи экспертӣ 5 лоиҳаи созишномаи байниҳукуматиро мавриди баррасӣ қарор доданд ва онҳо дар Протокол ва Нақшаи чорабиниҳои дуҷониба бо муҳлатҳои муайяншуда дарҷ гардиданд. Аввалин маротиба дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия, дар ин чорабинии байнидавлатӣ 5 ҳуҷҷати муҳим  дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла дар бораи мубодилаи маълумот дар хусуси шаҳрвандони давлатҳои якдигар, дар бораи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақа, дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалигардонии фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳо ва дар бораи реадмиссия барои қабули минбаъдаи онҳо, аз ҷониби роҳбарони Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расонда шуданд.
Рӯзҳои 18-19 ноябри соли 2014 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ҷаласаи 9 - уми Гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба иҷрои “Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 16 октябри  соли 2004 ва вохӯрии коршиносони Тоҷикистону Русия оид ба баррасии лоиҳаи созишномаҳои байниҳукуматӣ, ки дар Протокол ва нақшаи чорабиниҳои ҷаласаи 12 - уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия аз 24 январ дарҷ шудаанд, баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур тарафхо мутобиқи барномаи тасдиқгардида корҳоро анҷом доданд ва айни замон лоиҳаи созишномаҳои мувофиқашуда тавассути Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ба ҷониби Тоҷикистон ирсол шуданд.

- Ба мақсади фаҳмондани қоидаҳои асосии будубоши қонунӣ дар ҳудуди Русия ва ба расмият даровардани ҳуқуқи фаъолияти корӣ аз тарафи Хадамоти муҳоҷират чӣ чораҳо андешида шуд?
- Яке аз вазифаҳои  асосии Хадамоти муҳоҷират бурдани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ байни сокинони кишвар дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, аз ҷониби он Нақшаи чорабиниҳо тасдиқ шуд ва кормандони дастгоҳи марказӣ, сохторҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ якҷо бо масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар идораҳои дахлдор дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 541 вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар ин вохӯриҳо 50256 нафар иштирок кард. Аз ҷумла, дар ВМКБ 81 вохӯрӣ бо иштироки 7941 нафар,  вилояти  Суғд 156 вохӯрӣ бо иштироки 15630 нафар, вилояти Хатлон 158 вохӯрӣ бо иштироки 10766 нафар, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 146 вохӯрӣ бо иштироки 15919 нафар гузаронда шуд.
Дар вохӯриҳои барпогардида ба аҳолӣ оид ба тағйироти нав дар қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, зарурати касбомӯзӣ, гузаштани тест доир ба донистани забони русӣ, таърих, асосҳои қонунгузории ин кишвар, гирифтани сертификати дахлдор, тартиби дуруст пур кардани варақаҳои муҳоҷиратӣ, бехато баён кардани мақсади сафар, расмигардонии будубоши худ ва саривақт гирифтани патент, гузаштан аз муоинаи тиббӣ, риояи қонунгузории давлати қабулкунандаи муҳоҷирон ва дигар масъалаҳои муҳим маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Соли гузашта Хадамоти муҳоҷират оид ба навовариҳо дар қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ки аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шуд, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ 280000 адад буклетро чоп карда, ҳангоми қабул ва вохӯриҳо бо аҳолии кишвар, инчунин тавассути сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳангоми бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондидиҳӣ, ба сокинони мамлакат дастрас намуд.
Хадамоти муҳоҷират ҳамкориро бо Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” ва Маркази исломии Тоҷикистон ба роҳ монда, тавассути онҳо буклетҳои иттилоотиро дар ҳаҷми 20000  адад ба шаҳрвандон дастрас кард.
Вобаста ба беҳтар гардидани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии мамлакат,  шумораи муроҷиаткунандагон ба дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он хеле зиёд гардид. Агар дар давоми соли 2013 ба Хадамоти муҳоҷират ҳамагӣ 15481 нафар муроҷиат карда бошад, соли 2014 миқдори муроҷиаткунандагон ба 66587  нафар расид.

- Ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки муҳоҷирон ба Русия сафар карда, аз фурудгоҳҳо баргаштаанд. Чӣ бояд кард, ки муҳоҷир аз доштани иҷозати вуруд ё манъи он пешакӣ огоҳ бошад?
- Айни замон дар Хадамоти муҳоҷират махзани маълумот нисбат ба 202004 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба онҳо ворид гардидан ба ҳудуди Федератсияи Русия манъ аст, мавҷуд мебошад. Бо мақсади санҷидани рӯйхати мамнӯъшудагон фиттаҳо бо махзани маълумот ба ҳамаи сохторҳо дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шуд. Дар натиҷа, соли 2014 кормандони Хадамоти муҳоҷират ҳангоми санҷиши дархости шаҳрвандон, махзани маълумотро оид ба мамнӯъшудагон истифода бурда, 11863 нафарро аз сафари бебарор ба Федератсияи Русия нигоҳ доштанд.
Лекин, корҳои анҷомдода нокифоя мебошанд, зеро қисми зиёди шаҳрвандони кишварамон ҳоло ҳам доир ба масъалаҳои муҳоҷират  маълумоти зарурӣ надоранд ва ҳангоми сафар ба нохушиҳо дучор мегарданд. Мутобиқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, 433000 нафар шаҳрванди кишварамон дар гурӯҳи “хатар” қарор дорад. Аз ин хотир, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Хадамоти муҳоҷиратро зарур аст, ки корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ пурзӯр намуда, дар ҷамоату маҳаллаҳо бо ҷалби дигар мақомоти давлатӣ, фаъолон, волидайн ва ҷавонон вохӯриҳои доимӣ гузаронда, аз натиҷааш ҳар моҳ ба Хадамоти муҳоҷират ахбор пешниҳод намоянд.

- Ҷиҳати омода кардани муҳоҷирони меҳнатӣ ва тайёр кардани касбҳои коргарӣ чӣ гуфта метавонед?
- Бо мақсади сифатан омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба Федератсияи Русия, 18 июни соли 2014 таҳти №189 Фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби фаъолияти гурӯҳҳои пилотӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Кӯлоб, Хоруғ, Истаравшан, Конибодом, Қӯрғонтеппа, Норак, Варзоб, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Ёвон ва Рашт дар самти тайёр кардани касбҳои коргарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълимии калонсолон” ба имзо расид ва ҷиҳати иҷрои фармоиши мазкур 24 - 25 декабри соли 2014 семинари омӯзишӣ бо иштироки сардорони шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ барпо гардид. Ба ҳамаи иштирокчиён фиттаҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷират, маводи иттилоотӣ ва саволнома оид ба муайян кардани вазъи муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ супорида шуд.

- Теъдоди муҳоҷиронро ҳар хел нишон медиҳанд. Бигӯед, ки соли гузашта чанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтанд ва чӣ қадар баргаштанд?
- Хадамоти муҳоҷират бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 378 “Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолиятро  перомуни баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандон ба роҳ монда, дар ин самт корҳои муайянро анҷом дод.
Соли 2014 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 834058 нафар ба хориҷа сафар намуд, ки аз ин 670806 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла: мардҳо – 564390 нафар ва занҳо –106416 нафар мебошанд.
Ҳамзамон, соли 2014 – ум 606527 нафар шаҳрванди кишварамон аз хориҷа баргашт, ки аз ин 453985 нафарашро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.
Бояд зикр кард, ки дар баҳисобгирии рафтуомади муҳоҷирон душвориҳо мавҷуданд. Дар семоҳаи аввали соли 2014, ҳангоми таҷдиди сохтор, кормандони сарҳадот фаъолияти кории масъулони Хадамоти муҳоҷиратро ҷиҳати баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ халалдор карданд ва масъалаи мазкур то ҳол ҳалли пурраи худро наёфт. Дархостҳои чандинкаратаи роҳбарияти вазорат ва Хадамоти муҳоҷират танҳо муваққатан ба инобат гирифта мешаванд ва чунин вазъият имкон намедиҳад, ки фаъолият пурра амалӣ карда шавад.

- Дар хориҷи кишвар чанд ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият дорад ва робитаи Хадамоти муҳоҷират бо онҳо чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?
- Айни замон дар қаламрави Русия 82 ташкилоти ҷамъиятӣ, маркази фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон  ба таври расмӣ фаъолият доранд. Гузашта аз ин, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Украина, 2 ташкилот дар Қирғизистон, 1 диаспора ва 7 маркази фарҳангӣ дар Қазоқистон бо ҳамватанони бурунмарзии мо робита доранд ва Хадамоти муҳоҷират  бо ҳамаи онҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Ҷиҳати равобити доимӣ ва огоҳ будан аз фаъолияти ҷамъияту диаспораҳо Хадамоти муҳоҷират дар сомонаи худ рӯйхати онҳоро  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, бо назардошти суроға, ҳайати роҳбарӣ, телефонҳои тамос, рӯзҳои таваллуд ва дигар маълумоти зарурӣ ҷой додааст. Инчунин, почтаҳои электронии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба махзани иттилоотии Хадамоти муҳоҷират ворид шудаанд.
15 октябри соли 2014 вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони диаспора ва ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ барпо гардид, ки дар он оид ба ваҳдати миллию муттаҳидсозии ҳамватанони бурунмарзӣ ва таъсис додани Иттиҳоди тоҷикистониён дар Русия масъалагузорӣ карда шуд.
Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Консепсия, рӯзҳои 24-25 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе  Форуми ҳамватанони бурунмарзӣ  дар мавзӯи «Ҷалби диаспораҳо барои рушди кишвар» доир гашт. Дар Форум доир ба сафарбар намудани диаспораҳои тоҷикон дар рушди устувори ҷомеа ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои ҷалб ва ҳавасманд гардондани онҳо, оид ба дастгирии ҳамаҷониба ҷиҳати беҳтар намудани вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар хориҷа, вусъати ҳамкориҳои давлатию ғайридавлатӣ, ташкили марказҳои фарҳангӣ бо мақсади нигоҳ доштани забони модарӣ, таърих ва урфу одати миллӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолии кишвар оид ба ҷалби онҳо ба таълими касбӣ ва забономӯзӣ, инчунин дар бораи дӯстию муттаҳидсозии миллат масъалагузорӣ шуд.
Хадамоти муҳоҷират нақша дорад, ки дар нимсолаи аввали соли 2015 марказҳои машваратию омодагии муҳоҷирони меҳнатиро дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Хоруғ таъсис диҳад.

- Оё муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд санҷишро аз забони русӣ дар ҳудуди Тоҷикистон супоранд?
- Бале, муҳоҷирон дар марказҳои аккредитатсияшудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии техникӣ ба номи М. Осимӣ, Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе ва Академияи маорифи Тоҷикистон метавонанд барои муайян намудани сатҳи дониши забони русӣ аз санҷиш гузаранд.

- Оё дар ҳайати намояндагони Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия ҳуқуқшиносон шомиланд ва барои тақвияти ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон чӣ чораҳо андешида мешаванд?
- Теъдоди намояндагони Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия ба 16 нафар мерасад. Аз ҷумла чор нафарашон ҳуқуқшиносанд, ки дар мурофиаҳои судӣ иштирок мекунанд.
Мо нақша дорем, ки дар оянда барои таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандонамон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ бо ташкилотҳои ҳуқуқии ғайридавлатӣ ва ҷамъиятии Русия робитаи қавӣ ва ҳамкорӣ дошта бошем. Чунин ташкилотҳо омодаанд, ки ба муҳоҷирони мо ёрии ҳуқуқӣ расонанд.

- Ба назари шумо чаро аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия, бахусус дар Маскав он қадар хору залиланд ва онҳоро хандахариш мекунанду ба нодонӣ таъна мезананд? Барои баланд бардоштани обрӯй ва шаъну шарафи тоҷику тоҷикистонӣ чӣ бояд кард?
- Дар замони шӯравӣ ба Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия бештар донишҷӯёну унвонҷӯён ва олимону коршиносон, умуман мардуми бофарҳангу забондон сафар мекарданд. Бахусус, мутахассисон ва тарҷумонҳои мо номи тоҷикро на танҳо дар ҳудуди шӯравӣ, балки дар хориҷи кишвар низ баланд бардошта буданд.
Мутаассифона, бо оғоз шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон  ба Русия онҳое сафар карданд, ки на ихтисосе доштанду на забонро медонистанд. Асосан корҳои пастро баҷо меоварданд. Бар болои ин, ҷӯгиҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо номи “тоҷик”  ба шаҳрҳои Русия рехтанд ва ба талбандагиву гадоӣ машғул гардиданд.
Аламовар аст, ки баъзе аз онҳо даст ба ҷиноятҳои гуногун заданд.
Барои пешгирии чунин ҳолатҳо дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ” пешниҳод шудааст, ки муҳоҷирон танҳо бо роҳхати Хадамоти муҳоҷират бо шарти доштани ихтисос, донистани забони хориҷӣ ва баланд будани маърифати ҳуқуқӣ метавонанд ба хориҷи кишвар сафар намоянд. Онҳо ҳангоми сафар уҳдадор мешаванд, ки ба волидону фарзандон ёрӣ расонанд ва муҳимаш обрӯй ва шаъну шарафи тоҷику Тоҷикистонро баланд бардоранд. Зеро шоир бамаврид гуфтааст:
Фиристода бояд, ки доно бувад
Ба гуфту шунидан тавоно бувад.

Мунаввари САФАР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2015    №: 43    Мутолиа карданд: 12297

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед