logo

муҳоҷират

МУҲОҶИРОН ДАР ВАРТАИ НОУМЕДӢ

Бештар аз ду даҳсола аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ барои ҳар хонаводаи тоҷик рӯйдоди маъмуливу муқаррарӣ шудааст. Ончунон дар зиндагии ҳаррӯза реша давондааст, ки агар кӯдаки се – чорсоларо «калон шавӣ, кӣ мешавӣ?» - гӯӣ, посухаш «ба Русия меравам» аст.

Чунки онҳо шоҳиди гуфтугӯи модар бо писар, падар бо завҷа ва бародар бо хоҳарону пайвандонаш мешаванд. Эшон ин гуфтугӯро шунида, дар дил орзуи мисли падар ё бародар ба Русия рафтанро мепарваранд. Зеро кӯдакон медонанд, ки шиками серу тани пӯшидаю хотири ҷамъи аҳли байташон аз ҳисоби онҳост ва гумон доранд Русия ҷои сайру саёҳату тамошою дилхушист. Агар ин бачаҳо донанд, ки муҳоҷирон дар он ҷо чӣ рӯзу ҳол, чӣ азобу машаққат мекашанд, роҳати домони модару оғӯши падарро беҳтарин туҳфаи Худованд мешуморанд.
Дар дунёи муҳоҷирати меҳнатӣ тоҷик раҳкушои ин роҳи пуршебу фароз ва талхиву ширинии ҳиҷрату ҳиҷрони ёру пайвандон нест. Раҳкушоии ин роҳ ҳанӯз дар асри пешин аз ҷониби дигар мамоликҳо оғоз ёфта, дар асри навин доманаш густурдатар шудааст. Ва ду даҳсола бештар аст, ки тоҷикон ҳам бо амри зарурат – танқисии рӯзгор рӯ ба муҳоҷират оварда «шаҳди» ғарибӣ мечашанд.
Дар тӯли ин солҳо садҳо тоҷик ҳарчанд бо меҳнати ҳалол ва тавозуъ кори худро анҷом диҳанд ҳам, бо вуҷуди ин аз дасти тоссарҳои шӯрапушт ва ашхоси авбошу роҳзан ҳадафи теғу тир шудаанд. Хусусан дар Федератсияи Русия чунин ҳодисаҳо хеле зиёд рух додааст. Президенти Тоҷикистон дар интиҳои соли 2013 дар ҷаласаи Ҳукумат аз ин амали хунхоронаи ашхоси бадтинат изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ки бояд ба чунин корҳо хотима дода шавад.
Бар болои ин ҳама таҳқиру ранҷу азоб дар ибтидои соли равон аз ҷониби Ҳукумати Русия барои муҳоҷирони кории хориҷӣ қоидаҳои нави будубош ва гирифтани 9 намуди ҳуҷҷат, аз ҷумла корти муҳоҷират, суғуртаи ҳатмии тиббӣ, патент, сертификати донистани забони русӣ ҳукми қонунӣ гирифта, бар болои сӯхта намакоб шуд. Ҳар муҳоҷири меҳнатӣ барои гирифтани танҳо патент 4 ҳазор рубл ва сертификати донистани забони русӣ аз 3 то 5 ҳазору 500 рубл бояд супорад. Ҳафт ҳуҷҷати дигар ҳам арзиш доранд, ки барои муҳоҷирон пардохти ин маблағ хеле гарон мебошад. Онҳо илоҷи дигар ҳам надоранд. Чашми умеди хонаводаашон ба онҳост. Аммо ҳуҷҷат гирифтан ҳам мушкили сахтест. Муҳоҷирони тоҷик дар навбати гирифтани патент на танҳо соатҳо, балки рӯзҳо паси дарҳо интизорӣ мекашанд. Навбат аз даст наравад, гуфта гушнаву ташна дар ҳавои сард чашм ба даричаи ҳуҷҷатдиҳианд. Дар даҳаи аввали моҳи равон дар расонаҳои дохилӣ хабаре интишор шуд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон - Комилҷон Эсанови 48 – сола дар навбати патентгирӣ дар минтақаи Сахаровои шаҳри Маскав дар миёни издиҳом фавтидааст. Марҳум бо писараш ду шабонарӯз дар навбат будаанд. Писараш гуфтааст, ки падарам дар навбатпоӣ аз гуруснагиву ташнагӣ фавтид. Кор то ҷое расидааст, ки муҳоҷирон барои гирифтани патент 10 - 15 рӯзи худро дар навбатпоӣ мегузаронанд. Вале барои муҳоҷирони қирғиз ягон навбат вуҷуд надорад. Воқеаи дигар боз ҳам дар як боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Маскав рух дода, Абдуҳомид Саидов, як муҳоҷири тоҷик, бар асари гуруснагии чоррӯза дар он ҷо ҳалок гардидааст. Ин дар ҳолест, ки дар тӯли 10 рӯзи аввали моҳи апрел дар Русия 20 амали марги муҳоҷирони тоҷик ба қайд гирифта шудааст. Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид 8 апрели соли ҷорӣ дар як гузориши таҳқиқотии дар шаҳри Душанбе ироадоштааш бо унвони «Тоҷикистон: дастрасии захираҳои рушди инсон дар соли 2014» зикр сохтааст, ки 83 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба маблағи муҳоҷирони корӣ сахт ниёз дорад. Ҳамчунин намояндаи ин ниҳод гуфтааст, ки 86 дарсади аҳолӣ маблағи гирифтаи худро зуд сарфу харҷ намуда пасандоз карда наметавонад.
Ба иттилои Бонки миллии ҷумҳурӣ соли гузашта 89,1 дарсади интиқоли пули муҳоҷирони кории кишвар аз Русия бо рубли русӣ сурат гирифтааст. Имсол ин раванд аз порсола чандон хушоянд нест. Буҳрони иқтисодӣ ба Русия «ҳушдор» медиҳад, ки долларро дар дохили мамлакаташ бештар нигаҳ дорад. Чунки рублаш дар савдои беруна қурб надорад. Барои Тоҷикистон ҳам бештар хазина кардани доллар хеле зарур аст, аммо…
Ба андешаи Нуриддин Қаюмов, доктори улуми иқтисод, профессор, академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик 80 дарсади музди худро ба Тоҷикистон бо пули русӣ интиқол медиҳанд. - Дар мо, - мегӯяд академик, - қурби рубл ду баробар паст шудааст, ки бешубҳа ба зиндагии мардум таъсири манфӣ мерасонад. Вақте нархи маҳсулот боло рафт, пул беқурб гардид, таваррум – инфлятсия ҳам баланд мешавад. Аз тарафи дигар ояндаи раванди муҳоҷират ба Русия ба душвориҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ мешавад. Зеро минбаъд ҳар муҳоҷир аз мақомоти гуногуни Русия бояд чанд намуд санад бигирад, ки ҳар кадоми он масраф ва хароҷоти худро дорад. Муҳоҷират ба ин кишвар аз ҷиҳати ба даст овардани маблағ беш аз пеш аҳамияти худро гум мекунад ва ин боис шудааст, ки қисмате аз муҳоҷирон, ки маблағи кам мегиранд, бозпас биёянд. Аз ҷиҳати дигар раванди муҳоҷират дар ҳолати коҳишёбист.
Чӣ кор бояд кард? Роҳ яктост – гардон кардани корхонаҳо, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва боло бурдани истеҳсолоти дохилӣ. Бояд барномаҳое мураттаб кунем, ки воридотро ба кишвар коҳиш диҳанд. Ҳоло дар ҳудуди 70 дарсади талаботи бозори дохилӣ бо маводи аввалияи мавриди ниёз аз хориҷа оварда мешаванд. Имкон ва тавони тавлиди техника ва технологияро надорем, бигзор қанду чойро аз берун орем. Аммо сахт ҷабр аст, ки барои картошкаву бодирингу помидор ва себу нок асъори хориҷӣ сарф кунем. Картошкаи Покистон аз худамон 1 сомонӣ арзон аст. Чаро? Бояд барои деҳқони худ шароит фароҳам созем.
Чуноне дар оғоз зикр намудем, раванди муҳоҷират сол аз сол мушкилзо шуда, ба даст овардани музди ҳалол барои муҳоҷирони меҳнатӣ дандоншикан мешавад. Роҳи ҳалли мушкилот он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон сари ҳар сол барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирату муҳоҷирон, ки маблағи хубе ба кишвар интиқол медиҳанд, чораҷӯӣ кунад. Қонуне қабул шавад, ки ҳаққу ҳуқуқҳои онҳоро дар хориҷи кишвар ҳимоят намояд. Чанд сол муқаддам барои ин амал иқдоме аз ҷониби ҳукумат рӯи кор буд. Лоиҳаи Қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» чор сол боз дар вазорату кумитаҳои дахлдор мувофиқа мешавад, вале бо кадом сабабе то имрӯз ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод нашудааст. Сабаби чунин тӯл кашидани мувофиқасозиро то ҳол ягон сохтори давлатӣ эзоҳ надодааст. Шояд ин сохторҳо таъкиду дастури Президенти мамлакатро интизоранд, ки барояшон хеле доғ будани масъаларо гӯшрас созад.
Сарвари давлат дид, ки аз ягон ҷониб сару садое нест, дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ин мушкилоти рӯз дахл карда таъкид намуд: «Танзими масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарони ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад. Дар бобати аз худ кардани касбу ҳунарҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва забономӯзии шаҳрвандон чораҳои иловагӣ андешида, ҷиҳати ташкили масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар то охири соли ҷорӣ лоиҳаи Қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад».
Шояд акнун сохторҳои масъули ғанабзада, аз хоб сар бардоранду лоиҳаи қонуни гӯшти уштурхӯрдаро дар вақти муайяншуда ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд. Қонун рӯи кор ояду муҳоҷирони меҳнатӣ шарафу номус ва ҳуқуқҳои инсониву шаҳрвандии худро дар қатори муҳоҷирони дигар мамлакатҳо ҳимоя карда тавонанд.

У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2015    №: 99    Мутолиа карданд: 14197

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед