logo

ҳуқуқ

НАБОЯД БЕТАРАФ БОШЕМ

Бо ташаббуси навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 «Соли оила» эълон гардид ва ин иқдомро аҳли ҷомеаи судяҳои ҷумҳурӣ самимона истиқбол намуданд.

Аз таҷрибаи судӣ бармеояд, ки бо вайрон шудани оила, яъне бекор шудани ақди никоҳи зану шавҳар кӯдакон бепарастор монда, ба ҷойи дар лабҳошон шукуфтани ханда дар чашмонашон ашк ҳалқа мезанаду дар чеҳраҳояшон ғаму андуҳ ҳувайдо мегардад. Ва маҳз мо, кормандони судҳои кишвар, аввалин шуда ин лаҳзаи ғамангезу дарднокро эҳсос менамоем.
Иқдоми Сарвари давлатамон дар бобати солим гардондани оила, ки дар рушди давлату давлатдорӣ, худшиносии миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба волидон, садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба расму оинҳои миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад, аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Кормандони суди шаҳри Ваҳдат Паёми Президенти мамлакатро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор доданд. Сипас, бо супориши роҳбарияти суд тасмим гирифта шуд, ки тартиби корамонро дар иртибот ба қабул ва баррасии парвандаҳои оилавӣ, ба вижа бекор кардани ақди никоҳ, ба талаботи рӯз мувофиқ гардонем.
Нахуст, бо дастури роҳбарияти суди шаҳри Ваҳдат қабул ва баррасии ин гуна парвандаҳо ба судяҳои ботаҷриба вобаста карда шуд. Ҳоло мо ба шаҳрвандоне, ки бо аризаи даъвоӣ бобати бекор кардани ақди никоҳ ба суд муроҷиат мекунанд, суҳбату вохӯриҳо гузаронда, оқибатҳои номатлуби вайроншавии оилаҳоро ба онҳо мефаҳмонем. Парвандаҳои бекор кардани ақди никоҳи зану шавҳари ҷавонро бошад, дар ҳузури машваратчиёни кору рӯзгордида ва волидони тарафҳо мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Ҳамзамон, роҳбарият мо - судяҳоро вазифадор намуд, ки ин категорияи парвандаҳоро бевосита дар маҷлисҳои сайёри судӣ, дар маҳалҳои истиқоматӣ, ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаву корхонаҳо ва ҷойи кори даъвогару ҷавобгар гузаронем. Судяҳо уҳдадор шуданд, ки вобаста ба ҳар як камбудию норасоии аз тарафи мақомоти дахлдор, волидон, шахсони мансабдор, ки ба бекор шудани ақди никоҳ роҳ додаанд, ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо таъйиноти хусусӣ бароранд.
Судяҳои суди шаҳри Ваҳдат аз тамоми василаҳо, махсусан воситаҳои ахбори омма васеъ истифода мебаранд, то робитаи тарафайнро бо аҳолӣ барқарор намуда, бо маърӯзаҳои ҳуқуқӣ масъалаи муқаддас донистани оила ва оиладориро ба мардум фаҳмонанд. Ин ва дигар тадбирҳои саривақтии андешидашуда аллакай самараи дилхох дода истодаанд. Барои мисол, дар чор моҳи аввали соли 2015 теъдоди муроҷиатҳои шаҳрвандон дар мавриди бекор кардани ақди никоҳ назар ба ҳамин давраи соли гузашта хеле кам шудааст. Агар соли гузашта дар ҳамин давра 128 шаҳрванд бо аризаи даъвоӣ ба суд муроҷиат карда бошад, пас ин нишондиҳанда дар чор моҳи соли равон 64 ададро ташкил додааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки оилаи солим ҷомеаи солимро ташкил медиҳад. Адиби машҳури Фаронса Оноре де Балзак гуфта буд: «Оила ҳамеша асоси ҷомеа буд, ҳаст ва мемонад». Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди солимфикри кишвар бояд ин иқдоми нек ва саривақтии роҳбарияти олии кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд ва ба ҳеҷ ваҷҳ бетарафӣ ихтиёр накунад. Зеро, вақте мебинем, ки оилаи ҳамсоя, ҳамкор, хеш, дӯст ва ё шиносамон дар ҳоли пошхӯрӣ қарор дорад, бояд бо маслиҳату машварат онро ҳифз намоем. Ҳама бояд дарк кунад, ки ғамхории навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фақат ба хотири пойдории оила, солимии ҷомеа, сарҷамъии мардум ва ояндаи дурахшони фарзандонамон мебошад ва ҳар кадоми мо муваззаф ҳастем, ки ин вазифаи муҳим ва пурифтихорро бо сари баланд ба ҷо орем.
Зафар ҚОДИРЗОДА,
 судяи суди шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2015    №: 109    Мутолиа карданд: 780

16.12.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Луиҷи Ди Майо

Ҳавзаҳои интихоботӣ муқаррар шуданд

БОКС. Ду медали бонувони тоҷик

ЁВОН. Фермаи азими чорво бунёд мегардад

БАТР ба Тоҷикистон дар безарарсозии партовгоҳҳои радиоактивӣ ёрӣ мерасонад

ИМА аз Афғонистон беш аз нисфи низомиёнашро мебарорад

Дар Қазоқистон 14 ҷангии гурӯҳи "Давлати исломӣ" - ро зиндон карданд

Дар Ӯзбекистон таҳсил панҷрӯза мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед