logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд, 22 марти соли 2015

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!
Қабл аз ҳама, фарорасии Наврӯзи Аҷамро, ки ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз ва талошу ибтикори кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз панҷумин соли ҷаҳонишавии он дар саросари олам таҷлил мегардад, бори дигар ба кулли ҳамватанонамон, сокинони сарбаланду меҳмоннавози вилояти Суғд ва ҳамаи шумо, ҳозирони арҷманд ҳамчун меросбарони асили ин падидаи нодири фарҳанги ҷаҳонӣ самимона табрик мегӯям.
Орзуманди он ҳастам, ки ин баҳор ва ин ҷашни хуҷаста имсолу солиёни дигар ба сарзамини биҳиштосои мо нишоти ҳамешагӣ, ободкориҳои тоза, нусрату фаровонӣ ва хони пур аз нозу неъматро чун ҳадяи беҳтарини идона ато намояд.
Ҷаҳонишавии Наврӯз, мо, ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан инчунин барои минбаъд дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намоем ва ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош кунем.
Дар яке аз шаҳрҳои қадимаи мамлакатамон - Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани чорабиниҳои Наврӯзи имсола беҳикмат нест, зеро дар асоси манбаъҳои таърихӣ ниёгони шарафманди мо Наврӯзро ҳанӯз дар давраҳои мавҷудияти давлатҳои нахустини худ дар гӯшаҳои гуногуни қаламрави хеш таҷлил мекардаанд ва ин айёмро барои ободии диёр истифода мебурдаанд.
Бо мақсади баҳрагирӣ аз ин таҷрибаи ниёгон мо низ тасмим гирифтем, ки Наврӯзро ҳамасола дар яке аз манотиқи Тоҷикистон ҳамчун рамзи ваҳдати ҷовидонаи миллӣ таҷлил намоем ва суннатҳои деринаи аҷдоди сарбаланди хешро барқарору устувор созем.
Дӯстони азиз!
Қобили зикр аст, ки тантанаҳои ҷашни Наврӯз маротибаи дуюм дар қаламрави вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанди бостонӣ доир мегарданд.
Ҳангоми таҷлили нахустини он мо шоҳиди ифтитоҳи аввалин Наврӯзгоҳ дар ин шаҳри қадима будем, ки баёнгари эҳёи боз як падидаи муҳим ва наҷиби фарҳанги Наврӯз маҳсуб мешавад.
Имрӯз ба шарофати таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ин шаҳри бостонӣ шоири маъруф ва номвари адабиёти тоҷику форс Камоли Хуҷандӣ дубора ба Ватани хеш баргашт ва мо дирӯз шоҳиди ифтитоҳи мақбараи рамзӣ, ҳавлии истиқоматии Шайх Камол ва Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» гардидем. Яъне бо бунёд гардидани Маҷмааи ба номи Камоли Хуҷандӣ мақоми таърихии Хуҷанди бостонӣ аз нав эҳё карда шуд.
Ҳозирони арҷманд!
Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.
Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки дар тамоми марҳалаҳои ташаккули Наврӯзи Аҷам мукаммал гардида, на танҳо аҷдоди мо, балки мардумони мухталифро ба сӯи чунин амалҳои нек ҳидоят кардааст.
Мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз ҳам имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии проблемаҳои башарӣ тамоми мардуми сайёраро ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад. Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ - пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек таҷассум ёфтааст.
Мо ифтихор мекунем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодиамон - Наврӯз умри дубора касб карда, имрӯз дар саросари мамлакат ва берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа таҷлил мегардад. Тӯли ин солҳо дар баробари эҳё намудани анъанаву суннатҳои наврӯзӣ мардуми заҳматпешаву созандаи мо тибқи анъанаи нек миллионҳо ниҳолу гул мешинонанд, боғу токзор бунёд мекунанд, бинову иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ сохта, ба истифода медиҳанд, ки ҳисоби онҳо то ба имрӯз ба ҳазорҳо мерасад.
Дар идомаи ин раванди нек мо рӯзи дуюм аст, ки ҳамроҳи намояндагони аҳли зиёи мамлакат дар вилояти Суғд қарор дорем ва ба муносибати фарорасии ин ҷашни муқаддаси бостонӣ шоҳиди ба истифода супурдани чандин иншооти таъйиноти гуногун шудем.
Дирӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мо парда аз рӯи ҳайкали асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ бардоштем. Шумо хуб медонед, ки Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳанӯз ҳазору сад сол муқаддам ба давлатдории мутамаркази тоҷикон асос гузошта, усули тоҷиконаи кишвардориро ҷорӣ намуд ва бо баҳрагирӣ аз суннатҳои давлати абарқудрати Сомониён халқи мо баъди бештар аз ҳазор сол соҳиби давлати миллӣ гардида, бори дигар собит намуд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад ливои давлатдории худро парафшон нигоҳ дорад.
Соли ҷорӣ дар Суғди бостонӣ соли гулҳо эълон шудааст ва тамоми сокинони вилоят барои сарсабзу гулзор намудани ин гӯшаи диёри ҳамешабаҳорамон ҷидду ҷаҳд доранд. Имрӯз хиёбону кӯчаҳо ва майдонҳои шаҳри Хуҷанд ба гулзор табдил ёфтаанд. Воқеан, гулгардониву гулшинонӣ аз ҷумлаи муҳимтарин падидаҳои зебоипарастии фарҳанги Наврӯз аст, ки намунаи он дар қаламрави Суғди бостонӣ ҷилвагар мебошад.
Ҳамдиёрони азиз!
Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати калонсолон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон мебошад.
Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони саховатманд ин анъанаи неки ниёгонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷон пайваста дасти мадад дароз мекунанд. Имрӯзҳо бо ташаббуси шахсони ҳимматбаланд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд хатнасури ҳазорҳо нафар тифлон аз оилаҳои камбизоат ва тӯйҳои арӯсии дастаҷамъона баргузор мешаванд, ки ин иқдоми наҷиб, албатта, ҳам файзу баракати ҷомеа ва ҳам шукӯҳу ҷалоли Наврӯзро бештар мегардонад.
Дар ин раванд, ҳар яки мо ҳам бояд шукрона кунем, ки имрӯз бузургтарин ҷашни аҷдодиамон - Наврӯзро дар фазои озод, дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем.
Ба хотири боз ҳам афзун намудан ва таҳким бахшидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар тақозо мегардад, ки бунёдкориву созандагиро ба меъёри зиндагии ҳаррӯзаи худ табдил дода, минбаъд низ бо неруи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош намояд.
Басо рамзист, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи хуҷаста дар саросари кишварамон, аз ҷумла вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, тантанаҳои наврӯзиро шукӯҳу ҷалоли тоза мебахшанд.
Бедории табиат ва хусусан суннатҳои писандидаи ҷашни Наврӯз тақозо менамоянд, ки дар баробари чорабиниҳои ҷашнӣ аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода карда, барои киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умед, ки файзу неъмати хони наврӯзии мо мебошад, камари ҳиммат бандем.
Рӯёнидани ҳосили фаровон, истифодаи оқилонаи обу замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ, инчунин тозаву озода гардонидани хонаву кошона ва хиёбону маҳалҳои зист аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд онҳоро ба хотири боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр анҷом диҳем.
Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри биҳиштосои мо таҷлил мегардад, васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму оин ва анъанаҳои миллиамон мебошад.
Бори дигар фарорасии ин ҷашни мубораку бузургро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шарафманди вилояти Суғд, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам, ки ин ҷашни зеборо таҷлил мекунанд, самимона табрику таҳният гуфта, орзуманди онам, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадони тоҷик ва сулҳу суботу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷовидонӣ бошад.
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзатон фирӯз бод!
Ҷашни Наврӯзи Аҷам муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2015    №: 61-65    Мутолиа карданд: 619

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед