logo

номаҳо

Бинои мактабро ғасб мекунанд!

Бинои мактаби мо ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта ба тариқи ҳашар бунёд шудааст. Бо зиёд шудани шумораи хонандагон синфхонаҳо нарасиданд. Ба ин хотир бо ташаббуси аъзои хоҷагии деҳқонии «Гулистон», бо қарори маҷлиси умумии хоҷагӣ аз 30 апрели соли 2006 бинои идораи маъмурии хоҷагӣ, ки дуқабата буда, дорои 16 утоқи барҳаво ва толор аст, ба ихтиёри мактаби мо дода шуд. Ба ҷамоати деҳоти Ворӯ муроҷиат намуданд, ки онро ба баланси худ гирад. Бо қарори раиси деҳоти Ворӯ бинои мазкур ҳамчун бинои мактаб ба ихтиёри ҷамоати деҳот қабул гардид. Боз як сабаби ба мактаб додани бинои мазкур ба якчанд хоҷагии хурди деҳқонӣ тақсим шудани хоҷагии деҳқонии «Гулистон» аст.
 Дар ин бино қисме аз хонандагони мактаб ҳамон сол ба таҳсил шурӯъ намуданд. Мо низ бо умед лавҳаи мактабро он ҷо овехтем. Вале афсӯс, ки…
Баъдан, огоҳ шудем, ки бинои маъмурии хоҷагиро дар вақташ ҳамчун айвони тамокухушккунӣ сохта будаанду ба он ҶСК «Тамоку»-и шаҳри Панҷакент даъвогар будааст ва онро бо ҳамдастию розигӣ ва талаби раиси хоҷагии деҳқонии «Гулистон» С. Абдухолиқов 17 июни соли 2008 ба сокини деҳаи Вени ҳамин хоҷагӣ Т. Дӯсталиев ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.
Аввалан, ба ин нархи ночиз фурӯхта шудани як бинои дуқабатаи дорои 16 утоқ  ва 8 сотих замини атрофи онро ақли солим қабул намекунад. Сониян, бинои маъмуриро чун айвони тамокухушккунӣ сабт кардану бар хилофи қарори маҷлиси намояндагони хоҷагӣ ва қарори ҷамоати деҳот фурӯхта шудани онро танҳо чун фиреби назар ва фоидаҷӯии шахсони манфиатдор, пеш аз ҳама раиси хоҷагии «Гулистон» С. Абдухолиқов, маънидод кардан мумкин асту бас.
Дар ин бора мо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва прокуратураи шаҳр муроҷиат намудем. Бо пешниҳоди прокуратура ҳоло ҳуҷҷатҳоро барои беэътибор ва ғайриқонунӣ ҳисобидани шартномаи хариду фурӯши бинои мактаб ба суд супурдем. Кор бо чӣ натиҷа меанҷомад, мо намедонем. Мо, омӯзгорон, барои даводав маблағи зиёд ҳам надорем. Фақат ба адлу инсоф, ба қонун, ба дилсӯзию ғамхории пайвастаи Президенти мамлакат, нисбати мактабу маориф бовар дорем. Бо ҳамин умед ва ба рағми талаби савдогарони бинои мактаб ҳоло хонандагон он ҷо таҳсил доранд.
Оё хонандагон фардо низ он ҷо таълим мегиранд? Ба ин саволи худ ҳанӯз ҷавоб наёфтаем. Шояд чопи ин навиштаҳо дар гӯшаи «Розу ниёз»-и рӯзномаи бонуфузи «Ҷумҳурият» барои ҳалли мусбати ин масъала мадад расонад.

И. Исмоилов, К. Юнусов,
И. Нуруллоев, Н. Мансуров,
С. Раззоқбердиев, С. Ниёзов,
А. Хӯҷатов, Ҷ. Наҷевуллоев,
Т. Ҳомидов, омӯзгорони
мактаби таҳсилоти умумии
№ 65-и деҳаи Гулистони
шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1065

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед