logo

ҳуқуқ

НАФС - БАЛОИ ҒАФС

Бо ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа Умронов Хурсандқул Мардонович, сокини ин шаҳр, бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии моддаи нашъаовари афюн ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ҷазо бояд дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр адо гардад.

Х. Умронов тобистони соли 2006 аз соҳили дарёи Кофарниҳон аз бехи дарахте як селофани полиэтилениро, ки дар дохилаш афюн будааст, пайдо мекунад. Ӯ ба ҷойи он, ки ин “заҳри саломативу ахлоқи инсонро” ба ихтиёри ниҳодҳои дахлдор вогузор намояд, ба қавли худаш, онро бо худ нигоҳ дошта, то соли 2009 истеъмол кардааст. Аммо 10 декабри соли 2012 кор ранги дигар гирифт. Ба назди Хурсандқул шиносаш Одинаев Саидмаҳмуд Маҳмадович, сокини ноҳияи Бохтар, омада, хоҳиш намудааст, ки ба вай афюн ёфта диҳад. Хурсандқул аз афюни дар зери фарши хонааш ниҳон як миқдорашро ба маблағи 400 доллари ИМА ба С. Одинаев фурӯхт. Дувумӣ аз он чанд граммашро ба дигарон бо пули нақд фурӯхта, боқимондаашро бо худ гирифт. Мутаассифона, нафси бад 11 - уми феврали соли 2013 С. Одинаевро боз талаққӣ ба дарёфти афюн менамояд. Дар ин рӯз ӯ баъди тавассути телефони ҳамроҳ бо Хурсандқул ҳамсуҳбат шудан аз ӯ 1007 грамм афюнро бо арзиши 800 доллари ИМА мехарад. Азбаски ин ҷиноят худи ҳамон рӯз ошкор гардид, Хурсандқул бинобар пинҳон шудан то 1-уми ноябри соли 2014, то лаҳзаи дастгир шудан, дар пайгарди қонунӣ қарор дошт. 
Ҳамин тариқ, дар асоси далелҳои тасдиқгашта суд кирдори судшаванда Х. Умроновро дар асоси моддаи 200, қисми 3, банди “г”- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон - “ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ба миқдори калон” баррасӣ намуд. Зимнан, суд ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазоро низ ба инобат гирифт.
Боиси таассуф аст, ки Хурсандқул дар 43 - солагӣ ба ҷойи ин, ки 8 фарзанди хешро бо ризқу рӯзии ҳалол ба воя расонад ва бо рафтори некаш барои онҳо намунаи ибрат гардад, ба чунин ҷинояти нангин даст зад ва акнун бори рӯзгорро барои ҳамсараш бештар кард. Ҳоло ӯ барои андеша кардану ислоҳ шудан муҳлати зиёде дар ихтиёр дорад...

Сайдалӣ Сироҷиддин Сайвалӣ,
раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.06.2015    №: 113    Мутолиа карданд: 680

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед