logo

ҳуқуқ

ЧУ УЗВЕ БА ДАРД ОВАРАД РӮЗГОР…

Эмомализода Умеда Эмомалӣ,

судяи суди ноҳияи Ҳисор

Оилаи солим шоҳсутун, маҳаки асосии ҷомеа аст ва дар рушду пешрафти давлату миллат мақоми хос дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои устувории оила ва солимии ҷомеа тадбирҳои муассир меандешад, ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон, нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, пойдориву устувории оила таъкид намудааст.  Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нукта бамаврид дарҷ гардидааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя менамояд». Масъалаи мазкур дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ хеле возеҳу равшан ироа гардид: «Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2015 ҳамчун «Соли оила» эълон карда шавад». Пешниҳод гардидани соли 2015 - «Соли оила» далел аз ғамхориҳои пайвастаи Президенти кишвар ба оилаи солим ва насли солим мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки алҳол дар ҷомеаи муосири тоҷик барои оилаи солимро ба вуҷуд овардан як қатор мушкилиҳои ҷиддӣ мавҷуданд.
Ба андешаи мо, мушкили асосие, ки имрӯз солимии оиларо халалдор месозад, никоҳи хешутаборӣ, нашъамандӣ ва рафтору муносибатҳои номатлуби ҷавонони камогоҳ бо атрофиён мебошад. Бо вуҷуди он ки аз тарафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала диққати хоса дода мешавад, таваллуди кӯдакони маъюб имрӯз басо нигаронкунанда аст. Тибқи омор ҳамасола дар мамлакат 2500 - 3000 кӯдаки маъюб ба қайд гирифта мешавад. То 1 январи соли 2015 шумораи онҳо дар кишвар ба 26043 нафар расидааст, ки ин арқом боиси ташвиш аст. Мутобиқи маълумоти мутахассисони соҳаи тандурустӣ 30 - 35 дарсади таваллуди кӯдакони маъюб ба никоҳи хешутаборӣ рост меояд ва 65 -70 дарсади нуқсонҳои модарзодии касалиҳои дил низ марбут ба ин гуна никоҳ мебошад.
Президенти кишвар дар Паёми имсолаи хеш зикр намуданд, ки имрӯз 13 ҳазор кӯдаки маъюби то 18 - соларо давлат зери парастории худ гирифтааст. Маълумоти пешниҳоднамудаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки аксари ин кӯдакон дар натиҷаи никоҳи хешутаборӣ ва волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд. Аз ин лиҳоз, падару модарон, пирони таҷрибаандӯхтаву рӯзгордида, раисони маҳалла, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, шаҳрвандони бохираду худогоҳи тоҷик бояд таъсири манфии ин омилҳоро ба ҷавонон фаҳмонанд ва ба ҳамин васила дар коҳиш додани сатҳи таваллуди кӯдакони маъюб то ҳадде нақши созгори худро гузоранд.
Масъалаи дигари мубрам ҷудошавии оилаҳои ҷавон маҳсуб меёбад. Сабаб чист, ки дар аксари мавридҳо оилаҳои ҷавон вайрон мешаванд? Перомуни ин масъала назарҳо гуногунанд. Гурӯҳе сабаби асосии онро аз тайёр набудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона меҳисобанд. Иддае ин омилро ба рост наомадани ситораи зану шавҳар рабт медиҳанд. Бархе аз хусуру хушдоманҳо домангиранд, ки ба ҷавонон дарси зиндагӣ наомӯхтанд, баръакс бо бадгуфториву бадрафторӣ ва зиёдаравиашон ба вайрон шудани оилаи фарзандон сабаб гаштанд. Агар дар маҷмӯъ гирем, ҳамаи ин аз тарбияи дурусти фарзандон дар оила вобастагии зич дорад. Дар ин маврид масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ ва худогоҳу худшинос бағоят калон аст. Саволе ба миён меояд, ки чаро чанд даҳсола пеш ҳамин гуна мушкилот дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан дар деҳот қариб вуҷуд надошт? Чунки он солҳо ба ҷо овардани ҳурмати пирон, ба гӯш гирифтани панду насиҳати онҳо, бо маслиҳати падару модар кор ва зиндагӣ кардан, оила бунёд намудан ба ҳукми анъана даромада буд. Масъалаҳои оилавӣ бо иштироки раисони маҳаллаҳо, мӯсафедони баобрӯву баиззат, занҳои фаъол, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва сарварони оилаҳои намунавӣ ҳаллу фасл мешуданд. Ба ҷавоне, ки қасди ҷудошавӣ аз оилаашро мекард, дар ҳузури ҳамсояҳо «ҳайфи ту» мегуфтанд, бо овардани мисолҳои ҳаётӣ ӯро аз нияти зиёновараш ба оила мегардонданд. Охир онҳо ин дардро на танҳо дарди як хонавода, балки дарди умум медонистанд. Дар ин маврид Шайх Саъдии бузург хуб фармудааст:
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ана ҳамин гуна насиҳату сарзанишҳо дар зеҳнҳо менишастанд ва касро ба андеша водор месохтанд. Ба назари мо, агар аз ин таҷриба дар саросари кишвар кор гирифта шавад, ба манфиати ҷомеа хоҳад буд. Омили дигари мусоидаткунанда ҷиҳати пешгирии вайроншавии оилаҳоро дар таҷдиди назари барномаҳои телевизиониву радиоӣ ва филму асарҳои саҳнавӣ мебинам. Дар ин росто, таҳияи барномаҳои ҷолибу диданӣ аз ҳаёти оилаҳои хушбахт, намунавӣ, саодатманд ба манфиати ҷомеа ҳоҳад буд.
Дар Паёми имсола Президенти кишвар, ҳамзамон як нуктаи бисёр ҷолиб ва ибратбахшро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд, ки ин ҳам бошад, мақом ва манзалати Зан - Модар дар ҷомеа мебошад. Зан - Модар сарчашмаи зиндагӣ, бавуҷудоварандаи насл ва идомадиҳандаи ҳаёт, сутуни хонавода ба ҳисоб меравад. Дар Қуръони карим ва ҳадисҳои Паёмбар (с) қадру манзалат ва эҳтироми зан тавсиф шудааст. Дар яке аз ҳадисҳои Паёмбари Худо (с) омадааст: шахсе назди Расули Худо (с) омад ва суол кард, ки ё Паёмбари Худо (с), ман киро аз ҳама бештар эҳтиром намоям? Паёмбар (с) дар ҷавоб ба се пурсиши ӯ таъкид карданд, ки модаратро, пасон модаратро, савум модаратро ва чаҳорум падаратро. Бисёре аз ҳадисшиносон сабаби се бор таъкиди Паёмбарро (с) ба эҳтироми муқаддами модар нисбат ба падар дар се ранҷе, ки падар дар онҳо шарик нест: ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширхорагии тифл маънидод кардаанд. Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат ба Зан - Модари тоҷик диққати бештар дода мегӯянд: «Мо занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем».
Дар маҷмӯъ, эълон намудани соли 2015 ҳамчун «Соли оила» гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии насли имрӯз ва оилаи тоҷик назари хоси худро дорад ва мекӯшад то дар кишвар ҷомеаи солим устувор бошад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2015    №: 110    Мутолиа карданд: 1001

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед