logo

муҳоҷират

МУҲОҶИРАТИ КОРӢ: ТАҲДИДҲО ВА ХАТАРҲО

Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати ҳамаи раисони деҳоти шаҳру навоҳии вилояти Суғд, Хатлон, тобеи ҷумҳурӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, донишҷӯёни макотиби олӣ ва намояндагони Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон доир гашт, ба мавзӯи «Муҳоҷирати корӣ: таҳдидҳо ва хатарҳои муосир» бахшида шуд.
Аз суханронии иштирокдорон метавон хулоса кард, ки аслан муҳоҷирати корӣ дар ҳама давру замонҳо буду ҳаст ва ин падидаест ногузир. Ва ҳатто имрӯз, дар замоне, ки инсоният ба татбиқи технологияҳои пешқадами инноватсионӣ, нанотехнологӣ муваффақ гаштааст, муҳоҷирати корӣ миёни кишварҳои олам аз ҷумлаи яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи иҷтимоӣ: дарёфти ҷойи кор барои пешбурди рӯзгор маҳсуб меёбад.
Мусаллам аст, ки муҳоҷирати корӣ асосан баъди ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар табодули байналмилалии захираҳои молӣ, воситаҳои тавлидотӣ, иттилоотии илмию техникӣ нақши муассире дошта, ин раванд дар замони муосир ҳам мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии меҳнат теъдоди имрӯзаи муҳоҷирон дар дунё, дар ҳамаи шаклҳо то ба 70 миллион расида, аз ин миқдор зиёда аз 1 миллион ҳамасола ҷои кори худро аз як мамлакат ба дигаре тағйир медиҳад. Дар ин радиф ҷумҳурии мо низ ба сафи ин кишварҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирати корӣ ва ё ба ифодаи дигар содироти неруи корӣ шомил мешавад. Мавҷудияти муҳоҷирати корӣ маънои мутлақи давлати фақр ва ё рушднаёфтаро надорад ва ин як раванди умумиинсонист. Масалан, мамлакатҳое, ба мисли Португалия, Италия, Юнон, Туркия, Латвия, Литва ва чандин кишвари пешрафтаи дигар низ муҳоҷирони худро дошта, онро аз ҷумлаи сарчашмаҳои муҳими иқтисодиёти муътадил арзёбӣ мекунанд.
Бо воридшавии андозҳо аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ буҷеташонро ғанӣ мегардонанду ба ҳалли чандин масоили иҷтимоӣ муваффақ мешаванд. Бино ба иттилои расмӣ, муҳоҷирони тоҷик ҳам дар идомаи се - чор соли охир ба Тоҷикистон аз 4 то 4,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағ ворид месозанд, ки дар рушди иқтисодиёт, устувории он, таносуби асъори миллӣ нақши назаррас мебозанд. Маврид ба зикр аст, ки дар давлатҳои тозаистиқлоле, чун Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ нисбатан падидаи нав буда, ҳанӯз ташаккули комилу замонавӣ наёфтааст ва солҳои охир ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф аз тарафи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ба тасвиб мерасанд.
Аммо, ҳамзамон дар баробари самтҳои мусбати ин падида воридшавии маблағ, рушди соҳибкории хурду миёна, соҳибкасбии ҷавонон, бархӯрдорӣ аз ҷаҳонбинии васеъ, фарҳанг, маърифати ҳуқуқиву забондонӣ, мутаассифона, солҳои охир хусусияти манфиро ба худ гирифтааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мешавад. Гурӯҳу ҳаракатҳои ифроткор аз бетаҷрибагӣ, паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, бахусус онҳое, ки дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, истифода бурда, онҳоро ба доми худ кашида, ба ҷинояти вазнин - то қатли одамон, иштирок дар задухӯрдҳои мазҳабӣ ва дигар зиддиятҳои сиёсӣ тела медиҳанд. Аз ин хотир, солҳои охир муҳоҷирати корӣ чун раванди иҷтимоиву иқтисодӣ ба ҷомеа як навъ таҳдиду хатарҳо пеш меорад, ки бояд аз он ҷиддӣ ҷилавгирӣ шавад.
- Мутаассифона, дар аксари ҳолатҳо муҳоҷирони корӣ аз омилҳои мусбати раванд бебаҳра шуда, дар заминаи сатҳи пасти ҷаҳонбинии худ фирефтаи макру амалҳои нопоки гурӯҳҳои ифротгаро мегарданд,- иброз дошт Шариф Назарзода Раҳмон, сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд. -Дар ҷараёни муҳоҷират шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ - экстремистии ифротгаро, аз ҷониби онҳо эҷод шудани таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ нисбат ба амнияту бехатарии давлатамон воқеан ҳам боиси ташвиши ҷиддии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратӣ гардидааст.
Мутобиқ ба маълумоти оморӣ дар панҷ соли охир ва ду моҳи соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ 13 гурӯҳи муташаккили ҷиноятии дорои раванди террористию экстремистӣ, ки шумораи аъзоёнаш 467 нафарро ташкил медиҳад, муайян ва дастгир шуд. Мушоҳидаю таҳлилҳо аз он бозгӯӣ доранд, ки 70 дарсади ин нафарон дар заминаи муҳоҷирати корӣ, берун аз Тоҷикистон ба ин гурӯҳҳо шомил шудаанду 153 нафари онҳо ҷавонони то сисола ва 158 нафар шаҳрвандони аз 30 - сола боло мебошанд. Масалан, Ҷанобиддин Қодиров, сокини шаҳри Исфара, бо тахаллуси «Ҷамолиддин» зимни қарордошт дар муҳоҷират ба иттиҳодияи ҷиноятии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» шомил гашта, бо супориши роҳбарони ин иттиҳоди ҷиноятӣ зиёда аз 100 нафар шаҳрвандони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сафи иттиҳод шомил намудааст. Вай якҷо бо ҳаммаслаконаш ба сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дадаҷон Залалдинов, Аюбҷон Ғайбуллоев тарзу усули тайёр ва истифодаи маводи таркандаро омӯзонда, онҳоро барои бо роҳи худкушӣ содир кардани амалҳои террористӣ нисбат ба ходимони давлатӣ ва мақомоти қудратӣ омода кардааст. Номбурдагон танҳо интизори амри роҳбарони «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» буданд.
Раҳим Бобоёров, сокини ноҳияи Шаҳринав, дар муҳоҷирати корӣ бо даъвати аъзои фаъоли иттиҳоди ҷиноятии мазкур, шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Умар Ҳасанов ба «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» пайваста, 4 нафар ҳамдеҳагони худро, ки ҳамроҳаш дар муҳоҷират қарор доштанд, ба иттиҳоди мазкур ҷалб кардааст. Баъди бозгашт ба Ватан низ Раҳим Бобоёров фаъолияти худро идома бахшида, боз 5 нафар сокини ноҳияи Шаҳринав, аз ҷумла собиқ имомхатиби масҷиди ҷомеи «Худоёрхон»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанови ноҳия Икром Халиловро барои шомилшавӣ ба ин иттиҳод омода кардааст.
Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, муътақид аст, ки андешидани маҷмӯи тадобир, аз қабили таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба василаи мавриди истифода қарор додани корхонаҳои истеҳсолӣ, ки ҳамасола дар вилоят рӯ ба афзоиш аст, бешубҳа, дар коҳиши муҳоҷират ба кишварҳои хориҷӣ мусоидат мекунад. Мавсуф гуфт, ки таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм дар вилоят, эҳёи ҳунарҳои ниёгон: адрасу атлас ва қолинбофӣ имкон дод, ки фақат соли 2014 беш аз 2000 нафар бонувони хонашин бо шуғли доимӣ фаро гирифта шаванд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар соли гузашта дар вилоят 69 ҳазору 607 нафар соҳиби ҷойҳои корӣ гаштанд. Бино ба маълумоти оморӣ, дар ду моҳи соли равон теъдоди муҳоҷирон аз вилоят Суғд дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014 наздик ба 45 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.
Намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон Рафиқ Маметалиев баргузории чунин конфронсро аз ҷумлаи муҳимтарин омилҳо баҳри ба танзим овардани муҳоҷирати корӣ, пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои экстремистӣ номид.
Шералӣ Ризоев, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилором Раҳматова, муовини сардори Раёсати таҳлили масоили иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ, Мавҷуда Азизова, бо намояндагӣ аз Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, Ҳабибулло Воҳидов, прокурори вилояти Суғд, Тақдоршоҳ Шарифов, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Нақибҷон Нозиров, сардори факултаи № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пӯлод Насуров, сардори факултети № 3  Академияи ВКД  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирати кориро аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз арзёбӣ карда, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷиронро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро нишон доданд.
Ҷиҳати танзими раванди муҳоҷирати корӣ иштирокдорони конфронс пешниҳоди Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмонро  оид  ба  таҳияи  фаврии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати корӣ» ҷонибдорӣ карданд.

Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2015    №: 84    Мутолиа карданд: 19846
23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед