logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДОКТОР АБДУЛЛОҲ АБДУЛЛОҲ

8 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати ширкат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили Даҳсолаи байналмилалии амали “Об барои ҳаёт” ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Дар суҳбат ҷонибҳо масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, маориф ва ғайраро баррасӣ намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози дидор изҳор дошт: “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба бо кишвари дӯсту бародари Афғонистон буд, ҳаст ва хоҳад монд. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин муносибатҳо ҳамеша дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манофеи ҳар ду ҷониб бошанд. Дар байни кишварҳои минтақа мо ба ҳамкорӣ бо кишвари шумо алоқамандии хос дорем”.
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар робитаҳои хориҷии Афғонистон басо баланд арзёбӣ карда, аз ҷумла иброз намуд, ки ин аввалин сафари хориҷии ӯ пас аз интихоботи президентии кишвараш ва ба мақоми Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон расиданаш мебошад ва он аз Тоҷикистон оғоз гардид.
Аз заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, ки иборат аз қариб 80 санад мебошад, изҳори қаноат карда шуд.
Фаъол гардидани хати барқии 220 – киловолтаи Тоҷикистону Афғонистон, пулҳои мошингузари миёни ду кишвар ва нақшаҳои калонмиқёси минтақавӣ доир ба кашидани хати барқии 500-киловолтаи CASA-1000 ва сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон намунаҳои возеҳи густариши робитаҳои судбахши ду давлати ҳамсоя номида шуд.
Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин доир ба кашидани лӯлаи гази Афғонистон-Тоҷикистон, сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва дигар нақшаҳои ояндаи минтақавӣ сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки сохторҳои масъули Тоҷикистону Афғонистон бояд дар татбиқи босуръат ва босифати ин нақшаю тадбирҳо бештар фаъол бошанд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили амниятӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир гардид.
Масоили дигари минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамчунин рӯзномаи масоили ҷаҳонии вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амали «Об барои ҳаёт» низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбати тарафайн буданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.06.2015    №: 118    Мутолиа карданд: 688

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед