logo

фарҳанг

ОРИФОНИ ХАТЛОНЗАМИН

Сӯфию орифи машҳури Балх, Хоҷа Шақиқи Балхии маълуму машҳур аст. Яке аз барҷастатарин чеҳраҳои муқаддаси рӯҳонияти ислом маҳсуб меёбад. Аксари муҳаққиқони ватанию хориҷӣ санаи зиндагиномаи ӯро асрҳои IX - X ба қалам додаанд. Ӯ солҳои зиёд ба омӯзиши илму маорифи исломӣ машғул гашта, худ шайху сӯфии комил мегардад. Шақиқ умри бобаракати хешро дар рушду нумӯи мазҳаби ҳанафии ислом бахшидааст ва пешаи тоҷирӣ ҳам дошт. Шайх Шақиқ асосан зодаи Балхи бостонӣ буда, баъди омӯзиши илму фанни давр тамоми қаламрави хилофатро тай карда, садҳо шогирдони роҳи тариқатро ба воя расонидааст. Қисми зиёди умри Шақиқ дар замони халифаи панҷуми аббосӣ – Ҳорун - ар - Рашид солҳои 763 – 809 гузаштааст. Ӯ шахсияти муқаддас ва хеле машҳури рӯҳонӣ буда, дар илму дониши ислом назир надошт. Авлиёи барҳақ буд. Дар бораи авлиё будани Шайх Шақиқ чандин муаллифон ва сарчашмаҳо хабар додаанд. Масалан муаллифи китоби «Фазоили Балх» - и Шайхулислом Сафиуддин, «Хазинат - ул - асфиё» - и Ғуломсарвар соҳиби Лоҳурӣ, «Сафинат - ул - авлиё» - и Муҳаммади Дорошукӯҳ, «Нафоқот - ул - унс» - и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, «Ал - ҷомеъ - ас - сағир» - и Суфиёни Саврӣ, «Тазкирот - ул - ҳуффоз», «Аз - заҳобӣ» дар бораи Шайх Шақиқ маълумотҳои аниқ додаанд. Аз олимони муосир ҳаёт ва фаъолияти суфию орифи машҳур Шақиқро академик Бартолд, Аҳрор Мухторов ва Ғолиб Ғоибов тадқиқ кардаанд. Устод Ғолиб Ғоибов бо далелҳо ва истифода аз асарҳои Шайхулислом Сафиуддин «Фазоили Балх», «Аз заҳобӣ», «Тазкират-ул-Ҳуффоз» дарёфт, ки Шайх Шақиқи Балхӣ дар назди Абуҳанифаи бузург, поягузори мазҳаб, ба таҳсили илм машғул будааст. Ва метавонем ба пуррагӣ ӯро шогирди Абуҳанифа номид, ки ин боиси ифтихор ҳам ҳаст. Шақиқ аз забонҳои арабӣ ва форсии тоҷикӣ хуб баҳраманд буд. Шайхулислом Сафиуддин мегӯяд, ки Шақиқ ба ҷуз он, ки суфию хорифи бузург буд, боз ба тиҷорат низ машғул будааст. Сабаби асосии ба зӯҳду тақво гаровидани Шақиқ ин будааст, ки ҳангоми дар Туркистон (Чини Ғарбӣ) ба тиҷорат машғул буданаш, мардумеро мебинад, ки бо сару риши тарошида бутҳоро ибодат мекунанду аз онҳо зиндагии беҳ талаб мекунанд. Шақиқ дар ғазаб шуда, ба онҳо мегӯяд ки чаро шумо худои ягонаро неву сангҳоро мепарастед.  Дар ҷавоб онҳо посух медиҳанд, ки мо аз ҳамин худоҳои худ ризқу рӯзӣ меёбем, вале ту чаро аз мулки худ барои ризқу рӯзӣ баромада, ба ин ҷо омадӣ, розиқи ту дар ватанат туро нигаҳбон нагашт. Ба гуфтаи муаллифи китоби «Хазинат - ул - асфиё» - и Ғуломсарвар Соҳиби Лоҳурӣ, Шақиқ баъди шунидани ин калимот зоҳид гардид. Мегӯянд, ки Шақиқ авлиёи барҳақ буд. Дар илми ислом назир надошт. Ӯ дониши исломиро аз устодаш Абуҳанифа омӯхта аз ҳақиқат ба тариқат мерасад. Аз сарчашмаҳо маълум аст, ки дар мулки Араб олимону донишмандони аҳли ислом солҳои зиёд хостори дифои ин шайхи бузург буданд ва инак ба мақсадашон расиданд.
Бо амри тақдир барои зиёрати хонаи Худо, барои анҷоми ҳаҷҷи умра Шақиқ ба сафари шаҳрҳои Маккаву Мадина мебарояд. Баъди анҷоми ҳаҷҷи умра ӯро халифаи Араб Ҳорун-ар - Рашид ба наздаш мехонад ва ба ӯ мегӯяд, ки чанд панде бидеҳ.  Шақиқ гуфт: Агар дар биёбони тафсон ташна шавӣ, ки қариб ба ҳалокат расӣ, пас ҷоми шарбате ба чанд бихарӣ. Гуфт то ба ними мулки худ бихарам. Шақиқ гуфт, агар ту он об бихӯрӣ ва дар шиками ту банд шавад, шахсе гӯяд, ки ман илоҷи ту мекунам ба шарте, ки ними мулки ту боқист, бидиҳӣ. Дар ин вақт чӣ кунӣ. Ҳорун - ар - Рашид гуфт, бидиҳам ва аз он биёбони тафсон ҷон ба саломат бибарам. Шақиқ гуфт, пас чи нозе бад - ин мамлакате, ки  қиматаш як коса об аст, аввал онро нисфи мамлакати худ харид кунӣ ва бихурӣ ва боз агар дар шикам банд гардад, ба нисфи дигараш аз шикам барорӣ. Мулки исломро ту ба як коса об фурӯхтӣ. Ҳорун-ар-Рашид чун ин суханон аз Шақиқ  бишнид, бисёр бигристу гуфт: Анта зоҳидун сиддиқин, яъне ту зоҳиди ҳақиқӣ ҳастӣ. Аз китоби Шайх Шақиқи Балхӣ Ғолиб Ғоибов.
Шақиқ дар Макка бо Иброҳими Адҳам вомехӯрад ва аз ӯ суол мекунад. Эй Иброҳим дар кори рӯзгузаронӣ чӣ мекунӣ. Иброҳими Адҳам гуфт: Агар бирасад, шукр кунам ва агар нарасад, сабр кунам. Шақиқ дар ҷавоб гуфт: Сагони кӯи мо ҳам чунин мекунанд. пас шумо чун мекунед, гуфт Иброҳим. Шақиқ гуфт, агар бирасад ба дигарон бидиҳам ва агар нарасад, шукр кунам. Иброҳими Адҳам аз тахт ба зер омад, бӯса бар сари Шақиқ доду гуфт: Устод туӣ, аз китоби «Хазинат - ул - асфиё» - и Ғуом сарвар Соҳиби Лоҳурӣ.
Мувофиқи таълимоти фалсафии Шайх Шақиқ инсони комил ҷиҳати қаробат ба офаридгор аз ҳаёти фано то ҳаёти бақо бояд аз тавба, сабр, шукр, хавф, риҷоъ, фақр, зуҳд, таваккал ва муҳаббат (ишқи Илоҳӣ доштан) истифода намояд. Ӯ зидди парастиши инсон ҳангоми ҳаёт ва ҳам мамот буда, фақат парастиши офаридгорро афзал медонист ва дар Афғонистону Покистон, Осиёи Марказию Арабистон муридону ҳаводорони зиёде дошт. Ривоятҳои халқӣ оиди ин шайхи бузург хеле зиёданд. Ривоятеро ба саҳми хонандагон мерасонем, ки ба ҳақиқат наздик аст. Солҳои 70 - уми қарни гузашта мӯйсафедони пири рӯзгордида нақл мекарданд, ки мардуми зиёде аз зулми подшоҳи золим ба дод омада, ба назди ин  авлиёи барҳақ Шайх Шақиқ ба Балх омада мегӯянд: Ё Шайх, шумо, ки сӯфии поку орифи бузург ҳастед, дуо кунед, ки халқи Худо аз подшоҳи золим халосӣ ёбад. Шайх Шақиқ аз ниҳоли гандум ғӯлакчӯбе тайёр карда, ниҳоли дигарашро ҳамчун найза ба ғӯлакчӯб ҷо карда, сӯи подшоҳи золим ҳаво медиҳад. Бо қудрати офаридгор, тир омада рост ба синаи подшоҳ расида, ҷон медиҳад ва мардум аз зулми ин подшоҳи золим халосӣ меёбад. Дар хабар омадааст, ки миёни Балху ин подшоҳи золим якмоҳа роҳ будааст. Дар ривояти дигаре омадааст, ки Мавлоно Ҳоҷӣ Кабир, яке аз шахсиятҳои бузурги ҷаҳони ислом, ки таҳсили илмро дар Ҳиндустон гузаронидааст, дар яке аз шабҳои ҷумъа Шайх Шақиқро дар хоб мебинад. Шайх ишора ба Мавлоно хитоб мекунад, ки ба ту чӣ расидааст, ки аз ман бехабар мондаӣ. Магар  намебинӣ, дар боли қабри ман ҳайвонҳо озодона гаштугузор доранд. Мавлоно Ҳоҷӣ Кабир аз хоб бедор шуда, ба муридони худ мегӯяд, ки рафта аз ҷангал химчаку шох оварда, гирди ин бузургворро шиғ гирифта, махкам кунед. Онҳо ба гуфтаи пирашон аз ҷангал химчаку шох оварда, дар назди қабристони Шайх мепартоянд, то ин ки пагоҳ омада гирди онро маҳкам кунанд. рӯзи дигар Мавлоно Ҳоҷӣ Кабир ҳамроҳ бо муридонаш назди қабри бузургвор меоянд. Мебинанд, ки аз дарзаҳои шоху химчаҳо дараке нест. Аз дасти туркони Қарахонӣ ва Қатағанҳо, ки дар ин ҷо иқомати доимӣ доштанд, нисбати ин шайху авлиё беҳурматӣ зоҳир карда, шоху химчакҳои мардум овардаро дуздида ба ғорат мебаранд. Мавлоно Ҳоҷӣ Кабир ноумед ҳамроҳ бо муридонаш ба хонаҳояшон бармегарданд. Баъди гузашти як рӯз аз дуои шайх қисми зиёди ин дуздон якбора фавтиданд. Боқимонда аз тарси ҷон ба назди қабри бузургвор омада тавба карда, ҷон ба саломат бурданд. Аз рӯи нақли Шайхулислом Сафиуддин аз китоби Фазоили Балх, шуҳрати бузургдошти мазори Шайх Шақиқ ба ҳадде будааст, ки касе аз тарси ҷон ҷуръат намекардааст, пои бетаҳорат ё савора аз назди ин макон бигузарад. Аз сарчашмаҳо маълум аст, ки Шақиқ дар Балх дар оилаи сарватманде таваллуд шудааст. Перомуни давраи ҷавонии ин шахси маъруф ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ ҷавони таълимдидаи зебоманзар буда, ба кори тиҷорат шуғл меварзидааст. Шақиқ мувофиқи одати замони худ барои идомаи таҳсил ба назди имомҳои машҳури замонаш рафта, Қуръону ҳадисро омӯхтааст. Аз рӯи навишти Мавлоно Абдураҳмни Ҷомӣ дар «Нафоҳот - ул - унс» яке аз устодони Шақиқ имом Зуфарӣ машҳур буд. Ҳамноми талабу ҷустуҷӯи ҳадис Шақиқ борҳо бо Абу Юсуф, ки баъдтар қозии шаҳри Бағдод таъйин шуд, дар назди Абуҳанифаи соҳибмазҳаб, ки имрӯз ин мазҳаб бо номи ҳанафӣ маъмул аст, сабақ омӯхтааст. Шақиқ шаҳрҳои дигари хилофат, аз он ҷумла Маккаю Мадинаро низ зиёрат кардааст. Шақиқ шогирдони зиёде дошт ва яке аз шогирди ӯ Ҳотам ибни Унвони Асамми Балхӣ, зоҳиди машҳур буд, ки дар Вашгирд (Файзободи имрӯза)  даргузаштааст. Шақиқ ба шогирдони худ эътимоду қаноат ва худотарсию парҳезкориро талқин мекард. Шайх Шақиқ ҳангоми сафараш аз Хатлон ва Вашгирд дар соли 194 - и ҳиҷрии қамарӣ баробар ба солҳои 809 - 810 - и мелодӣ аз дасти дастаҳои туркони Қарахонӣ ба шаҳодат расидааст. Дар бораи соли шаҳодати Шақиқ ва ҷои марқади ӯ баҳс зиёданд. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Нафоҳату - л - унс» навишааст, ки Шақиқ дар Хатлон ба шаҳодат расидааст ва қабри вай ҳамон ҷост.
Муҳаммади Дорошукӯҳ менависад: Шаҳодати Эшон Шақиқ дар соли 194 (ҳ. қ.) буда, қабри эшон дар Хатлон аст. Баъди овардани маълумоти фавқ дар бораи макони шаҳодат ва мазори Шайх Шақиқи Балхӣ, ки дар мавзеи Кулон, байни Вашгирду Хатлон будааст. Ва Кулони мазкур ҳамин Себистони имрӯзаи ноҳияи Данғара аст. Шакку тардидҳо дар бораи ҷои дигари мазори Шайх Шақиқ ботил мебошанд. Илова бар ин хабари мазкури Муҳаммадсолеҳ ибни Амир Абдуллоҳи Варсаҷии Бадахшонӣ, ки ҷои мазори Шақиқро дар масофаи роҳи якрӯза аз шаҳри Кӯлоб арзёбӣ кардааст, дуруст буда, дар ҳақиқат бо роҳи қадима аз Кӯлоб то Себистон якрӯза роҳ аст. Шайхулислом Сафиуддин мегӯяд, ман марқади Шақиқро ду навбат зиёрат кардам. Ба ақидаи муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Ғолиб Ғоибов ва аксари муаллифони дигари асарҳои таърихӣ аз санаҳои овардашуда, соли 194 - и  ҳиҷрии қамарӣ ба ҳақиқат наздик аст. Шогирдон ва муридонаш ҷасади Шақиқро, ки ташнаи роҳи ҳаҷ буд, бо пироҳани хунолудаш, ки аз дасти роҳзанҳои туркони Қарахонӣ уштуру моли ӯро ғасб карда, ӯро ба шаҳодат расониданд, дар мавзеи Кулон, Себистони ноҳияи Данғара, дар шоҳроҳи абрешими Душанбе - Кӯлоб дар болои теппаи баланд ба хок супориданд. Инак, 1200 сол аст, ки сӯфию орифи машҳури олам, авлиёи барҳақ, Шайх Шақиқи Балхӣ он ҷо хобу оромгоҳаш зиёратгоҳи мардумон гашта, ба ҷои муқаддаси таърихӣ табдил ёфтааст. Ҳар касе, ки ба ин шоҳроҳ гузашт мекунад, ба рӯҳи поки он дуои хайре меунад. Хулласи калом хоки Хатлон ва умуман Ҷумҳурии Тоҷикистон мазору марқади авлиёҳо ва машоихи исломӣ ва мутафаккирони зиёде дар масири таърих мебошад. Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ба чунин ҷӯяндагони роҳи ҳақ ва ташнагони тариқати сӯфия ин мисраъҳоро бахшидааст.
Онон, ки талабгори Худоед, Худоед,
Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед.
То имрӯз даҳ панди Шайх Шақиқи Балхӣ ба мардуми кулли сайёра ҳамчун таълифоти фарҳангиву хештаншиносӣ дар зиндагӣ мерос мондааст.
1. Ҳакимтарин мардумон кист? Он кӣ дунё ӯро намефиребад ва бо зебу зинат мағрур намегардад.
2. Тавонотарин мардум кист? Онест, ки он чӣ  Худои  рӯзирасон қисмат карда бошад, бадон розӣ бошад, шукр гӯяд.
3. Фақиртарин мардумон кист? Он, ки аз додаи Худо қонеъ ва розӣ набошад.
4. Бахилтарин мардумон кист? Он ки моли худро ба масраф расонад ва аз уҳдаи лавозимоти он берун наояд.
5. Маишатро аз Варқа гирифтам. Пораи нону ҷав ва равғани зайтун оварду кӯфт. Касе, ки аз ин зиёд талаб накунад ба фирдавс равад.
6. Оқил кист? Аввал он аз гуноҳ кардан битарсад, дувум бояд донад, ки баъди чанд соат чӣ мешавад, сеюм он, ки аз охират битарсад.
7. Ҳар кӣ кореро бе илм шурӯъ намояд, ба сарҳади мақсуд нарасад.
8. Ай фарзандонам, рӯзи Қиёмат аз 3 чиз пурсида мешавӣ, аз умр, ки дар чӣ сарф кардӣ? Аз баданат чиро куҳна кардӣ? Ва моли ту, ки аз куҷо онро ёфтӣ ва дар чӣ сарф кардӣ? Ва аз илм, ки доир ба чӣ худро огоҳ сохтӣ?
9. Ман аз гуноҳи накарда беш аз он метарсам, ки аз гуноҳи карданӣ. Донам, ки чӣ хоҳам кард.
10. Бо одамон ҳамчун бо оташ дӯстӣ кун. Аз он манфиат бардор ва эҳтиёт бош, ки туро насӯзад.
Истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷикро аз зулму ситами ҳазорсолаҳо оқибат наҷот дод, миллати тоҷик имконият пайдо кард, ки таърихашро бозгӯ намояд. Барои бедор кардани миллат аз нигоҳи зеҳнӣ, хештаншиносию худогоҳӣ ва фарҳангиву таърихӣ, пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамаро рӯ ба омӯзиши таърихи гузаштаамон даъват кард. Ҳоло дар кишвар эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ идома дорад. Мақбараи Шайх Шақиқи Балхӣ ҳам аз тарафи фарзандони саховатманди миллат аз нав тармиму эҳё карда шуд. Фақат набудани роҳи мошингарду пиёдагард ба сӯи мақбараи ин бузургвор, бахусус дар давраи зимистону баҳорон ба рафтуомади  мардум мушкилии зиёдеро ба бор овардааст.
Бори дигар аз ворисони банангу номуси диёр даъват ба амал меорем, ки дар сохтмони ин роҳи мушкилгузар агар саховатмандии хешро нишон диҳанд, кори хайру савобе мешуд.

Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2015    №: 53-54    Мутолиа карданд: 951

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед