иҷтимоиёт
РӮЗНОМАНИГОР ВА СИЁСАТМАДОРИ ТАВОНО
Дар деҳаи Кулолии Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба муносибати ҳафтодсолагии ходими шинохтаи давлативу ҷамъиятӣ, вакили Шӯрои Олӣ, рӯзноманигори барҷаста, аввалин сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Муродулло Шерализода Рӯзи ёдбуд баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», яке аз дӯстони наздики Муродулло Шерализода Мирзомаҳмуд Мирбобоев, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Абдумудассир Аҳмадзода ва намояндагони фарҳангу адаби шаҳру ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Ёдбуд бо гулгузорӣ ба рӯи турбати Муродулло Шерализода оғоз гардид. Қисмати расмӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 - и деҳаи Кулолӣ, ки номи Муродулло Шерализодаро дорад, ҷараён гирифт.
Сармуҳаррири рӯзномаи «Зарафшон» Луқмон Қурбон мулоҳизаҳояшро перомуни ҳаёт ва фаъолияти пурсамари Муродулло Шерализода иброз намуда, аз ҷумла зикр кард, ки мавсуф дар баробари рӯзноманигори варзида, сиёсатмадоре буд, ки барои мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдории навини мо саҳми чашмрас гузоштааст.
Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода аз фазилатҳои неки Муродулло Шерализода ёдовар шуда, гуфт, ки ӯ ҳамчун рӯзноманигор ва сиёсатмадори тавоно дар баробари дигар фидоиёни миллат баҳри дастёбӣ ба истиқлолият ва ваҳдату якпорчагии миллат хидматҳои зиёд кардааст. Ин шахсияти шинохта дар замони даргириҳои сиёсӣ, соли 1992, аз тири бадхоҳони миллат ба шаҳодат расида бошад ҳам, аз ӯ ном ва хотираи нек боқӣ мондааст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Абдуҳалим Ғаффоров солҳои бо шодравон кор кардан, аз ҷумла замони ширкат дар иҷлосияи аввалро, ки М. Шерализода дар ҷараёни он иштироки фаъол дошт, ба некӣ ёдовар шуд.
Дар фарҷом барномаи адабии хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 - и деҳаи Кулолӣ ба ҳозирон манзур гардид. Инчунин меҳмонон аз хона - музейи Муродулло Шерализода дидан карданд.
Толиби ЛУҚМОН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.05.2015 №: 112 Мутолиа карданд: 1189