logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ. 1, мод. 688, 689;       с. 2005, №12, мод. 629; с. 2006, №7, мод. 341, №12, мод. 543; с. 2007, №3, мод. 172; №7, мод. 668; с. 2008, №3, мод. 195; №6, мод. 455) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 11 моддаи 2:
- дар банди 6) калимаи «андозҳо» ба калимаи «андоз» иваз карда шавад;
- банди 16) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«16) роялти барои об;»;
- банди 16) банди 17) ҳисоб карда шавад.
2. Дар моддаи 6:
- дар банди 7) қисми 1 калимаи «андозҳо» ба калимаи «андоз» иваз карда шавад;
- ба қисми 1 банди 16) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«16) роялти барои об;»;
- банди 16) қисми 1 банди 17) ҳамин қисм ҳисоб карда шавад;
- дар қисми 6 калимаҳои «Бо назардошти» ба калимаҳои «Агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бо дарназардошти» иваз карда шаванд.
3. Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 7 баъд аз калимаҳои «манбаи андоз;» калимаҳои «меъёри андоз;» илова карда шаванд.
4. Дар банди 2) қисми 4 моддаи 15 калимаҳои «, агар дар қисми 2 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад» ба калимаҳои «аз ҷониби шахси воқеӣ» иваз карда шаванд.
5. Қисми 1 моддаи 30 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«1. Шахсони воқеӣ, агар онҳо дар давоми ҳар давраи гузаштаи 12-моҳаи пай дар пай, ки дар ҳамин соли тақвимии ҷорӣ ба охир мерасад, дар ҳақиқат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 182 рӯз бошанд ё дар давоми ҳамин соли тақвимии ҷорӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, новобаста ба давомнокии чунин хизмат дар ҳамин соли тақвимии ҷорӣ, нисбат ба тамоми соли тақвимии ҷорӣ резидент ба ҳисоб мераванд». 
6. Дар қисми 1 моддаи 33 баъд аз калимаҳои «иҷораи молиявӣ (лизинг)» калимаҳои «, ки мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» баста шудааст,» илова карда шаванд.
7. Дар моддаи 34:
- аз ҷумлаи дуюми қисми 28 калимаҳои «амволи ғайримоддӣ,» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 38 калимаҳои «канданиҳои фоиданок дар ҷараёни истихроҷи канданиҳои фоиданок ё коркарди ташкилаҳои техногенӣ,» ба калимаҳои «сарватҳои табиӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати якуми банди 9) қисми 50 баъд аз калимаҳои «192 ҳамин Кодекс» калимаҳои «, инчунин гирифтани пардохтҳои лизингие, ки ба таркиби онҳо маблағи қарзи асосӣ (пӯшонидани қарзи иҷорагиранда аз рӯи иҷораи молиявӣ (лизинг)) ва даромади иҷорадиҳанда, ки дар шакли фоизҳо гирифта мешавад,» илова карда шаванд;
- қисмҳои 56 ва 57 дар таҳрири зерин илова карда шаванд:
«56. Нишондиҳанда барои ҳисобҳо – маблағе мебошад, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо» ҳар сол дар  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  татбиқ карда мешавад. Барои мақсадҳои ҳамин Кодекс нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз ҳисоби барои як моҳи тақвимӣ истифода бурда мешавад.
57. Амволи моддии истеҳлокшаванда барои мақсадҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) – ҳама гуна воситаҳои асосии истеҳлокшаванда, ба истиснои амволи ғайриманқул, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода шуда, ба мӯҳлати на камтар аз 12  моҳи пурраи муттасил (пай дар пай) ба иҷораи молиявӣ (лизинг) дода мешавад.».
8. Дар қисми 11 моддаи 45 калимаҳои «10 рӯзи тақвимӣ» ба калимаҳои «3 рӯзи корӣ» иваз карда шаванд.
9. Дар сархати аввали қисми 3 моддаи 49 ва дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 50 калимаҳои «дар аввали соли андоз» хориҷ карда шаванд.
10. Дар моддаи 501:
- ба қисми 1 баъд аз калимаҳои «санҷиши амалиётӣ» калимаҳои «ва санҷиши мутақобила» илова карда шуда, калимаҳои «3 рӯзи корӣ» ба калимаҳои «5 рӯзи корӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати якуми қисми 4:
-  калимаҳои «5 рӯзи корӣ» ба калимаҳои «3 рӯзи корӣ» иваз карда шаванд;
-  сархат бо ҷумлаи дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
«Дар ҳар ҳолат мақомоти андоз метавонад санҷиши андозро, ки дар огоҳнома пешбинӣ шудааст, пас аз гузаштани 10 рӯзи корӣ аз мӯҳлати дар огоҳнома  зикршуда оғоз кунад, андозсупоранда бошад, ӯҳдадор аст барои гузаронидани санҷиши андоз шароит ва ҳуҷҷатҳои заруриро муҳайё намояд.».
11. Дар қисми 4 моддаи 51:
- дар сархати якум калимаҳои «, ба истиснои гузаронидани санҷиши амалиётӣ,» хориҷ карда шаванд;
- ба сархатҳои чорум ва панҷум баъд аз калимаҳои «15 рӯзи» калимаҳои «муттасили (пай дар пайи)» илова карда шаванд.
12. Дар моддаи 56:
а) ба қисми 4 сархат бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Ҳамзамон мӯҳлати иҷрои огоҳнома бояд на дертар аз 30 рӯзи корӣ пас аз супоридани огоҳнома муқаррар карда шавад.»; 
б) қисми 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«6. Дар огоҳнома аз рӯи натиҷаи санҷиши андоз, ки ба талаботи банди 22) қисми 1 моддаи 119 ҳамин Кодекс ҷавобгӯ мебошад, ҳатман навиштаҷот дар бораи он оварда мешавад, ки дар давоми 10 рӯзи корӣ пас аз тартиб додани огоҳномаи дар боло зикршуда маводи санҷиши андоз ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ барои андешидани чораҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.».
13. Қисми 2 моддаи 58 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«2. Агар дар рафти назорати камералӣ:
- дар эъломияи (ҳисоби) андоз хато ва (ё) мухолифати маълумоти ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ошкор карда шаванд,
- ё худ номутобиқатии маълумоти пешниҳодкардаи андозсупоранда ба маълумоти ҳуҷҷатҳои мақомоти андоз ва аз ҷониби онҳо дар рафти фаъолияти назоратӣ ба даст овардашуда ошкор карда шавад,
- инчунин барзиёдии  нишондиҳандаҳое, ки  барои супорандагони андозе, ки тибқи низоми содакардашуда пардохта мешавад ва (ё) дигар андозҳо ошкор карда шаванд, -
дар ин бора ба андозсупоранда огоҳнома бо талаби дар муддати панҷ рӯзи корӣ пешниҳод кардани тавзеҳоти зарурӣ ва ҳуҷҷатҳо ва (ё) иҷрои дигар ӯҳдадориҳое, ки ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, фиристода мешавад.
Агар пас аз баррасии тавзеҳот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ё худ дар сурати набудани тавзеҳоти (ҳуҷҷатҳои) андозсупоранда мақоми андоз далели ба вуқӯъ омадани ҳуқуқвайронкунии андоз ё дигар хел вайрон намудани қонунгузории андозро муқаррар намояд, мақоми андоз ӯҳдадор аст тибқи тартиби барои санҷишҳои андоз муқарраршуда санад тартиб диҳад ва аз рӯи он қарор қабул намояд.».
14. Дар қисми 3 моддаи 59  калимаҳои «компютерҳои бонкӣ» ба калимаи «компютерӣ» иваз карда шаванд.
15. Ба қисми 6 моддаи 68 баъд аз калимаҳои «нигоҳ доранд» ва ба  қисми 1 моддаи 72 баъд аз калимаҳои «нигоҳ медоранд» калимаҳои «, агар ҳамин Кодекс ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошанд» илова карда шаванд.
16. Дар қисми 2 моддаи 70:
- банди 7) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«7) ҳисоботи муҳосибии солона, маводи санҷишҳои аудитории пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои назорати андоз истифода бурда мешаванд;»;
- банди 7) банди 8) ҳисоб карда шавад.
17. Дар моддаи 92:
- дар қисми 1:
- банди 3) дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«3) ситонидани қарзи андоз аз ҳисоби маблағи суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ва дебиторони ӯ, инчунин аз ҳисоби пули нақди андозсупоранда;»;
- банди 4) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4) ҳабси амволи андозсупоранда.»;
- сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Тадбирҳои пешбининамудаи бандҳои 2), 3) ва 4) ҳамин қисм бо тартиби судӣ анҷом дода мешаванд. Ҳангоми иҷрои талаботи банди 2) қисми 1 моддаи 94 ҳамин Кодекс нисбати андозсупорандае, ки қарзи андоз дорад, мақоми андоз метавонад дар як вақт ҳамаи тадбирҳои пешбининамудаи ҳамин қисмро татбиқ намояд.
Тартиби муроҷиати мақомоти андоз ба судҳои дахлдор оид ба андешидани тадбирҳои пешбининамудаи бандҳои 2), 3) ва 4) ҳамин қисм  дар Низомномаи қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.»;   
- дар қисми 2 калимаҳои «мӯҳлати 10 рӯз» ба калимаҳои «давоми 10 рӯзи тақвимӣ» ва калимаҳои «бандҳои 2) ва 3)» ба калимаҳои «бандҳои 2), 3) ва 4)» иваз карда шаванд.
18. Дар қисми 3 моддаи 93 рақами «0,05» бо рақами «0,08» иваз карда шавад.
19. Дар моддаи 94:
- дар қисми 1 калимаҳои «молиявию кредитии» ба калимаҳои «молиявию кредитӣ» иваз карда шуда, калимаҳои «шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ» хориҷ карда шаванд;
- ба қисми 2 сархатҳо бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«Суди иқтисодӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ аз рӯи суратҳисобҳои бонкиашон бо тартиби истеҳсолоти соддакардашуда мувофиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ баррасӣ менамояд.
Суди юрисдиксияи умумӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотии шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ ба ҳисоб намеравад, аз рӯи суратҳисобҳои бонкиаш дар рафти мурофиаи фармонӣ тибқи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.»;
- қисми 3 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«3. Боздошти амалиёти хароҷотӣ аз рӯи суратҳисобҳои бонкӣ ба ҳамаи амалиёти хароҷотии андозсупоранда, ба истиснои пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои ба он баробаркардашуда, амалиёт барои пардохти қарзи андозсупорӣ, инчунин амалиёти хароҷотӣ аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷроиявие татбиқ карда мешавад, ки тибқи моддаи 879 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд то ҳуҷҷатҳои пардохтие, ки пардохтҳоро ба буҷети давлат пешбинӣ менамоянд, иҷро гарданд.»;
- дар қисми 5 калимаҳои «чораҳои дахлдор меандешад» ба калимаҳои «ба бонкҳо ва муассисаҳои дигари молиявию кредитӣ, ки дар онҳо андозсупоранда суратҳисобҳои бонкӣ дорад, нусхаи қарори номбурдаро ирсол менамояд» иваз карда шаванд;
- қисми 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«7. Аз рӯзи гирифтани қарори суд дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рӯи суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ҳар як бонк ё дигар ташкилоти молиявию кредитӣ ҳуқуқ надорад, ки барои ин  андозсупоранда суратҳисоби нав кушояд, қарз ё аз суратҳисоби ӯ пули нақд диҳад, ба истиснои маблағе, ки барои амалиёти хароҷотӣ тибқи қисми 3 ҳамин модда медиҳад.»;
- қисми 9 хориҷ карда шавад.
20. Дар моддаи 95:
- қисми 1 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
 «1. Ҳабси амвол барои таъмини назорати бе осеб нигоҳ доштани амволи андозсупоранда, ки минбаъд ба мақсади иҷрои  ӯҳдадориҳои андози андозсупоранда бояд бегона карда (фурӯхта) шавад, татбиқ карда мешавад.»;
- қисми 2 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«2. Ҳабси амволи андозсупоранда аз рӯйхатгирии амвол, муқаррар кардани тартиби ихтиёрдорӣ, соҳибӣ ва истифода кардани амволи ҳабсшуда, инчунин додани амволи ҳабсшуда барои нигоҳдорӣ ё гирифтани он ҷиҳати минбаъд бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои андози андозсупоранда бегона кардан (фурӯхтан) иборат мебошад.»;
- қисми 3 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«3. Роҳбари аввали (муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақоми андоз метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда дар бораи ҳабси амволи андозсупоранда бо дар як вақт огоҳонидани андозсупоранда дар бораи муроҷиати худ ба суд ҳангоми иҷрои талаботи бандҳои 1) ё 2) қисми 1 моддаи 94 ҳамин Кодекс ба суд муроҷиат кунад.
Суди иқтисодӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи ҳабси амволи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ тибқи тартиби истеҳсолоти соддакардашуда мувофиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ баррасӣ менамояд.
Суди юрисдиксияи умумӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи ҳабси амволи шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ ба ҳисоб намеравад, дар рафти мурофиаи фармонӣ тибқи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.»;
- қисми 4 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«4. Қарори суд дар бораи ҳабси амвол дар давоми се рӯзи корӣ пас аз қабул шуданаш ба иҷрочии дахлдори суд барои иҷро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дода мешавад. Нусхаи қарори суд дар бораи ҳабси амволи андозсупоранда дар ҳамин мӯҳлат ба мақоми дахлдори андоз барои назорати рафти иҷрои ӯҳдадориҳои андози андозсупоранда аз ҳисоби ворид гардидани маблағ ба буҷети давлатӣ аз рӯи бегона кардани (фурӯши) амволи ҳабсшуда дода мешавад.»;
- қисмҳои 5-15 хориҷ карда шаванд;
- қисми 16 қисми 5 ҳисоб карда шуда, аз ин қисм калимаи «пурраи» хориҷ карда шавад;
- қисми 17 қисми 6 ҳисоб карда  шавад;
- қисми 18 хориҷ карда шавад.
21. Дар моддаи 96:
- дар қисми 1 калимаҳои «дар музоядаи озод, ки тартиб ва шартҳои гузаронидани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд» ба калимаҳои «аз ҷониби иҷрочиёни суд тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» иваз карда шаванд;
- ҷумлаи аввали қисми 2 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«Даромад аз бегона кардани (фурӯши) амволи ҳабсшуда барои иҷрои ӯҳдадориҳои андози андозсупоранда ва пӯшонидани хароҷоти иҷрочиёни суд тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» равона карда мешавад.».
22. Дар қисми 1 моддаи 97:
- сархати якум дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«Роҳбари аввали (муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақоми андоз метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз рӯи маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда дар бораи ситонидани маблағ аз суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ва дебиторҳои он бо дар як вақт огоҳонидани андозсупоранда дар бораи муроҷиати худ ба суд ҳангоми иҷрои талаботи банди 2) қисми 1 моддаи 94 ҳамин Кодекс ба суд муроҷиат кунад.
Суди иқтисодӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи ситонидани маблағ аз суратҳисобҳои бонкии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ва дебиторҳои он тибқи тартиби истеҳсолоти соддакардашуда мувофиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ баррасӣ менамояд.
Суди юрисдиксияи умумӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи ситонидани маблағ аз суратҳисобҳои бонкии шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ ба ҳисоб намеравад ва дебиторҳои он дар рафти мурофиаи фармонӣ тибқи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.»;
- дар сархати охир калимаҳои «дар давоми 10 рӯз аз санаи қабул намудани фармоиш» ба калимаҳои «дар асоси фармоиши инкассавии мақоми андоз тибқи қисми 2 ҳамин модда» иваз карда шаванд.
23. Моддаи 971 ба мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 971. Муроҷиат ба суд дар бораи муфлис эътироф кардани андозсупоранда
Дар сурати аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ напардохтани қарзи андоз пас аз татбиқ кардани ҳамаи чораҳои пешбининамудаи моддаи 92 ҳамин Кодекс мақоми андоз ҳуқуқ дорад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлис эътироф кардани андозсупоранда ба суд муроҷиат намояд.».
24. Банди 4 моддаи 104 хориҷ карда шавад.
25. Дар банди 6) қисми 2 моддаи 117 калимаҳои «музди меҳнати моҳонаи ҳадди ақал» ба калимаҳои «нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки қонунгузорӣ дар санаи 31 декабри соли молиявии ҳисоботӣ муқаррар кардааст,»  иваз карда шаванд.
26. Ба қисми 1 моддаи 118 банди 151 ба мазмуни зайл илова карда шавад:
«151) тибқи тартиби муқарраргардида қарзи андозро аз ҳисоби маблағи дар суратҳисобҳои бонкӣ будаи андозсупоранда ва дебиторҳои он, инчунин пули нақде, ки аз ҷумла дар натиҷаи мӯҳр мондан ва инвентаризатсияи хазинаи андозсупоранда ошкор шудааст, ситонанд;».
27. Ба банди 22) қисми 1 моддаи 119 сархати зерин илова карда шавад:
 «Барои мақсадҳои ҳамин банд далелҳои зерин, ки дорои аломатҳои ҷиноятҳои вобаста ба саркашӣ аз пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет мебошанд, ҳисобида мешаванд:
а) барои шахсони ҳукуқӣ – дар ҳолати дидаву дониста (қасдан) аз ҳисоби андоз дохил кардани нишондиҳандаҳои таҳрифшуда ё истифода кардани дигар усулҳои пинҳонкунии (кам нишон додани) даромадҳо ё зиёд кардани тарҳҳо (хароҷот), ки ба барилова ҳисоб гардидан ва (ё) напардохтани андозҳо дар ҳаҷми калон ё махсусан калон оварда расонидааст;
б) барои шахсони воқеӣ – дар ҳолати пешниҳод накардани эъломия дар бораи даромад ва дигар ҳисоботи андоз, вақте ки пешниҳоди чунин эъломия  ва дигар ҳисоботи андоз ҳатмист ё дидаву дониста ба эъломия ё дигар ҳисоботи андоз дохил кардани нишондиҳандаҳои таҳрифшуда, ки ба барилова ҳисоб гардидан ва (ё) напардохтани андозҳо дар ҳаҷми калон ё махсусан калон оварда расонидааст.».
28. Ба қисми 2 моддаи 120 баъд аз рақами «15)» рақами «151)» илова карда шавад.
29. Дар банди 3) қисми 1 моддаи 137:
- баъд аз калимаи «азнавбаҳодиҳии» калимаи «(азнавнархгузории)» илова карда шавад;
- сархат бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Дар натиҷаи азнавбаҳодиҳии (азнавнархгузории) воситаҳои асосӣ, ки на бештар аз 1 маротиба дар 5 сол гузаронида мешавад, арзиши онҳо (бо дарназардошти фарсудашавии моддӣ ва маънавӣ, инчунин дигар омилҳо) наметавонад аз нархи бозорӣ дар рӯзи азнавбаҳодиҳӣ (азнавнархгузорӣ) баландтар бошад. Оид ба натиҷаҳои азнавбаҳодиҳии (азнавнархгузории) воситаҳои асосӣ андозсупоранда дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ пас аз анҷом ёфтани он ба мақомоти андозе, ки дар он дар бақайдгирии баҳисобгирӣ истодааст, иттилоъ медиҳад.».
30. Дар моддаи 139:
- дар сархати якуми қисми 1 ва  қисми 2 калимаҳои «музди меҳнати ҳадди ақалли моҳона» ба калимаҳои «нишондиҳанда барои ҳисобҳо» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми қисми 1 калимаҳои «музди меҳнати ҳадди ақалли моҳона ё ба ҳисоби миёна аз як музди меҳнати ҳадди ақалли моҳона» ба калимаҳои «нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ба ҳисоби миёна як нишондиҳанда барои ҳисобҳо» иваз карда шаванд.
31. Дар қисми 1 моддаи 140:
- дар матн калимаҳои «, агар ҳамин Кодекс талаботи  дигареро муқаррар накарда бошад» илова карда шаванд;
- дар сутунчаҳои ҷадвал калимаҳои «музди меҳнати ҳадди ақалли моҳона» ба калимаҳои «нишондиҳанда барои ҳисобҳо» иваз карда шаванд.
32. Дар моддаи 141:
- дар банди 3) баъд аз калимаҳои «мерос гирифташуда» калимаҳои  «,  агар дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои гирифтани он боҷи давлатӣ пардохта шуда бошад» илова карда шаванд;
- дар сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми банди 4) калимаҳои «музди меҳнати ҳадди ақалли моҳона» ба калимаҳои «нишондиҳанда барои ҳисобҳо» иваз карда шаванд;
- банди 8 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«8) даромади шахси воқеӣ дар давоми як соли тақвимӣ аз фурӯш ё шакли дигари бегона кардани як манзили  зист (хонаҳо, квартираҳо (ҳуҷраҳо), бӯстонсаройҳо ва амсоли он) ба пуррагӣ ё қисми он, ки моликияти шахси воқеии мазкур ба ҳисоб меравад;».
33. Ба қисми 1 моддаи 142 калимаҳои «, ба истиснои корхонаҳое,  ки ҷавобгӯи шартҳои моддаи 302 ҳамин Кодекс мебошанд» илова карда шаванд.
34. Дар қисми 1 моддаи 144 калимаҳои «аз рӯи меъёри 25 фоиз андозбандӣ мегардад» бо матн дар таҳрири зерин иваз карда шаванд:
«бо тартиби зерин андозбандӣ мегардад:
а) агар фоидаи андозбандишаванда нисбат ба даромади умумӣ аз 20 фоиз зиёд набошад, пас фоидаи андозбандишаванда бо меъёри 25 фоиз андозбандӣ мешавад;
б) агар фоидаи андозбандишаванда нисбат ба даромади умумӣ аз 20 то 40 фоизро ташкил намояд, пас фоидаи андозбандишаванда бо тартиби зерин  андозбандӣ мешавад:
- маблағи фоидаи андозбандишавандаи то 20 фоизи даромади умумӣ  бо меъёри 25 фоиз андозбандӣ мешавад;
- маблағи фоидаи андозбандишавандаи аз 20 то 40 фоизи даромади умумӣ бо меъёри 13 фоиз андозбандӣ мешавад;
в) агар фоидаи андозбандишаванда нисбат ба даромади умумӣ аз 40 фоиз зиёд бошад, пас фоидаи андозбандишаванда бо тартиби зерин  андозбандӣ мешавад:
- маблағи фоидаи андозбандишаванда то 40 фоизи даромади умумӣ  тибқи банди «б)» ҳамин қисм андозбандӣ мешавад;
- маблағи фоидаи андозбандишавандаи зиёда 40 фоизи даромади умумӣ бо меъёри 8 фоиз андозбандӣ мешавад.». 
35. Дар моддаи 148 рақами «5» ба рақами «10» иваз карда шавад.
36. Дар қисми 8 моддаи 153 калимаҳои «музди меҳнати ҳадди ақалли моҳонаро» ба калимаҳои «нишондиҳанда барои ҳисобҳоро» иваз карда шаванд.
37. Дар банди 3) моддаи 158 калимаҳои «даромади корхонаҳо» ба калимаи «даромадҳо» иваз карда шаванд.
38. Дар моддаи 161:
- дар бандҳои 3), 5),6) ва 7) қисми 1 баъд аз калимаҳои «шахсони воқеӣ» калимаҳои «- соҳибкорони инфиродӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 2 баъд аз калимаҳои «Шахси воқеӣ» калимаҳои «-соҳибкори инфиродӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 3 баъд аз калимаҳои «Шахсони воқеӣ» калимаҳои «- соҳибкорони инфиродӣ» илова карда шаванд.
39. Дар банди 6) қисми 6 моддаи 164 рақами «, 26)» хориҷ карда шавад.
40. Ба қисми 1 моддаи 195 баъд аз калимаҳои «арзиши онҳоро зиёд мекунад» калимаҳои «(бо дарназардошти зиёдшавии арзиши активҳо дар натиҷаи азнавбаҳодиҳӣ (азнавнархгузорӣ) тибқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон)» илова карда шаванд.
41. Аз банди 6) қисми 1 моддаи 197 калимаҳои «ташкилотҳои байналмилалӣ, дигар ташкилотҳо (намояндагиҳои онҳо),» хориҷ карда шаванд.
42. Дар қисми 4 моддаи 211:
- дар банди 4) калимаи «чор» ба калимаи «ду» ва калимаи «фурӯхтани» ба калимаҳои «таҳвил намудани» иваз карда шаванд;
- ба банди 7) ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Агар молҳои воридотии мазкур дар давоми ду сол аз рӯзи воридот истифода нашаванд ё ба дигар шахс таҳвил карда шаванд, маблағи тибқи ҳамин банд напардохтаи андоз аз арзиши иловашуда бе татбиқи баҳисобгирӣ тибқи моддаи 226 ҳамин Кодекс, бояд ба буҷет ситонида шавад».
43. Банди 4) қисми 1 моддаи 213 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«4) ҳангоми дар қаламрави гумрукӣ таҳти низоми гумрукии коркард қарор додани моли воридшуда он мутобиқи қонунгузории гумруки  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андозҳо шартан пурра озод карда мешавад.».
44. Дар моддаи 217:
- дар қисми 3 калимаи «пардохт» ба калимаи «пардохтпулӣ», калимаҳои «анҷом дода мешавад» ба калимаҳои «барои таҳвили мол, иҷрои кор, расонидани хизмат гирифта шудааст», калимаҳои «пардохт анҷом дода мешавад» ба калимаҳои «гирифтани пардохтпулӣ ҷой дорад» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаи «сурат» хориҷ ва  калимаи «пардохт» ба  калимаи «пардохтпулӣ» иваз карда шуда, баъд аз калимаи «гирифта» калимаи «шуда» илова карда шавад, калимаҳои «ҳар як пардохт» ба калимаҳои «ҳар як пардохтпулии гирифташуда» иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 дар ҷумлаи аввал калимаҳои «пештар сурат гирад, дар лаҳзаи пардохти ҳама гуна қисми амалиёт» ба калимаҳои «барои хизматрасонӣ пештар гирифта шуда бошад, дар лаҳзаи гирифтани пардохтпулӣ барои ҳар кадом аз қисматҳои амалиёт» иваз карда шуда, дар ҷумлаи дуюм калимаҳои «ба таври ҳатмӣ» хориҷ карда шаванд;
- қисми 9 хориҷ карда шавад.
45. Дар қисми 1 моддаи 219:
- аз банди 5) калимаҳои «муассисаи доимии» ва «(муассисаи доимӣ)» хориҷ карда шаванд;
- ба банди 5) сархат бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- алоқа;»;
- дар банди 6) калимаи «хизматрасонӣ» ба калимаҳои «хизматрасониҳое, ки дар бандҳои 1)-5) ҳамин қисм нишон дода нашудаанд» иваз карда шавад.
46. Дар моддаи 226:
- ба сархати якуми қисми 1 баъд аз калимаҳои «бо назардошти» калимаҳои «талаботи қисми 4 ҳамин модда ва» илова карда шаванд;
- сархати сеюми қисми 4 хориҷ карда шавад;
- қисми 9 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«9. Дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки моддаи 316 ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, баҳисобгирии маблағи андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда иҷозат дода мешавад.»;
- қисми 9 қисми 10 ҳисоб карда шавад.
47. Дар моддаи 237:
- дар номи модда калимаҳои «аз ҳисоби маблағҳои грант, кредитҳо (қарзҳо) пардохта шудаанд» ба калимаҳои «барои татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои (шартномаҳои) грантӣ кредитӣ (қарзӣ)  маблағгузорӣ шудаанд» иваз карда шаванд;
- дар сархати якуми қисми 1 калимаҳои «аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит (қарз) пардохта шудааст» ба калимаҳои «барои татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои (шартномаҳои) грантӣ кредитӣ (қарзӣ), ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донистааст, маблағгузорӣ шудаанд» иваз карда шаванд.  
48. Дар банди 2) қисми 1 моддаи 244 калимаҳои «музди меҳнати ҳадди ақалли моҳона» ба калимаҳои «нишондиҳанда барои ҳисобҳо» иваз карда шаванд.
49. Дар қисми 1 моддаи 259:
- дар бандҳои 1) ва 2) калимаҳои «шахсони воқеӣ ва» ба калимаҳои «соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони» иваз карда шаванд;
- дар банди 2) калимаҳои «дар рафти фаъолияти соҳибкории худ ба шахсони воқеӣ-резидентҳо дар асоси шартномаҳои дорои хусусияти гражданию ҳуқуқӣ ё бе шартнома ҳаққи хизматашонро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, медиҳанд» ба калимаҳои «дар рафти фаъолияти соҳибкории худ ба шахсони воқеӣ-резидентҳо дар асоси шартномаҳои дорои хусусияти гражданию ҳуқуқидошта ё бе шартнома барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои расонидашуда (корҳои иҷрошуда), музди меҳнат пардохт менамояд;» иваз карда шаванд;
- дар банди 5) калимаҳои «шахсони воқеӣ-шаҳрвандони» ба калимаҳои «шахсони воқеӣ-резидентҳои» ва калимаҳои «дар  ташкилотҳои байналмилалӣ, дигар ташкилотҳо (намояндагиҳои онҳо), ки онҳо (муассисаҳо ва ташкилотҳо)» ба калимаи «ки» иваз карда шаванд.
50. Дар қисми 3 моддаи 262 калимаҳои «ба 3  фоиз баробар аст» ба калимаҳои «аз ҷониби худи андозсупорандагон дар ҳаҷми на камтар аз 5 фоиз муқаррар карда мешавад», калимаҳои «0,2 фоиз» ба калимаҳои «на камтар аз 0,2 фоиз» иваз карда шаванд.
51. Дар қисми 7 моддаи 263:
-  баъд аз калимаҳои «пешниҳод мекунанд» калимаҳои «ва дар ҳамон мӯҳлат маблағи андози иҷтимоиро, ки барои моҳи ҳисоботӣ ҳисоб карда шудааст (бояд ҳисоб карда шавад) пардохт менамоянд» илова карда шаванд;
- сархати нав  ба мазмуни зайл илова карда шавад:
 «Барои шахсони воқеӣ-резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар банди 5) қисми 1 моддаи 259 ҳамин Кодекс нишон дода шудаанд, андози иҷтимоӣ метавонад аз ҷониби корфармоёни онҳо бо меъёрҳои муқаррарнамудаи худи корфармоён пардохта шавад. Дар чунин ҳолат корфармоён суғуртакунанда ба ҳисоб мераванд ва андози иҷтимоиро аз рӯи меъёри на камтар аз 5 фоиз мепардозанд, шахсони воқеӣ – резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд аз ҳисоби музди меҳнати худ (новобаста ба талаботи истиснои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 262, инчунин қисми 3 моддаи 262 ҳамин Кодекс) андози иҷтимоиро танҳо ба сифати суғурташудагон аз рӯи меъёри 1 фоиз тибқи қисми 1 моддаи 262 ҳамин Кодекс пардохт намоянд. Дар баробари ин эъломия дар бораи маблағи пардохташудаи андози иҷтимоӣ аз ҷониби корфармо тибқи мӯҳлат ва тартиби муқаррарнамудаи ҳамин қисм пешниҳод карда мешавад.».
52. Дар сархати 2 қисми 1 моддаи 268 калимаҳои «ҳангоми ташаккули буҷети давлатӣ барои соли ояндаи буҷетӣ ба назар гирифта мешавад» ба калимаҳои «барои соли гузаштаи андоз аз ҷониби мақоми давлатӣ оид ба омор муайян карда шудааст» иваз карда шаванд.
53. Дар номи Фасли XI калимаҳои «Андозҳо аз» ба калимаҳои «Андоз аз» иваз карда шаванд.
54. Дар моддаи 272:
- дар қисми 1 калимаҳои «бонусҳо (обунавӣ, дарёфти тиҷоратӣ, истихроҷӣ) ва» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои «бонусҳо ва»  хориҷ карда шаванд.
55. Ба қисми 1 моддаи 274 сархати нав ба мазмуни зайл илова карда шавад:
«Ҳангоми анҷом додани истифодабарии қаъри замин тибқи ҳамин Фасл роялтии истифодаи қаъри замин барои ҳамаи давраи фаъолият бе бастани қарордод бояд бо меъёрҳои баландтарине, ки ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, пардохт карда, минбаъд истифодабарандаи қаъри замин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад.».
56. Боби 38 хориҷ карда шавад.
57. Дар  қисми 2 моддаи 289 баъд аз калимаҳои «қисми 3 ҳамин модда» калимаҳои «ва Боби 52 ҳамин Кодекс» илова карда шаванд.
58. Дар моддаи 291:
- банди 3) қисми 2 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«3) меъёрҳои роялти дар ҳар як қарордод ба таври инфиродӣ вобаста ба  самаранокии иқтисодии лоиҳа доир ба ҳар намуди (доир ба ҳамаи намудҳои) канданиҳои фоиданок  алоҳида муқаррар карда мешаванд.»;
- қисмҳои 3 ва 4 дар таҳрири зерин баён карда шаванд:
«3. Меъёрҳои роялтии истифодаи қаъри замин барои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ дар ҳаҷмҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

 

Номгӯи канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ
Меъёрҳои роялтии истифодаи қаъри замин бо фоиз нисбат ба манбаи ҳисоби роялтии истифодаи қаъри замин
1
Рег (ба ғайр аз қолибрезӣ, шишасозӣ барои саноати чиниворию фаянсӣ ва сементбарорӣ)
2-4
2.
Реги қолибрезӣ, шишасозӣ барои саноати чиниворию фаянсӣ ва сементбарорӣ
1-2
3.
Омехтаи регу шағал
2-4
4.
Гил (ба ғайр аз гили оташбардор, мушкилгудоз, қолибрезӣ барои саноати чинисозию фаянсӣ ва сементбарорӣ, флоридонӣ, рангрезӣ, бентонитӣ, кислотабардор ва каолин)
2-3
5.
Гили оташбардор, мушкилгудоз, қолибрезӣ барои саноати чинисозию фаянсӣ ва сементбарорӣ, флоридонӣ, рангрезӣ, бентонитӣ, кислотабардор ва каолин
1-2
6.
Гилхок (ба ғайр аз гилхоки саноати сементбарорӣ)
2-3
7.
Гилхок барои саноати семент
1-2
8.
Санги бинокорӣ
2-3,5
9.
Регсанг (ба ғайр аз битуминоз, барои рӯйкашкунӣ, динас ва барои саноати шишабарорӣ)
2-3,6
10.
Регсанги битуминоз, барои рӯйкашкунӣ, динас ва барои саноати шишабарорӣ
2-3
11.
Бӯр (ба ғайр аз бӯр барои саноати семент, кимиёвӣ, шишасозӣ, резинбарорӣ ва барои ҳосил кардани гилхок аз нефелин)
2-3
12.
Бӯр барои саноати семент, кимиёвӣ, шишасозӣ, резинбарорӣ ва барои ҳосил кардани гилхок аз нефелин
2-3
13.
Квартсит (ба ғайр аз динас, флюсӣ, рӯйкашкунӣ, оҳандор барои истеҳсоли карбиди кремнӣ, кремнии булӯрини хӯлаи оҳан)
2-3,0
14.
Квартсити буттахишт, флюсӣ, рӯйкашкунӣ, оҳандор барои истеҳсоли карбиди кремний, кремнийи булӯрини хӯлаи оҳан
1-2
15.
Доломит (ба ғайр аз битуминоз ва барои саноати семент)
1,6-3,6
16.
Доломити битуминоз ва барои саноати семент
1,6-2
17.
Мергел (ба ғайр аз битуминоз ва барои саноати семент)
1,7-3,7
18.
Мергели битуминоз ва барои саноати семент
1-2
19.
Оҳаксанг (ба ғайр аз битуминоз, рӯйкашкунӣ, хока барои саноати семент, металлургия, кимиёвӣ, шишабарорӣ, селлюлозаю коғазбарорӣ ва қандистеҳсолкунӣ, инчунин барои истеҳсоли гилхок)
1,5-3,5
20.
Оҳаксанги битуминоз, рӯйкашкунӣ, хока барои саноати семент, металлургия, кимиёвӣ, шишабарорӣ, селлюлозаю коғазбарорӣ ва қандистеҳсолкунӣ, инчунин барои истеҳсоли гилхок
1,5-2
21.
Оҳаксанги ковок (ба ғайр аз оҳаксанги рӯйкашкунӣ ва ороишӣ)
2-3,5
22.
Оҳаксанги ковоки рӯйкашкунӣ ва ороишӣ
1-2
23.
Варақсанг (ба ғайр аз варақсанги сӯзанда ва бомпӯшӣ)
1,5-3,5
24.
Варақсанги сӯзанда ва бомпӯшӣ
1-2
25.
Аргиллитҳо ва алевролитҳо (ба ғайр аз онҳое, ки дар саноати семент истифода мешаванд)
2-3
26.
Аргиллитҳо ва алевролитҳое, ки дар саноати сементбарорӣ истифода мешаванд
1,5-2
27.
Ҷинсҳои магмативӣ, вулканӣ ва ҷинсҳои метаморфозӣ (ба ғайр аз ҷинсҳои рӯйкашкунӣ, ороишӣ, барои истеҳсоли маводи оташбардор ва кислотабардор, гудозиши сангин ва пахтаи маъданӣ, ба ғайр аз маводе, ки дар саноати семент истифода бурда мешаванд)
1,5-3,2
28.
Ҷинсҳои магмативӣ, вулканӣ ва ҷинсҳои метаморфозӣ рӯйкашкунӣ, ороишӣ, барои истеҳсоли маводи оташбардор ва кислотабардор, гудозиши сангин ва пахтаи маъданӣ, инчунин дар саноати семент истифода бурда шаванда
1,5-2
29.
Обҳои зеризаминӣ
5-10

4. Меъёрҳои роялтии истифодаи қаъри замин  барои канданиҳои фоиданок, ба истиснои дар қисми 3 ҳамин модда нишондодашуда ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

 

 
 
Номгӯи канданиҳои фоиданок
 
Меъёрҳои роялтии истифодаи қаъри замин бо фоиз нисбат ба манбаи ҳисоби роялтии истифодаи қаъри замин 
1.
Нафт, конденсати газ ва гази табиӣ
4-6
2.
Ангишт, варақсанги сӯзанда, торф
2-4
3.
Металлҳои сиёҳ (оҳан, марганетс, хром, ванадий)
2-4
4.
Металлҳои ранга ва нодир (мис, сурб, руҳ, қалъагӣ, никел, кобалт, молибден, симоб, сурма, висмут, кадмий, алюминий, стронсий, титан, сирконий, литий, волфрам, тантал, ниобий ва ғайра)
4-7
5.
Маъданҳои пароканда
7-9
6.
Металлҳои асил (тилло, нуқра, платиноидҳо)
7-9
7.
Алмос ва сангҳои қиматбаҳо
7-9
8.
Сангҳои ранга (ҷилонок) ва ашёи хоми пезооптикӣ
7-9
9.
Ашёи хоми радиоактивӣ
3-5
10.
Ашёи хоми кӯҳии кимиёвӣ ва обҳои гарм
3-5
11.
Ашёи хоми маъдани кӯҳӣ ва хоми ғайримаъданӣ барои металлургия
3-5
12.
Масолеҳи бинокории ғайримаъданӣ
2-3
13.
Дигар канданиҳои фоиданоке, ки дар ҳамин ҷадвал, инчунин тибқи қисми 3 ҳамин модда дар ҷадвали меъёрҳо барои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ нишон дода нашудаанд
2-3

»;
- аз қисми 5 сархати якум хориҷ карда шавад.
59. Дар моддаи 294:
- аз номи модда калимаи «фурӯш» хориҷ карда шуда,  калимаи «таҳвил» аз қавсайн бароварда шавад;
- дар тамоми матни модда калимаҳои «фурӯш», «фурӯши» мувофиқан ба калимаҳои «таҳвил», «таҳвили» иваз карда шаванд.
60. Дар банди 3) моддаи 296 калимаҳои «дар асоси патент ё дигар системаи соддакардашуда» хориҷ карда шаванд.
61. Дар моддаи 297:
- баъд аз калимаҳои «ба ҳисоб меравад» калимаҳои «, ба истиснои хароҷот барои сохтмон, хариди воситаҳои асосӣ ва насб кардани онҳо, дигар хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 195 ҳамин Кодекс хусусияти капиталӣ доранд ва бояд минбаъд дар шакли ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ аз рӯи воситаҳои асосӣ тибқи моддаи 153 ҳамин Кодекс тарҳ карда шаванд, инчунин андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди ҳисоб кардашуда (ҳисоб кардашаванда)» илова карда шаванд;
- сархатҳои нав ба мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Ҳамзамон барои ҳисоби андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард тамоми тарҳҳои (хароҷоти) воқеӣ ба назар гирифта мешаванд, аммо агар тарҳҳои (хароҷоти) воқеӣ  аз 70 фоизи даромади умумӣ тибқи моддаи 319 ҳамин Кодекс бештар набошанд, пас манбаи андоз баробар ба 70 фоизи даромади умумии дар боло нишондодашуда қабул карда мешавад.
Барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурӯш арзиши (нархи) пардохташуда (пардохташаванда) барои молҳое, ки минбаъд бояд таҳвил (аз нав фурӯхта) шаванд, ҳамчун тарҳ (хароҷот) ба назар гирифта мешавад ва бояд ба манбаи андозбандӣ дохил карда шавад.».
62. Дар моддаи 300:
- баъд аз калимаҳои «ҳисоб карда мешавад» калимаҳои «, ба истиснои хароҷоти сохтмон, хариди воситаҳои асосӣ ва насб кардани онҳо, дигар хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 195 ҳамин Кодекс хусусияти капиталӣ доранд ва бояд минбаъд дар шакли ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ аз рӯи воситаҳои асосӣ тибқи моддаи 153 ҳамин Кодекс тарҳ карда шаванд, инчунин андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди ҳисоб кардашуда (ҳисоб кардашаванда)» илова карда шаванд;
- сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Ҳамзамон барои ҳисоби андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ҳамаи тарҳҳои (хароҷоти) воқеӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд, аммо агар тарҳҳои (хароҷоти) воқеӣ аз 70 фоизи даромади умумӣ тибқи моддаи 319 ҳамин Кодекс зиёд набошанд, пас манбаи андоз баробар ба 70 фоизи даромади умумии дар боло нишондодашуда қабул карда мешавад.
Барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурӯш арзиши (нархи) пардохташудаи (пардохташавандаи) молҳое, ки минбаъд бояд таҳвил (аз нав фурӯхта) шаванд, ҳамчун тарҳ (хароҷот) ба назар гирифта мешавад ва бояд ба манбаи андозбандӣ дохил карда шавад.».
63. Дар сархати якуми моддаи 302 баъд аз калимаҳои «молҳои зераксизӣ» калимаҳои «(ба истиснои нӯшокиҳои беспирт» илова карда шуда, калимаҳои «, дорои воҳидҳои махсус» хориҷ карда шаванд.
64. Дар моддаи 303:
- дар қисми 2 калимаи «Андозсупорандагоне» ба калимаҳои «Новобаста ба дигар муқаррароти ҳамин Кодекс, андозсупорандагоне» иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои «андози ҳадди ақал аз даромадҳо,» калимаҳои «андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми ворид кардани молҳо ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пардохта шавад,» илова карда шаванд;
- сархати дуюми қисми 4 хориҷ карда шавад.
65. Ба моддаи 304 сархати нав ба мазмуни зерин илова карда шавад:    
 «Ҳамзамон меъёри андоз барои қисми даромади умумӣ, ки аз ҳадди муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи ААИ зиёд аст, дар ҳаҷми 5 фоиз муқаррар карда мешавад.».
66. Дар қисми 3 моддаи 305 сархати якум хориҷ карда шуда, дар сархати дуюм калимаҳои «ҳамин қисм» ба калимаҳои «моддаи 302 ҳамин Кодекс» иваз карда шаванд.
67. Дар қисми 1 моддаи 307 баъд аз калимаҳои «кишоварзӣ мебошад» калимаҳои «, ба истиснои заминҳое, ки мутобиқи моддаи 271 ва қисми 4 моддаи 267 ҳамин Кодекс аз андози замин озод карда шудаанд» илова карда шаванд.
68. Қисми 3 моддаи 308 дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«3. Ҳайати минтақаҳои кадастрӣ, минтақаҳои кӯҳӣ дар ҳудуди минтақаҳои кадастрӣ, инчунин меъёрҳои андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ доир ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдор доир ба масъалаҳои заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.».
69. Дар моддаи 315:
- ба қисми 5 баъд аз калимаҳои «сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «аз рӯи нархҳои дар лаҳзаи содирот амалкунанда» илова карда шаванд;
- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Эъломия аз рӯи андоз аз фурӯш дар шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (ҳисобҳо) дар бораи пардохти андоз ба мақомоти дахлдори андоз аз ҷониби таҳвилкунанда на дертар аз 5 рӯзи тақвимӣ пас аз таҳвили молҳои андозбандишаванда (амалиёти андозбандишавандаи анҷомёфта) пешниҳод карда мешаванд.».
70. Ба қисми 1 моддаи 316 баъд аз калимаҳои «ки ҳангоми хариди нахи пахта ва алюминийи аввалия» калимаҳои «ё вобаста ба коркарди мустақилона ё ба коркард додани молҳои андозбандишаванда» илова карда шаванд.
71. Дар сархати охири қисми 1 моддаи 329 калимаҳои «дар асоси муроҷиати Маҷлиси дахлдори маҳаллии вакилони халқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар минтақаҳои рушди сайёҳӣ, истироҳатӣ» ба калимаҳои «Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ метавонад дар минтақаҳои рушди сайёҳӣ, дамгирӣ ва истироҳатӣ» иваз карда шаванд.
72. Дар моддаи 337 калимаҳои «шахсони воқеӣ ва» ба калимаҳои «соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони» иваз карда шаванд.
73. Сархати дуюми моддаи 338  хориҷ карда шавад.
74. Дар моддаи 342:
- ба қисми 1 сархат бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Ҳангоми истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи назоратӣ (фискалӣ) маблағи андози фурӯши чакана дар чеки назоратии моли фурӯхташуда инъикос карда мешавад, дар дигар ҳолатҳо маблағи андози фурӯши чакана дар квитансияҳо, чиптаҳо, талонҳо, нишонаҳои пардохти почта ё дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботашон қатъии ба чекҳо баробар кардашуда инъикос карда мешавад.»;
- дар қисми 2 баъд аз калимаи «буҷет» калимаҳои «дар маҳалли фурӯши молҳо» илова карда шаванд.
75. Дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 343 калимаҳои «даромади корхонаҳо» ба калимаи «даромадҳо» иваз карда шаванд.
76. Дар моддаи 344:
- дар қисми 6 калимаҳои «24 моҳи пурраи тақвимӣ» ба калимаҳои «мӯҳлате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст,» иваз карда шаванд;
- ба қисми 7 ҷумла бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Барои корхонаҳои азнавтаъсисёфта мӯҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи андоз, инчунин мӯҳлати мурури даъво ба мӯҳлати (давраи) пешниҳоди имтиёзоти андозӣ тибқи қисми 5 ҳамин модда дароз карда мешавад.».
77. Дар моддаи 351:
- дар сархати якуми қисми 8 ва дар сархати панҷуми қисми 10 пас аз калимаҳои «андоз аз истифодабарандагони қаъри замин» дар қавсайн калимаи «(роялти)» илова  карда шавад.
78. Дар қисми 2 моддаи 352 калимаҳои «андоз аз истифодабарандагони қаъри замин» ба калимаҳои «андоз аз истифодабарандагони қаъри замин (роялти)» иваз карда шаванд.
79. Боби 53 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Боби 53. Роялти барои об
Моддаи 363. Андозсупорандагон
Андозсупорандагони роялти барои об (минбаъд дар ҳамин боб - андозсупорандагон) шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие эътироф мешаванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон обро барои истеҳсоли нерӯи барқ истифода мебаранд.
Моддаи 364. Объектҳои андозбандӣ
Объекти андозбандии роялти барои об истифодаи объектҳои обӣ бо мақсадҳои истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқии обӣ эътироф мешавад.
Моддаи 365. Манбаи андоз
1. Манбаи андоз аз ҷониби андозсупоранда нисбат ба ҳар як объекти обӣ алоҳида муайян карда мешавад.
2. Ҳангоми истифодаи объектҳои обӣ бо мақсади истеҳсоли нерӯи барқ манбаи андоз ҳамчун миқдори дар давраи андозсупорӣ истеҳсолшудаи нерӯи барқ бе дарназардошти талафи он ҳангоми интиқоли (таҳвили) минбаъдаи он муайян карда мешавад.
Моддаи 366. Озодкунӣ
Истифодаи объектҳои обӣ барои мақсадҳои истеҳсоли нерӯи барқ ҳангоми аз 1000 киловатт бештар набудани иқтидори объектҳои нерӯистеҳсолкунанда аз андозбандӣ бо роялти барои об озод карда мешавад.
Моддаи 367. Давраи андоз
Нисбат ба истифодаи объектҳои обӣ бо мақсадҳои истеҳсоли нерӯи барқ давраи андоз моҳи тақвимӣ эътироф мешавад.
Моддаи 368. Меъёри андоз
Меъёри роялти барои об ҳангоми истифодаи объектҳои обӣ бо мақсадҳои истеҳсоли нерӯи барқ  ба андозаи 0,06 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар 1000 киловатт/соат нерӯи барқи истеҳсолшуда ба ҳолати охири давраи андоз муқаррар карда мешавад.
Моддаи 369.  Тартиби ҳисоб кардани роялти барои об
1. Андозсупоранда маблағи роялтиро барои об мустақилона ҳисоб менамояд.
2. Маблағи роялти барои об аз рӯи натиҷаи ҳар як давраи андоз ҳамчун ҳосили зарби манбаи андоз ба меъёри андоз ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 370. Мӯҳлати пардохти роялти барои об
Маблағи умумии роялти барои об, ки тибқи моддаҳои  365 ва 368 ҳамин Кодекс ҳисоб карда шудааст, бояд ба буҷет на дертар аз 15-уми моҳи пас аз давраи гузаштаи андоз пардохта шавад.
Моддаи 371. Эъломияи андоз
Эъломияи андоз аз рӯи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд, аз ҷониби андозсупоранда ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирии он дар мӯҳлате, ки барои пардохти андоз муқаррар шудааст, пешниҳод карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур дар мӯҳлатҳои тибқи қисми 2 моддаи 2 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда мавриди амал қарор дода шавад.
То ба Қонуни мазкур мутобиқ кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарордодҳои басташуда доир ба масъалаҳои истифодаи қаъри замин нисбат ба тамоми намудҳои истифодаи қаъри замин шартҳои истифодаи қаъри замин, аз ҷумла меъёрҳои андоз аз истифодабарандагони қаъри замин, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур амал мекарданд, татбиқ мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 марти соли 2009, № 493

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2009, № 1239

 

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Ҷоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 марти соли 2009, № 603


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 988

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед