logo

ҳукумат

ЭЪТИМОД БА МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ВА СОҲИБМАЪРИФАТ

27 феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси навбатӣ нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд ва зимни он роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳо иваз гардиданд.
Ҳамин тариқ, бо амру фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афроди зайл ба ин мақомҳо таъ-йин шуданд:
Абдулҳаким Розиқзода - раиси муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Лутфия Абдулхолиқ - ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
Идигул Қосимзода - ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода;
Сайъало Мирзоев - директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе;
Алидод Расулов - сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муҳибулло Зувайдуллоев - директори муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе;
Исматулло Шодиев - директори муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Баҳром Исмоилов - директори Литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе;
Ориф Табаров - директори Муассисаи таълимии давлатии мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон;
Ҳабибулло Саъдуллоев  - директори Муассисаи давлатии рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
Фирдавс Усмонов – директори муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сайфиддин Давлатов - сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилӣ  Хуршед Муҳаммадзода - узви ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ;
Мадиброн Саидзода ва Озод Юсупов аъзои ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ҳамчунин Назира Ғаффорова, Заробиддин Файзуллозода ва Сулаймон Зиёев бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони раиси вилояти Суғд таъйин шуданд.
Бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои зайл таъйин гардиданд:
Ғуломқодир Бобиев – президенти Академия таҳсилоти Тоҷикистон;
Ҳакимхон Валиев - сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон;
Осим Каримов - сардори раёсати маорифи вилояти Суғд.
Тавре аён гардид, аксари кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъйиншуда мутахассисони ҷавон, соҳибмаърифат, забондон ва дорои ҷаҳонбинии муосир мебошанд. Аз ҷумла, ду нафаре, ки ба вазифаи ректор дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъйин шуданд, занони ҷавону фаъол ва болаёқатанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки чунин талабот доир ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шуда буд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди кадрҳои ба мақомҳои нав таъйиншуда вазифаҳои мушаххас гузошта, аз ҷумла таъкид намуд, ки дар мубориза бо коррупсия - ин падидаи нангини ҷомеа, ҳамеша фаъол бошанд.
Сипас раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезия дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2015 ҳисобот дод.
Тавре зикр гардид, дар 24 соли охир 109 ҳазор га замин барои қитъаҳои наздиҳавлӣ ба аҳолӣ ҷудо карда шудааст. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки заминҳои кишоварзии бо ин ва дигар сабабҳо камшуда аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла тавассути азхуд намудани заминҳои бекорхобида барқарор ва зиёд гардиданд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои дар майдони беш аз 600 ҳазор га бунёд намудани боғҳои ба содирот нигарондашуда заминҳои лалмии ба ин ҳадаф мувофиқ муайян карда шаванд.   
Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ, Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020, Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020 ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ гардид.
Ба як қатор қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи суғуртаи мутақобила”, “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ” ва ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо маъқул дониста шуда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулонро ба вусъати корҳои роҳсозӣ ҷалб намуда, аз ҷумла дастур дод, ки лоиҳаҳои навсозии роҳҳои мошингарди Кӯлоб - Шӯрообод, Душанбе-Қӯрғонтеппа, Дарвоз - Ванҷ ва Обигарм - Нуробод ҳарчи зудтар таҳия ва пешниҳод шаванд. Таъкид гардид, ки  ба корҳо барои оғози навсозии роҳи мошингарди хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт дар қитъаи аз назди пайкараи Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе суръат бахшида шавад.  
Дастуру супоришҳои мушаххас доир ба омодагӣ ба истиқболи сазовор аз Наврӯзи хуҷаста ва вусъат додани киштукори баҳорӣ ва ниҳолшинонӣ ироа гардид.
Ҳамзамон дастур дода шуд, ки фаровонии маҳсулоти озуқа дар бозори истеъмолӣ, аз ҷумла тавассути ярмарка - фурӯши маҳсулот бо нархҳои дастрас таъмин карда шавад.
Аз мардуми кишвар даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ, ки рӯзи 1-уми март баргузор мегардад, фаъолона иштирок намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2015    №: 43    Мутолиа карданд: 10801
20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйирот ворид мешавад

Масъулияти аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баланд мегардад

18.07.2017


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД

Мулоқот бо губернатори Токио

Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар ВМКБ

«Мушкилкушо» ва «Комил» ба Қазон мераванд

Мурофиаҳои сайёри судӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Инвентаризатсияи заминҳо ба охир расид

ВАРЗОБ. Чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ

НАФАҚА. Камбудиҳо бартараф мешаванд

Варзиш

17.07.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Саид Оғо

Вохӯрӣ бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ

Баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Баррасии роҳу усулҳои мубориза бо коррупсия

Дарёфти 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ

Бехатарии саноатӣ ва ҷавобгарии 182 шахси масъул

Рӯйхати сиёҳ вуҷуд надорад

15.07.2017


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони роҳ

Вохӯрии Ҷамолиддин Нуралиев бо Камен Захариев

250 000 сомонӣ ғолибонро интизор аст

Таъсиси Маркази илмӣ – таҳқиқотии технологияи инноватсионӣ

30 миллион сомонӣ қарзи аҳолӣ аз ҳаққи хизматрасонӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед