logo

маориф

КОНСПЕКТ ЗАРУР АСТ

Ҷавоб ба номаи омӯзгор Ҳ.Файзуллоев «Замони коғазбозӣ нест» («Ҷумҳурият», 6.01.2015, гӯшаи «Розу ниёз»)


Конспект яке аз маводи асосии таълимӣ барои  омӯзгор дар ташкили дарс ба ҳисоб меравад. Бе конспект дарси омӯзгор натиҷаи зарурӣ ва дилхоҳро дода наметавонад. Нақшаи тақвимӣ дар асоси барномаи таълимие, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад, тартиб дода шуда, конспекти дарс бо истифода аз адабиёти зарурӣ ва китоби дарсӣ аз тарафи омӯзгор навишта мешавад.
Дарси хуб аз омӯзгор маҳорати баланди касбиро талаб мекунад. Истифодаи усулҳои нави таълим  раванди дарсро пурмазмун ва шавқовар мегардонад. 
Бояд қайд кард, ки ҳар як мавзӯи китоби дарсӣ барои истифодаи усули муайян мувофиқ гардонида шудааст, танҳо омӯзгори фаъол метавонад онро моҳирона дар ҷараёни таълим мувофиқ ба мақсади дарс  истифода намояд. Дар  чунин ҳолат низ конспекти омӯзгор муҳим аст, ки мавзӯи муайяни дарсро бо усули мувофиқ ва дастрас барои хонанда барои худ қайди махсус карда бошад.
Барои омодагӣ ба дарс  омӯзгор новобаста аз собиқаи корӣ, дараҷаи тахассусӣ (категорияи умумӣ, дуюм, якум ва олӣ) бояд ҳатман конспекти дарсӣ дошта бошад. Конспекти дарсӣ аз як тараф омодагии омӯзгорро ба дарси навбатӣ муайян намояд, аз тарафи дигар омӯзгор тавассути тақсимбандии лаҳзаҳои дарсӣ дар конспекти корӣ дарсро бо низом ва мураттаб мегузаронад.  Омӯзгори имрӯза бояд шаклҳои муосири конспекти дарсиро истифода намояд. Яке аз шаклҳои муосир ва дар таҷрибаи давлатҳои байналмилалӣ истифодашаванда таҳияи модули таълимӣ аст, ки модули таълимӣ барои солҳои муайян (муҳлати истифода 3 ё 5 сол) дар асоси барнома, нақшаи тақвимӣ, китоби дарсӣ ва маводи иловагӣ таҳия шуда, тамоми лаҳзаҳои дарс ба фаъолияти муайян ва вақти зарурии ҷудошуда барои иҷрои ҳар як намуди фаъолият ба нақша гирифта шудааст. Инчунин дар модули таълимӣ маводи иловагӣ, мақсади гузошташуда, натиҷаҳо, методу шаклҳои гуногуни таълимӣ, шакли корҳои мустақилона, корҳои ҷуфтӣ, корҳои гурӯҳӣ, арзёбии натиҷаи донишҳо ва дигар муносибатҳои ҷараёни таълимӣ инъикос ёфтааст. Омӯзгорро зарур аст, баробари ҷомеа қадам зада, доимо дар омӯзиш, ҷустуҷӯ ва коркарди шаклҳои муосири таълим, мувофиқ ба талаботи хонандаи рӯз бошад, то хонанда тавонад аз омӯзгор дониши заруриро гирифта, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва дарки маводи таълимӣ фаъол бошад. Фаъолии хонанда аз омӯзгори ба дарс ҳамарӯза омода вобастагӣ дорад. Омодагии омӯзгор ба дарс аз конспекти дарсии ӯ бармеояд.
Ҳамчунин, метавонанд дар муассисаҳои таълимие, ки имконияти  истифодаи  технологияи  муосир (тахтаи электронӣ, компютер, проэктор)-ро доранд, шакли  электронии план – конспектро ба роҳ монанд ва муассисаҳои таълимие, ки имконияти маҳдуди техникӣ доранд, шакли хаттӣ ва ҳатмии  план-конспекти дарсро дар шакли муосир ба муҳлати муайян  истифода намоянд.

Эҳсони ХУШБАХТ,
корманди Вазорати
маориф ва илми ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2015    №: 125    Мутолиа карданд: 2211
19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед