logo

ҳуқуқ

НАҚШИ МАҚОМОТИ СУДӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ОИЛАВӢ

Маҳмадҷон РАҲМОНЗОДА,
муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат

Ба тасвиб расидани фармони Сарвари давлат дар бораи эълон намудани Соли 2015 - Соли оила давоми силсилаи чорабиниҳои пешин буда, ҳадаф аз он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои хонаводагӣ, бунёди оилаи солим, дар маҷмӯъ ҷомеаи солим мебошад.
Омори расмӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки шумораи вайроншавии оилаҳо дар кишвар сол ба сол бештар мегардад. Ин раванд аз он ҷиҳат ташвишовар аст,  ки бештар оилаҳои ҷавон вайрон мешаванд. Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо зиёд буда, бадтаринаш хиёнати зан ба шавҳар ё шавҳар ба зан аст. Ба андешаи мо, зан ё мард ҳамон вақт даст ба хиёнат мезананд, ки меҳру муҳаббат ва масъулияти оиладорӣ сарфи назар шудааст. Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки дар аксарияти ҳолатҳо ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ тайёр нестанд. Дуруст фаҳмидани ҳамсари оянда ва эҳтиром кардани ӯ дар зиндагии якҷоя асоси хушбахтии оила ба ҳисоб меравад. Вале ҷавонони ба зиндагии мустақилона омоданабуда, бо пеш овардани сабабҳои ночиз дарҳол аз идома додани ҳаёти оилавӣ даст мекашанд.
Бояд тазаккур дод, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи паҳлуҳои муносибатҳои оилавиро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, бо мақсади пешгирии вайроншавии оила ва самаранок анҷомидани фаъолияти ҳокимияти судӣ дар бахши мустаҳкам намудани муносибатҳои оилавӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои оилавӣ доир ба бекор кардани ақди никоҳ як қатор тадбирҳои мушаххас андешидааст. Аз ҷумла, ҳанӯз соли 2003 бо қарори Пленуми Суди Олӣ таҳти  № 10 «Дар бораи таҷрибаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии парвандаҳо дар бораи бекор кардани ақди никоҳ» ба судҳои ҷумҳурӣ тавзеҳоти ҳуқуқӣ дода, дар як вақт судяҳоро вазифадор намуда буд, ки ҳангоми баррасии ин категорияи парвандаҳо ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд. Бо қарорҳои бармаҳал қабулкардаи худ ба вайроншавии оила мусоидат накунанд ва тамоми чораву тадбирҳои тибқи талаботи қонун пешбинишударо андешида, бесабаб бекор кардани ақди никоҳро пешгирӣ намоянд. Гузашта аз ин, бинобар сабаби иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ пайдо кардани баҳсҳои доир ба бекоршавии ақди никоҳ дар сохтори Суди Олии ҷумҳурӣ Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ таъсис дода шуда, ба он судяҳои ботаҷриба ва собиқадор ҷалб гардиданд.
Дар ҷамъбасти таҷрибаи судӣ оид ба бекор кардани ақди никоҳ (соли 2009) ба судҳои поёнӣ тавсияю дастур дода шуда буд, ки зимни баррасии парвандаҳои оилавӣ ба ҳолатҳои воқеии кор баҳои ҳуқуқӣ дода, аз тамоми воситаҳо истифода баранд, то ақди никоҳ бекор нагардад. Дар як вақт ба мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилоту муассиса ва шахсони мансабдор ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои ошкоршуда пешниҳодҳо ирсол гардиданд. Ҳамаи ин чораву тадбирҳои андешидашуда, албатта, самараи дилхоҳ дода истодаанд. Танҳо дар соли 2014 судҳои ҷумҳурӣ 2403 оиларо аз пошхӯрӣ нигоҳ доштанд.
Мо, судҳои ҷумҳурӣ, дарк менамоем, ки ҳоло дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом доданамон лозим аст. Пеш аз ҳама, барои ҳифзи арзишҳои муқаддаси оилавӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани генофонди миллӣ, пос доштани муносибатҳои таърихии оиладорӣ, мустаҳкам шудани оила, амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Сарвари дилсӯзи миллат ва дигар дастуру ҳидоятҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста  талош хоҳем кард.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2015    №: 120    Мутолиа карданд: 941

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед