logo

номаҳо

ЗАБОН – РУКНИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Имрӯз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба расмият мешиносад. Ин чунин маъно дорад, ки ҷаҳон забони давлатии моро низ якҷоя бо давлатдории мо ба расмият шинохтааст. Ба ин забон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва осори илмиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия мегарданд, дар минбарҳои бузург ва муътабари ҷаҳонӣ забони давлатӣ танинандоз аст ва дар сатҳи ҷаҳонӣ беш аз пеш маъруфият касб менамояд. Ҳамаи ин моро водор месозад, ки ба забони худ арҷ гузорем ва барои рушду такомули он ҳамаи шароити заруриро муҳайё гардонем. Бояд кӯшиш кунем, ки забони худро ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне ба забоне, ки ҷавобгӯи ҳамаи ниёзҳои даврони истиқлол ва давлати мустақил бошад, табдил диҳем. Аммо дар шароити ҳозира бархе аз шахсон пас аз сафарҳо ба хориҷи кишвар ё кору фаъолият намудан бо хориҷиён урфу одати миллӣ ва забони модарии худро гум мекунанд ва худро ба онҳо шабоҳат медиҳанд. Дӯст доштану ҳифз кардани ин сарзамини  аҷдодӣ, ободу зебо гардондани ватани биҳиштосо, неруманду пуриқтидор сохтани давлати тоҷиконро бояд ҳар як фарзанди бонангу номуси ин марзу бум вазифаи имониву виҷдонии худ шуморад ва дар ҳама ҷой бо сарбаландӣ изҳор намояд, ки «Ман тоҷикам»!
Ҷамил Валиев, муовини сардори шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.06.2015    №: 115    Мутолиа карданд: 931
11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед