logo

ҳуқуқ

РОБИТАИ МАКТАБУ ОИЛА БОЯД ТАҚВИЯТ ЁБАД

Сарвари давлат дар мулоқоту вохӯриҳои хеш ба тифлони бесарпаноҳ ва аз навозиши падару модар маҳрум таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, аҳли ҷомеаро барои дастгирии онҳо мунтазам раҳнамоӣ менамояд. Ин масъала дар Паёми имсолаи Президент низ хеле хайрхоҳонаву дилсӯзона садо дод. Мутаассифона, бархе занону мардоне, ки саробони оилаанду Худованд ба онҳо фарзандони дӯстрӯро лоиқ донистааст, ба сабаби бемаърифатӣ ва надонистани роҳҳои таълиму тарбия фарзандони худро нодуруст тарбия намуда, ба камол мерасонанд. Бештари ин гуна волидон бо мактаб алоқаи зич надоранд. Аз болои фарзандони хеш назорат намебаранд. Як қисми волидон ин бори вазнинро ҳамеша ба дӯши омӯзгорони таълимгоҳҳо мепартоянд. Ҳол он ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳанӯз аз моҳи июни соли 2011 мавриди амал қарор дорад ва риояи он аз тарафи ҳам падару модарон ва ҳам омӯзгорону шогирдон шарт аст. Масалан, дар банди якуми моддаи 15 - и қонуни мазкур омадааст: «Дар ҳолати иҷро накардан ва ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар ин қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар ва омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд».
Мутаассифона, баъзе падару модарон бехабаранд, ки ҳеҷ гоҳ мактабу кӯдакистон меҳру муҳаббати волидайнро иваз карда наметавонад. Бар замми ин, бархе аз онҳо дарк намекунанд, ки чаро фарзандашон гапнодаро, коргурез ва бадмаст ё сигоркаш шудааст. Дар ин хусус беэътиноии мактабу маориф ва таъсири бади кинофилму муҳитро дар тарбия баҳона мекунанд.
Дастурҳои нахустини ҳаёт-ро кӯдак дар оила мегирад. Ба ақидаи мутахассисон тайи солҳои охир ҷомеаи моро на танҳо хавфи буҳрони иқтисодӣ, балки буҳрони маънавӣ низ таҳдид мекунад. Ин буҳрон ба он далолат мекунад, ки байни мактабу оила робита мустаҳкам нест.
Оила мактабест, ки бо махсусиятҳои хеш дар парвариши ақлонию зеҳнӣ ва ҷисмонии мо нақши муҳимро мебозад. Бинобар ин, баҳри мустаҳкам намудани муносибати мактабу оила аз ҳама гуна имконот бояд истифода бурд, то таълиму тарбия натиҷаҳои мусбат ба бор оранд.
Бо тавлиди нахустфарзанд мафҳуми оила зуҳур мекунад. Дар баробари ин, моро як навъ ҳушдор медиҳад, ки дар пойдору бобақо мондани он ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем. Бояд, ки ҳама аъзои оила мавқеи хешро дар он муайян карда бошанд, дар афзудани буҷети он саҳми боризе гузошта тавонанд. Ҳамин ки ҳамдигарфаҳмиву мусолиҳа байни калонсолони оила ба вуқӯъ пайваста, робитаи волидайн бо мактаб тақвият меёбад, фарзандон аҳамияти таълим ва тарбияро дар оила ва мактаб амиқ дарк менамоянд, ҷомеа рушд намуда, барои расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола ноил мегардем.

Зиннатгул САФАРОВА,
мудири шуъбаи
Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2015    №: 107    Мутолиа карданд: 889

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед